Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» нахустин муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатии тиббӣ-иҷтимоии зодаи даврони Истиқлол мебошад, ки он аз моҳи августи соли 2020 бо дастгирӣ ва ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз намуд.

Дар оғози суҳбат ректори Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон Ибодзода Зарина Ҳабибулло изҳор дошт, ки ҳадаф аз таъсиси донишкада, ин омода намудани кадрҳои баландихтисос ҷиҳати расонидани ёрии тиббӣ-психологӣ мебошад ва ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ сиёсати давлатро дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ амалӣ намуда, барои таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, ҷиҳати дарёфти таҳсилоти олии касбӣ шароит фароҳам меорад.

Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон бо маблағгузории Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар муддати се сол сохта, ба истифода дода шудааст.

Донишкада аз рӯи 5 ихтисос: «Кори тиббӣ-психологӣ», «Кори иҷтимоӣ», «Кори табобатӣ», “Фармасевтӣ” ва “Стоматология” фаъолият дошта, тибқи нақшаҳои таълимӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуда, мутахассисони соҳаи тибро дар самти кумаки психологӣ расонидан ба шахсоне, ки мубталои бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ мегарданд, омода менамояд.

Теъдоди донишҷӯёни “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” 921 нафар буда, аз ин 714 нафарашон дар курси якум ва 206 нафарашон дар курси 2-юм таҳсил менамоянд.

Ҷиҳати пешбурди раванди таълиму тарбия дар сохтори донишкада 10 кафедраи тахассусӣ, кабинет, озмоишгоҳҳои таълимӣ, китобхонаи илмӣ, ташкил карда шуда, бо таҷҳизоти таълимӣ ва технологияи иттилоотии замонавии бо Интернет пайваст гардида, муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои ташкили раванди таълим 75 кабинет, озмоишгоҳ ва ҳуҷраҳои таълимӣ ташкил карда шудааст. Инчунин, донишкада барои гузаронидани дарсҳои амалӣ (клиникӣ ва то клиникӣ) ва таҷрибаомӯзӣ бо 21 муассисаҳои тиббӣ-профилактикии шаҳри Душанбе шартномаи ҳамкорӣ дорад.

Кабинет ва озмоишгоҳҳои донишкада тибқи талаботи нақша ва барномаҳои таълимии фанҳои тадрисшаванда бо айёниятҳои таълимӣ таҷҳизонида шудаанд.

 Сохтори илмӣ дар донишкада

Ректори донишкада изҳор дошт, ки дар сохтори бахши илмии донишкада Шуъбаи илм ва инноватсия ва Шуъбаи доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос, аспирантура ва унвонҷӯи таъсис дода шудааст.

Соли ҷорӣ 2 нафар омӯзгорони донишкада: Унвонҷӯи кафедраи забонҳои хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, декани факултети тиббӣ Ризоева Гулнора Икромовна дар мавзӯи “Муаррифии муроҷиат ҳамчун як навъи воқеият дар лингвомаданият (дар асоси маводи забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ)” ва аспиранти шуъбаи рӯзонаи Институти химия ба номи В.И.Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, омӯзгори кафедраи биология ва фармакогнозияи донишкада Аминҷони Ғиёсиддин дар  мавзӯи “Омилҳои физикавию химиявии коркарди комплексии варақсангҳои  мусковити – ставролитии Тоҷикистон” рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд.

Дар донишкада мутахассисони дорои дараҷа ва унвони илмӣ дошта 15 нафар буда, аз ин шумора 3 доктори илм ва 12 нафар номзадҳои илм мебошанд. Ҳоло дар шуъбаи доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос, аспирантура ва унвонҷӯйи донишкада 17 нафар, аз ҷумла 3 аспирант, 12 нафар унвонҷӯй ва 2 нафар доктори фалсафа (PhD), номбурдаҳо аз рӯйи ихтисос мавзуҳои илмии худ фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ пеш бурда истодаанд.

Фаъолияти китобхонаи донишкада

Китобхонаи донишкада қисмати асосии сохтори донишкада буда, он раванди фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва тадқиқотҳои илмии донишҷӯён, унвонҷӯён, доктори фалсафа (Phd) доктор аз рӯйи ихтисос, докторантонро бо адабиёт ва иттилоот таъмин менамояд, хизматрасонии асосии китобдорӣ ба донишҷӯён ба тариқи ройгон расонида мешавад.

Толори хониш барои донишҷӯён дорои 80 ҷойи нишаст ва бо 10 адад компютерҳои бо хати Интернет пайвастшуда, фаъолият намуда истодааст. Инчунин, дар толори хониши китобхона гӯшаи асарҳои бахшида ба корнамоиҳои “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ташкил карда шудааст, дар он китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ва асарҳое, ки аз ҷониби шоирону олимон навишта шудаанд, ҷой дода шудаанд.

Дар умум фонди захиравии китобҳои китобхона 22668 ададро ташкил медиҳад, аз ин шумора 21499 (94,8%) ададаш китобҳои таълимӣ ва методии фанҳои тахассусӣ, 1130 (4,9%) адабиёти бадеӣ ва 69 (0,3%) адабиёти сиёсӣ ташкил медиҳад. Аз Шумораи умумии адабиёти китобхона 9300 (41%) ададаш китобҳои таълифнамудаи ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада мебошанд.

 Фаъолияти корҳои тарбиявӣ дар донишкада

Ҳамчунин, ҳамсуҳбати мо илова намуд, фаъолияти корҳои тарбиявӣ дар донишкада тибқи талаботи “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба роҳ монда шудааст.

Дар умум ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзим, анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” зиёда аз 30 дарсҳои кушоди тарбиявӣ ва 10 мизи муддавар бо иштироки олимон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ баргузор карда шуд, аз ҷумла:

Аз 02 то 20.02.2021 вобаста ба омӯзишу фаҳмондадиҳии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар байни донишҷӯён ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада гузаронида шуд. Оид ба масъалаи мазкур ва иҷрои бандҳои дахлдори Стратегияи милли мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводҳои мухадир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хариду фурӯши одамон, терроризм ва экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифродгароӣ, инчунин дар бораи риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд” якчанд маротиба бо иштироки кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар донишкада чорабиниҳо гузаронида шуд.

Донишҷӯдухтарони донишкада дар озмуни шаҳрии “Чакомаи гесӯ”, ки байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии шаҳри Душанбе баргузор гардида, фаъолона иштирок намуда, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси “Кори ҳамширагӣ” Мирзошарипова Х. сазовори ҷойи 1-ум гардид.

Бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯёни донишкада дар озмуни “Иншои беҳтарин” дар мавзӯи “Модар яктост-Тоҷикистон яктост”, ки байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино ташкил карда шуд, фаъолона иштирок намуда, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси “Кори табобатӣ”-и донишкада Алишерзода Ф сазовори ҷойи 2-юм гашт.

Дар рӯзи 13-уми июни соли ҷорӣ дар дави миллии “Душанбинский марофон ШОС-2021” омӯзгорону донишҷӯёни донишкада ширкат варзида, донишҷӯ Мамадалиева Райҳона Икромовна ҷойи шашумро ишғол намуда, соҳиби медали “Душанбинский марофон ШОС-2021” гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани фармони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардидани солҳои 2020-2040» дар назди кафедраҳои донишкада дастаҳои доимамалкунандаи илмӣ-амалӣ, аз ҳисоби донишҷӯён ташкил карда шудааст.

Ҳамзамон, дар доираи барномаи мазкур дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни омӯзгорони донишкада озмуни “Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои тибиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, гузаронида шуда, дар натиҷаи ҷамъбасти озмун бо гирифтани 360 хол мудири кафедраи фанҳои “Табии-риёзӣ” Давлатов Р.Ҷ. доктор (Phd) аз рӯи ихтисоси техникӣ дар озмун ғолиб дониста шуда, ҳуҷҷатҳои ӯ ҷиҳати  ширкат дар озмун ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудаанд.

Соли ҷорӣ дар байни донишҷӯёни донишкада озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, озмуни “Илм фурӯғи маърифат” ва озмуни фаннӣ ҷиҳати иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ байни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуда, иштироки фаъолона намуда, дар озмуни “Илм фурӯғи маърифат” донишҷӯи курси якуми ихтисоси “Кори табобатӣ” Раҷабзода Зулола Абдулфаёз ҷойи сеюмро ишғол намуда, ҷиҳати ширкат дар озмуни  шаҳрӣ, роҳхат гирифт.

Тибқи қоидаҳои амалкунандаи ҷорӣ, барои таъсиси маҷаллаи илмӣ-амалии “Паёми Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” маводҳои зарурӣ таҳия карда шуда, барои дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.

Инчунин, роҳбарияти донишкада барои дар моҳи сентябри соли 2021 гузаронидани аввалин конференсияи илмӣ-амалии донишкада дар мавзӯи “Тибби иҷтимоӣ-самти нави рушди таълим, амалия ва илми тиб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” омодагӣ гирифта истодааст.

Дар самти  корҳои ташхисию табобатӣ дар донишкада ҷиҳати иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми июни соли 2020 №1544 “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар донишкада тадбирҳои муассири пешгирикунанда оид ба паҳншавии бемории сироятии “СOVID-19” мунтазам бурда шуда, тамоми ҳайати профессорону кормандони донишкада ваксинаи зидди вируси  “СOVID-19” карда шуданд. Ҳамзамон, бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии “COVID-19” корҳои безараргардонӣ пурзур карда шуда, бо маром идома дорад. Реҷаи пӯшидани ниқобҳои тиббӣ таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

Дар охир ректори донишкада Ибодзода Зарина изҳор дошт, ки дар фурсати муносиб кулли сокинони кишвари азизамонро бо 30- солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод мегӯям ва таманнои онро дорам, ки истиқлол кишвар ҷовидон бод ва ҳамзамон, ҳамватанони азиз зиндагии осоиштаву пурнозу неъмат дошта бошанд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь