Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда буданд, ки “мо ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида истодаем. Яке аз масъалаҳое, ки бо вуҷуди таъкидҳои доимӣ ислоҳ нашуда истодааст, ҳоло ҳам паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон мебошад ва роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ вазифадоранд, ки дар ин самт тадбирҳои муассир андешанд”.
Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти шабакаҳои Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Хуросон хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо муовини менеҷери шабакаи мазкур Шарипов Муҳинҷон суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Ҳамсуҳбати мо суханони Пешвои миллатро мегӯяд барои кормандони тандурустӣ чароғи роҳнамо ба самти рушди соҳа гардидааст, ҳар яки моро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои касбии худ тамоми имкониятҳоро сафарбар созем.
Замоне мо бо беморон ва корафтодагон ҳамсуҳбат шудем, ҳамагон бо қаноатмандӣ нисбати хидматрасонии табибон суханони хуб гуфта, изҳор доштанд, ки табибон нисбати беморон ғамхору дилбардор ҳастанд ва сифати хизматрасониашон низ хеле олӣ буда, сари вақт ба дардмандон ёрии шифобахшии худро мерасонанд.
Ҳамсуҳбати мо ҳамзамон қайд кард, ки Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Хуросон имрӯзҳо фаъолияти худро тибқи фармоиш, супориш ва дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ба роҳ монда, баҳри беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба мардуми ноҳияи Хуросон бо мақсади беҳтар намудани саломатии онҳо кори худро пеш бурда истодааст.
Базаи кадрӣ
Дар суҳбат ба мо номбурда зикр кард, ки дар Шабакаҳои муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Хуросон 1 адад- Маркази саломатии ноҳия (дар таркибаш Маркази солимӣ-репродуктивӣ, Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона ва Тибби оилавӣ), 15 адад- Маркази саломатии деҳотӣ ва 37 адад- Бунгоҳҳои тиббӣ фаъолият доранд, ки ба зиёда аз 22440 хоҷагӣ ва 142495 нафар аҳолӣ хизмати тиббию санитарӣ мерасонанд.
Дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия дар моҳи апрели соли 2025 ҳамагӣ 523 нафар кормандон кору фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 39 нафар- табибон, 318 нафар- кормандони миёнаи тиб, 95 нафар- кормандони хурди тиб ва 71 нафарро дигар кормандон ташкил медиҳанд.
Дар моҳи апрели соли 2025 аз тарафи ҳамшираҳои минтақавӣ ва табибон зиёда аз 88052 гардиши наздиҳавлигӣ гузаронида шудааст, ки аз ин шумора 345714 нафар аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ фаро гирифта шудааст. Занҳои қобили таваллуд зиёда аз 32969 нафар мебошанд.
Дар сатҳи МКАТС-и ноҳия 15 нафар табибони оилавӣ ва 65 нафар ҳамшираҳои тибби оилавӣ дар ҳудуди ноҳия дар минтақаҳои Хуррамшаҳр-3, Хуррамшаҳр-4, Боғистон, Ғаллаобод, Ҳақиқат, Фахробод, Ҳилолӣ, С. Айнӣ ва Сурхқалъа хизмати тиббӣ мерасонанд.
Хидматрасонии тиббӣ
Инчунин, мавсуф қайд кард, ки дар моҳи апрели соли 2025 дар ноҳия ҳамагӣ- 1174 нафар тифл таваллуд шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41 нафар зиёд мебошад. Аз шумораи умумии таваллудшудагон 9- тояшон дугоник мебошанд.
Дар Маркази солимӣ-репродуктивӣ 3 табиби занона, аз ҷумла дорандаи дараҷаи олӣ 1 нафар ва 5 нафар момодоя ба зиёда аз 32969 нафар занони қобили таваллуд хизмат мерасонанд, ки аз ин шумора – 14294 нафарашон занҳои истифодабарандагони маводи зиддиҳамлӣ (контрасептивӣ) мебошанд.
Дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар Маркази саломатии ноҳия тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми августи соли 2016, №394 «Дар бораи қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда» 192 ҷуфт навхонадорон (384 нафар зану мард) аз муоинаи тиббӣ ройгон гузаштаанд.
Муоинаи тиббӣ
Дар идомаи суҳбат номбурда изҳор дошт, ки дар Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Хуросон дар 4 моҳи соли равон 1016 нафар шаҳрвандон аз муоинаҳои тиббӣ гузаштаанд, ки аз онҳо 181 нафарашон муоинаҳои тиббиро ройгон гузаштаанд. То 30-юми апрели соли равон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тиббии шакли №038- 246 нафар шаҳрванд бо маблағи 7050 сомонӣ, аз он 11 нафар ройгон, барои гирифтани ҳуҷҷати тиббии шакли №026- 300 нафар шаҳрванд бо маблағи 10783 сомонӣ, аз он 37 нафар ройгон, барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тиббии иҷозат ба ронандагӣ шакли №066- 2 нафар бо маблағи 60 сомонӣ ва дафтарчаи тиббӣ – 468 нафар шаҳрванд бо маблағи 9623 сомонӣ, аз онҳо- 133 нафарашон ройгон аз ташхиси тиббӣ гузаштаанд, ки маблағи умумии онҳо 27516 сомониро ташкил медиҳад.
Муроҷиат
Чунончи мавсуф афзуд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.07.2016, №1339 “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” дар се моҳи соли 2025 дар назди роҳбари ШМКАТС-и ноҳияи Хуросон дар умум 10 нафар шаҳрвандони ниёзманд муроҷиат кардаанд, ки ба онҳо бо маблағи 6730 сомонӣ, аз ҷумла ба 7 нафар бемороне, ки узвҳои пайвандӣ доранд (гурдапайванд) бо маблағи 4200 сомонӣ ва ба 3 нафар маъюби ниёзманд бо маблағи 2530 сомонӣ кумаки моддию молиявӣ (доруворӣ) расонида шудааст.
Баҳри иҷрои банди 10-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми декабри соли 2008, №600 «Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» дар чор моҳи соли 2025 аз тарафи ҳуҷраи дандонпизишк 72 нафар бемор (4192 сомонӣ), аз ҷумла 3 нафар ройгон, ҳуҷраи ҷарроҳӣ 32 нафар бемор (960 сомонӣ) ва аз ҷониби муоинаи ҳуҷраи ултрасадоӣ (УЗИ) – 885 нафар бемор (13985 сомонӣ), аз ҷумла 8 нафар ройгон ва дар умум 989 нафар беморон ба маблағи умумии 19137 сомонӣ хизмати тиббӣ расонида шудааст.
Мувофиқи фармоиши роҳбари ШМКАТС-и ноҳия аз 6-уми январи соли 2025, №2 “а” дар ШМКАТС Комиссияи доимамалкунанда оид ба таҳлилу баррасии фаъолияти ҳамарӯзаи МКАТС, яъне «Ситоди доимамалкунанда» ташкил карда шудааст, ки фаъолияти он ҳар рӯзи чоршанбеи ҳафта мавриди баррасии ҳамаҷониба бо иштироки тамоми директорони марказҳо, роҳбарони МСД ва БС-ҳо, табибон ва момодояҳову ҳамшираҳои минтақавӣ қарор дода мешавад.
Бояд тазаккур диҳам, ки мо кормандони соҳаи тиб беш аз пеш талош ҳоҳем кард, ки сифати хидматрасонии тиббӣ боз ҳам беҳтар намоем ва ба ин васила саломатии мардумро ҳифз намоем.
МТЖТ