Ҳамаи пешаҳо офаридаи инсонҳоянд, вале се пеша – муаллимӣ, додрасӣ ва табибӣ  офаридаи Худованданд.

Суқрот

Пешаи табибӣ барои табиби ҳақиқӣ зиёдтар аз касб аст – барои ӯ зиндагист. Аз табиб чӣ талаб карда мешавад? Тамоман «камтар» – ташхиси дуруст ва табобати хуб. Ҳақ ба ҷониби муаллифи ин суханон аст. Табибе, ки худомӯзӣ мекунад, аз болои худ кор мекунад ва муносибати хуб ба бемор дорад, воқеан тоҷи сари мардумон аст. Ҳама вақт дар дилу дидаи мардумон аст, аз эҳтироми хосаи мардум бархурдор аст, ба некӣ ёдаш мекунанд…

Ин суханон ба табибони КАТС нохиия Восеъ рост меоянд. Эшон худ месӯзанду ба дигарон солимӣ ва равшании ҳаёт мебахшанд.

Дар муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Восеъ 41 маркази саломатии деҳот, 24 бунгоҳи тиббӣ ва 1 маркази саломатии ноҳиявӣ дар маҷмӯъ, 66 муассиса фаъолият доранд. Дар муассисаҳои КАТС-и ноҳия 78 духтури маълумоти олидор, 798 нафар кормандони  миёнаи тиб, 105 нафар кормандони хурди тиб ва 33 корманди гуногунсамт, ҷамъ 1014 нафар фаъолият доранд, ки ба 249265 нафар аҳолии ноҳия хизмати босифат мерасонанд.

Кормандони муассисаҳои КАТС дар давоми даҳ моҳи соли 2021 ба аҳолии ноҳия 3 637 704 маротиба хизмати тиббӣ расонидаанд. Аз инҳо 1192 155 маротиба дар муассиса, 2 445549 маротиба дар хона хизмати тиббӣ расонида шудааст.

Таваллуд дар ноҳия дар 10 моҳи соли 2021-ум 4916 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор шумораи ҷинси мард 2358-нафар ва шумораи ҷинси зан 2558- нафарро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор таваллуд дар тавалудхона 4800 (97,6%) нафар ва таваллуди хонагӣ 116-нафар (2,4%)-ро ташкил медиҳад.

Дараҷанокии касбӣ

Табибони дараҷанокии касбияшон олӣ  26 нафар, дараҷанокии 1-ум 24 нафар, дараҷанокии 2-юм 18 нафар ва кормандони миёнаи тиббӣ бо дараҷанокии олӣ 205 нафар, дараҷанокии 1-ум 195 нафар, дараҷанокии 2 –юм 189 нафарро ташкил мекунад. Дар давоми даҳ моҳи соли 2021-ум 9 нафар духтур ва 70 нафар корманди миёнаи тиб аз такмили ихтисос гузаштаанд. Инчунин, 2 нафар табиб ва 8 нафар корманди миёнаи тиб курси такмили ихтисосро мувофиқи ихтисосашон гузашта истодаанд. Дар маркази саломатии ноҳия ҳуҷраи хатна бо тамоми лавозимоти тиббӣ фаъолият менамояд. Аз ҷумла, дар 14 маркази саломатии деҳот ҳуҷраи хатна мавриди истифода қарор дорад. Ташкил намудани ҳуҷраҳои хатна дар дигар муассисаҳои КАТС, ки аз маркази ноҳия дур мебошанд, ба нақша гирифта шудааст. Дар давоми даҳ моҳи соли 2021 дар ҳуҷраи хатна 268 нафар кӯдакон хатна шудаанд.

Ҳамчунин, дар ин муддат нафар издивоҷкунандагон аз муоинаи тиббӣ гузаштанд, ки аз ин шумора 1053 нафарашон зан ва 839 нафаршонро мардон ташкил медиҳанд.

Шӯъбаи ёрии таъҷилӣ дар давоми даҳ моҳи соли 2021-ум ба тариқи зайл хизматрасонии тиббиро ба аҳолии ноҳия таъмин намудааст. Ҳамагӣ-2515 хизматрасонӣ: Аз инҳо: 790 ташриф ба хона, 723 ташриф ба ШВКД-и ноҳия, 441-худмуроҷиаткунӣ, 422 ташриф ба беморхонаи ноҳия, 139 – ташриф ба беморхонаи рақамии Охҷар. Дар ноҳия то ба ҳолати 01.11.2021-ум сол 4326 нафар маъюбон, ки нафақаи маъюбӣ мегиранд дар қайд қарор доранд. Маъюбони гурӯҳи 1-ум- 393, маъюбони гурӯҳи 2-юм-1916, маъюбони гурӯҳи 3-юм-1085. Кӯдакони маъюби синни то 18 сола- 932 нафар мебошанд.

Мубориза бо COVID-19

То ба ҳолати 01.11.2021 дар ноҳия 73 нафар беморон бо ташхиси «Илтиҳоби шуш» ба қайд гирифта шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ 8 нафар бо ташхиси сирояти коронавирус COVID-19 ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳамаи беморон солим гардиданд. Дар давоми нӯҳ моҳ аз 600 нафар тестҳои оҷилии антитела гирифта шудааст. Аз ҷумла, ҳангоми гаштаки хонагӣ аз ҷониби кормандони МКАТС ҳамарӯза оиди риоя намудани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, истифодаи ҳатмии ниқоби муҳофизатии тиббӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва дигар амалҳои марбут ба ин самт мунтазам корҳои омафаҳмонӣ ба анҷом расонида мешавад.

Ҳамчунин, дар давоми даҳ моҳи соли 2021-ум 330 нафар беморони диабети қанд ба қайд гирифта шуд. Аз инҳо: навъи I-ум 26 нафар, навъи II-юм 304 нафар ва бори аввал 27 нафар. 25 нафар диабети қанди навъи I -ум, 2 нафар диабети қанди навъи II-юм. Диабети беқанд-3 нафар. Фарбеҳӣ 45 нафар. Ҷоғар 493 нафар. 226 нафар бори аввал. 90 нафар то 18 сола, 153 нафар калонсолон.

Маркази солимии репродуктивӣ

Дар давоми даҳ моҳи соли 2021-ум аз тарафи Маркази солимии репродуктивии ноҳия 4974 нафар аз ташхиси ВНМО гузаштанд.  Аз ҷумла: МСР- ВНМО I – 3045 нафар.

Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 219 нафар беморони ВНМО ба қайд гирифта шудааст, ки аз инҳо 118 нафарашон мардҳо ва 101 нафарашон занҳо мебошанд. Инчунин, 4892 – нафар тавассути тестхатчаҳои оҷилӣ аз ташхиси гепатит гузаронда шудааст. Аз ҷумла: Гепатити В – 3753 нафар.

Гепатити С – 1139 нафар.

Дастовардҳои КАТС

Аз ҳисоби Лоиҳаи “Сино” 6 маркази саломатии деҳот бо таҷҳизотҳои тиббӣ ва ғайритиббӣ пурра муҷаҳҳаз гардонида шуда,дар Маркази саломатӣии ноҳиявӣ мабрази замонавӣ сохта, ба истифода дода шуд ва инчунин, як адад СБД (ЭКГ) харидорӣ шуд. Дар баробари ин, аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ як адад ЭЭГ дастрас гардид.

Дар муассисаҳои КАТС-и ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ, тибқи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маром идома доранд. Дар ҷамоати М.Вайсов, деҳаи Кадучӣ (Дашти Дилӣ) Маркази саломатӣ кушода ба истифода дода шуд. Дар ҷамоати М.Вайсов, деҳаи Хоҷағалтони боло, ҷамоати А. Рӯдакӣ деҳаи С. Ангур, ҷамоати Х. Раҷабов деҳаи Чанор, ҷамоати А. Авазов деҳаи Истиқлол сохтмони бунгоҳҳои саломатӣ пеш рафта истодаанд. Дар ҷамоати Х. Раҷабов, деҳаи Эмомтаърифӣ бунгоҳи саломатӣ аз таъмири капиталӣ бароварда шуд.

Бо вуҷуди ин, ҳарчанд шароити кор ва хизматрасонии аввалияи тиббӣ аз ҷониби кормандони соҳа беҳтар шуда бошад ҳам, ҳанӯз камбудиҳо ба назар мерасанд. Бинои Маркази саломатии ноҳия, ки иншооти соли 1959-уми асри гузашта мебошад, ба таъмиру ҳуҷраҳои иловагӣ эҳтиёҷ дорад. Аз ҷумла, Маркази тиббӣ оилавӣ, ки дар бинои маркази саломатии ноҳия ҷойгир аст, аз ҳисоби норасоии ҳуҷраҳо, таҷҳизоти тиббӣ ва табибони тибби оилавӣ танқисӣ мекашанд. Таҷҳизотҳои тиббӣ, аз қабили гастроскопия ва дигар таҷҳизотҳои ташхисии зарурӣ мавҷуд нест. Ба ҳамаи камбудию мушкилиҳо нигоҳ накарда, бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар оянда сатҳу сифати хизматарсонии аввалияи тиббиро баҳри пешгирии бемориҳо ва солимии ҷомеа беҳтар хоҳем кард.

Қурбоналӣ Абдураҳмонов – табиби ЛОР (гулӯ, бинӣ ва гӯш), Бахтиёр Ҷалилов – ҷарроҳи кӯдакона, Фарида Шарипова – эндокринолог, Манзура Раҳимова – акушер гениколог, Абдуҷаббор Гулахмедов – табиби чашм, Раҷаб Зоиров – дандонпизишк, Сайфулло Розиқов – табиб, мудири МСД деҳаи Заркамар, Худоибердӣ Маллаев – табиб, Нуқра Иброҳимова – табиби оилавӣ, Ҷумахон Одинаев – табиби руҳшинос, Саймир Раупов – муовин оиди корҳои табобатӣ, Туманбӣ Шарипова – акушер гениколог, мудири МСД деҳаи Меҳробод… устодони касби худ буда, дар байни сокинони ноҳияи Восеъ сазовори обрӯ ва эҳтироми махсус ҳастанд. Беҳуда бузурге нафармудааст: “Бе саломатӣ хушбахтӣ ҳам номумкин аст. Барои хушбахтиро доштан, аввал саломатиро бояд соҳиб буд”, – ин аст шиори табибони МКАТС ноҳияи Восеъ. Ба ҳамаи камбудию мушкилиҳо нигоҳ накарда, бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар оянда сатҳу сифати хизматарсонии аввалияи тиббиро баҳри пешгирии бемориҳо ва солимии ҷомеа беҳтар хоҳем кард, – мегӯяд роҳбари муассисаҳои КАТС-и ноҳияи Восеъ Азиззода. Б. И.

С.Халилиён, МТЖТ, ноҳияи Восеъ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь