Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намуда буданд, ки “Соҳаи тандрустӣ  яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати  Тоҷикистон  ба шумор рафта, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо маром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назарас ноил гардидаастҲукумати мамлакат  дар ин давра ба пешрафти соҳаи тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои  зиёдеро амалӣ гардонидааст.

 Хабарнигори МТЖТ бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию  санитарии маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар бо роҳбари он Исозода Фарҳод суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат афзуд, ки Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию  санитарии шаҳри Бохтар дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дасгири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии вилоят ва шаҳри Бохтар, Раёсати тандрустии вилояти Хатлон пурра аз таъмири ассосӣ бароварда шуда, бо муосиртарин таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳаз гардонида шуд. Гуфта шуд, ки роҳбарият ва табибони маркази мазкур баҳри солимии  аҳолии шаҳри Бохтар ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он  ҳама донишу малакаи худро сарф намуда, шабонарӯз ба сокинон хизмати тиббӣ расонида истодаанд.

 Солимии ҷомеа бойгарии давлат аст

Гуфта шуд, ки давоми 8 моҳи соли 2023-юм ба Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию  санитарии шаҳри Бохтар 119 ҳазору 221 нафар муроҷиат намуда, 201 ҳазору 867 нафар шаҳрвандонро дар хонаҳо муоина намудаанд.  Имрӯз дар шаҳр 2 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 50 нафар шахсони ба онҳо баробар (иштирокчиёни садамаи Чернобилва ҷанговарони интернасионалист) дар қайди диспенсерӣ ва зери назорати доимии табибони оилавии минтақавӣ қарор доранд.

Эмгузаронӣ ба хотири пешгирии беморӣ

Итилоъ дода шуд, ки айни замон тибқи дастуру супоришҳои ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоқикистон  аз санаи 27. 07 2021 сол дар муассисаҳои КАТС ваксинатсияи аҳоли синни аз 18 сола боло ва кормнадони ташкилоту муассисаҳои шаҳри Бохтар, бар зидди сирояти коронавирус, ки 70 ҳазору 205 нафар аҳолиро дар бар мегирад идома дорад. Ба ҳолати 31. 08. 2023 иҷроиши вояи чоруми эмгузаронии гӯруҳи мақсадноки аҳолӣ бар зидди сирояти коронавируси нави Covid-19 ҳамагӣ 64 ҳазору 512 нафар ё 91,7  фоизро ташкил медиҳад.

Занҳои қобили таваллуд ҳама зери назоратанд

Мусоҳиби мо қайд кард, ки  занҳои қобили таваллуди шаҳри Бохтар, ба ҳолати соли 2023-юм ҳамагӣ 35 ҳазору 155 нафарро ташкил медиҳанд. Дар 8 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 310 нафар занҳои қобили таваллуди шаҳр бо маводҳои контрасептивӣ фаро гирифта, истифодабаранагони маводҳои контрасептивӣ 13 ҳазору 773 нафар ё 39,1 дарсадро ташкил медиҳад.

Дар ин давра дар миқиёси шаҳри Бохтар ҳамагӣ 1499 нафар зани ҳомила ба қайд гирфита, барои паст намудани сатҳи оризаҳои перенаталӣ ва фати модарон, саривақт дарёфт намудану ба табобат фарогирфитани занони ҳомила аз муоинаи тиббӣ бо иштироки мутахассисони сироятшинос, силшинос, эндокриналог, дилпизишк, бавалияшинос ва табибони амрози даруна гузаронида шудаанд.

Никоҳшавандагон аз муоинаи тиббӣ сарвақт мегузаранд

Итилоъ дода шуд, ки оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.08. 2016-ум сол №374 “Дар бораи қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда”  дар 8 моҳи соли ҷорӣ 2215 нафар никоҳшавандагон ба қайд гирифта аз муоинаи тиббӣ гузаронида шудаанд, ки аз байни онҳо 904 нафарашонро шаҳрвандони шаҳри Бохтар ташкил медиҳад. Табибони марказ ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки муроҷиати сокинонро саривақт қабул ва иҷро намоянд.

Гар дасти фитодае бигири мардӣ

Аз ҷониби МКАТС-и шаҳри Бохтар оид ба иҷрои талаботҳои мактуби муовини раиси вилояти Хатлон аз 03 перели соли 2023 №109  дар бораи дастру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҳар иду ҷашнҳо ба олиаҳои маъюбон, камбизоатон, ятимон кӯмакҳои маводи ғизоӣ ва дигар кӯмакҳо расонида шуда, ин иқдом дар оянда низ идома хоҳад ёфт.

 4544 кӯдак аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуд

Давоми 8 моҳи соли равон аз муоинаи тибии (шакли №026/у)  мутахасисони Маркази саломатии шаҳрӣ ҳамагӣ 4544 нафар кӯдакон гузаронида шудаанд, ки 177 нафар аз ноҳияҳои гирду атроф  ва 4367 нафар кӯдак аз шаҳри Бохтар мебошанд.  Аз 4544 нафар кӯдакони аз муоинаи тиббӣ гузашта 1204 нафар ба боғча, 3340 нафар ба мактаб ва 154 нафар бо хизматрасонии ройгон ба боғчаву мактабҳо иҷозат дода шудаааст.

Таъмитон ба кадр дар мадди аввал

Дар Муассисаи КАТС-и шаҳри Бохтар айни замон 110 нафар табибон,  беш аз 290 нафар кормандони миёнаи тиб ва дигар кормнадон ба 128 ҳазору 764 нафар аҳолии шаҳр ва  хизмати тиббӣ расонида истодаанд.  Дар 8 моҳи соли ҷорӣ дар Муассисаи КАТС-и шаҳри Бохтар 7 нафар табибон ва 27 нафар кормандони миёна ҷавонон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуда, 10 табиб ва 22 нафар ҳамшира аз курсҳои бозомӯзии тахассусӣ гузаронида шудаанд.

Қадрдонии табибон

Қайд гардид, ки санаи 17. 08 . 2023  дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба таҷлили “Рӯзи кормнадони соҳаи тиб” дар асоси фармоиши Вазорати тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 нафар табибони муассиса барои қадршиносӣ ва фаъолияти пурсамар бо нишони “Аълочии тандурстии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардида, аз ҷониби раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саидов супорида шуданд.

Омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлолият

Роҳбарият ва кормандони Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию  санитарии маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ҳамаҷониба омодагӣ дида, корҳои ободониву бунёдкориро аз худи муассиса шурӯъ карда, аз  саҳни бино, роҳрав, утоқҳои кории табибону кормандон, шинонидани дарахтони ороишиву ҳамешасабз, гулҳои рангоранг шурӯъ карда, ният доранд, ки  ин санаи таърихиро бо дастовардҳои назарас истиқбол гиранд. Ва баҳри солимии аҳоли ҳама донишу малакаи худро сарф намуда, дар сиҳатии сокинони шаҳр ва вилоят саҳми босазо гузошта, ҳама он дустру супоришҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар, Вазорати тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии вилоят,  шаҳри Бохтар ва Раёсати тандрустии вилояти Хатлон саривақт иҷро намоянд. Боқи тансиҳату солим бошед!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь