Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб» хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо директори муассисам номбурда Зубайдулло Азиззода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Номбурда дар оғози суҳбат иброз дошт, ки  рушди соҳаи маориф бешубҳа ба рушди дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии кишвар ва суханрониҳои худ ҳамеша таъкид месозанд, ки рушди соҳаи маорифи кишвар ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад. Ва ҳамзамон, соҳаи тандурустӣ низ пайвандии ногусастанӣ бо соҳаи маориф дорад, аз ин лиҳоз, ин ду соҳаи ҳаётан муҳим барои пешрафти ҳамдигар нақши муассир доранд.

Ҳамзамон, номбурда қайд кард, ки Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои мушовараҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи ҳифзи сиҳатии аҳолӣ”, Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Оинномаи Коллеҷ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро танзим менамоянд, фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Раванди таълим мутобиқи нақшаҳои таълимии аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда, ба роҳ монда шудааст.

Фаъолияти Коллеҷ дар асоси иҷозатномаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи Т-ИФ №0000104, №130, аз 18.12 соли 2020 ва шаҳодатномаи аккредитатсия, силсилаи ВТ ва ҲИАҶТ ва ВМ ва ИҶТ №0000080 аз 19.04 соли 2019, “Оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ” ба роҳ монда шудааст.

Оғози фаъолият

Дар идомаи суҳбат мавсуф қайд намуд, ки Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб» дар сӯроғаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти  Хатлон, шаҳри Кӯлоб, кӯчаи А. Абдураҳмонов №7 ҷойгир аст.

Мутобиқи маводи аз шуъбаи бойгонии давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб пешниҳодшуда, бо фармони шуъбаи тандурустии вилояти Кӯлоб аз 14-уми октябри соли 1953, №01\105 мактаби тиббии  ш. Кӯлоб таъсис дода шуда, бо фармони Вазорати тандурустии РСС Тоҷикистон аз 8.07.1954, №112 ин мактаб ба омӯзишгоҳи тиббии дорои мӯҳлати таҳсили сесола табдил дода шуда буд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.03.1999, №100 “Дар бораи тағйироти омӯзишгоҳҳои тиббӣ ба коллеҷҳои тиббӣ” ва фармоиши Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.04 соли 1999, №141 Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб ба Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб табдил дода шуд.

Мутобиқи қарори Маҷлиси вакилони халқи ш. Кӯлоб аз 26.06 соли 2019, №266 ва қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз 01.10 соли 2019, №700 «Дар бораи номгузорӣ намудани муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» ва дар асоси он бо фармоиши директори «Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб» аз 20.02 соли 2020, №136 муассиса ба номи доктори илмҳи тиб, профессор Раҳмонзода Раҳматулло Азиз номгузорӣ карда шуд.

Пояи моддӣ-техникӣ ва таълимӣ

Дар рафти суҳбат ҳамсуҳбати мо афзуд, ки айни замон Коллеҷ дорои чунин заминаи моддӣ-техникӣ мебошад:

5-бинои таълимӣ; 1-бинои хобгоҳ барои донишҷӯён; 1-ташхисгоҳи таълимӣ-лабораторӣ; 1-маркази таълимӣ-истеҳсолии фарматсия; 1-маркази таълимӣ – табобатии стоматология бо устохонаи дандонсозӣ; Маркази омӯзиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ; 141-кабинетҳои таълимӣ. 3-синфхонаи компютерӣ. 1-майдончаи варзишӣ. 1-толори варзишӣ. 1-толори маҷлисӣ барои 110 нафар. 1-китобхона.

Дар коллеҷ пайваста корҳои ободонию бунёдкорӣ ба роҳ монда шудаанд, аз ҷумла шинонидани гулҳо, сабзу хуррамгардонӣ ва шинонидани дарахту гулбуттаҳо.

Барои беҳтар намудани шароити таълим дар шаш моҳаи аввали соли 2022, роҳравҳои ошиёнаи якум ва дуюм, 9 ҳуҷраи корӣ ва 8 синфхонаи таълимии бинои асосии муассиса, аз таъмири умумӣ-копиталӣ ба маблағи 200 000 (дусад ҳазор) сомонӣ бароварда шудааст.

Ҳамзамон, таъмири капиталии синфхонаҳои бинои асосии муассиса низ ба анҷом расиданд.

Дар назди варзишгоҳи коллеҷ як гармхона бо масоҳати 48м2 сохта ва ба истифода дода шуд, ки дар дохили гармхона дарахтони лиму, қаламчаву гулҳои тухмии мавсимӣ ва сабзавот парвариш карда мешавад.

Ҳоло дар муассиса сохтмон ва ба истифода додани бинои иловагии таълимӣ иборта аз ду толори лексиони барои 120 нафар ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.

Айни замон сохтмони бинои хобгоҳ барои донишҷӯён иборат аз 9 ошёна барои 700 нафар идома дорад.

Айни замон шумораи компютерҳо дар Коллеҷ 151-адад, принтерҳо 41-адад, тахтаҳои электронӣ 12-адад, проектори мултимедӣ 13-ададро ташкил медиҳад.

Базаи кадрӣ

Дар хусуси базаи кадрӣ дар коллеҷ номбурда қайд кард, ки дар Коллеҷ айни замон 203-нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд. 14 нафар омӯзгорони Коллеҷ бо медали “Аълочии тандурустӣ”, 36 нафар бо медали “Аълочии маорифи Тоҷикистон” қадрдонӣ карда шудаанд.

Аз ҷмаъи умумии омӯзгорон 95 (48,9%) -нафарашонро мутахассисони ҷавони то 35 сола ташкил медиҳанд.

Дар Коллеҷи 5 доктор ва номзадони илм, аз ҷумла 1 нафар доктори илмҳои тиб, 1 нафар номзади илмҳои тиб, 1 нафар номзади илмҳои филологӣ ва 2 нафар номзади илмҳои педагогӣ фаъолият доранд.

59 (34,9%) навфар омӯзгорони дорои дараҷа тахассусии олӣ, 21 (12,4%) – нафар дорои дараҷаи тахассусии якум ва, 23 (13,6%)- нафар бо дараҷаи тахассусии дуюм фаъолият мекунанд. Коргарони ҳамкор дар муассиса 230 нафарро ташкил медиҳанд.

Роҳбарияти Коллеҷ ҳамасола бо Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, Муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ оид ба масъалаи такмили ихтисоси омӯзгорон ҳамкориро ба роҳ мондааст.

Дар шаш моҳаи аввали соли 2022, 15 нафар омӯзгорон аз такмили ихтисос гузаронида шудаанд.

Марказҳоҳи таълимӣ-лабораторӣ

Мавсуф ҳамчунин, изҳор дошт, ки ташхисгоҳи таълимӣ-лабораторӣ дар бинои асосии таълимгоҳ ҷойгир буда, аз 2-ҳуҷраи таълимӣ иборат мебошад. Ташхисгоҳ бо яхдон, микроскоп, компютер, тахтаи электронӣ ва проектор таъмин буда, ба донишҷӯён усулҳои гуногуни тадқиқоти клиникӣ озмоишгоҳӣ дар он таълим дода мешавад.

Маркази таълимӣ-табобатии стоматология дар бинои асосии таълимгоҳ ҷойгир буда, аз 3-ҳуҷра: 1 кабинети стоматологӣ, устохонаи дандонсозӣ ва 1 синфхонаи таълими қабликлиникӣ иборат мебошад. Дар маркази мазкур таълими амалии донишҷӯёни ихтисоси кори дандонсозӣ ба роҳ гузошта шудааст.

Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ соли 2016 бо дастгирии Намояндагии Институти тропикӣ ва нигаҳдории тандурустии ҷамъиятии Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи “Ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ” ташкил карда шудааст. Марказ аз 3 ҳуҷра иборат мебошад, ки бо муляжҳои замонавӣ барои омӯзиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Маркази таълимӣ-истеҳсолии фармасевтӣ дорои 2 ҳуҷраи таълимӣ буда, дарсҳо тариқи назариявӣ ва амалӣ гузаронида мешаванд. Маркази мазкур бо яхдон, таҷҳизоти дорусозӣ, як адад компютер, тахтаи электронӣ ва проектор таъмин мебошад.

Ихтисосҳо

Дар рафти суҳбат номбурда зикр намуд, ки дар коллеҷ аз руйи 7 ихтисос мутахассисони миёнаи тиббӣ омода карда мешаванд.

Ихтисоси “Кори момодоягӣ” – бо тахассуси “Момодоя”;

Ихтисоси “Кори табобатӣ” – тахассуси “Ҳамшираи (бародари) тибби оилавӣ;

Ихтисоси “Кори ҳамширагӣ” – тахассуси “Ҳамшираи (бародари) тиббӣ”;

Ихтисоси “Кори тиббию-профилактикӣ” – тахассуси “Ёрдамчии табиби гигиенист, эпидемиолог ва санитарӣ”;

Ихтисоси “Кори фарматсевтӣ” – тахассуси “Ёрдамчии фарматсевт”;

Ихтисоси “Кори дандонсозӣ”- тахассуси “Техники дандон”;

Ихтисоси “Кори тиббӣ-ташхисӣ” – тахассуси “Лаборант”.

Дар асоси дархости муассиса аз тарафи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар коллеҷ ба замимаи иҷозатнома “Оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ” тағирот ворид карда шуда, дар коллеҷ ихтисоси “Кори табобати дандон” ва “Шуъбаи такмили ихтисос барои кормандони миёнаи тиббӣ” ташкил карда шуд. (Замимаи иҷозатнома силсилаи Т-ИФ №0000104, №130, аз 15.02 соли 2022).

Гирандагони стипендия

Мавсуф дар идомаи суҳбат қайд намуд, ки дар соли таҳсили 2021-2022, дар коллеҷ 5 нафар донишҷӯёни аълохон гирандагони стипендияи номӣ мебошанд, ки 1 нафар донишҷӯ Маҳмадова Дилноза Қобилҷоновна –донишҷӯи курси сеюми факултети “Кори ҳамширагӣ” стипендияи Президентӣ ва 4 нафар донишҷӯ Амонова Тозагул Файзуллоевна -донишҷӯи курси сеюми факултети “Кори табобатӣ”, Аминаи Маҳмуд -донишҷӯи курси дуюми факултети “Кори табобатӣ”, Мирсаидова Фирӯза Адбуллоевна-донишҷӯи курси дуюми факултети “Кори ҳамширагӣ”, ва Маҳмадуллозода Зеварбону Маҳмадулло –донишҷӯи курси дуюми факултети “Кори момодоягӣ”, стипендияи раиси вилояти Хатлонро дар соли 2022 давра ба давра гирифта истодаанд.

Дар умум дар коллеҷ ба 673 нафар донишҷӯён дар нимсоли дуюми соли таҳсили 2021-2022 стипендия дода мешавад.

Озмунҳои фаннӣ

Номбурда дар ҷараёни суҳбат тазаккур дод, ки санаи 07, 08-уми апрели соли ҷорӣ дар Коллеҷ байни донишҷӯён, бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-20240, озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.02 соли 2022, №АП-155 тасдиқ шудааст, ҳамчунин дар асоси супориши протоколии маҷлиси машваратии назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.02 соли 2022, №07/1, даври якум (даври шаҳри)-и озмуни мазкур дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ бо иштироки васеи омӯзгорон ва донишҷӯён ҷамъбаст гардид, ки як нафар донишҷӯ аз фанни “Биология” соҳиби ҷойи III-юм шуда, ба даври дуюм (даври вилоятӣ) роҳхат гирифт. Ва як нафар донишҷӯ бо ифтихорномаи Раиси шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуд.

Тарбия

Дар идомаи суҳбат номбурда қайд кард, ки корҳои тарбиявӣ дар асоси Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди тероризм” ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ, ки вобаста ба тарбияи ҷаонон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд ба роҳ гузошта шудааст.

Санаи 12 – уми январи соли 2022 дар Шӯрои олимони МДТ “Коллеҷи тибии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Дар санаи  25-уми январи соли 2022 дар шаҳри Кӯлоб ҷашни миллии «Сада» баргузор  гардид, ки дар он намоиши ҳунарҳои мардумӣ, намудҳои хӯрокҳои миллӣ, маҳсулотҳои кишоварзӣ ба намоиш гузошта  шуд ва  роҳбарияти Коллеҷ дастовардҳои худро ба  намоиш  гузоштан.

Дар санаи 4 феврал бо иштироки Сардори раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Амирxон, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу ва дигар масъулини шаҳри Кӯлоб оид ба Пайёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Санаи 22 – юми феврали соли 2022 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» ҳамоиши тантанавии тарбиявӣ, бахшида ба 29 – умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Санаи 7 – уми марти соли 2022 дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” ҷамъомади тантанавӣ, бахшида ба “Рӯзи модар” ташкилу баргузор карда шуд.

Санаи 17-уми марти соли 2022 дар майдончаи варзишии Муассиса «Наврӯзи  байналмилалӣ» ҷашн гирифта шуд.

Санаи 22-уми майи соли равон дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” ҳамоиши тантанавӣ, бахшида ба Рӯзи ҷавонон ташкилу гузаронида шуд.

Рӯзи 27-уми майи соли ҷорӣ дар толори маҷлисии Коллеҷ вохӯрии кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ бо омӯзгорону донишҷӯён доир ба мавзӯи “Хатари терроризм ва экстремизм ба ҷомеаи муосир” баргузор гардид.

Санаи 1-уми апрели соли 2022 бо мақсади шиносоӣ аз таърихи халқи тоҷик, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллии ҷавонон, байни донишҷӯёни бахши якум озмуни “Беҳтарин хонандаи китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров” баргузор гардид.

Санаи 19-уми апрели соли 2022, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино”-и коллеҷ маҷлиси навбатӣ баргузор гардид.

Таҷрибаомӯзии донишҷӯён

Инчунин, мавсуф афзуд, ки дар коллеҷ тамоми намуди таҷрибаомӯзии донишҷӯён тибқи Низомнома “Оид ба таълими амалӣ дар Коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо фармони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.02 соли 2020, №92 тасдиқ карда шудааст ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оиди вобаста намудани заминаҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯёни Коллеҷҳои тиббии Ҷумҳуриии Тоҷикистон”, №151, аз 09.12 соли 2012 ба роҳ монда шудааст.

Раванди таҷрибаомӯзӣҳо аз тарафи ҷонишини директор оид ба таълими амалӣ, мудирони кафедраҳо ва декани факултетҳо назорат карда мешаванд. Таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар кабинетҳои қабликлиникӣ, кабинетҳои фаннӣ, ҳуҷраҳои ташхисӣ-табобатӣ, дармонгоҳҳо, ва амалиётгоҳҳои муассисаҳои тиббӣ, муассисаҳои фарматсевтӣ дар асоси шартномаҳо мегузаранд.

Дар шаш моҳаи аввали соли 2022 чунин корҳо ба итмом расонида шудаанд:

Дар курсҳои 2-юми факултети «Кори дандонсозӣ» гурӯҳҳои 201-204 аз фанни «Оид ба техникаи сохтани протезҳои мӯқимӣ» 2-ҳафта, аз таърихи 05.01 соли 2022 то 18.01 соли 2022 ба таҷрибаомӯзии таълими-истеҳсолӣ равона карда шуданд.

Китобхона

Дар рафти суҳбат директори коллеҷ изҳор дошт, ки китобхона дар баробари  таъмини донишҷӯён ба китобҳои дарсӣ-соҳавӣ, инчунин бо ташвиқу тарғиби ҳуҷҷату адабиётҳое, ки ба масъалаи қонуни Забони давлатӣ, зерқонунҳои соҳавӣ, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудаанд, диққати калон медиҳад.

Дар шаш моҳаи аввали соли 2022 ба китобхона 925 адад китобҳои тахассусӣ, 22 адад маҷмуи саволу масъалаҳои тестӣ ва роҳнамои довталаб ва 30 адад адабиётҳои бадеӣ ворид карда ва барои ғани гардонидани хазинаи китобхона, аз  омӯзгорон ва донишҷӯён 579 адад китоб ҷамъоварӣ карда шудааст.

Айни замон дар хазинаи китобхона ҳамагӣ 18 817 адад адабиёти таълимӣ мавҷуд аст, аз ҷумла адабиёти тахассусӣ бо забони тоҷикӣ 5696 адад, адабиётҳоии таълимӣ 1780 адад, адабиёти тахассусӣ бо забони русӣ 10316 адад, бадеӣ 823 адад ва таърихӣ-сиёсӣ  181 адад. Дар китобхона 21 адад асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳфузанд, ки донишҷӯён ва омӯзгорон онҳоро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.

Ҳамчунин, дар назди китобхона, китобхонаи электронӣ бо 10 адад компютер ва 1 адад принтер пайваст бо хати интернетӣ фаъолият менамояд. Хазинаи китобхонаи электронӣ зиёда аз 10 000 нусха адабиёти таълимиро дар шакли электронӣ дар бар мегирад, ки донишҷӯён ва омӯзгорон аз он васеъ истифода менамоянд.

Ҷомеаи омӯзгорон ба 25-номгӯи рӯзномаю маҷаллаҳои даврии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ обуна мебошанд.

Фаъолияти илмӣ-методӣ

Дар ҷараёни суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти корҳои методӣ тибқи нақшаи корӣ аз ҷониби директори таълимгоҳ тасдиқ карда шуда, ба амал бароварда шуд. Мазмуни асосии фаъолияти кории методиро коркарди роҳу усулҳои навини таълим, дар амал ҷорӣ намудани нишондодҳои ислоҳоти раванди таълим, омӯзиш ва таҷрибаи пешқадами устодони соҳибтаҷриба, ҳуҷҷатҳои таълимӣ-методӣ, дар якҷоягӣ бо кафедраҳои таълимгоҳ мураттабсози намуда, адабиёту дастурҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ,ташкил ва гузаронидани семинару конференсияҳои гуногуни илмӣ-амалӣ, илмӣ-назариявӣ, таълимӣ-методӣ, мизҳои мудаввар, конфренсияҳои донишҷӯён, маҳфилҳои фаннӣ, машғулиятҳои кушоду намунавӣ ташкил медоданд, ки ҳар кадоми он андозае ҳаллу фасли худро ёфтаанд.

Дар муассиса аз таърихи 15.01 соли 2022  то 22.01 соли 2022, дар таътили зимистона бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии омӯзгорон оиди раванди низоми кредитӣ бо фармоиши директори муассиса ва пешниҳоди шӯъбаи методии коллеҷ семинари омӯзишӣ барои омӯзгорони ҷавон дар мавзӯи “Истифодабарии услубҳои муосири таълим дар низоми кредитӣ” ва “Омӯзиши технологияи компютерӣ” гузаронида шуд. Омӯзгороне, ки дар семинар иштироки фаъолона доштанд бо  “Шаҳодатнома” сарфароз гардонида шудаанд.

Санаи 4-уми июни соли 2022, дар асоси фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.05 соли 2022, №396 ва нақшаи кории МДТ “Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” барои соли таҳсили 2021-2022, Конференсияи минтақавии илмӣ-амалии МДТ “Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” доир ба мавзӯи “Роҳҳои беҳтар намудани сифати омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ”, бахшида ба солҳои 2020-2040 – «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзи дар соҳаи илму маориф», баргузор гардид.

Ҳамкориҳои байналмилалӣ

Ҳамзамон, ҳамсуҳбати мо дар фароварди суҳбат изҳор дошт, ки коллеҷ баҳри беҳтар намудани раванду сифати таълим ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, табодули таҷриба ва воридсозии услубҳои муосири таълим ва омодасозии мутахассисони тиббӣ ҳамкориро бо як қатор муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбӣ, баъдидипломии ватаниву хориҷӣ, Пажӯҳишгоҳҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ ба роҳ мондааст.

Аз он ҷумла, коллеҷ бо ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишкадаи таҳсилотибаъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони маориф, ДДОТ ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ, Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон, Коллеҷи техникӣ, Коллеҷи омӯзгорӣ, Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикӣ, Пажӯҳишгоҳи ташхис ва барқарорсозии қобилияти кории маъюбон бо табобатгоҳи ВТ ва ҲИА ҶТ, Пажӯҳишгоҳи акушерӣ-гинекологӣ ва перинатологӣ ва ғайра.

Ҳамчунин, бо як қатор ташкилотҳои байналхалқӣ аз қабили Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), UNFPA (Хазинаи нуфузи СММ), Коллеҷҳои тиббии шаҳри Санкт-Петербург, ш.Бишкек, ш. Нур-Султон, ш.Волгоград, ш.Тошканд барои мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникӣ, табодули таҷриба, истифодабарии услубҳои муосир ва байналфаъоли таълим ва омодасозии мутахассисони ба талаботҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ, ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ, амалӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандон ҳамкории самаранок дорад.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь