Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии « Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ» хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо роҳбарият ва ҳайати кормандони муассисам мазкур суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Роҳбарият ва ҳайати кормандони коллеҷ бар ин назаранд, ки рушди соҳаи маориф бешубҳа ба рушди дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии кишвар ва суханрониҳои худ ҳамеша таъкид месозанд, ки рушди соҳаи маорифи кишвар ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад.

Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ  фаъолияти худро дар асоси  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳо ва Қарорҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (вобаста ба нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ, қоидаҳои қабул, литсензиякунонӣ ва аккредитатсия мутобиқи низомномаи онҳо), Коллеҷи тиббии Ҷумҳуриявии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва нақшаҳои таълимӣ ба роҳ мондааст. Коллеҷи тиббӣ мутобиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» ва Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 31.01.соли 2008 таҳти №512 «Дар бораи Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал намуда, дорои ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мебошад.

Раванди таълим

Қисми асосии фаъолияти коллеҷро раванди таълим ташкил медиҳад. Дар давоми шашмоҳаи аввали соли 2022 корҳои таълимӣ аз рӯи нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ, ҷадвали раванди таълимӣ ба роҳ монда шуд.

Роҳбарияти коллеҷ баррасӣ намудани Қарору қонунҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазифаи аввалиндараҷаи худ мешуморад. Он  Қарору фармонҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дастрас мегарданд, аз ҷониби маъмурияти коллеҷ ва мудирони кафедраҳо сари вақт дар ҷаласаҳои коллеҷ муҳокима ва баррасӣ гардида, баҳри амалӣ гардонидани он кӯшишҳо ба харҷ дода шуда, аз рӯи он ҳисоботҳо супорида мешаванд.

Машғулиятҳо дар бинои асосии коллеҷ ва базаҳои таълимӣ, ки дар муассисаҳои тиббии вилоят ҷойгир шудаанд, гузаронида мешаванд. Баҳри хушсифат гузаронидани машғулиятҳои назариявию амалӣ шароитҳо муҳайё карда шуда, омӯзгорон бо утоқҳои таълимӣ ва толорҳои лексионӣ таъмин гардидаанд.

Ҳамаи омӯзгорон бо силлабусҳо, комплексҳои таълимӣ методӣ дар низоми кредитии таҳсилот ва нақшаҳои тақвимӣ – мавзӯӣ, барномаҳои таълимӣ ва маводҳои дидактикию асбобҳои аёнӣ, мулӯҳҳо таъминанд. Омӯзгорони коллеҷ баҳри хушсифат гузаштани машғулиятҳо аз Барномаҳои Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастури таълимии «ЛЕМОН» бо тариқи фаровон истифода менамоянд. Бо истифодаи ин маводҳои таълимӣ дар ҳамаи кафедраҳо машғулиятҳои намунавӣ ва дарсҳои кушод, конфронсҳои илмӣ – назариявӣ ва адабӣ -мусиқӣ гузаронида шуд.

Ҳаҷми соатҳои таълимӣ дар оғози соли таҳсили 2022-2023 аз рӯи захираи соатҳо барои курсҳои 1 – 4 ҳамагӣ 11734 кредитро (281616 соат) ташкил медиҳад.

Аз рӯи ҷамъбасти сессия ба комиссияи идрордиҳӣ гузоришҳои деканони факултетҳо пешниҳод гардид.

Базаи кадрӣ

Теъдоди омӯзгорони асосӣ 232 нафар мебошад. Мувофиқи ҳисоботи омории кадрӣ 310 нафар ҳайати омӯзгорону кормандон мебошанд. Аз ин миқдор 45 нафар духтурон ба ҳайси омӯзгор фаъолият мебаранд. Дар оғози соли 2022 то ҳол ба кор қабул шудаанд 37 нафар. Барои пешбурди фаъолияти раванди таълим ва корҳои ташкилӣ маъмурӣ ҳама гуна воситаҳо ба роҳ монда шудаанд. Воҳидҳои корӣ илова гардида- 3 воҳиди корӣ ташкил дод (ҷон. директор оид ба назорати умумӣ ва рушди стратегӣ, мутахассиси шуъбаи кадр, сармутахассиси бахши умумӣ).

Инчунин, бо ташаббуси роҳбари муассиса барои ҳавасманд ва ҷалб намудани омӯзгорони тахассуси тиббӣ дошта, вобаста ба дараҷаи тахассусиашон иловапулии ҳармоҳа ба маоши онҳо ба тариқи шартнома дода мешавад, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим таъсири мусбӣ расонида истодааст.

Шароиту имконот

Теъдоди умумии донишҷӯён 4397 нафарро ташкил дода, аз ҳисоби буҷа 1022 нафар (23,2%) ва 3375 нафар (76,7 %) аз ҳисоби шартнома таҳсил менамоянд. Дар соли таҳсил маблағи таҳсили шартнома барои донишҷӯёни кори момодоягӣ, кори тиббӣ – профилактикӣ, кори тиббӣ-ташхисӣ, кори ҳамширагӣ ва кори табобатӣ 3159 сомонӣ, кори дандонсозӣ 4999 сомонӣ, кори фарматсевтӣ 5199 сомониро ташкил медиҳад. Маблағи аз ҳисоби шартномавӣ ба даст омада, аз рӯи сметаи махсус барои беҳдошти вазъи иҷтимоии устодону кормандон, хариди ашёву аёниятҳои таълимӣ, таъмири бино ва ғайра истифода бурда мешавад. Дар коллеҷ донишҷӯён аз ноҳияҳои гуногун таҳсил менамоянд. Теъдоди умумии онҳо аз вилояти Суғд 99,25%, ш. Душанбе 0,23%, в. Хатлон 0,15% ва дигар ҷумҳуриҳо 0,37% мебошанд. Зиёда аз 88,0% -и донишҷӯён духтарон мебошанд.

Дар оғози нимсолаи 2-юми соли таҳсил, аз ҷумлаи донишҷӯёни гурӯҳҳои буҷавӣ 518 нафар донишҷӯён идрорпулӣ, ки ин нишондиҳанда 50,6 % ташкил медиҳанд. Андозаи идрорпулӣ барои донишҷӯёни барои хубу аълохонон 120 сомони (518 нафар) муқаррар шудааст.

Фаъолияти методӣ

Фаъолияти бахши методӣ тибқи нақшаи тартибдодашудаи солона, мувофиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи муассисаи таълимӣ, Низомнома оид ба ташкили раванди низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи фаъолияти кории МДТ Коллеҷи тиббии ш.Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ ба роҳ монда шудааст.

Аз оғози соли таҳсил бахши методӣ аз рӯи нақшаи тасдиқгардида оид ба  ҳуҷҷатҳои таълимии бахши методӣ корбарӣ намуда, баҳри амалӣ гардонидани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сифати фаъолияти бахши методӣ кӯшиш менамояд.

Нашри мақолаҳо

Нашри мақолаҳои омӯзгорони коллеҷ дар соли хониши сипаригардида, хеле зиёд буда, мо ба таври ихтисор як чанд намунаи онро пешкаш менамоем.

  1. Қодиров З.,Муллоева П.“Характеристики комптентностного подхода в обучении химии”, новая наука 13 январи 2022.

2.Валиҷонова Г.,Гадойбоева И. “Раҳнамои ободии фардо”, рӯзномаи Ҳақиқати Суғд 18.01.22  № 8(18469).

  1. Убайдова Е. “Зарари телефонҳои мобилӣ ба инсон” рӯзномаи Саломат бошед №(471), санаи 23.02.22.
  2. Қодирова М. “Коронавирус ва ҳомиладорӣ” рӯзномаи Саломат бошед №(471), санаи 23.02.22.

5.Обидова М. “Зи лафзӣ модарӣ дилҳо шавад хуш” рӯзномаи Саломат бошед №8(12336), санаи 24.02.22.

  1. Туранова Р. “Ҳомиладори мӯъҷизаи ҳаёт”, рӯзномаи Ёрии таъҷилӣ, санаи 22-28.02.22 №7-8(728)
  2. Ҷанаева Ф. “Таваҷҷӯҳ ба рушди илмҳои дақиқу риёзӣ” рӯзномаи Ҳақиқати Суғд, 5.03.22 №24(1848).
  3. Саъдуллоева М. “Узви биноиро эҳтиёт кунед” рӯзномаи Саломат бошед, 30.03.22 №5(473).
  4. Абдуҳамидова М. “Ваксина ва таъсироти он ба организми инсон” рӯзномаи Саломат бошед 30.03.22 №5(473).
  5. Шокиров “Камхунӣ ва ташхиси он” рӯзномаи Саломат бошед 30.03.22 №5(473).
  6. Саксанова З. “Таъсири майдони магнитӣ”, рӯзномаи Саломат бошед, 30.03.22 №5(473).
  7. Пӯлотова Ф. “Лечебне грязи и перспектив их исползования” рӯзномаи Саломат бошед, 30.03.22 №5(473).

13.Абдуллоев С. “Саҳми профессор Ҳамдам Рофиев дар рушди муассисаҳои таълимии соҳаи тандурустӣ ва илмӣ тиб”, маҷаллаи Номаи донишгоҳ, №4 (69) 2021.

  1. Миҷгонаи Шӯҳратзода, “Пешгири ва ҳифзи ҷомеа” рӯзномаи Саломат бошед, №6(474) аз санаи 11.04.22.
  2. Маҳмудова М. “Офтобпараст- растании нафърасон ” рӯзномаи Саломат бошед, №6(474) аз санаи 11.04.22
  3. Субҳонзода А. “Бартари низоми нав”, рӯзномаи Омӯзгор, №16, санаи 21.04.21.
  4. Ҳакимов И. “Муҳимтарин соҳаи хоҷагии халқ” рӯзномаи Ҳақиқати Суғд, №53(18513), 28.04.22.
  5. Миҷгонаи Шӯҳратзода “Саҳм дар рушди шогирдон” рӯзномаи Тирози Ҷаҳон, №34 (3043), 30.04.22.

19.Калонова Н. “Паёми Пешво -дастури амал”, рӯзномаи Созандагони ватан, №20(674), 2.05.22.

20.Дилбари Илҳом “Муқовимат ба коррупсия вазифаи ҳар фарди Ҷомеа аст” Саломат бошед №8(476) аз санаи 14.05.22.

Баргузории конфронс

1.Санаи 17.02.22. конфронси илмӣ- амалӣ дар мавзӯи “Паём- раҳнамо ба сӯи фардои ободу дурахшон” аз тарафи кафедраи ҷамъиятшиносӣ.

2.Санаи 19.02.22. конфронси илмӣ -адабӣ таҳти унвони “Красота человека – в здоровҳе”, кафедраи забони русӣ.

  1. Санаи 24.02.22. конфронси илмӣ -назариявӣ дар мавзӯи “Моҳияти системаи такяву ҳаракат дар давраҳои гуногуни синну солӣ”, аз тарафи кафедраи анатомия ва физиология.
  2. Санаи 01.04.22. конфронси илмӣ – адабӣ бахшида ба Солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”.
  3. Санаи 31.03.22. мизи мудаввар дар мавзӯи “Галактикаи мо” дар МД Маркази ситорашиносии ш.Хуҷанд ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ.

Иштирок дар озмун

Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 феврали соли 2022,№АП -156 санаи 07.04.2022. давраи якуми озмуни дохиликолллеҷии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гузаронида шуд, ки 7 нафар омӯзгорон ва  15 нафар донишҷӯён иштирок карданд.Дар натиҷаи ҷамбасти озмун 7 нафар омӯзгорон ва 8 нафар донишҷӯён ба давраи дуюми озмун роҳхат гирифтанд.

Санаи 19.04.2022 давраи дуюми Озмуни дохиликоллеҷӣ “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” байни донишҷӯёни МДТ Коллеҷи тиббии шаҳри  Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ гузаронида шуд, ки 7 нафар омӯзгорон ва 8 нафар донишҷӯён иштирок карданд. Дар натиҷаи ҷамбасти озмун 4 нафар омӯзгорон Қаюмова Гулчеҳра, Файзуллоева Сурайё, Масаидов Наврӯз  ва Азимов Муҳибҷон, 3 нафар донишҷӯён Икромзода Шифо, Эраҷзода Рухшона ва Турсунбаева Маҳина ба давраи шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.

Санаи 19.05.2022 озмуни шаҳрии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гузаронида шуд, ки аз коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд 4 нафар омӯзгорон Қаюмова Гулчеҳра, Файзуллоева Сурайё, Масаидов Наврӯз  ва Азимов Муҳибҷон,3 нафар донишҷӯён Икромзода Шифо, Эраҷзода Рухшона ва Турсунбаева Маҳина иштирок карданд.

Аз омӯзгорон Файзуллоева Сурайё аз рӯи номинатсияи хондан ва азёд кардани назму насри адабиёти муосир ҷои якум, Азимов Муҳибҷон ҷои дуюм ва Масаидов Наврӯз аз рӯи номитнатсияи хондан ва азёд кардани назму насри адабиёти классик ҷои дуюм сазовор шуданд. Аз донишҷӯён Турсунбаева Маҳина аз рӯи номинатсияи хондан ва азёд кардани адабиёти ҷаҳон ҷои сеюм сазовор гардид.

Ҷашни тантанавии санаҳои таърихӣ ва рӯзҳои ид хусусияти муҳими тарбиявӣ  дошта, омили асосии тарбияи ҳисси баланди хештаншиносӣ ва ватандорӣ мебошанд. Оид ба таҷлили идҳо ва санаҳои таърихӣ ҷомеаи коллеҷ таҷрибаи хуб дошта, ҳама дастҷаъона дар он ширкат меварзанд. Садорат, кафедраҳо ва созмонҳои ҷамъиятии коллеҷ дар ин самт корҳои зиёдро ба анҷом расониданд.

Фаъолияти китобхона

Ҷиҳати таъмини донишҷӯёну омӯзгорон бо китобҳои дарсӣ, китобҳои тахассусӣ ва дастурҳои таълимӣ, дар муассиса китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ вуҷуд дорад. Теъдоди умумии адабиёт дар китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ дар умум  34512 адад мавҷуд аст, ки аз инҳо 11589 адад ба забони тоҷикӣ буда, 7297 адад тахассусӣ, 3629  адад умумитаълимӣ, 97 адад Асарҳои Пешвои миллат ва китобҳо дар бораи Пешвои миллат, 1481 адад бадеӣ, 174 адад китобҳои гуногунмазмун мебошад. Миқдори китобҳои электронӣ 1052 адад буда, тахассуси 196 адад, умумитаълимӣ 371 адад, бадеӣ 461 адад, 428 адад бо забони русӣ ва 624 адад бо забони тоҷикӣ мебошад.

Шароити хобгоҳ

Хобгоҳи муассиса аз рӯи низомномаи намунавии хобгоҳи хонандагону донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад. Дар хобгоҳ теъдоди ҳуҷраҳо 56 то ва бо 230 кати хоб таъмин карда шудааст. Ҳар як ошёна 5 нуқтаи обу ташноб дошта, ошхона бо таҷҳизоти хӯрокпазӣ муҷаҳазонида шудааст. Шумораи истиқоматкунандагони хобгоҳ нисбати солҳои пешина бисёр шуда, дар соли таҳсили 2021 – 2022 миқдори умумии донишҷӯдухтарон 197 – нафарро ташкил медиҳад. Ҳар се ошёна бо 3 адад яхдон, 3 адад мошинаи ҷомашӯӣ ва 6 адад плитаи хӯрокпазии барқӣ таъмин карда шуда, барои зимистонгузаронӣ хобгоҳ пурра ба системаи ягонаи гармдиҳӣ ба васитаи ангиштсанг таъмин карда шудааст. Дар  ҳавлии хобгоҳ танӯрхона ва оштонхона бо ҳамаи шароити замонавӣ сохта шуда, бошандагони хобгоҳ аз он самаранок истифода мебаранд. Барои бошандагони хобгоҳ ва бофароғат гузаронидани вақтҳои холигии худ дар истироҳатгоҳи ошёнаи 2-юм гӯшаи корҳои эҷодии дастии духтарони хобгоҳ, дастгоҳи адрасу-атласбофӣ, дастгоҳи қолинбофӣ ва маҳфили “Фазилати ҳунар” бо роҳбарии ҳунарманд Ниёзова М.М ва маҳфили варзишии шоҳмоту шашкабозӣ бо роҳбарии Шодиев А.А., бо номи “Зебоӣ тавоноӣ аз варзиш аст” ташкил карда шудааст.

Нуқтаи тиббӣ

Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд нуқтаи тиббӣ фаъолият карда истодааст. Нуқтаи тиббӣ дар ошенаи якуми бинои таълимии дуюми коллеҷ бо масоҳати 18 метри мураббаъ ҷой гирифта, иборат аз як хуҷра мебошад. Ҳучраи кории табиб ва ҳамшираи тибби бо 2 миз ва 4  курсӣ, 1 кат, 2 ҷевон ҷиҳозонида шудааст. Дар ҳуҷра, ки асосан барои амалиётҳои тибби 1 кат барои гузаронидани амалиётҳо 1 мизи шишагӣ, 1-то ҷевони шишагӣ, ҳароратсанҷ, фишорсанҷ, шпателҳои яккарата, шина, бинти эластикӣ, бикс, латокҳо мавҷуданд.

Дар соли хониши 2021-2022 дар нуқтаи тиббии коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ чунин фармону қарорҳо ворид шуд:

Санаи 09.08.2021 бо дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ, сабзу хуррамгардонӣ, тозаю озода намудани гирду атрофи муассисаҳои таълимӣ, хобгоҳҳо ва дигар иншооти марбут ба муассисаи таълимиро дуруст ба роҳ монда, оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави бемории коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон поккорӣ (дезинфексия) кардани тамоми биноҳои таълимӣ, таҳия ва тасдиқи ҷадвалҳои дарсӣ татбир судманд андешида шавад.

Барои боз ҳам беҳтар гардидани фаъолияти илмӣ-методии коллеҷ роҳбарияти он ҳама гуна имкониятҳоро равона намудаанд ва кушиш ба харҷ медиҳанд, ки сифати таълим рӯз аз рӯз беҳтар гардад. Ва ҳамчунин, ҷалби мутахассисони баландпояро ба роҳ мондаанд, ки албатта, баҳри беҳтар гардидани сифати таълим мусоидат хоҳад кард.

Нигора САИДБЕКОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь