Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Б. Воҳидов хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сартабиби беморхонаи мазкур Хушнуд Баҳодурзода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Номбурда нахуст иброз дошт, ки дар чор моҳи соли равон аз тарафи кормандон ва табибони беморхона корҳои назарас баҳри беҳбудии саломатии шаҳрвандон, паст намудани сатҳи бемориҳои сирояткунанда ва баҳри иҷроиши фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва қарорҳои мушовараи Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Барномаҳои миллии қабул намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси вилояти Хатлон иҷро карда шудаанд. Маҷмуи дастурҳо, қонунҳо, қарорҳо ва фармоишҳое, ки аз тарафи сохторҳои болоӣ оид ба равнақбахшии соҳаи тандурустӣ ирсол шудаанд, барои ҳалу фасли масъалаҳои марбути соҳаи тандурустии вилоят бешубҳа кумаки амалӣ мерасонанд.

Кормандони соҳаи тандурустӣ дар асоси дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро ба роҳ монда, тамоми имконот ва донишу садоқати худро баҳри беҳбудии соҳаи тандурустӣ равона карда истодаанд.

Сохтор ва базаи кадрии беморхона

Ҳамзамон, номбурда таъкид кард, ки Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Б. Воҳидов аз 21 шуъбаҳои табобатӣ ва 8- хуҷраҳои ёрирасон дорои 610 кат буда, ба аҳолии вилоят хизмати тиббӣ мерасонад.

Дар беморхона 1163 нафар корманд фаъолият менамояд, ки аз онҳо 164 нафар табибон (аз инҳо 8 нафарашон табибони озмоишгар), 636 нафар кормандони миёна (44 нафар мард, 592 нафар зан), 308 нафар кормандони хурди тиббӣ ва 55 нафар кормандони техникӣ мебошанд.

Аз 164 табиб- номзади илми тиб 5 нафар, дорои дараҷанокии касбии олӣ 44 нафар, дараҷанокии якум 21 нафар, дараҷанокии касбии дуюм 17 нафар, 60 нафар табиби ҷавонро ташкил медиҳад. Фоизнокии дараҷаноки касбии табибон -82,35%-ро дар бар мегирад. (ба истиснои табибони ҷавон), 29 нафар дорои аълочии тандурустӣ мебошад.

Айни ҳол 2 нафар табиби эндоҷарроҳ Мирзоолимов Ш., Толибов Ф. дар Ҷумҳурии исломии Эрон курси такмили ихтиссосро гузашта, ба фаъолият шуруъ намуданд ва боварӣ ҳаст, ки амалиётҳои ҷарроҳии нав дар соҳаи эндоҷарроҳӣ ворид менамоянд.

Хидматрасонӣ

Дар ҷараёни суҳбат мавсуф афзуд, ки дар 4 моҳи соли 2025 аз ҷониби табибони беморхона 7630 нафар бемор қабул гашта, 7394 нафар пас аз қабули табобат, ҷавоб дода шудаанд.

Дар доираи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, № 600 “Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ” дар давоми 4 моҳи соли равон 1263756 сомонӣ ба хазинаи беморхона ворид шудааст.

Дар 4- моҳи соли равон ба шӯъбаи қабули беморхона 4803 нафар бистарӣ карда шудааст, ки аз инҳо 2477 калонсолон ва 2329 нафар кӯдакони то синни 18 сола мебошад. Худмуроҷиат бошад 3921 нафар, аз тарафи дармонгоҳи машваратӣ 198 нафар. Аз шаҳру ноҳияҳо бо роҳхат 58 нафар.

Беморони осебгирифта ҳамаги 474 нафар, бистаришудагӣ -210 нафар, бистаринашудагӣ 32 нафар.

Дар шуъбаҳои ҷарроҳии беморхона дар 3-моҳи соли равон 1750 бемор бистарӣ гаштааст, ҷавоб 1687 нафарро ташкил медиҳад, ки ба 611 нафари онҳо, чарроҳи фаврӣ ва ба 609 нафар ҷарроҳии нақшавӣ гузаронида шудааст.

Ҷарроҳии умумӣ

Дар шуъбаи ҷарроҳии умумӣ 381 нафар бистарӣгардид ва аз ин шумор 373 нафар ҷавоб дода шуд. Қобили тазаккур аст, ки ба 307 нафар амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст.

Ин нуктаро бояд махсус зикр намоям, ки дар шуъбаи ҷарроҳии умумӣ аз рӯи касбият пешрафту навовариҳо зиёд гардида истодаанд, вале муҳим мешуморам ҳамин навовариро ишора кунам, ки ҷарроҳии нав аппендэктомияи лапароскопии интракорпорали ба роҳ монда шуд.

Ҳамзамон, дар шуъбаи урологӣ бистари карда шуд, 206 нафар, аз инҳо 203 бемор ҷавоб дода шуд. Дар ин давра ба 110 нафар амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст. Ба 27 нафар зани ҳомила амалиёти систоскопия бо стентикунонӣ гузаронида шуд.

Навовариҳо дар шӯъба бошад, бо нуқсонҳои модарзодии гурдаҳо ва роҳҳои пешобгузар дар дохили шӯъба амалиёти ҷарроҳии тармим (пластика) гузаронида мешавад.

Беморони ҳомилае, ки бо ташхиси гидронефрози гурдаҳо муроҷиат мекунанд, стент гузаронида мешаванд. Инчунин бо якчанд бемор бо дастгоҳи эндоскоп амалиёти ҷарроҳии уретеролитотрипсияи расишӣ, нефролитолопаксияи перкутонӣ гузаронида шудааст.

Дар 3 моҳи соли равон дар шуъбаи осебшиносӣ ва раддодӣ 257 бемор бистарӣ карда шуд, ҷавобшудаҳо бошад 246 нафар, ба 168 нафар амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст.

Навовариҳои шӯъба бошад, осебшиносӣ ва ортопедии амалиёти ҷарроҳӣ, мустаҳкамкуни бо пайвандаҳои кулфакдор дар дасту пойҳо ва бозу, ки яке аз навовариҳои охирини ҳозиразамон мебошад, васеъ истифода бурда мешавад. Дар давраи ҳисоботӣ ҷарроҳии ҳозиразамон калонҳаҷм эндопротезкунонии буғуми косуронҳо дар 2 бемор гузаронида шудааст. ТЭН дар 4 моҳи соли ҷорӣ дар 34 ҳолат дар кӯдакон истифода бурда шуд ва ба натиҷаи дилхоҳ ноил гашем. Амалиёти ҷарроҳии артроскопияи буғумҳои зону дар 16 ҳолат бо қисман буридани шохачаҳои кандашудаи бандакҳои хилолшакл ва тозакунии буғуми зонуҳо аз хондромалятсия гузаронида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо хати санитарию авиатсиони 8 маротиба ба шаҳру ноҳияҳои вилоят хизмат расонида шудааст. Ғайр аз ин дар 4 ҳолат дар шаҳру ноҳияҳо бо таври таъҷили мавқуфгузошта амалиётҳои ҷарроҳи ҳангоми шикасти устухонҳо бо истифода аз пайвандакҳои қулфакдор гузаронида шудааст.

Масъулиятшиносӣ

Дар шӯъбаи ҷарроҳии кӯдакона 191 бемор бистарӣ карда шуд, аз инҳо 181 нафар ҷавоб гаридаданд. Аз инҳо ҷаррроҳии нақшави 88 нафар, фаврӣ 49 нафар, хатна ба 22 нафар гузаронида шудааст.

Шӯъба ҷарроҳии дил ва рагҳои хунгард фаъолияташ назаррас буда, шумораи умумии беморони бистаришуда-72 нафар буданд, ки ҳамаи онҳо баъди муолиҷа ҷавоб дода шуданд. Ҷарроҳишудагон ҳамагӣ 61 нафар, аз инҳо ба таври фаврӣ 35 нафар, ба таври нақшавӣ 26, табобати консервативӣ бошад 7 нафарро ташкил медоданд.

Беморони бистаришуда аз рӯйи нозология, бемории варикозӣ, 18 нафар, тромбофлебити шадид 16 нафар, варикотромбофлебити шадид 6 нафар, диабети қанд 18 нафар, тромбоэмболияи шадиди дасти чап 1 нафар, ҷароҳати омехтаи пойи рост 1 нафар, гемангиома 3 нафар, гематома 1 нафар.

Дар шуъбаи таваллуд 2825 нафар  зан бистарӣ намуда, аз ин миқдор амалҳои зоиш 2469 адад, ҳомилаҳо-286, буриши қайсарӣ 695 нафар мебошад. Иллатнокии беморон чунин буд, преэклампсияи муътадил-135, преэклампсияи вазнин-80, камхунии дараҷаи вазнин-40, камхунии дараҷаи вазнини миёна-2205, илтиҳоби гурдаҳо-102, гурдаи ягона-6, илтиҳоби шадиди роҳи нафас-69, бемории саръ- 7 нафар, илтиҳоби масона-9, бемории хун-3, илтиҳоби руда ва меъда-6, партограмма 1241 ва ғайра баршумурда мешавад.

Дар шуъбаҳои амрози дарунӣ бошад, 1179 нафар беморон бистарӣ гашта, 1117-нафар табобат гирифта, рухсати шуданд.

Дар шӯъбаи бемориҳои асаб бистари карда шуд 247 нафар, беморӣ аз инҳо бо ташхиси сактаи камхуни -39 нафар, сактаи хунрезӣ -26, энсефалопатияи фишорбаландӣ-36, дисеркуляторӣ-11. Инчунин, остеохондрози камар ва чорбанд-28, бемории саръ-17, вайроншавии шахсият бо намуди усоб-15, боқимондаи осеби косахона ва м/с- 14, боқимондаи бемории сироятӣ м/с-10, асабхастагӣ-14, фалаҷи Белла-9, боқимондаи сактаи камхунии майнаи сар-22, боқимондаи сактаи хунрезиши майнаи сар-12 нафар.

Дар 4 моҳи соли 2025 ба 56 нафар беморон муоинаи электроэнсефалография (бо таҷҳизоти ЭЭГ) гузаронида шудааст, ки 20 нафар бемории саръ (эпилепсия) дарёфт карда шуд.

Аз 321 беморе, ки дар шуъбаи бемориҳои қалб бистарӣ гардида буд, маълум гардида, ки бо иллатҳои БИД, сактаи миокард-30, БИД: Стенокардияи фаъолияти ҷисмони I-IV синфи вазифавӣ-60, фишорбаландии шараёни дараҷаи I-III-85, дигар намудҳо БИД-52, кардиомиопатия 2 нафар гирифтор гардидаанд ва муоилҷа гирифтанд.

Бистаригардидаҳои шуъбаи бемориҳои шуш 172 нафар мебошанд ва иллатнокии беморон низ баъди ташхис маълум гардид, ки астмаи бронхиалӣ-11, тлтиҳоби музмини найчаҳои роҳи нафас-44, илтиҳоби шадиди найчаҳои роҳи нафас-1, илтиҳоби шушҳо-65, тромбоэмболия 1, илтиҳоби музмини гурдаҳо-36, гломерулонефрит-5, заҳролудшавӣ бо гази карбон-1.

Бояд тазаккур диҳам, ки беморони бистаригардида аз шаҳру ноҳияҳои гирдуатрофи вилоят омадаанд ва чунон ки ин нишондод маълум кард, ш. Бохтар-10 нафар, н. Дӯстӣ-1 нафар, н. Кушониён-11 нафар, н. Ҷ. Балхӣ-5 нафар, н. Вахш- 7 нафар, н. Панҷ-1 нафар, н. А. Ҷомӣ -1 нафар, н. Хуросон-1 нафар, н. Ҷайҳун-1 нафар мебошад.

Дар шӯъба узвҳои хозима дар 4- моҳи соли раво 349 нафар бистари карда шуда, 333 бемор ҷавоб дода шуд. Хуруҷи газаки музмини талхадон-48, хуруҷи илтиҳоби музмини ғадуди зери меъда-60, синдроми рудаи ҳассос-16, газаки музмини ҷигар-7, сиррози ҷигар-6, газаки музмини ғадуди зери меъда-60, камхунӣ бо сабаби омехта-23, бемории захми меъдаю рудаи 12 ангушта-15, эрозияҳо-5, камхунӣ бо сабаби норасогии оҳан-24, диабети қанд навъи-1-4 нафар, диабети қанд навъи-2- 39 нафар мебошанд.

Шӯъбаи барқароркунии бемориҳои амрози даруна дар 4-моҳи соли ҷорӣ 90 нафар беморон бистари шуда, 83 нафар ҷавоб шудааст.

Дар шуъбаи якуми кӯдакона 445 бемор бистарӣ гардида ва ҳамаи онҳо пас аз муолиҷа ҷавоб дода шуданд. Аз 290 нафар беморони бистаришуда бо ташхиси сепсис-15, Уфунат-2, Илтихоби шуш-30, сирояти дохили батнӣ-4, сирояти шадиди роҳи нафас-32 нафар мебошанд.

Дар шӯъбаи барқароркунии саломати кӯдакона дар 3- моҳи соли 2025 бистари карда шуд 174 нафар, аз инҳо 155 нафар ҷавоб дода шуд.

Натиҷаи ташхси беморон чунин аст, Боқимондаи гузаронидани осеби майнаи сар-24, боқимондаи гузаронидани бемории сирояти майнаи сар-41, фалаҷи кӯдаконаи мағзи сар-19, ғошиён бо хуруҷҳои ғошиёна-2, асабхастагӣ-2, энсефалопатияи гипоксики бо алоими ихтилоҷӣ-14, осеби тавалудии косахона ва мағзи сар-6, бемории саръ-3, алоими ихтилоҷӣ бо сабаби номаълум-3, полирадикулоневропатия-2 ва ғайра маълум гардид ва аз рӯи навъи беморӣ беморон табобат гирифтанд.

Ёрии акушерӣ

Дар идомаи суҳбат номбурда қайд кард, ки дар шӯъбаи кумаки сайёри махсусгардонидашудаи ёрии акушери перинаталии беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Б. Воҳидов  бо хати авиатсияи санитари табибони акушер- гинеколог дар 4-моҳи соли равон 59 маротиба ба шаҳру ноҳияҳои вилоят хизматрасонӣ намудаанд.

Дар 4 моҳи соли 2025 дар шӯъбаи бемориҳои сироятӣ бистари карда шуд 686 нафар.

Бо ташхиси сирояти шадиди роҳи нафас 362 нафар бистари шуд. Сирояти шадиди меъдаю руда-8. Саромоси пуст-2. Зардпарвини А-25. Гепатити С-1. Бруселези музмин-2. Менингоэнсефалит-1. Обакон-7. Заҳролудшавии бадан бо замбуруғ-1. Гумонбар ба бемории сурхча 72 нафар мебошанд.

Дар 4 моҳи соли 2025 ба 224 нафар дар шуъбаи гемодиализ диализ гузаронида шудааст.

Ҳама хидматрасониҳои табибони беморхонаи мо дар сатҳи баланд анҷом дода мешавад ва чӣ тавре, ки дар боло зикр кардем, чанд навгониву пешрафт дар беморхона дида мешавад, албатта, ин қонеъкунанда нест, зеро мо ҳамаи талошамон бар он аст, ки илмҳои муосири тибро беҳтару хубтар огоҳ гардида, ба мардум ва давлату миллати худ хидмати шоиста намоем ва то имрӯз, ки содиқона хидмат карда истодаем, дар оянда талош мекунем боз ҳам аз ин беҳтару хубтар хидмат карда бошем.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь