Фирӯз Комилов – иҷрокунандаи вазифаи сартабиби Бемористони клиникавии Суғд мегӯяд, ки ин шифохона барои пирӯзӣ бар “вируси корона” омода аст, вале барои ба ин мақсад расидан риояи тавсияҳои беҳдоштӣ аз ҷониби ҳар як нафар муҳим мебошад.

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемории коронавирус бо гузашти шаш моҳ аз хатми бемории ҳамагир дар кишвар, бо баргузории як ҷаласа дар бораи аз нав ба қайд гирифта шудани маризии COVID-19 хабар дод.

Дар ҷаласаи рӯзи 21-уми июн, ки таҳти роҳбарии Қоҳир Расулзода, сарвазир ва ҳамзамон сардори Ситоди муқобила бо бемории коронавирус баргузор гардид, вазъи кунунӣ, омодагии кишвар, минтақа ва ҷаҳон, захира ва нигоҳдории маводи доруворӣ дар муассисаҳои тандурустӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ, пурзӯр кардани тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва ҳамкории пайвастаи сохторҳои аъзои Ситод мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз моҳи декабри соли 2020 дар бораи хатм шудани ҳолати бақайдгирии бемории коронавирус иттилоъ медод. Ҳоло бо гузашти шаш моҳ Ситоди муқобила бо коронавирус дар бораи хурӯҷи дигарбораи ин беморӣ дар муассисаҳои тандурустии кишвар ба таври расмӣ иттилоъ медиҳад.

Фирӯз Комилов – иҷрокунандаи вазифаи сартабиби Беморхонаи клиникавии Суғд ба номи С. Қутфиддинов дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки дар чунин вазъ риояи тамоми қоидаҳои аз пеш тасдиқшудаи беҳдоштӣ аз ҷониби ҳар як сокини кишвар муҳим ва ҳатмӣ мебошад.

“Барои пешгирӣ намудан аз хурӯҷи ин беморӣ сокинонро зарур аст, ки гигиенаи шахсӣ, масофаи иҷтимоӣ, пӯшидани ниқоб ва дастпӯшак ва инчунин канорагирӣ аз ҷойҳои серодамро қатъиян риоя намоянд”,- гуфт Ф. Комилов.

Беморхонаи клиникавии Суғд ба номи С. Қутфиддинов дар Хуҷанд як дафъа пирӯзӣ бар “вируси корона”-ро аллакай таҷриба кардааст. Соли гузашта табибони ин дармонгоҳ зарфи 7 моҳ ба “вируси тоҷдор” дастболо шуданд.

Бино ба иттилои Фирӯз Комилов, бемористон дар умум аз 31 шуъба ва 680 кат ё рахти хоб иборат буда, аз калонтарин шифохонаҳо дар шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз соли 1982 – замони бунёдшавиаш то имрӯз табибони ин даргоҳ ба ҳазорҳо тан сокинони кишвар, умдатан вилояти Суғд кумаки тиббӣ расонидаанд. Алҳол дар ин шифохона ҳудуди 900 нафар кору фаъолият мекунанд.

Комилов: ҳамаро бо як чашм бояд дид

“245 нафар табибони дорои тахассус ва 650 кормандони миёна ва хурди тиб ҳамарӯза ба сокинон хизмат мерасонанд. Вақте ҳар як бемор ба ин даргоҳ ба умеди табобат меояд, вазифаи ҳар яки мо табибон саривақт ва дурусту босифат расонидани кумаки тиббӣ мебошад. Мо ҳамаро бо як чашм бояд нигоҳ кунем, яъне тавре муносибат намоем, ки ҳар як бемор аз кору фаъолияти мо қонеъ бошад”,- зикр намуд Комилов.

Бар пояи омори ироашуда, дар зарфи бештар аз панҷ моҳи соли ҷорӣ дар ин шифохона 7544 нафар умдатан сокинони шаҳру навоҳии Суғд бистарӣ шуда, табобат гирифтаанд. Ба ҷуз ин сокинон аз хизматрасонии шуъбаҳои физиотерапевтӣ, офиятбахшӣ, ташхисгоҳ ва рентген истифода намудаанд. Тавре дида мешавад, аксар шуъбаҳои Беморхонаи клиникавии Суғд тоза таъмир шудаанд. Барои таҷдидкунии ҳуҷраҳои табобатӣ мудирони шуъбаҳо муваззаф гардидаанд.

Ҳудуди ин бемористон аз 12 гектар иборат аст. Қомат кашидани дарахтони дарахтони сояафкан, шинонидани гулҳои рангоранг дар пайроҳа ва гузаргоҳҳои он, табиати басо зебову дилрабоест.

Дар қисме аз ҳудуди заминҳо бо кумаки ҳамҷояи табибон ва кормандони шифохона кишти картошка ва сабзиҷот ба роҳ монда шудааст. Ҳосили аз ин ҳисоб ба даст омада боз ҳам аз ҷониби худи ҷомеаи меҳнатии шифохона истифода мешавад.

Иҷрокунандаи вазифаи сартабиби шифохона азм дорад барои онҳое, ки ба аёдати пайвандони худ аз шаҳру навоҳии дурдасти вилоят меоянд ва аз сабаби набудани ҳуҷраи истиқоматӣ дар шаҳр ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мегарданд, дар ҳудуди бемористон ҷой дуруст намояд.

“Гоҳе мебинем, ки хешу пайвандони бемороне, ки аз навоҳии дурдаст барои аёдат меоянд, аз ҳисоби надоштани ҳуҷраи истиқоматӣ дар ҳудуди шифохона мемонанд. Дидани ин манзаро моро бетараф гузошта наметавонад. Мо нақша дорем дар канори беморхона ҳуҷраҳое бунёд намоем, ки аз онҳо аёдаткунандагон истифода намоянд”,- афзуд Комилов.

Таъмир ва бакорандозии ошхонаи беморхона яке аз дигар нақшаҳоест, ки иҷрокунандаи вазифаи сартабиб рӯи даст гирифтааст. Фирӯз Комилов қайд намуд, ки мунтазам фаъолият намудани ошхона дар саҳни бемористон яке аз масъалаҳои муҳими дигар ба ҳисоб меравад, то ин ки беморон ва ё пайвандони онҳо бидуни мушкил аз он истифода карда тавонанд. Бо ин мақсад ҳоло мудирияти бемористон азм дорад дар баробари таъмири куллӣ, ошхонаро бо мизу курсиҳои нав таъмин намуда, барои боз ҳам хубу беҳтар табобат гирифтани сокинон мусоидат намоянд.

Дар саҳни ин шифохона як майдони футбол бо номи “Варзишгоҳи табибон” сохта шудааст, ки табибон дар ҳар фасли сол вақти фориғ аз кор имкони машғул шудан ба варзишро доранд. Машғул шудан ба варзиш барои ҳама сокинони касбу кори гуногун нерӯву тавони нав мебахшад. Бо дарки ин нукта ва бо варзиш шуғл варзидани табибон дар Беморхонаи клиникавии Суғд шароит фароҳам оварда шудааст.

Фирӯз Комилов мегӯяд, ҷомеаи меҳнатии шифохонаи клиникавии Суғд ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки дар ҳама ҳолат ба беморон кумаки аввалияи санитарию тиббии босифат расонанд, вале пешгирӣ аз табобати ҳар беморӣ дида бамаротиб осонтар аст.

Иҷрокунандаи вазифаи сартабиби бемористон аз сокинон даъват мекунад, ки ҳадди ақал дар шароити хурӯҷи дигарбораи “вируси корона” оддитарин тавсияҳои беҳдоштӣ – бастани ниқоб, зуд-зуд шустани дастон бо маҳлули антисептикӣ ва худдорӣ варзидан аз гаштугузори бемаврид дар ҷойҳои ҷамъиятиро ба таври қатъӣ риоя намоянд.

“ФАРАЖ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь