Соли равон барои устодон ва донишҷӯёни Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш» соли фаромӯшнашаванда аст. Зеро 23-юми сентябр бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди муассиса Беморхонаи клинии наву ҳозирамони ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба фаъолият оғоз намуд. Ин беморхона комилан бо усули муосир бунёдшуда, аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дар таҳхонаи бино маъмурият, ду дорухона ва ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ, дар ошёнаи якум қабулгоҳ, гӯшаи гиёҳдармонӣ ва ҳуҷраҳои қабули корафтодагон қарор дошта, ҷароҳатхона, шуъбаҳои ҷарроҳӣ, стоматологӣ, кӯдакона, амрози занонаву дарунӣ, ошхона, маҷлисгоҳ ва ҳуҷраҳои бистаринамоӣ дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм ҷойгиранд. Беморхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Қурбоналӣ Юсупов бунёд шуда, бо мавриди истифода қарор гирифтани иншоот барои 40 нафар ҷои кори доимӣ муҳайё гардид. Бо назардошти беҳшавии фаъолияти табибон, дар беморхона 43 утоқи кории барҳаво бунёд ва бо мебелу дигар лавозимоти зарурӣ ҷиҳозонда шудаанд.

Ифтитоҳи беморхонаи муосири сеошёна, минбаъд на танҳо барои ниёзмандон аз гӯшаву канори ноҳия, балки ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки дарсҳои амалиро бевосита дар худи боморхона гузаранд ва дониши андӯхтаи худро мустаҳкамтар намуда, назарияро бо амалия якҷоя намоянд. Ифтитоҳи беморхонаи мазкур, ки назирашро дар коллеҷҳои дигар дидан ғайриимкон аст, муассисаро ба як маркази тиббӣ- таълимӣ ва табобатӣ табдил дода, барои ҳаматарафа омода намудани мутахассисони миёнаи тиббӣ имконият фароҳам овардааст. Аз суҳбат бо маъмурияти коллеҷ маълум шуд, ки дар коллеҷ ҳама шароит барои таълими донишҷӯён фароҳам оварда шуда, бо ба истифода додани беморхонаи клиникии ба номи Абӯалӣ ибни Сино донишҷӯён метавонанд донишҳои назариявии худро дар худи Муассиса бо амалия якҷоя кунанд.

Кафедраҳо ва ихтисосҳо

Боздиди мо аз МҒТ “Коллеҷии тиббии ноҳияи Вахш” нишон дод, ки дар он 5 кафедра – Кафедраи фанҳои гуманитарӣ, Кафедраи тиббӣ – биологӣ, Кафедраи табиӣ – риёзӣ, Кафедраи фанҳои тахассусӣ ва Кафедраи забонҳо амал мекунад ва аз рӯи 4 ихтисос 982 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 667 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Дар коллеҷ аз рӯи ихтисосҳо Кори ҳамширагӣ,Кори фарматсевтӣ,Кори момодоягӣ ва Кори дандонсозӣ донишҷӯён касби камол мегиранд.

Дар Муассиса шакли таълим рӯзона буда, коллеҷ дар тӯли фаъолияти кутоҳи худ тавонистааст, ки дар тарбияи кадрҳои миёнаи тиббии кишвар нақши сазовореро гузорад.

Таъминоти кадрӣ

Дар МҒТ “Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш” айни ҳол 51 нафар кормандон ва омӯзгорон фаъолият доранд. Аз он ҷумла, 23 нафар омӯзгорони асосӣ ва 28 нафар омӯзгорони соатбай ба шогирдон дарс мегӯянд, ки 15 нафари онҳо дорои таҳсилоти олии тиббӣ ва 21 нафарашон соҳиби таҳсилоти олии педагогӣ мебошанд.

Дар рафти суҳбат маъмурияти коллеҷ иброз доштанд, ки новобаста ба пояи пурқуввати кадрӣ роҳбарияти коллеҷ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар оянда барои  мустаҳкам намудани пояи кадрии Муассиса чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Пояи моддӣ-техникӣ ва таълимӣ-лабораторӣ

МҒТ “Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш” дар бинои таълимии бо тарҳи замонавӣ сохташуда, ҷойгир буда, дорои 5 лабораторияи таълимӣ: дандонсозӣ ва кимиё, 24 кабинетҳои таълимӣ, 2 толорҳои лексионӣ, 8 кабинетҳои корӣ, 2 синфхонаи компютерӣ, толори варзишӣ барои обутоби бадан, толори шиноварӣ (бассейн), варзишгоҳ бо 2000 ҷойи нишаст барои гузаронидани футбол, теннис, волейбол, баскетбол ва майдонча барои обутоби бадан бо тамоми таҷҳизотҳояш мебошад. Тамошои мо аз лабараторияҳо, кабинетҳои фаннӣ ва толорҳои лексионӣ нишон дод, ки дарсҳо пурра бо истифода аз аёниятҳо гузаранида мешаванд. Тамоми кабинетҳои таълимӣ бо компютерҳо ҷиҳозонида шудаанд ва дар якҷоягӣ бо синфхонаҳои компютерӣ қариб 64 ададро ташкил менамоянд.

Муассиса дорои кабинети стоматолог ва лабораторияи таълимии “Дандонсозӣ” буда, кабинети мазкур дар бинои беморхонаи Маркази саломатии назди коллеҷ  ҷойгир шудааст ва ба пуррагӣ бо тамоми асбобу анҷом ва таҷҳизотҳои дандонсозӣ ҷиҳозонида шуда, аз он донишҷӯён бархӯрдоранд ва таълими амалии фанҳои тахассусии донишҷӯёни факултаи “Кори дандонсозӣ” дар лабораторияи (устохонаи) мазкур гузаронида мешаванд.

Машғулиятҳои амалӣ

Таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар зиёда аз 30 муассисаҳои тиббӣ ва фарматсевтии ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, дар пойгоҳҳои таълимии коллеҷ дар назди беморхонаҳои ноҳияи Вахш, дар Беморхонаи марказии ноҳия, Муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ (КАТС) ва Беморхонаи №1- и ҷамоати деҳоти “ 20- солагии Истиқлолият”- и  хоҷагии “Кӯлоб” гузаронида мешаванд. Бо ба истифода додани беморхонаи клиникии ба номи Абӯалӣ ибни Сино кори устдону донишҷӯён осонтар шуд ва минбаъд онҳо метавонанд дарсҳои амалиро дар ҳаминҷо гузаронанд. Зеро беморхона бо техникаву таҷҳизотҳои тиббии ҳозиразамон пурра муҷаҳҳаз гардонида шуда, ҷалби мутахассисони варзидаи ихтисосҳои гуногуни соҳаи тиб ба нақша гирифта шудааст. Ин имконият медиҳад, ки пояи кадрии коллеҷ мустаҳкам карда шавад ва  машғулиятҳои амалии донишҷӯён дар сатҳи баланд ва бо сифати аъло гузаронида шаванд. Таълими амалӣ аз ҷониби кафедраҳои мувофиқ, аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба, дараҷаҳои тахассусии омӯзгорӣ ва касбӣ дошта амалӣ гардонида мешаванд.

Шароити манзилию маишии донишҷӯён

МҒТ “Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш” дорои хобгоҳи ба таври замонавӣ сохта шуда буда, аз ҳуҷраҳои калону барҳаво иборат аст ва дар он 210 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ истиқомат мекунанд. Дар хобгоҳ ҳама шароитҳо барои зисти донишҷӯён фароҳам оварда шуда, ҳамаи ҳуҷраҳо бо кондитсионерҳо ҷиҳозонидашуда, дар фасли зимистон ҳуҷраҳо аз ҳисоби низоми гармидиҳии худи коллеҷ гарм карда мешаванд. Дар оянда барои таъмини эҳтиёҷоти писарон ба хобгоҳ бунёди хобгоҳи дигар низ ба нақша гирифта шудааст.

Дар худи коллеҷ ошхонаи муосир бо 160 ҷойи нишаст, 24 соат дар хизмати донишҷӯён ва омӯзгорон қарор дорад.

Як бартарияти дигаре, ки мо дар коллеҷи мазкур мушоҳида намудаем он аст, ки 11 адад микроавтобусҳои тамғаи “Мерседес” дар хизмати устодону донишҷӯён гузошта шуда, аз ҷумла, 3 адад – ба ш. Бохтар, 1 адад – ба н. Кушониён, 7 адад – ба н. Вахш донишҷӯёнро бурда мерасонанд ва аз онҷо ба коллеҷ ба дарс меоранд.

Китобхона

Дар коллеҷ китобхона амал мекунад, ки зиёда аз 8000 адад китобро дорост. Аз инҳо адабиётҳои умумӣ- таълимӣ – 4307 адад, адабиётҳои тахассусӣ – 3242 адад, адабиётҳои сиёси ва бадеӣ – 428 ададро ташкил медиҳад. Дар назди китобхона қироатхона фаъолият мекунад, ки донишҷӯён дар он аз адабиятҳои зарура истифода мекунанд ва ба дарсҳо омода мешаванд. Ҳамзамон қироатхонаи китобхона бо 10 адад компютер таъмин карда шудааст, ки донишҷӯён метавонанд аз он бо таври электронӣ китобҳоро дастрас намуда, истифода намоянд. Зиёда аз 100 адад адабиётҳои таълимӣ ба шакли электронӣ сабт шудаанд. Маъмурияти коллеҷ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳамаи китобҳои тахассусӣ ба донишҷӯён дастрас бошанд. Аз ҳамин лиҳоз айни ҳол дар китобхона қариб аз ҳамаи фанҳои тиббие, ки донишҷӯён меомӯзанд, адабиётҳои дарсӣ ба забони давлатӣ муҳайё карда шудаанд.

Банақшагирӣ ва ташкили ҷараёни таълим

Ҷараёни таълим тибқи нақшаҳои таълимӣ, ки бо ВТ ва ҲИА ҶТ мувофиқа ва аз ҷониби ВМ ва И ҶТ солҳои 2014 ва 2016 тасдиқ карда шудааст, ба роҳ монда шудааст. Тибқи нақшаҳои таълимӣ ҷадвали раванди таълим тартиб дода шуда, аз ҷониби директор тасдиқ карда шудааст. Дар асоси нақшаи раванди таълим ҷадвали машғулиятҳо тартиб дода шудаанд, ки аз ҷониби директор тасдиқ карда шудааст ва машғулиятҳо устуворан тибқи ин ҷадвалҳо сурат мегиранд. Раванди таълим мунтазам аз ҷониби маъмурият, бахши таълим назорат карда мешавад. Иҷроиши нақшаи раванди таълим низ аз ҷониби бахши таълим ва муовинони директор оид ба корҳои таълимӣ ва тарбиявӣ мунтазам назорат карда мешавад.

Машғулиятҳои қабликлиникӣ дар 3 синфхона гузаронида мешаванд. Инчунин, қисме аз лексияҳо дар толори лексионӣ, ки дорои 160 ҷойи нишаст буда, бо ин мақсад дар коллеҷ ҷудо карда шудааст, бо усули электронӣ (бо нишондоди проектор) гузаронида мешаванд.

Варзишгоҳ ва дастовардҳои варзишӣ

Дар МҒТ “Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш”якчанд сексияҳои варзишӣ, аз ҷумла, сексияҳои футбол, футболи хурд, волейбол, баскетбол, тенниси рӯйи миз, шашка, шоҳмот, варзиши сабук (давидан ба масофаҳои гуногун, ҷаҳидан ба дарозӣ) амал мекунанд. Дар давоми соли таҳсил дар байни гуруҳҳо, курсҳо ва шуъбаҳо бахшида ба ҷашнҳои миллӣ якчанд маротиба мусобиқаҳои варзишии гуногун гузаронида шуданд. Аз ҷумла, аз рӯйи намуди футбол байни писарон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон , ҷашни байналмилалии “Наврӯз” ва Рӯзи ҷавонон мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуданд ва донишҷӯёне, ки сазовори ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм гаштанд, аз тарафи роҳбарияти коллеҷ бо ифтихорномаҳо ва мукофотпулиҳо мукофотонида шуданд.

Дар соли таҳсили 2019-2020 донишҷӯёни коллеҷ дар мусобиқаҳои варзишии байналхалқӣ ва байни донишҷӯёни Ҷумҳурӣ фаъолона иштирок карда, сазовори роҳхат ба даври финалии чемпионати Осиё гаштанд.

Аз ҷумла, 2 нафар донишҷӯёни шуъбаи кори дандонсозии муассиса аз 08.12.2019 то 15.12.2019 дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мусобиқаи Осиё оид ба намуди бокси МУАЙ-ТАЙ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои якум ва дуюм дар вазнҳои худ гардиданд. Шоймардонов Отабек ҷойи дуюм медали нуқра ва Шомуродов Юнус ҷойи якум медали тиллоро ба даст оварданд.

Роҳбарияти Муассисаи таълимӣ ният дорад, ки дар оянда барои рушди варзиши сабук диққати ҷиддӣ дода, чораҳои зарурӣ андешида шавад.Ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш яке аз вазифаҳои асосии Муассисаи таълимӣ мебошад.

Ҳамкориҳо

Сатҳу сифати таълим дар худи Муассиса дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда бошад ҳам, чунин ба назар мерасад,ки маъмурият ба ин қонеъ нашуда, баҳри беҳтар намудани раванди сифати таълим ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, табодули таҷриба ва воридсозии услубҳои муосири таълим ва омодасозии мутахассисони тиббӣ ҳамкориро бо як қатор муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбӣ, баъдидипломии ватаниву хориҷӣ, пажуҳишгоҳҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ ба роҳ мондааст.

Аз он ҷумла, коллеҷ бо Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маориф, Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии назди ВМ ва И ҶТ, Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ВМ ва И ҶТ, Раёсати таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ, сиёсати кадрӣ ва илми ВТ ва ҲИА ҶТ, Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва ноҳияи Вахш нисбати омодасозии Стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаи тиббӣ ва ихтисосҳои алоҳида, нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои алоҳидаи таълимӣ, таҳияи адабиётҳои таълимӣ, ташкил, омодасозӣ ва иштирок намудан дар конфронсу семинарҳои илмӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, гузаронидани Олимпиадаҳои донишҷӯён, табодули таҷрибаи омӯзгорон ва зерсохторҳо, такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандон, таълими амалӣ ва таҷрибаомӯзиҳо ҳамкории пурсамар дорад.

Дурнамо

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23-юми сентябр дар назди беморхонаи клиникии ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба бунёди 2 бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои омӯзгорони Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббӣ» ва табибони ин беморхона санги асос гузоштанд. Биноҳои истиқоматӣ дар масоҳати як гектар сохта мешавад. Тибқи лоиҳа, иншоот аз ду бинои панҷошёна иборат буда, пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан, дар он 60 нафар омӯзгор бо манзили зист таъмин мегардад. Дар сурати пурра ба истифода додани ин ду бино коллеҷ метавонад ба як шаҳрак ва маркази тиббие табдил ёбад, ки дар он шароити таҳсил, кор табобат ва истиқомат ба пуррагӣ фароҳам оварда мешавад.

Ба ҷои хулоса

Аз суҳбат бо директори Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш Ҷалолов Ҷамил Камолович ва ҳайати кормандону омӯзгорон маълум шуд, ки онҳо аз сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар ва Ҳукумати ҶТ, дастгириҳои доимии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Вазорати маориф ва илми ҶТ руҳбаланд гашта, онро комилан дастгирӣ менамоянд ва барои тарбияи кадрҳои ватандӯсту соҳибихтисоси тиббӣ ҳама дониш, малака ва маҳорати худро истифода мебаранд. Раёсати таълимгоҳ ба онҳое, ки дар ин Муассиса таҳсил мекунанд ва ба онҳое, ки дар оянда нияти таҳсил дар коллеҷи мазкурро доранд, кафолат медиҳад, ки онҳо чун мутахассисони варзидаи тиббӣ ба воя мерасанд ва ба халқу ватани худ хизмати содиқона хоҳанд кард. Зеро коллеҷ барои ин ҳама шароитҳоро дорост ва пойгоҳи бузурги моддию техникии коллеҷ маҳз барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони  миёнаи тиббии ҷавобгӯи талаботҳои стандартҳои давлатӣ ва байналхалқӣ чунин муҳайё шудааст..

Холиқи МУҲАММАДНАЗАР,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь