Дар Тоҷикистон бори нахуст табибон амалиёти ҷарроҳиеро вобаста ба омоси китф анҷом доданд. Ин ҷарроҳӣ дар бемористони маъруф ба “Қарияи Боло” гузашт. Дар ин бора Хуршед Дӯстов, табиби шӯъбаи дуюми бемориҳои раддодии Бемористони “Шифобахш” ҳангоми сӯҳбат ба “Фараж” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ҷарроҳ, омоси буғуни китфи чап ва буридани он бо устухонӣ бозу бори аввал дар Тоҷикистон гузаронида шуда, ба ҷои он эндопротези китф гузошта шуд.

– Амалиёти ҷарроҳӣ ҳудуди 1 соату 40 дақиқа идома кард. Ин навъи ҷарроҳӣ дар кишвар ба аввалин бор мегузашт. Аз рафти амалиёти ҷарроҳӣ табиби саратоншинос ва духтури бемориҳои рагҳои хунгардро дар ҷараён гузоштем. Дар ниҳоят, мо омосро бурида ба хубӣ берун кардем ва ба ҷояш эндопротези китфро гузоштем, – гуфт Хуршед Дӯстов.

Ба таъкиди табиб, обхол устухони бозуро пурра шикаста буд ва агар ин ҷарроҳӣ намегузашт, хатари гирифторӣ ба саратон беморро таҳдид мекард.

Дилафрӯз Шоева, ин бемор, дар сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо мо гуфт, вазъи саломатияш хуб аст ва ҳоло дасташ ҳаракат мекунад.

– Ман бештар аз 4 моҳ азоб кашидам. Дасти чапам тамоман кор намекард. Ба ҳамаи беморхонаҳои кишвар муроҷиат кардем, онҳо мегуфтанд, дастатро мебурем. Аммо, шукри Худо, дар Беморхонаи “Қарияи Боло” маро ҷарроҳӣ карданд ва ҳоло хеле хубам, – гуфт Шоева.

 

Табибон мегӯянд, дар натиҷаи озмоишҳо дида мешавад, ки ҷарроҳӣ ба гунаи хеле хуб гузаронида шуда, захми бемор ҳоло бартараф гардидааст.

Эндопротези буғумҳо яке аз усулҳои муосири табобати бемории мушакҳо мебошад, ки дар ҷараёни он сохторҳои аз ҷиҳати патологӣ тағйирёфта, ки буғумро ташкил медиҳанд, бо протезҳои сунъӣ иваз карда мешаванд. Гуфта мешавад, дар ин навъи табобат устухони осебдида бурида мешавад ва ба ҷояш буғунҳои сунъӣ гузошта мешавад, ки имкон медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь