Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон хабарнигори МТЖТ бо сартабиби ниҳоди мазкур Файззода Ҷурабек Султон суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи он пешкаш мегардад.

Нахуст ҳамсуҳбати мо қайд кард, ки маъмурияти Беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки мутахассисони беморхона имрӯзҳо тибқи фармоиш, супоришҳо ва дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ба роҳ монда, баҳри беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба мардуми ноҳияи Хуросон ва меҳмонони он фаъолияти худро пеш бурда истодаанд.

Беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон бо сохторҳои зертобеъи худ иборат аз 5 Беморхонаи минтақавӣ, воқеъ дар Ҷамоати Фахробод (Беморхонаи минтақавии №2), дар Ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ (Беморхонаҳои минтақавии №6 ва №7), дар Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ (Беморхонаи минтақавии №5) ва дар Ҷамоати деҳоти Қизилқалъа (Беморхонаи минтақавии №3) мебошад, имрӯзҳо дар ноҳия фаъолият дорад. Ин муассисаҳои тиббӣ дорои биноҳои алоҳида ва шароити хуби корӣ мебошанд.

Базаи кадрӣ

Мавсуф афзуд, ки дар ин муассисаҳо, ҳамагӣ 561-нафар кормандон фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 99 нафар табиб, 208 нафараш кормандони миёнаи тиббӣ, 113 нафараш кормандони хурди тиббӣ (фаррошон) ва 141 нафари он дигар кормандон мебошанд. Беморхона дар соли 2025 дар масъалаи таъминот бо кадрҳо норасоӣ надорад ва дар ҳама сохторҳои он ба пуррагӣ кадрҳои лозима кору фаъолияти босамар доранд.

Аз тарафи роҳбарияти БМН ба масъалаи бозомӯзии кадрҳо диққати алоҳида дода шуда истодааст. Дар ин давра 33 нафар табибон ва 62 нафар кормандони миёнаи тиббӣ аз курсҳои махсуси бозомӯзӣ, ки самтҳои гуногуни фаъолияти онҳо бахшида шуда буданд, гузаштаанд.

Лозим ба таъкид аст, ки танҳо дар соли 2024 чор нафар табибон ва як нафар корманди миёнаи тиббии беморхона бо мақсади баланд бардоштани дониши касбии худ ба курсҳои гуногуни бозомӯзӣ (аз ҷумла, ду нафар табиб ба Ҷумҳурии Исломии Эрон) равона карда шуда буданд ва онҳо бо истифода аз донишҳои нави гирифтаи худ дар Шуъбаҳои гуногуни Беморхона фаъолияти худро идома дода истодаанд.

Бунёдкорӣ

Ҳамзамон, номбурда изҳор дошт, ки роҳбарияти Беморхона дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба масъалаи сохтмони муассисаҳои нави тиббӣ ва таъмири азнавсозии онҳо диққати алоҳида дода, ба ин кор соҳибкорони маҳаллӣ, Шарикони рушд ва аҳолии деҳотро ҷалб намудааст.

Ин аст, ки дар давоми 4 соли охир барои Шуъбаи ҷарроҳӣ бинои нав сохта, бо 30 кат ба истифода дода шуд ва Шуъбаи осебшиносӣ ташкил карда шуда, бо бинои нав таъмин гардид, ки дорои 20 кат мебошад. Инчунин бинои маъмурияти Беморхона аз таъмири асосӣ бароварда шуда, ҳавлии беруна ва гирду атрофи Шуъбаи таваллуд азнавсозӣ карда шуд ва бо шинонидани гулу бутаҳо симои худро ба хубӣ дигар кардааст.

Дар ин давра дар Беморхонаи минтақавии №6 (воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ) бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шарикони рушд таваллудхонаи нав иборат аз 10 кат сохта ба истифода дода шудааст, ки он низ фаъолияти пурсамар дорад.

Лозим ба таъкид аст, ки тибқи Созишномаи тарафайни Беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон бо намояндагии Лоиҳаи «Модари солим-кӯдаки солим» аз 7 январи соли 2025 сохтмони ҳоҷатхонаи берунаи замонавӣ дар Беморхонаи марказии ноҳия барои беморон ва кормандони тиб ба нақша гирифта шуда буд, ки сохтмони он дар арафаи анҷомёбист ва дар рӯзҳои наздиктарин он ба истифода дода хоҳад шуд.

Бо истифода аз воситаҳои БМН тамоми системаи коррез (канализатсия)-ҳо барои партофтан ва берун кардани ифлосиҳо аз Беморхона ба таври замонавӣ аз таъмири пурраи ҷорӣ бароварда шуд. Беморхонаи марказӣ бо дастгирии ВТ ва ҲАИ-и ҶТ, инчунин Шарикони рушд бо об ба пуррагӣ таъмин карда шудааст.

Базаи моддӣ ва техникӣ

Дар идомаи суҳбат мавсуф қайд кард, ки базаи моддию техникии Шуъбаҳои Беморхонаи марказӣ ва Беморхонаҳои минтақавӣ дар давоми 4 соли охир ғанитар ва пурратар гардида,  шароити кории кормандони соҳа хеле беҳтар шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ дар миқёси БМН таъмири пурраи шуъбаҳои осебшиносӣ, таваллудӣ, эҳёгарӣ, рангубори деворҳо ва даромадгоҳи бинои асосии маъмурии беморхона инчунин таъмири воситаҳои техникии барқдиҳанда ба анҷом расонида шуда, БМН ва муассисаҳои тибби зертобеъи он бо таҷҳизотҳои ёридиҳандаи барқӣ (стабилизаторҳои ҳаҷман гуногун) таъмин карда шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ баъди бозсозӣ шуъбаи таваллуди Беморхонаи минтақавии №2 (д. Фахробод), ки солҳои тӯлонӣ фаъолият надошт, кори худро баҳри беҳдошти саломатии мардуми маҳал оғоз намуд. Инчунин дар ин давра аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Беморхонаи минтақавии №5 (д. Хуросон) тариқи сохтмони хати обгузар бо оби нӯшокӣ таъмин карда шуд. Ҳамчунин болопӯши (шифти/боми) шуъбаи амрози дарунаи ин Беморхонаи минтақавӣ бо дастгирии МИҲД-и ноҳия ва харҷи маблағҳои буҷаи ноҳия азнавсозӣ карда шуд. Иҷрои чунин корҳо дар дигар иншоотҳои БМН идома дорад.

Лозим ба таъкид аст, ки танҳо дар давоми соли 2024 ба маблағи умумии 2452883,95 сомонӣ таҷҳизотҳои тиббию (аз ҷумла, комплекси рентгении Diamond-8a –ба маблағи 1835863,98 сомонӣ) корӣ, дорувориҳо ва маводҳои санитарию гигиении гуногун харидорӣ карда шуда, тамоми муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти техникию корӣ аз қабили-компютер, принтер, яхдонҳои гуногун, печҳои барқӣ, кондесионерҳо, мизу курсӣ, шкафҳо, катҳои махсус барои қабули беморон ва ғайра таъмин карда шудаанд.

Иловатан Беморхона дар ин давра бо дастгоҳи ташхисӣ барои табиби ГГБ ба маблағӣ 126000 сомонӣ, автомашинаи “Ёрии таъҷилӣ”-и тамғаи NISAN URVAN ба маблағи 552132 сомонӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шудааст.

Аз моҳи феврали соли 2025 сар карда, ивазкунӣ ва навсозии дару тиреза ва пешдолонҳои Шуъбаи амрози даруна ва Шуъбаи кӯдакона ки хеле фарсуда шуда буданд, оғоз гардидааст ва ин кори сохтмонӣ дар рӯзҳои наздик ба анҷом расонида хоҳад шуд.

Инчунин ният дорем, ки фарши Шуъбаи “Ёрии таъҷилӣ”-ро низ дар ҳамин мӯҳлат навсозӣ намуда, онро то моҳи август мавриди истифода қарор диҳем.

Дар оянда низ маъмурияти Беморхонаи марказӣ ният дорад, ки чунин корҳои сохтмонӣ ва созандагиву ободкориҳоро барои беҳтар намудани шароити кории кормандон ва беморони ба Беморхона муроҷиат мекарда, ба анҷом расонад. Нақшаҳо хеле бисёранд ва мо дар ин ҷода тамоми кӯшиш ва ғайрати худро равона намуда истодаем.

Масъулиятшиносӣ

Инчунин, мавсуф тазаккур дод, ки дар Беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон барномаҳо, дурнамоҳо ва стратегияҳои давлатӣ, ки ба пешрафти соҳаи тандурустӣ нигаронида шудаанд, дар маркази диққати роҳбарияти БМН қарор дода шуда, иҷрои онҳо зери назорати қатъӣ гирифта шудааст.

Дар байни кормандони БМН ва тамоми Беморхонаҳои минтақавӣ ва Марказҳои тиббии ноҳиявӣ, Шуъбаи маорифи ноҳия, кормандони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, фаъолони ноҳия, раисони маҳаллаҳо, муаллимон ва хонандагони мактабҳои ноҳия ва аҳолии минтақаҳои гуногун ва дурдасти ноҳия оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии бемориҳои сироятӣ ва риояи қоидаҳои инфиродии гигиенӣ, дарсҳо, семинарҳо ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ бо иштироки мутахассисони соҳибтаҷриба БМН мунтазам гузаронида мешаванд. Дар ин чорабиниҳо сартабибони беморхонаҳои минтақавӣ, директорони марказҳои тиббӣ бо ҷалби табибони ботаҷрибаи сироятшинос иштирок намуданд, ки онҳо ин дарсҳову корҳои фаҳмондадиҳиро дар сатҳи баланди донишомӯзӣ гузаронидаанд.

Инчунин дар ин давра тарафи кормандони БМН дар якҷоягӣ мутахассисони МСР, МТТҲС маҷлису сӯҳбатҳо фардиву вохуриву сӯҳбатҳо бо занони қобили таваллуд ва ҳомиладорон аз тарафи мутахассисони МСР (табибони занона, табибони тибби оилавӣ, момодояҳо ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ) гузаронида шуда истодаанд. Дар ин вохуриву сӯҳбатҳо ба мавзуъҳои “Ҳомиладории физиологӣ аз рӯи стандартҳои миллӣ”, “Аломатҳои хатарноки ҳомиладорӣ”, “Камхунӣ”, “Ғизои солим”, “Синамаконӣ”, “Бемориҳои бо алоқаи ҷинси мегузашта, хусусан ВНМО”, “Маводҳои зиддиҳамлӣ ва пешгирии ҳамли номатлуб” бештар аҳамият дода, дар онҳо бо мисолҳои мушаххас аз зиндагӣ ба аҳолии ноҳия корҳои фаҳмонидадиҳӣ газуронида шуда истодаанд.

Дар хуҷраи махсуси дарсии Беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон аз тарафи мутахассисони табибони соҳибтаҷрибаи БМН дар якҷоягӣ бо мутахассисони даъватшуда аз МСР ва МТТҲС дарсҳои омӯзишӣ доир ба мавзуъҳои “Нигоҳубини раванди ҳомиладорӣ, “Камхунӣ”, “ВНМО”, “Ғизои солим”, “Бемориҳои сироятӣ”, “Бемориҳои мавсимӣ”, “Танзими оила” ва ғайра дарсҳои махсус бо иштироки фаъолонаи кормандони тиббии беморхона гузаронида мешаванд.

Дар фароварди суҳбат номбурда зикр кард, ки бобати дар ҳолати хуби санитариву эпидемиологӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани ҳӯҷраҳои кории табибону ҳамширагон ва дигар биноҳои Беморхонаи марказӣ чораҳои мушаххас ба таври доимӣ андешида мешаванд.

Маъмурият ва аҳли кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон имрӯзҳо кӯшиш доранд, ки хизматрасонии тиббиро барои саломатии ҷомеъа боз ҳам пурзӯртару босифат намуда, барои солимии аҳолӣ ва ободонии Ватани азизамон содиқона хизмат намоянд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь