Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳиявии ноҳияи Ёвон хабарнигори МТЖТ бо Амонов Исфандиёр Мирзонуриддинович муовини сартабиб оид ба корҳои ташхису табобат суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи он пешкаш мегардад.
Дар оғози суҳбат номбурда изҳор дошт, ки Беморхонаи марказии ноҳиявии ноҳияи Ёвон дар асоси дастуру ҳидоятҳои созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколҳои Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Мушовара ва фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру қарорҳои раиси ноҳия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, баҳри беҳбудии сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббию санитарӣ дар самти бистаринамоӣ ташхису муолиҷа бо истифода аз технологияҳои муосир, инчунин дигар тадбирҳо равона карда шудааст.
Беморхонаи марказии ноҳиявии ноҳияи Ёвон аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ ташкилшуда ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин номбурда афзуд, ки Беморхонаи марказии ноҳиявии ноҳияи Ёвон дар фаъолияти худ Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Оинномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад. Беморхонаи марказии ноҳиявии ноҳияи Ёвон дорои тавозуни мустақил, суратҳисоб дар бонкҳо, мӯҳри мудаввар бо дарҷи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи расмӣ, варақаҳои унвонӣ ва дигар реквизитҳо мебошад.
Сохтор
Амонов Исфандиёр Мирзонуриддинович муовини сартабиб оид ба корҳои ташхису табобат зикр кард, ки дар ноҳия ҳамагӣ 100 муассисаҳои тандурустӣ ва 5 муассисаҳои хусусӣ ба 2700126 аҳолии ноҳияи Ёвон хизматрасониҳои тиббию санитарӣ мерасонанд, ки аз инҳо:
1 адад Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон, дорои 645 кат, 1 адад беморхонаи минтақавии №1-и деҳоти Урта-Қайнар, дорои 30 кат, 1 адад беморхонаи минтақавии №2-и деҳоти Ҳаёти-Нав, дорои 25 кат, 1 адад беморхонаи минтақавии №3-и деҳоти Даштобод, дорои 25 кат, 1 адад Маркази бемориҳои пусту зуҳравӣ, 1 адад Маркази мубориза бар зиддди бемориҳои сил, дорои 15 кат, 1 адад Маркази руҳӣ- наркологӣ, Маркази назорати давлатии санитарии эпидемиологӣ, Шуъбаи дезинфексионии ноҳияи Ёвон, Маркази мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ, Маркази ташакули тарзи ҳаёти солим, Маркази стоматология, Маркази мубориза бар зидди бемории ВНМО, Маркази солимии репродуктивӣ, Маркази имунопрофилактика, Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, Маркази тибби оилавӣ, Маркази машварати тиббии ҷавонон, 1 адад Маркази саломатии ноҳия, 31 адад марказҳои саломатии деҳотӣ, 40 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 7 адад нуқтаҳои тиббӣ, Нуқтаи тиббӣ дар Коллеҷи тибби ноҳия, Нуқтаи тиббӣ дар Литсейи касбӣ техникӣ №2, Нуқтаи тиббӣ дар Литсейи касбӣ-техникӣ №48, Нуқтаи тиббӣ дар муассисаи таълимии Литсейи хусусӣ, Нуқтаи тиббӣ дар муассисаи таҳсилоти умумии №45, Ҳуҷраи ултрасадоӣ ва амсоли инҳо ба мардум хидмат мерасонанд.
Базаи кадрӣ ва хизматрасонӣ
Ҳамзамон, ҳамсуҳбати мо афзуд, ки дар моҳи июни соли 2024 дар муассисаҳои тандурустии ноҳия ҳамагӣ 1917 нафар корманд кор мекунанд, аз ҷумла, табибон 290 нафар, ҳамшираҳои тиб 1049 нафар, кормандони хурди тиб 395 нафар, кормандони ҳархела182 нафар фаъолият мекунанд.
Дар шашмоҳаи соли ҷорӣ дар шуъбаҳои беморхона 10862 нафар беморон бистарӣ карда, 10756 нафар беморон баъди табобат гирифтан ҷавоб шудаанд.
Дар шашмоҳаи соли гузашта дар шуъбаҳои беморхона 12866 нафар беморон бистарӣ карда, 12715 нафар беморон баъди табобат гирифтан ҷавоб шуда буданд, ки иҷроиши кат рӯз 83,6%-ро ташкил мекард.
Дар сатҳи шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар шашмоҳаи соли ҷорӣ 27075 бемор ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миқдор 19808 нафарашон бори аввал мебошанд.
Дар шашмоҳаи соли гузашта бошад 34980 бемор ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миқдор 23013 нафарашон бори аввал ба қайд гирифта шуда буданд.
Вазъи бемории сироятӣ дар ноҳия муътадил буда, дар шашмоҳаи аввали соли равон беморони домана, ҳорӣ, фалаҷи ҳароммағз, исҳоли хунин, гулузиндонак, ба қайд гирифта нашудаанд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо дар шашмоҳаи аввали соли 2024 дар ноҳия 3404 нафар навзодон таваллуд шудааст, ки нишондоди таввалуд 12,5% (промил) ташкил медиҳад ва аз инҳо дар шуъбаҳои таваллудхонаи ноҳия 3400 нафар кӯдак таваллуд шудаанд, ки нишондоди таваллуд 99,9% дар таваллудхона ва 0,1%-ро дар хона ташкил медиҳад.
Дар шашмоҳаи соли 2023 дар ноҳия 3246 нафар навзод таваллуд шуда буд, ки нишондоди таваллуд 12,7% (промил) ташкил медиҳад ва аз инҳо 7 нафар кӯдак дар хона таваллуд шудааст, ки ношондоди таваллуди хонагӣ 0,2 %-ро ташкил мекунад. Дар шуъбаҳои таваллудхонаи ноҳия 3239 нафар кӯдак таваллуд шуд, ки нишондоди таваллуд 99,8%-ро ташкил медод.
Сохтмон ва таҷҳизот
Мавсуф инчунин қайд кард, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷаи маҳал барои таъмири ҷории Беморхонаи минтақавии деҳотии №3-и Даштобод ба маблағи 571263 сомонӣ тендер гузаронида шуда, таъмир рафта истодааст.
Аз ҳисоби маблағҳои буҷаи маҳал барои таъмири ҷорӣ шуъбаи муҳосиботи Беморхонаи марказии ноҳия Ёвон ба маблағи 194000 сомонӣ гузаронида шуда, таъмир рафта истодааст.
Аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маркази ВНМО ноҳияи Ёвон таҷҳизоти ташхисии ИФА ба маблағи 158873 сомонӣ таъмин карда шуд.
Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ҷамоати деҳоти Г. Юсуфова бинои Бунгоҳи саломатии Сарқамиш ба маблағи 201000 сомонӣ аз ҳисоби соҳибкори ватанӣ ва 250 000 сомонӣ барои таҷҳизот аз ҳисоби буҷаи маҳал сохта ба истифода дода шуд.
Аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон 10 адад таҷҳизоти оксигенератор ба маблағи 62280 сомонӣ таъмин карда шуд.
Сохтмони Маркази саломатии деҳоти Гулистон рафта истодааст.
Аз ҳисоби буҷҷетҳои махсус ба маблағи 171200 сомон 15 адад компютер, 15 адад принтер ва ридиатерҳои барқӣ харидорӣ карда шудааст.
Ҳамчунин, барои беҳтар шудани соҳаи тандрустӣ дар ноҳия ҳамагуна имконот роҳандозӣ карда шудааст ва мо табибон низ талош мекунем,ки барои беҳтаргардонии сифати хидмат ба мардум тамоми донишу саводи худро истифода барем.
Нигора САИДБЕКОВА,
МТЖТ