Соли 2025 аз таъсиси калонтарин муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар соҳаи тибби мамлакат 90 сол сипарӣ мешавад.
Ин боргоҳи илму махзан ҳазорҳо нафар мутахассисони арзандаро тарбият намудааст, ки имрӯзҳо дар бахшҳои мухталиф фаъолияти ибратдор карда истодаанд.
Директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ“ Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода сарсупурдаи касби хеш аст ва ҳамин сабаб шудааст, ки коллеҷ рӯз аз рӯз пешрафт карда, ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад. Мавсуф аз мушоҳидаҳо аён гардид, ки ахлоқу рафтори босаломату писандида дорад. Аз ин ҳама дастовардҳо қаноат накарда, ҳамеша дар фикри рушди кору пешаи худ аст.
Бале, кори ӯ дидарас аст. Ҳамчун як роҳбари оқилу фарзона ва аҳли зиё ҳамеша аз дастуру машваратҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳра мебардорад ва дар фаъолияти худ амалӣ мегардонад.
Аён аст, ки сол то сол коллеҷи мазкур дар тайёр кардани мутахассисони миёнаи соҳаи тиб нақши сазовор мегузорад.
Роҷеъ ба дастовардҳои устодону донишҷӯёни ин боргоҳи таълимии хабарнигори МТЖТ бо директори Муассисаи давлатии Коллеҷи тиббии Ҷумҳуриявӣ, номзади илмҳои тиб, Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом доданд, ки фишурдаи он манзури хонандаи арҷманд мегардад.
-Пойгоҳи моддӣ-техникӣ барои ҳар муассиса аҳамияти аввалиндараҷа дорад, аз ин рӯ, лутфан мегуфтед, ки дараҷаи омода кардани кадрҳо ва пояи моддӣ–техникии муассиса дар чӣ вазъе қарор дорад?
-Айни замон МДТ Колеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дорои чунин заминаи моддӣ-техникӣ мебошад: 3 бинои таълимӣ, 1 хобгоҳ, 2 маркази таълимӣ-истеҳсолии дорусозӣ, 1 маркази таълимӣ-табобатии ҷарроҳия, 1 маркази таълимӣ-табобатии стоматология, 1 маркази таъмири техникаи тиббӣ, 1 маркази таълимӣ-ахборотии таълими фосилавӣ оид ба банақшагирии оила, маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони миёнаи тиббӣ, Маркази таълимӣ – истеҳсолии ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш, 1 Маркази ташхисӣ-табобатӣ ва таълимӣ, 1 Маркази таълимии “Ғизо ва тибби исботшуда”, 10 ташхисгоҳи таълимӣ (микробиологӣ, биокимиёӣ, таҳлили сифати маводи доругӣ, физикӣ, техникӣ, фармакогнозия, анатомӣ, гигиенӣ, дандонсозӣ), 3 нуқтаи тиббӣ, 1 матбаа, 2 китобхона, зиёда аз 425 кабинети таълимӣ, 28 толори лексионӣ, 4 синфхонаи компютерӣ, 3 синфхонаи лингофонӣ, 3 майдончаи варзишӣ, 2 толори варзишӣ, 2 толори маҷлисӣ барои 650 нафар ва 2 ошхона барои 350 кас мебошад.
-Таъмиру тармим амали дурнамоест, ки роҳбарияти коллеҷ инро пеши худ аз вазифаҳои мубрам маҳсуб медонанд ва мегуфтед, ки боз чи корҳои таъмиру бунёдкорӣ дар нақша доред?
-Албатта , ба истиқболи 35 солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шафати коллеҷ бунёди бинои клиникаи назди муассиса ҷараён дорад , ки дар бино корҳои бунёдкорӣ бомаром рафта истодааст.
Ҳамчунин сохтмони бинои клиникаи наздиколлеҷӣ дар ҳудуди қитъаи замини муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 26 январи соли 2022, №30 тасдиқ шудааст, оғоз карда шуда, таҳхона ва ошёнаи ҳаштуми бино ба пуррагӣ ба анҷом расидааст.
Бино ҳамчун заминаи таҷрибаомӯзии донишҷӯёни ҳамаи ихтисосҳои коллеҷ пешбинӣ карда шудааст.
-Дар коллеҷ аз рӯйи чанд ихтисос кадрҳо омода карда мешаванд ва шумораи омӯзгорону табибони ҳамкор чанд нафарро ташкил медиҳанд?
-Айни замон дар коллеҷ 328 омӯзгорони асосӣ, 107 нафар омӯзгорони ҳамкор ва 151 нафарро аъзоёни роҳбарияти коллеҷ, кормандони хоҷагӣ, кормандони марказҳои таълимӣ- истеҳсолӣ ва лаборантон ташкил медиҳанд.
Инчунин аз рӯи 14 ихтисос мутахассис омода карда мешавад:
кори табобатӣ, кори момодоягӣ, кори ҳамширагӣ дар косметология, кори ҳамширагӣ, кори дандонсозӣ, кори табобати дандон, кори тиббӣ – офиятӣ, кори фарматсевтӣ, корҳои тиббию ташхисӣ , корҳои тиббию профилактикӣ , ташхис ва табобати нурӣ , истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ , кори ҳифзи иҷтимоӣ , физиотерапия.
Дар коллеҷ 28 кафедра фаъолият менамояд, ки роҳбарии онҳоро омӯзгорони соҳиби унвони илмӣ ва ё дараҷаи баланди тахассусӣ ба уҳда доранд.
Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим, донишу малакаи донишҷӯён, омода кардани кадрҳои баландихтисос, боло бурдани завқу рағбати донишҷӯён дар ҳамаи кафедраҳои муассиса маҳфилҳои фаннӣ, ҳафтаҳои фаннӣ, мизи мудаввар, дарсҳои кушоду намунавӣ, семинарҳо, соатҳои тарбиявӣ, озмунҳои дохиликоллеҷӣ ташкил ва гузаронида мешавад.
-Дастовардҳои коллеҷ қаноаткунандаву назаррас ҳастанд?
Дар соли сипаришуда дастовардҳои донишҷӯёну устодони мо хеле назаррас аст… Донишҷӯёни болаёқати муассиса дар давраҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявии озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои тахассусӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд. Аз ҷумла дар олимпиадаи тахассусӣ, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ аз рӯи ихтисосҳои кори ҳамширагӣ, кори момодоягӣ, кори фарматсевтӣ, кори дандонсозӣ ва кори табобатӣ нишондодҳои хубро комёб шуданд, аз ҷумла соҳиби 3 медали тило, 7 медали нуқра, 4 медали биринҷӣ ва як ҷои ифтихорӣ гардида, аз рӯи ҳисоби умумидаставӣ сазовори ҷои аввал гардиданд, ки тасдиқи сатҳи баланди омодагии донишҷӯёни муассиса буд.
Лоиқи зикр аст, ки бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаи футболи хурд байни коллеҷҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки 23 даста иборат аз 300 нафар варзишгар рӯзҳои 20 – 21 майи соли 2025 дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” доир гардид.
Бо ифтихор эълон медорем, ки дар ин мусобиқа дастаи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, сазовори ҷойи дуюм (ДИПЛОМИ ДАРАҶАИ II) гардиданд.
Ҳамчунин бояд қайд намуд, ки Содиқова Амина лаборанти кафедраи тибби оилавӣ дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” сазовори ҷойи аввал, Таманнои Султон донишҷӯйи курси 2 – юми факултети кори ҳамширагӣ аз наминатсияи география дар даври ниҳоии озмуни “Илм фурӯғи маърифат ”сазовори ҷойи сеюм, Шарипова Бибимайсара Донишҷӯи курси 2-юми факултети Кори тиббӣ-профилактикӣ дар озмуни “Беҳтарин донандаи Конститутсия” сазовори мавқеи дуюм гардидаанд.
Бо мақсади таҳкими нақши занон дар рушди илм ва навоварӣ, намояндагони Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар Форуми байналмилалии “Занҳои ихтироъкор- 2025” фаъолона иштирок намуданд.
Дар кори форум декани факултети кори тиббии ташхисӣ Олимова Шафоат, декани факултети кори фармасевтӣ Давлатмамадова Мавлуда ва раиси шӯрои занону духтарони муассиса Хоҷаева Зарина ширкат варзиданд.
Иштироки онҳо бозгӯйи саҳми арзандаи бонувони соҳаи тиб дар таҳқиқот, ихтироъкорӣ ва пешбурди инноватсияҳо мебошад.
-Барои густурдатар гардидани фаъолияти коллеҷ чӣ гуна иртиботҳои байналмилалиро ба роҳ мондаед?
Муассисаи таълимӣ баҳри беҳтар намудани раванди сифати таълим ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, табодули таҷриба ва воридсозии усулҳои муосири таълим, омодасозии мутахассисони тиббӣ ҳамкориро бо як қатор муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбии баъдидипломии ватаниву хориҷӣ, Пажӯҳишгоҳҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ ба роҳ мондааст.
Аз ҷумла бо Коллеҷи олии тиббии Кокшетайи Ҷумҳурии Қазоқистон, Коллеҷи тиббии Сӯзангарони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Коллеҷи тиббии бо номи В.Солдатови шаҳри Тоболи Федератсия Россия, Коллеҷи олии тиббии ш.Шимкент, Коллеҷи тиббии Сариосиё (Ӯзбекистон), Коллеҷи тиббии Қашқадарё (Ӯзбекистон), Коллеҷи тиббии Деҳқонобод (Ӯзбекистон), Коллеҷи тиббии Шурчи (Ӯзбекистон), Коллеҷи тиббии Термез (Ӯзбекистон), Техникуми нигаҳдории тандурустии Денау ба номи Абуалӣ ибни Синои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Техникуми нигаҳдории тандурустии Муборак ба номи Абуалӣ ибни Синои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Коллеҷи олии тиббии Қазоқистони шимолӣ, Техникуми нигаҳдории тандурустии Термез ба номи Абуалӣ ибни Сино Ҷумҳурии Ӯзбекистон иртиботи қавӣ ва мубодилаи таҷриба дорем.
Ҳамасола омӯзгорону донишҷӯёни муассиса дар конференсияҳои маҷозии муассисаҳои мазкур иштирок ва бо маърӯзаҳо баромад намуда табодули таҷриба менамоянд.
Иштирок дар конференсияи маҷозӣ байни донишҷуёни дар Ҷумҳурии Қазоқистон вилояти Акмолай дар мавзeи “Кокшетай-200 сол”,
иштирок дар конференсияи маҷозии илмӣ-амалӣ дар мавзeи “Технологияи иноватсионӣ дар самти фанҳои химия, физика ва биология”- и Донишгоҳи давлатии роҳбарӣ ва иrтисодии шаҳри Новосибирск,
иштирок дар конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзeи “Дастовардҳои тиббии фундаменталӣ, амалӣ ва дорусозӣ” дар Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Самарқанд.
Ҳамчунин мо бо як қатор ташкилотҳои байналхалқӣ аз қабили Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ), UNICEF,World Physiotherapy (мировая физиотерапия), momentum wheels for humanity (Моментиум), Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, ЮНФПА (Хазинаи нуфӯзи аҳолии СММ), Ҳилоли Аҳмар, Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, як қатор Академияҳо, Донишгоҳу Донишкадаҳо ва коллеҷҳои хориҷи кишвар , аз қабили Академияи тиббии баъдидипломии Белорусия, Донишгоҳи тиббии ба номи Сеченови шаҳри Москва, Донишгоҳи шаҳри Глазгои Шотландия, Донишгоҳи давлатии Ҷумҳурии Корея, Донишгоҳи илмҳои амалии JAMK шаҳри Юваскулеи Финляндия ва ғайра барои мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникӣ, табодули таҷриба, истифодабарии услубҳои муосир ва фаъоли таълим ва омодасозии мутахассисони ба талаботҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ, ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ, амалӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон ва кормандон ҳамкории самаранок дорем.
-Чанде пеш донишҷӯёни коллеҷ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ба дастовардҳои назаррас низ сарфароз гардиданд, лутфан Шумо дар ин хусус маълумот медодед…
Дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз фанҳои таълимии забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ ва таърихи халқи тоҷик дар соли таҳсили 2024-2025, ки рӯзҳои 17-18 апрели соли равон ҷараён дошт, ҷамъбаст гардид. Дар маросими ҷамъбастии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ, муовини якуми Раиси Кумита Давлатзода Баҳрулло Раҳмон, муовини раиси ноҳияи Данғара, Зуҳро Ҳакимзода, роҳбарон, омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар даври ниҳоӣ аз 85 муассиса 322 нафар иштирок намуда, аз 43 муассиса беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва ифтихорӣ гардида, ба ғолибон Ҷом, Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Олимпиада бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, мақсади он тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошад. Барои мо устодон ва кормандони Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ боиси ифтихор ва сарфарозии бузург аст, ки дар Олимпадаи мазкур дастаи олимпии муассиса иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойҳои ифтихории зерин гардиданд:
Эралиева Дилноза Қодирҷоновна – донишҷӯйи курси 1 – уми факултети физиотерапия аз фанни забони русӣ сазовори ҶОЙИ I;
Абдураҳмонзода Оминаи Расул – донишҷӯйи курси 1 – уми факултети дандонсозӣ аз фанни забони англисӣ сазовори ҶОЙИ II;
Мирзобекова Маҳина Қиёмуддиновна – донишҷӯйи курси 1 – уми факултети кори фармасевтӣ аз фанни таърихи халқи тоҷик сазовори ҶОЙИ II;
Бобокалонова Сомия Далерҷоновна – донишҷӯйи курси 1 – уми факултети кори ҳамширагӣ аз фанни забони русӣ сазовори ҶОЙИ ИФТИХОРӢ.
Дар ҷамъбасти олимпиада аз рӯи натиҷаи медалҳои ба дастоварда дастаи олимпии Муассиса сазовори ҷойи аввал гардид. Ин натиҷа аз сатҳи баланди таҳсил, муносибати масъулин ба масъалаи таълиму тарбия шаҳодат медиҳад. Бо ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим, ташвиқи омӯзгорону донишҷӯён ба фаъолиятҳои дастаҳои олимпӣ ва фароҳам овардани муҳити солими таҳсил, роҳбарияти муассиса тавонист заминаи устуворе барои такомул ва парвариши истеъдодҳои ҷавон ба вуҷуд оварад.
-Чӣ тавре, ки дар боло зикраш рафт, робитаҳои байналмилалии коллеҷ хеле хуб ба роҳ монда шуда ва аз натиҷагириҳо низ роҳбарияти коллеҷ қаноъатманд ҳастанд. Суоли матраҳ ин аст, ки дар робита ба ҳамкориҳои байналмилалӣ чӣ дастовардҳо дар дар соли 2025, ки дар ғозаш қарор дорем, коллеҷ ба даст овард?
Робитаҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти муассиса ба ҳисоб рафта, коллеҷ бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва таълимии кишварҳои хориҷи дуру наздик ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Тайи солҳои охир равобиту ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи муассиса бо ҳампешагони хориҷӣ тақвият ёфта, ин гуна муносибатҳои корӣ дар доираи ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ низ ба роҳ монда шудаанд. Тибқи дастурҳои бевоситаи Роҳбари муассиса татбиқи нақшаи кории шуъбаи илмӣ – методӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди соҳаи тиббии кишвар дар тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат як қатор корҳои назаррас анҷом дода шуда, кормандони муассиса бо “Сертификат” қадрдонӣ гардидаанд. Аз ҷумла, омӯзгори собиқадори муассиса Қаландарова Мавлуда Искандаровна барои сухангӯӣ дар пешбурди кори Конференсияи умумирусиягии омӯзгорӣ таҳти унвони “Стратегияҳои муосири дастгирии психологию педагогии кӯдакони имконияташон маҳдуд дар системаи таҳсилоти махсус ва фарогир”-и Муассисаи таълимии таҳсилоти олии “Маркази барқарорсозӣ ва ислоҳоти психологию педагогии Воронеж”–и Федератсияи Руссия баромад дар мавзӯи “Сотсиологияи тиб ва таҳсили фарогир: мушкилоти дастгирии тиббӣ барои кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд” бо “Сертификат” қадрдонӣ гардид. Ҳамчунин, муовини директор оид ба корҳои таълимӣ Қаюмов Фаррух Ҷурахонович ва омӯзгори кафедраи тавонбахшии тиббӣ – иҷтимоӣ бо курси тибби Шарқ Казакова Парвина Нуралиевна дар Конференсияи байналмилалии Муассисаи таълимии давлатӣ ва буҷавии касбии таҳсилоти вилояти Самара “Коллеҷи губерни шаҳри Сизран”–и Федератсияи Руссия тариқи маҷозӣ (онлайн) иштирок намуда, бо “Сертификат” – и коллеҷи мазкур сарфароз гардонида шуданд.
Бояд ёдовар шавам, ки банда дар курси омӯзишии байналмилалӣ барои кадрҳои роҳбарикунандаи давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намудам. Ин чорабинӣ, ки дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ба баррасии масъалаҳои идоракунии захираҳои кадрӣ дар соҳаи тандурустӣ ва таҳкими иқтидори кадрӣ дар кишварҳои минтақа бахшида шуда буд. Дар рафти курси мазкур, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, бо таҷрибаҳои пешқадам ва стратегияҳои муосири идоракунии кадрҳо шинос гардида, роҳҳои такмили низоми кадрии соҳа ва мусоидат ба рушди захираҳои инсонӣ дар соҳаи тандурустиро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, бо мақсади иштирок дар сафари омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзӣ ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар ҳошияи Конференсияи минтақавии момодояҳо бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷониби Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон GIZ дар чорчӯбаи лоиҳаи тандурустии “Таҳкими системаи ҳамгироишудаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон” аз санаи 9.11.2024 то 17.11.2024 намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ( 12 нафар) ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон сафарбар карда шуданд. Намояндагони Тоҷикистон ба клиникаҳои Ортенау (Оффенбург, Лар), Шуъбаи масъалаҳои иҷтимоӣ ва таҳсилоти ҷавонони Оффенбург, Маркази таваллудии Фрайбург, Ҷамъиятии момодояҳо ва тибби оилавии Эттенхайм, Ассотсиатсияи акушеркаҳои Олмон, Беморхонаи шаҳри Шпайер ва Донишгоҳи Людвигсхафен ташриф оварда, бо фаъолият ва коргузории ин муассисаҳо шинос шуданд.
Нақшаи қабули донишҷӯёни МДТ Коллеҷи тибби ҷумҳуриявӣ
баъди хатми синфи 11 дар соли таҳсили 2025-2026
№ | Рамзҳо | Ихтисосҳо | Намуди таҳсил | Шакли таҳсил | Синф | Нақша |
1155 | ||||||
1. | 2800151 | Истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ | рӯзона | пулакӣ | 11 | 15 |
2. | 2790133 | Кори дандонсозӣ | рӯзона | пулакӣ | 11 | 90 |
3. | 2790133 | Кори дандонсозӣ | шабона | пулакӣ | 11 | 60 |
4. | 2790102 | Кори момодоягӣ | рӯзона | ройгон | 11 | 60 |
5. | 2790102 | Кори момодоягӣ | рӯзона | пулакӣ | 11 | 89 |
6. | 2790101 | Кори табобатӣ | рӯзона | ройгон | 11 | 60 |
7. | 2790101 | Кори табобатӣ | рӯзона | пулакӣ | 11 | 90 |
8. | 2790107 | Кори табобати дандон | рӯзона | пулакӣ | 11 | 60 |
9. | 2790135 | Кори тиббӣ-офиятӣ | рӯзона | ройгон | 11 | 19 |
10. | 2790135 | Кори тиббӣ-офиятӣ | рӯзона | пулакӣ | 11 | 11 |
11. | 2790103 | Кори тиббӣ-профилактикӣ | рӯзона | ройгон | 11 | 15 |
12. | 2790103 | Кори тиббӣ-профилактикӣ | рӯзона | пулакӣ | 11 | 15 |
13. | 2790104 | Кори тиббӣ-ташхисӣ | рӯзона | ройгон | 11 | 19 |
14. | 2790104 | Кори тиббӣ-ташхисӣ | рӯзона | пулакӣ | 11 | 26 |
15. | 2790108 | Кори фарматсевтӣ | рӯзона | пулакӣ | 11 | 150 |
16. | 2790108 | Кори фарматсевтӣ | шабона | пулакӣ | 11 | 90 |
17. | 2790106 | Кори ҳамширагӣ | рӯзона | ройгон | 11 | 40 |
18. | 2790106 | Кори ҳамширагӣ | рӯзона | пулакӣ | 11 | 94 |
19. | 2790106 | Кори ҳамширагӣ | шабона | пулакӣ | 11 | 90 |
20. | 2860101 | Корманди ҳифзи иҷтимоӣ | рӯзона | ройгон | 11 | 30 |
21. | 2790136 | Физиотерапия | рӯзона | ройгон | 11 | 30 |
Нақшаи қабули донишҷӯёни МДТ Коллеҷи тибби ҷумҳуриявӣ
баъди хатми синфи 9 дар соли таҳсили 2025-2026
№ | Рамзҳо | Ихтисосҳо | Намуди таҳсил | Шакли таҳсил | Синф | Нақша |
540 | ||||||
1. | 2790133 | Кори дандонсозӣ | рӯзона | пулакӣ | 9 | 150 |
2. | 2790104 | Кори тиббӣ-ташхисӣ | рӯзона | пулакӣ | 9 | 60 |
3. | 2790108 | Кори фарматсевтӣ | рӯзона | пулакӣ | 9 | 150 |
4. | 2790106 | Кори ҳамширагӣ | рӯзона | пулакӣ | 9 | 180 |