Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” хабарнигори МТЖТ бо ректори муассисаи мазкур Ибодзода Зарина Ҳабибулло суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

-Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар баробари давра ба давра рӯ ба тараққӣ ниҳодани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ, инчунин дигар самтҳои муҳими рӯзгори ҷомеаи тоҷик, соҳаи тандурустӣ низ бо талош ва назари хайрхоҳонаи Пешвои муаззами миллат, давлату Ҳукумати мамлакат рушд ёфта, дар заминаи он имрӯзҳо вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мутобиқ ба талаботи давр роҳандозӣ шудааст”, – иброз дошт      

Ибодзода Зарина Ҳабибулло.

Номбурда дар идомаи суҳбат изҳор дошт, ки Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”, бо қарори муассиси МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” аз 10.05.2020 №1 ва бо розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 27.06.2020, №25/2-4, таъсис дода шуд. Суроғаи муассиса: шаҳри Душанбе, кӯчаи Клара Сеткина 2.

МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” дорои иҷозатнома аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди фаъолияти Т-ИФ №0000001 аз 03.08.2020, мебошад. Рақами мушаххаси андозсупорандаи донишкада №040048540 буда, донишкада дорои шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии №0410027769 аз 31-марти соли 2017 мебошад, ки он дар Бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба қайди давлатӣ гирифта шудааст. Инчунин, дар назди донишкада “Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимӣ” амал менамояд, ки ин дар таҷрибаи сохтори тандурустии мамлакат аввалин муассисаи табобатӣ мебошад. Дар он шуъбаҳои ҷарроҳӣ, урологӣ, терапевтӣ, барқарорсозӣ, дармонгоҳӣ ва ғайра амал мекунанд. Маркази  мазкур 20.09 соли 2022 аз тарафи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шуда, ба кори худ шуруъ намуд.

Фаъолияти донишкада дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” (аз 22-июли соли 2013, №1004), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (ҚҲҶТаз 3-марти соли 2006, №94), “Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Барномаи давлатии такмили забонҳои англисӣ ва русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ”, Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Оинномаи донишкада, фармоишу супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии муассисаҳои таҳсилоти  миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф ва нигаҳдории тандурустӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Дар назди донишкада 5 факултет: «Кори психологияи тиббӣ », «Кори иҷтимоӣ», «Кори табобатӣ», “Фармасевтӣ” ва “Стоматология” амал менамоянд.

Заминаи моддию техникӣ

Ҳамзамон, мавсуф изҳор дошт, ки донишкада дар бинои нави хуштарҳи замонавӣ (7-ошёна) бо тамоми шароитҳо мусоиди таълимӣ бо дарбаргирии лабораторияҳо, озмоишгоҳҳо, кабинетҳои фаннӣ, толори варзишӣ, ошхона ва таҷҳизотҳои тиббӣ ҷойгир буда он дар зарфи 4 сол бо маблағгузории Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, соҳибкорони маҳаллӣ ва маблағи таълимгоҳ сохта шудааст. Масоҳати умумии донишкада тибқи нишондодҳои шиносномаи он 10 397 м2-ро ташкил дода, аз ин миқдор 8595 м2 масоҳати таълимӣ, 400 м2 маҷлисгоҳ барои 400 ҷойи нишаст, 701 м2 толори варзишӣ, 701 м2 ошхона барои 300 ҷойи нишастро ташкил медиҳад. Бояд қайд кард, ки дар маҷмӯъ 120 ҳуҷраҳои таълимӣ мавҷуд мебошад.

Ҷиҳати пешбурди раванди таълиму тарбия дар сохтори донишкада 18 кафедра фаъолият дорад, ки аз ин теъдод 8 кафедраҳои тахассусӣ: фармакология, анатомияи патологӣ, стоматологияи муолиҷавӣ, акушерӣ ва гинекологӣ, бемориҳои кӯдакона, психологияи тиббӣ, беҳдошт ва экология ва кафедраи  тарбияи ҷисмонӣ дар шашмоҳаи соли ҷорӣ  таъсис дода шуданд, ҷиҳати бо мудирони кафедра ва омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ  дар таъмин намудани ин кафедраҳо тибқи қоидаҳои амалкунандаи ҷорӣ  дар Васоити ахбори омма “Эълон” чоп гардидааст.

Кабинет ва озмоишгоҳҳои донишкада (75 адад дар бинои асосӣ ва зиёда аз 50 адад дар клиникаи назди донишкадавӣ) тибқи талаботи нақша ва барномаҳои таълимии фанҳои тадрисшаванда бо айёниятҳои таълимӣ ва таҷҳизотҳои техникӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Ҳамзамон, барои гузаронидани дарсҳои амалӣ (клиникӣ ва то клиникӣ) ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён, донишкада бо 25 муассисаҳои тиббӣ-профилактикии шаҳри Душанбе шартномаи ҳамкорӣ дорад.

Таъминоти кадрӣ

Дар идомаи суҳбат номбурда тазаккур дод, ки фоизи омӯзгорони штатӣ (100 нафар) аз теъдоди умумии омӯзгорон (153 нафар) дар соли 2022 – 65,4%-ро ташкил медиҳад, ки ин ба талаботи меъёрӣ мувофиқат мекунад. Соли таҳсили 2022 теъдоди умумии омӯзгорон 159 нафар буда, 96 нафари онҳо омӯзгорони штатӣ буданд, ки он 60,4%-ро ташкил медод, ки ин нишондод назар ба соли 2021 – 5% зиёд мебошад.

Фоизи омӯзгорони штатии дорои дараҷаи илмӣ ва унвондорӣ донишкада дар соли таҳсили 2022 – 36 нафарро ташкил медиҳад, ки он ба талаботи меъёри амалкунанда мувофиқат мекунад.

Фоизи омӯзгорони унвондорони штати дараҷаи доктори илм, профессор дошта 8 нафарро ташкил медиҳанд, ки ин ҳолат ба талаботи меъёри амалкунандаи ҷорӣ мувофиқат менамояд.

Дар донишкада теъдоди омӯзгорони ҷавони то 35 сола 42 нафар буда, аз онҳо 4 нафарашон дорои унвон ва дараҷаи илмӣ мебошанд. Соли 2021 ин нишондод 5,5%-ро (2 нафар дараҷаи унвони илмидор буд) ташкил медод (назар ба соли 2021 – 4 % зиёд гаштааст).

Дар ин раванд мавриди зикр аст, ки боз 17 нафари дигар омӯзгорони ҷавон ҳамчун унвонҷӯ, 7 нафар доктор (PhD)  аз рӯи ихтисос ва 2 нафар докторант корҳои илмӣ-татқиқотии худро пеш бурда истодаанд.

Дархосту муроҷиат

Мавсуф дар идомаи суҳбат иттилоъ дод, ки дар давраи ҳисоботӣ 182  адад мактубҳо ба донишкада ворид гардида, аз ин 112 ададаш аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, ба 97 адади он ҷавоб гардонида шуда, 15 адади он, ки талаботи иҷро ва ҳисоботии давриро талаб менамояд, давра ба давра мавриди иҷро қарор дода мешавад.

Аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  4 адад мактуб  ворид гардида,  ба ҳамаи онҳо ҷавоб гардонида шуд.

Аз дигар вазорат ва идораҳо – 66 адад мактуб ворид гардида, тибқи талабот ба  52 адади он ҷавоб гардонида шуда, 14 мактуби дигар мавриди баррасӣ қарор дорад.

Аз ҷониби  донишҷӯён 82 адад муроҷиат пешниҳод гардид, ки ба онҳо сари вақт аз ҷониби мутассадиён ҷавоб гардонида шуд.

Донишҷӯёни донишкада

Ҳамзамон, номбурда қайд кард, ки дар умум шумораи донишҷӯён дар донишкада 1700 нафарро ташкил медиҳад ва айни ҳол қабули донишҷӯён аз хориҷи кишвар идома дорад. Дар ин самт ҷиҳати ба донишкада бештар ҷалб кардани духтарони маҳаллӣ раёсати донишкада дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва бо васоити ахбори омма корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда истодаанд. Ҳамзамон, аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон 4-нафар ва аз Ҷумҳурии Ҳиндустон 11 нафар донишҷӯён дар донишкада ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Ҷиҳати ҷалби бештари довталабон ба донишкада рӯзи  12.03 соли 2022 “Рӯзи дарҳои кӯшод” ташкил карда шуд, ки дар он аз 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе хатмкунандагон ташриф оварданд.

Оид ба ҷалби довталабон ба донишкада дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе, ки қабули довталабон тибқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад, “Гӯшаи иттилоотӣ” ташкил карда шуда, дар он самтҳои омода намудани мутахассисон ва шарту шароити таълим ҷой дода шудаанд.

Фаъолияти таълимӣ

Инчунин, мавсуф иттилоъ дод, ки барои ба сатҳи байналмилалии таҳсилот мувофиқ гардонидани раванди таълим, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид карда шудааст, раёсати донишкада барои мувофиқ намудани нақшаҳои таълимии ихтисосҳои “Кори тиббӣ-психологӣ», «Кори иҷтимоӣ», «Кори табобатӣ», “Фарматсевтӣ” ва “Стоматология” аз таҷрибаи соҳаи тибби Ҷумҳурии Белорус, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Украина корро ба роҳ монда, барои ташхис ба Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ – методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ирсол карда шуданд.

Дар умум дар аввали соли таҳсил сарбори таълимӣ ба ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада 52854 соат тибқи нақшаҳои таълимии амалкунанда сарбории таълимӣ ҷудо гардида буд, ки онҳо дар охири соли таҳсил иҷро карда шуд.

То 20.06 соли 2022 барои соли таҳсили 2022-2023 тибқи “Дастурамал оид ба таҳияи сарбории таълимии ҳайати профессорону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.08.2017, №7/36) сарбории таълимии ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада аз ҷониби мудирони кафедра муайян карда шуд.

Дар соли таҳсили 2021-2022 тибқи талаботи банди 79. Низомномаи низоми кредитии  таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба хусусияти касбии ихтисосҳои амалкунанда: «Кори психологияи тиббӣ», «Кори иҷтимоӣ», «Кори табобатӣ», “Фармасевтӣ” ва “Стоматология” фанҳои “Анатомияи одам”, “Гистология”, “Физиологияи нормалӣ, “Биология”, “Микробиология”, “Иммунология”, “Таърихи тиб”, “Тибби хоб, “Хоббинӣ”, “Химия”, “Химияи биологӣ”, “Химияи физколлоидӣ”, “Физикаи тиббӣ биологӣ” ва “Забони лотинӣ”, ки барои омода намудани мутахассисони соҳаи тиб, заминагузоранд, ба тариқи шифоҳӣ гузаронида шуда, қобилият маҳорат ва малакаи азбарнамудаи дониши донишҷӯён санҷида, баҳогузорӣ карда шуд. Чунин шакли санҷиш собит намуд, ки донишҷӯён ба санҷишу имтиҳонҳо бо тайёрии нисбатан беҳтар омода мешаванд ва дар рафти санҷиш аз васоити техникӣ ва таҷҳизотҳои айёнӣ самаранок истифода менамоянд.

Аз ҷониби Маркази бақайдгирӣ ва имтиҳонии донишкада мунтазам саволномаҳои фаннии имтиҳонӣ ворид карда шуда, баъди тағирот (генератсия) намудан, санҷишу имтиҳонҳо гузаронида шуда, мунтазам натиҷагирӣ ва дар ҷаласаҳои раёсат ва Шӯрои олимон мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.

Фаъолияти тарбиявӣ

Дар рафти суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки фаъолияти корҳои тарбиявӣ дар донишкада тибқи талаботи “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” амалӣ гардида истода.

-04.02 соли 2022 дар толори донишкада аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вохурӣ бо устодону донишҷӯён доир ба муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Файзулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзулозода Зарина иштирок доштанд.

-Дар санаи 16 феврал ва 27 июли соли 2022 дар донишкада нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

-Бо мақсади иҷрои  нақшаи кории қисми тарбия ва дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истиқболи  Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  нақша- чорабиниҳо ба тасвиб расонида, 1 чорабинии сиёсӣ-фарҳангии умумидонишкадавӣ, 1 конференсия, 1 мизи мудаввар,  4 дарсҳои кушоди тарбиявӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ аз 7.02 то 19.02 соли 2022 гузаронида шуд.

Рӯзи 9 марти соли 2022 бошад, дар донишкада ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии муовини сардори шуъбаи 1-и корҳои дохили дар ноҳияи Сино Бобозода Толиб ва кормандони шӯъбаи 1-корҳои дохилии ноҳия Сино Иброҳимзода Алишер ва Сафарзода Ҳасан бо омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада баргузор гардид.

Ҳамчунин, чандин чорабиниҳои идеалогиву фарҳангӣ ва илмӣ дар донишкада ташкилу баргузор гардиданд.

Таҷрибаомӯзии таълимӣ – истеҳсолӣ

Дар идомаи суҳбат номбурда зикр дошт, ки таълими амалии донишҷӯён дар асоси Низомномаи “Таълими амалӣ”, ки онро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 тасдиқ намудааст, дар донишкада сурат мегирад. Таълими амалии донишҷӯён дар кабинетҳои қаблазклиникӣ, кабинетҳои фаннӣ ва кабинетҳои таълимии заминаҳои таълими амалӣ ва инчунин дар ҳуҷраи беморон, бевосита дар назди бистари бемор, ҳуҷраҳои ташхисӣ-табобатӣ, дармонгоҳҳо ва амалиётгоҳҳои муассисаҳои тиббӣ амалӣ гардонида мешаванд. Таълими амалӣ зиёда дар 24 муассисаҳои тиббӣ ва фармасевтии шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ дар асоси шартномаи тарафайн гузаронида мешавад. Шумораи ҳуҷраҳои таълимии амалӣ зиёда аз 30 ададро дар базаҳои таҷрибаомӯзӣ ташкил мекунад.

Кабинетҳои таълимӣ бо аёниятҳо, асбобу анҷомҳо ва таҷҳизотҳои гуногун муҷаҳҳазонида шудаанд.

То имрӯз бо 25 муассисаҳои тиббӣ-профилактикӣ шартномаи ҳамкорӣ баста шудааст.

Таълими амалӣ аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба, омӯзгорони соҳиби унвонҳои илмӣ, дараҷаҳои тахассусии омӯзгорӣ ва касбӣ дошта амалӣ гардонида мешаванд.

Фаъолияти китобхона

Ҳамзамон ҳамсуҳбати мо ироа дошт, ки фонди захиравии китобхона дар  соли таҳсили 2021- 2022,  29443  адад  китобро ташкил медиҳад. Дар шашмоҳаи соли ҷорӣ 297 адад китобҳо ба донишкада аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорон тақдим карда шуд.

Теъдоди адабиётҳои бадеӣ ва таълимӣ дар шакли электронӣ дар китобхонаи донишкада 12913 ададро ташкил медиҳад.

Донишҷӯёни донишкада тибқи талаботи нақша ва барномаҳои таълимӣ бо ададбиётҳои таълимӣ дар аввали соли таҳсил ва давра ба давра таъмин гардида истода, дар шашмоҳаи соли ҷорӣ гардиши китоб дар китобхона 2369 ададро ташкил дод.

Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ

Дар диомаи суҳбат номбурда таъкид дошт, ки дар соли таҳсили 2022 бо мақсади пеш бурдани фаъолияти илмии донишкада дар асоси маводҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии амалкунандаи ҷорӣ шуъбаи илм ва инноватсия моҳи январи соли 2022 Дастурамали сарбории таълимии ҳайати профессорону омӯзгорони МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» дар ҳаҷми 18 саҳифа таҳия намуда, инчунин Низомномаи шӯъбаи кор бо донишҷӯдухтарон ва оилаи  МТҒ “Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон”аз нав таҳия намуда, дар ҷаласаи Шӯрои олимони донишкада 30 марти соли 2022 баррасӣ ва тибқи фармоиши ректори донишкада барои истифода ба сохторҳои донишкада ирсол карда шуд.

Дар умум 22 мақолаҳои илмӣ аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада дар шашмоҳаи соли таҳсили 2021-2022 ба чоп расонида шуданд.

Бояд ёдовар шавем, ки профессорону номзадҳои донишкада дар соли ҷорӣ дар чандин ҳамоишҳои илмию оммавӣ иштироки фаъолона доштанд.

Дар фароварди суҳбат мавсуф қад кард, ки имрӯзҳо раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ироа доштанд, чораҳои амалӣ андешида, хусусан дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот, тайёр кардани кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ, омода намудани мутахассисон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here