Бояд ба мардуми олам ба чашми хирад назар афканем.Онҳо ҳатто сайёраҳоро байни худ тақсим кардан доранд.Аз ҷиҳати техникӣ ниҳоят пешрафтаанд.
Иморатҳои осмонбӯс, пулҳои бесутун, самолётҳои бесарнишин, метроҳои замонавӣ ва ҳатто дар зери уқёнус метро доранд. Ҳамаи ин пешравиҳо натиҷаи маҳсули майнаи инсон – ақл, меҳнати фидокорона, ватандӯстӣ ва дар амал татбиқ намудани илму дониш аст. Аммо дар мо бошад, баҳси саллаву риш зиёда аз 1400 сол боз идома дорад. Пойбанди хурофот ва нисбатан танбалем. Дар воқеъ, дар ҷомеаи мо шахсони меҳнатдӯсту поквиҷдон ва ростқавл ҳастанд, вале каманд. Ба муллои чаласавод ва фолбину афсунгар бовар мекунем. Дар байни мардум гапе ҳаст, ки агар фалон мулло дуо хонад, дарё роҳашро дигар мекунад. То ҳол нашунидаам ва ҳатто надидаам, бо дуо хондани домулло ақаллан ҷӯйбори хурде ҳам ба қафо гашта бошад. Ё масалан, ба автомобил бензин нарехта, дуо хонем, аз ҷояш намеҷунбад. Заминро шудгор намуда, тухмӣ напошем, ҳосил намегирем. Агар бо дуо мешуд, самолётҳои бесарнишини исроилиҳоро фаластиниҳо дар фазо маҳв мекарданд. Сарбозони аҷнабӣ дар ҷояшон ба санг мубаддал мегардиданд. Алҳамдулиллоҳ, мо мусалмонем, вале то оне, ки илму донишро бо амалия ваҳдати миллию якпорчагӣ ва меҳнатдӯстиро тақвият набахшем, зиракии сиёсиро аз даст дода, хурофотпараст бошем осебпазир боқӣ мемонем. Асоси пешравӣ – илму дониши замонавӣ, меҳнатдӯстӣ, ваҳдати миллӣ ва фазои осоишта аст. Хушбахтона, ҳамаи ин неъматҳои Илоҳиро дорем. Ҳукумати имрӯзаи мо таҳти сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба илму маориф ва тарбияи насли наврас диққати ҷиддӣ дода истодаанд. Кишвари маҳбуби мо – Тоҷикистон тинҷу ободу осуда аст. Дар кадом касбу коре фаъолият нанамоем, бояд дар атрофи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва зиракии сиёсӣ кишварамонро боз ҳам ободтар намоем!
Имрӯзҳо дар мамлакатҳои Шарқи Наздик – Сурия, Миср ва Ливия ҷангу хунрезиҳо идома дорад. Миллионҳо мардум бе хонаву дар шуда, рӯ ба Аврупо овардаанд, аз дин, ноамнӣ ва фақр даргурезанд. Абарқудратҳо зери ниқоби дини мубини Ислом ҷавонони гумроҳ ва бесаводро ба терроризм ҷалб карда истодаанд. Онҳо медонанд, ки мусулмонон мардумони эҳсосианд. Ба ҷои нозуки психологияи инсон, – эҳсоси динӣ таъсир расонида, ҷавонони ҷоҳилу аз дини пок бехабарро ҳамчун бомбаи зинда истифода мебаранд. Бо баҳонаи “ҷиҳод”, “биҳишти абад” ва “барпо намудани хилофати исломӣ” чӣ қадар мардуми бегуноҳро нобуд карданд.
Барои чӣ Созмони Милали Муттаҳид вокуниш нишон намедиҳад, зеро ки таҳти таъсири абарқудратҳост. Ҳанӯз Ленин гуфта буд, ки лигаи миллатҳо – ин созмони инсонҳои бераҳму бешафқат аст. Лигаи мамлакатҳои мусулмон ҳам эътироз намекунад.
Ҷумлаи сиёсие ҳаст -“агар нафту газ дорӣ, инқилоби рангаро интизор бош!” Дар шароити имрӯза илова менамоям, ки хурофотпараст ҳастию ваҳдату зиракии сиёсӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, якпорчагӣ ва ҷасурӣ надорӣ “биҳишти абад”-ро интизор бош! Дар назди Худованд тамоми халқу миллату мазҳаб баробаранд, фақат онҳое пеш рафтанд, ки ба илму дониш рӯ оварда, ватандӯсту ҷасуранд, аз камбудиҳо намеҳаросанд ва зиракии сиёсиро тақвият бахшидаанд.
Мо бояд дар ҳаёти ҳаррӯза бо воситаҳои ахбори омма ва суҳбати рӯбарӯ насли наврасу ҷавонро ба омӯхтани илму дониши замонавӣ, меҳнатдӯстӣ, ваҳдату якпорчагӣ ва ҳурмат намудани намояндаҳои дигар дину миллату мазҳаб даъват намоем.
Бас аст ба гузаштагон нозидани мо, ки Рӯдакию Фирдавсию Сино доштем. Имрӯз Хайёми дигар, Синои дигар ва Фирдавсии дигаре лозим аст. Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино гуфтаанд: “Кӯшиш – қазоро сабаб аст”. Яъне, ки тамоми ободиҳою пешрафт аз нияти нек ва амали созандаи мо вобаста аст Шахси илмнок тавоно буда, ҳамеша зиндадилу ободкор аст.
Дар навбати худ раисони ҷамоату ноҳияҳо бо аҳолӣ ва ҷавонон аз наздик суҳбат ороста, онҳоро ба дур будан аз хурофоту маҳалгароӣ даъват намоянд. Бо соҳибкорон ҳамкорӣ намуда, корхонаҳои истеҳсолӣ созанд, заминҳои киштро обёрӣ намоянд, ки ҷои корӣ шуда, сатҳи зиндагии аҳолӣ баланд шавад. Дар он сурат, ҷавонон ба меҳнати созанда машғул шуда, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракат шомил намешаванд. Аксари ҷиноятҳо аз бесаводӣ, бекорӣ ва камбағалист. Ба ҷавонон фаҳмонем, ки мусулмонӣ ин – покизагӣ, боинсофӣ, некӣ бар падару модар, талаби ризқи ҳалол, бо сабру шукргузор будан ва донишандӯзиву ватандӯстист. Ватандӯстӣ бошад, гӯшаи имондорист.
Рустам ШЕРОВ, табиб, шаҳри Панҷакент