Воқеан, мо то сиҳат нашавем ва саломатии худро барқарор накунем дар андешаи хушбахтӣ ва дигар корҳо нестем. Пас, то вақти сиҳат шудан ва роҳ ба сӯи хушбахтӣ кушодан, кӣ ҳамроҳи мо буд ва ҳаст албатта, табиб. Табибони ҳақиқӣ мудом паи омӯзиш ҳастанд ва аз болои пешаи худ кор мекунанд. Чунинанд табибони ноҳияи Вахш, ки дар бораи фаъолияташон мо сухане чанд рӯи сафҳа меорем.

Сухан дар бораи нафароне меравад, ки собиқаи чандсолаи корӣ дошта, ҳабиби мардумонанд ва дасти шафқатбори эшон шабу рӯз баҳри дармонбахшии дардмандон аст. Онҳо киҳоянд? Нафароне, ки мо дар бораашон сухан оғоз кардем табибони Муассисаҳои кӯммаки аввалияи тиббию санитарӣ ноҳияи Вахш мебошанд.

Бо ин мақсад, хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ба Шабакаи муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Вахш ташриф овард ва бо роҳбари шабакаи мазкур Нуров Шералӣ ҳамсуҳбат шуда, дар бораи фаъолияти кории Шабакаи муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия аз наздик ошно гардид ва фишурдаи суҳбатро пешкаш мегардонем.

Номбурда нахуст қайд кард, ки маъмурияти муассисаҳои Кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Вахш сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ карда, ба мақсади иҷрои карори раиси вилояти Хатлон аз 3.02.2021. №704- Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025 дар ноҳияи Вахш аз рӯи барномаҳои амалкунанда ва фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳоро ба анҷом расонид, ки алабтта, баҳри пешрафти соҳа мусоидат мекунад.

Базаи кадрӣ ва сохтор

Мавсуф қайд кард, ки дар 4 моҳи соли 2025 шумораи умумии кормандон ба 817 нафар расида, аз инҳо 60 нафар табиб, 463 нафар ҳамшираҳои тиб, 188 нафар кормандони хурди тиб ва 106 нафар кормандони ғайри тиб ташкил медиҳанд. Бо дараҷаи олӣ 23 нафар, 9 нафар дараҷаи якум, 8 нафар дараҷаи дуюм ва 16-нафар (мутахасисони ҷавон) бе дараҷанокӣ мебошанд. Ҳамшираҳои тиб 190  нафар бо дараҷаи олӣ, дараҷаи якум 78 нафар, дараҷаи дуюм 72 нафар ва 160 (мутахасисони ҷавон) нафар бе дараҷанокӣ мебошанд.

Дар 4- моҳи соли равон 78 нафар кормандон аз курсҳои такмили ихтисос ва курсҳои бозомӯзӣ гузаштаанд. Басти воҳидҳои корӣ дар КАТС-и н. Вахш аз 814,5 иборат буда, 751,5 воҳиди корӣ банд мебошад. Духтурон 125,75 воҳиди корӣ, ҳамшира 439,25, фаррош 142,5 ва коргарони ғайри тиббӣ 107 воҳиди кориро ташкил медиҳад. Донишҷӯёне, ки дар донишкадаҳои тиббии шаҳри Душанбе ва донишгоҳи тиббии Хатлон 81 нафар донишҷӯён таҳсил карда истодаанд. Бо квотаи Президентӣ бошад айни замон 1-нафар духтури асаб, 1-нафар духтури занона, 1-табиби эндокринолог, 1-табиби ҷарроҳ, 2-нафар духтури бемориҳои гушу гулӯ ва бинӣ кор ва фаъолият мекунанд.

ШМКАТС-и н. Вахш аз 1 адад Маркази саломатии деҳотӣ, 13 адад Маркази саломатии деҳотӣ, 54 Бунгоҳҳои саломатии деҳотӣ иборат мебошад.

Албатта, баҳри боз ҳам беҳтар гардидани хидматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ талош мекунем кадрҳои баландихтисосро ҷалб намоем ва ба ин васила саҳми худро дар пешрафти соҳаи тандурустии кишвар беш аз пеш мегузорем.

Рушди тибби оилавӣ

Ҳамзамон, мавсуф афзуд, ки Маркази тибби оилавӣ ба 3682  хоҷагӣ ва ба 21 ҳазору 564 нафар шаҳрвандон хизмати тиббӣ мерасонад, ки аз ин шумора 10769 нафарашон мардҳо, 10795 нафар занҳоро ташкил медиҳад, Аз ин шумора кӯдакони синни то 14 сола 6466 нафар, 1 сола 557 нафар, то 6 сола бошад 2842 нафар, то 18 сола 7938 нафарро ташкил медиҳад. Дар ноҳия занҳои қобили таваллуд 54590 нафар мебошанд, ки аз ин дар маркази тибби оилавӣ 5360 нафар буда. Аз ин шумора 1118 нафарашро гуруҳҳои мақсаднокро ташкил медиҳад.

Шумораи ташрифи беморон ба табибон ба 2345 нафар, аз инҳо 1686-нафараш кӯдакон мебошанд, калонсолон 569 нафаро ташкил медиҳад, аз тарафи ҳамшираҳои тиб бошад, дар вақти гашти хонаҳо 9954 нафар хоҷагӣ 39816 нафар аҳолӣ буда, дарёфти беморони БШРН 526-нафар ва диареа 27 -нафар, занҳои хомила 284 нафар, гуруҳи мақсаднок 1118 нафар ба қайд гирифта шуд. Дар маркази тибби оилавӣ дар 4 -моҳи соли равон 137 -навзодон ба қайд гирифта шудааст. Занҳои ҳомила 201 нафар ба қайд гирифта шуд. То имрӯз аз тарафи табибон ва ҳамшираҳои КАТС-и ноҳияи Вахш дар вақти гашти хонаҳо беморони бо ҳарорати баланд дарёфт карда шударо барои бистарӣ ба беморхонаи марказӣ равона карда шуда истодаанд. Мақсади барномаи рушди тибби оилавб дар ноҳия дар Шӯрои тиббӣ ба ҳамагон барраси карда шуд. Нақшаю чорабиниҳо тартиб дода шуда, барои сайқали рушди тибби оилавӣ ташкил намудани гуруҳҳои омӯзишӣ бо маркази таълимгоҳи клиникии тибби оилавии вилояти Хатлон мувофиқат карда шудааст.

Ёрии таъҷилӣ

Дар идомаи суҳбат номбурда тазаккур дод, ки дар шуъбаи ёрии таъҷилӣ мудири шуъба ва як нафар -табиб, 8 нафар -фелшер, 8 нафар -диспечер, 6 -нафар фаррош, 10 -нафар ронанда  бо 4-адад автомашинаи ёрии таъҷилӣ кор ва фаъолият дорад. Дар 4- моҳи соли 2025 дар шуъбаи ёрии таъҷилӣ ҳамагӣ қабул 1142 занги телефонӣ -785 нафар, худмуроҷиат – 357 нафар аз инҳо БШРН-143, БИД-172, ФШ -214 нафар, БДК-30, бемориҳои даруна- 82 нафар ва дигар намуди беморон 82 нафар. Интиқол ба беморхона 18 нафар, муоинаи шаҳрвандони (ШВКД) дар марказ 362 нафар. Қабули шаҳрвандон 36 маротиба.

Барномаи миллии Иммунопрофилактика

Инчунин дар идомаи суҳбат мавсуф зикр кард, ки бо мақсади амаликунонии Барномаи Иммунопрофлактика, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 таҳти №456, Қарори раиси вилояти Хатлон аз 16 декабри соли 2018 таҳти №256 ва Қарори раиси ноҳияи Вахш аз 21 июни соли 2017 тахти №468 «Дар бораи тасдиқи Барномаи Иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» тасдиқ шудааст ва барои пурзӯр намудани соҳаи иммунопрофилактика бо фармоиши беморхонаи маркази ноҳия аз соли 2004 маркази имунопрофилактика кушода шуд. Дар 3 – моҳи соли 2025 муассисахои тиббии ноҳия ба пуррагӣ бо маводҳои эмгузаронӣ таъмин карда шудааст. Маркази иммунопрофилактикаи ноҳия ҳар моҳ бо маводҳои иммунизатсиякунӣ истодааст. Ваксина бар зидди бемории сил БЦЖ-1 ҳамаги 5641, дар тавалудхона 4786, Ваксинаи ОПВ-О 5642, дар тавалудхона 5579, бемории зардпарвини «В-1» 5642, дар тавалудхона 5579-ро ташкил медиҳад, ки ОПВ-1 ҳамагӣ 6098, ОПВ -2 ҳамагӣ 6160, ОПВ -3 5996, ИПВ-1 5995 7, ИПВ -2 5533, Пентивалентӣ -1 5845, Пенто -2 5892, Пенто -3 5949, Рота-1 6113, Рота -2 6001, ВПК -1 5680, ВПК -2 5876, ВНК -3 5690, сурхчаи -1 5764, сурхча гулафшон-2  5623, ОПВ -4 5999, АКДС -4 5794, АДС ҳамагӣ 5566, АДСМ 3671-нафаро ташкил медиҳад. Аз тарафи хазинаи кӯдакони Милали Мутаҳид маркази Имунопрофлактикаи ноҳияи Вахш мунтазам семинарҳои таълимӣ оид ба «Иммунизатсия дар амал», беморихои фалаҷи шадид, бемориҳои сурхча ва гулафшон, сурхча – баногушак-гулафшон, рото вирус ва пневмакок, гузаронида мешавад. Дар 1-моҳи соли 2025 дар байни коркунони тиб дар шумораи -5666 нафар гузаронида шуд. Дар ноҳия ҳамагӣ аҳоли 221-ҳазору 925 нафар, кӯдакони то 1-сола 5750, кӯдакони 1-сола 5814 -нафар, шумораи кӯдакони 6 сола 5860- нафар, кӯдакони то 16-сола 4254-ро ташкил медиҳад. Мувофиқи рӯйхати ба ОМОР-и Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия супоридани ҳисоботҳои МСД, БТ, Маркази тиби оилавӣ дар асоси шакли №2, ҳамагӣ 4845-нафар, дар таваллудхонахо 4034 ва дар хона 811 -нафарро ташкил медиҳад.

Маркази ташакули тарзи хаёти солим

Инчунин, номбурда қайд кард, ки оиди иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2012 №360 дар бораи тасдиқи барномаи миллӣ, Ташакули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 -2026. Дар 3 – моҳи соли 2025 ҳамагӣ 72 -маротиба дар боғчаҳо, мактабҳо 80- маротиба семинарҳо ва лексия 200-маротиба нисбати бемориҳои дарунравӣ, бемориҳо сироятӣ, беҳдоштӣ, шадиди роҳи нафас, худкушӣ ва зуроварӣ гузаронида шуд. Пешгирии фаҳмондадиҳӣ оиди ҳолатҳои номатлуб, Бем сирояти ВНМО, бемории сил дар байни МТУ №1, литсей №1, Интернат, мактаби №56, мактаби №29, мактаби №3 гузаронида шуд. Чорабиниҳои таълимию маърифатӣ дар муассисаҳои мактабӣ суҳбат 40 нафар, машваратҳо -180 маротиба ва маҷаллаҳо гузаронида шуд, 120-маротиба семинар гузаронида ва ба 180 -нафар маводҳои иттиллоотӣ тақсим карда шуд. Дар БС 120- маротиба лексия, 60- маротиба семинар ва маводҳои иттилоотӣ ба 110- нафар тақсим карда шуд. Кӯдакони бозмонда аз ваксина дар МСД-ҳо ва БС фаҳмондадиҳӣ карда шуд. Пас бар меояд, ки дар 3 -моҳи соли 2025 пешоянди кори КАТС-и ноҳияро пурзур намуда ва корҳоро дар ин самт боз ҳам беҳтар ба роҳ хоҳем гузошт.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь