Таҷрибаи ҳаёт нишон дода аст, ки кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд, дар ҳолати дастгирӣ, омӯзиш ва парвариш, ҳамчун шахсиятҳои барҷаста, мутахассисони соҳибтаҷриба ва ҳунармандони шинохта дар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва башарӣ мақоми худро пайдо намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногун хидматҳои арзанда кардаанд.

Ҳамасола 3-юми декабр дар сар то сари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии афроди имконияташон маҳдуд қайд карда мешавад. Ҳадаф аз он ҷалб намудани диққати ҷомеа ба мушкилоти инсонҳои маъюб, дастгирӣ ва рӯҳбаланд кардани онҳо мебошад. Дар ин рӯз тамоми муассисаҳои ба маъюбон марбут ва идораву ашхоси алоҳида, ки нисбати афроди имконияташон маҳдуд бетараф нестанд кӯшиш мекунанд, ки ба қишри тамоюли ҷисмониву равонидоштаи аҳолӣ аз ҷиҳати ҳуқуқиву тиббӣ ва молиявӣ кӯмаку дастгирии худро расонанд ва нагузоранд, ки ашхоси ниёзманд худро бемуттако ва фаромӯшшуда эҳсос намоянд.

Муассисаи давлатии «Маркази психологӣ-тиббӣ-педагогии шаҳри Панҷакент” соли 2010 бо қарори ҳукумати шаҳр таъсис ёфта, то имрӯз дар ноҳияи мазкур фаъолияти пурсамар мебарад. Фаъолияти Марказ бо низомҳои Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мақомоти вилоятӣ ва ноҳиявии ҳукуматҳои маҳаллӣ ва Низомномаи намунавӣ оид ба Муассисаҳои давлатии “маслиҳатгоҳҳои психологӣ-педагогӣ” ҳамоҳанг карда шудааст.

Кормандони марказ оид ба дастгирӣ ва ёрии тиббию психологӣ ба кӯдакону наврасони дорои тамоюлҳои инкишоф ва ниёзҳои махсуси ҷисмонию равонӣ дар байни аҳолӣ, муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда, ба гурӯҳҳои мақсаднок ёрии тиббӣ ва хидматрасонии махсуси таълимӣ ва иҷтимоии ройгон пешниҳод ва амалӣ менамоянд.

Ба ҳайати МПТП пизишкони дефектолог (олигофренопедагог, сурдопедагог, тифлопедагог, логопед), равоншинос, равонпизишк, омӯзгори иҷтимоӣ ва кормандони хурд шомил буда, ҳамчунин бо мутахассисони соҳаҳои мухталифи тиб аз муассисаҳои дигар ҳамкории наздик доранд.

Дар ин муассиса барномаи психологӣ-тиббӣ-педагогии ёрӣ расондан ба аҳолӣ ҷиҳати пешгирии тамоюлҳо дар инкишофи ҷисмонӣ ва рӯҳии кӯдакону наврасон коркард ва амалӣ гашта, ба мақсади ошкор намудани хусусиятҳои инкишофи онҳо ва муайян кардани шароити мувофиқи муолиҷа, таълим ва тарбия муоинаи комилан мушаххас ва ройгон гузаронда мешавад. Инчунин кӯдакон ва наврасоне, ки бо роҳи фарзандхонӣ ба оилаҳо дода мешаванд дар ин маслиҳатгоҳ аз муоинаи психологӣ-тиббӣ-педагогии ройгон мегузаранд.

Ба гуфти Насиба Қурбонова, ки аз соли 2010 инҷониб сарварии МПТП-ро ба ӯҳда дорад, дар ноҳия беш аз 830 нафар ноболиғони имконияташон маҳдуд дар қайди оморӣ мебошанд, аммо аксари онҳо аз вуҷуд доштани чунин муассисаҳои кӯмакрасон хабар надоранд, то ояндаи фарзандони имконияташон маҳдуди худро то андозае ҳамвортар созанд. Қисмате аз чунин волидон, ба пиндори худ “ба тақдири худо тан дода”, намехоҳанд аз нуқсони фарзандашон касе огоҳӣ ёбад ва онро пинҳон медоранд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, кормандони ин марказ дар байни ҷомеа вохӯриҳо гузаронда, ба шахсони ниёзманд дасти ёрии худро мерасонанд.

Доктор Қурбонова афзуд, ки кӯдакону наврасони ниёзманде, ки таҳти пӯшиши МПТП қарор доранд ҳамаи ҷашнҳои давлативу суннатиро ба таври худ бо рӯҳи болида ва шодиву хурсандӣ ҷашн мегиранд. Ҳамчунин, дар озмунҳои гуногуни ҳунарӣ, чи дар доираи муассиса ва чи дар доираҳои васеътар сарбаландона иштирок мекунанд.  Шумораи муайяни ниёзмандон, ки бо дастгирии ин муассиса муолиҷа гирифтаву таълим дидаанд ба макотиби миёнаи умумӣ барои таҳсил фиристода шуда, чанд нафари онҳо дар макотиби олии кишвар таҳсил низ мекунанд.

Муассисаи давлатии «Маркази психологӣ-тиббӣ-педагогии шаҳри Панҷакент” бо созмону бахшҳои хайрхоҳи ноҳия, мисли Ташкилоти ҷамъиятии “Нури Умед”, Шуъбаи тавонбахшии “Рахшон”, Ассотсиатсияи кумитаҳои волидайн, Ташкилоти ҷамъиятии “Навниҳолони Зарафшон” ва муассисаву марказҳои тиббиву иҷтимоии шаҳри Панҷакент робита ва ҳамкориҳои наздик дорад ва барои беҳбудии кӯдакону наврасони дорои тамоюли инкишоф кӯмакҳои худро мерасонад.

Р. Атоӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь