Барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он бунёди муассисаҳои нав, азнавсозии муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани онҳо зарур мебошад. Бо ин мақсад, танҳо дар ду соли охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба муассисаҳои тандурустии кишвар ба маблағи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ беш аз 200 номгӯй таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир дастрас карда шудаанд.

(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23.12.2022) 

Муассисаи давлатии таълимии КТ ДДТХ дар ноҳияи Данғара  супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, дар соли хониши 2022-2023 таълиму тарбияро дуруст ба роҳ монда, баҳри ҳиссагузорӣ дар ободии кишвар мебошанд. Раванди таълим мутобиқи нақшаҳои таълимии аз тарафи Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда ба роҳ монда шудааст.

Дар муассиса аз соли таъсисёбии он як шӯъба, “Кори ҳамширагӣ” ва се кафедра: “Фанҳои тахассусӣ”, “Табиӣ – риёзӣ”, “Гуманитарӣ” амал менамояд, ки аз рӯи як ихтисос “Кори ҳамширагӣ” мутахассис тайёр менамояд. Фаъолияти шӯъба дар муассиса аз рӯи оинома ва низомномаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз рӯи оиномаи муассиса кор ва фаъолият карда истодааст. Дар асоси ҷадвали басти вазифаҳои ҳайати кормандони Коллеҷи тиббии ДДТХ барои соли таҳсили 2022, 271,3 воҳиди корӣ тасдиқ карда шудааст, ки аз ин шумора 161,3 воҳиди корӣ барои ҳайати омӯзгорон, 110  воҳиди корӣ барои кормандони маъмурӣ, 28 воҳиди корӣ барои кормандони хоҷагӣ пешбинӣ шудааст. Дар давраи ҳисобот дар Коллеҷи тиббии ДДТХ 213 нафар кормандон кор ва фаъолият карда истодаанд, ки аз ин шумора 82 нафар омӯзгорони асосӣ, 103 нафар омӯзгорони соатбайъ, 26 нафар кормандони маъмурӣ, 28 нафар кормандони хоҷагӣ ташкил медиҳанд. Аз шумораи 82 нафар омӯзгорони асосӣ 76 нафар бо маълумоти олӣ, 6 нафар маълумоти миёнаи касбӣ доранд. Аз шумораи умумии омӯзгорони асосӣ 11 нафарро хатмкунандагони ДДТТ ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии омӯзгорони асосӣ 22 нафар аз рӯи фанҳои тахассусӣ кор ва фаъолият карда истодаанд. Дар муқоиса ба омӯзгорони соатбайъ омӯзгорони асосӣ нисбатан кам аст.  

Дар асоси иҷозатнома дар коллеҷ як ихтисос “Кори ҳамширагӣ” амал намуда, мутахассисони дорои дараҷаи маълумоти миёнаи касбӣ тайёр карда мешавад. Муҳлати таҳсил бо маълумоти миёнаи умумӣ се сол, баъд аз хатми синфи 11, бо маълумоти миёнаи асосӣ чор сол, баъд аз хатми синфи 9 ва таҳсилоти шабона се сол баъд аз хатми синфи 11 қабул карда шудааст.

Заминаи пойгоҳии коллеҷ

Донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ дар бинои таълимии МТМУ №2 ва бинои таълимии И. Шарифов 3 ба таълим фаро гирифта шудаанд. Дар биноҳои мазкур 60 синфхона, аз ҷумла дар бинои асосӣ 12 синфхона ва 3 кабинети корӣ, дар бинои таълимии И.Шариф – 3, 42 синфхона ва 12 кабинети корӣ, 2 толори лексионӣ, 32 синфхонаи электронӣ,  2 майдончаи варзишӣ мавҷуд мебошанд, китобхона бо толори 50 ҷойи нишаст омода шудааст. Ҳамчунин, дар муассиса се синфхонаи компютерӣ бо теъдоди 74 компютер барои гузаронидани дарс муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар маҷмӯъ муассиса дорои 125 адад компютери фардӣ, 8 адад ноутбук, 32 адад тахтаи электронӣ, 34 адад проектори мултимедӣ, 23 адад принтер мебошад. Дар соли таҳсили 2022 ҳамаи имтиҳонҳо дар шакли таҳсилоти кредитӣ тариқи маркази компютерӣ гузаронида шуданд. Барои пурра таъмин намудани синфхонаҳои компютерӣ дар соли 2022 аз ҳисоби суратҳисоби махсус ба маблағи 297187,5 сомонӣ ашёҳо ва таҷҳизоти  таълимӣ харидорӣ карда шуданд. Баҳри такмили потенсиали донишҷӯён дар давоми соли таҳсили 2022 шумораи компютерҳои фардӣ зиёд карда шуда, як синфхонаи таълимӣ аз фанни информатика ташкил карда шуд. Таносуби компютерҳо ба донишҷӯён аз рӯи меъёри 1:12 баробар аст ба 1:11,3. Таълими амалии донишҷӯён дар асоси Низомномаи таълими амалӣ сурат мегирад. Аз ин лиҳоз Коллеҷи тиббӣ барои пешбурди фаъолияти таълим дар аввали сол бо роҳбарони Беморхонаҳои марказӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии н.Данғара, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Шӯъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Беморхонаи сироятӣ дар н. Данғара шартнома баста, дар асоси он таълими амалии донишҷӯён дар кабинетҳои клиникӣ, кабинетҳои фаннӣ ва кабинетҳои таълимии заминаҳои таълимӣ- амалӣ ва инчунин дар қароргоҳҳои беморон бевосита дар назди бистари бемор ҳуҷраҳои ташхисӣ – табобатии дармонхонаҳо ва амалиётхонаҳои муассисаҳои тиббӣ, муассисаҳои фармасевтӣ ба роҳ монда шудааст.

Қабули донишҷӯён дар соли таҳсили 2022-2023

Дар даври аввали тақсимот ба  муассиса 330 нафар донишҷӯён роҳхат ёфтанд, ки 100% ро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 135 нафар,  бо маълумоти миёнаи умумӣ, 150 нафар бо маълумоти миёнаи асосӣ, дар гурӯҳи шабона 45 нафарро ташкил медиҳад. Дар даври дуюми тақсимот 25 нафар роҳ ёфтанд. Дар маҷмӯъ шумораи донишҷӯёни бахши якум тибқи Маркази миллии тестӣ 302- нафарро дар бар гирифт. Аз шумораи 329- нафар 306- нафар духтарон ва 23 нафар писарон мебошанд. Дар соли таҳсили 2022-2023 шумораи қабули донишҷӯён 329-нафаро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 135-нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ, 150-нафар бо маълумоти миёнаи асосӣ ва 44-нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ дар таҳсилоти шабона мебошад. Айни ҳол дар муассиса шумораи умумии донишҷӯён 1343- нафар мебошанд, ки аз ин шумора 131-нафарашон писар ва 1212- нафари дигарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Раванди корҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва илмӣ

Раванди таълим дар муассиса дар се кафедра тақсим гардидааст. Нақшаҳои мудирони кафедраҳо дар асоси Низомномаи намунавии кафедравӣ тартиб дода шуда, корҳои таълимию тарбиявӣ ва илмиро дар ҳайати омӯзгоронашон дида мебароянд. Дар кафедраи фанҳои “Тахассусӣ” 22 – нафар омӯзгор, кафедраи “Табиӣ – риёзӣ” 28 – нафар омӯзгор ва дар кафедраи “Гуманитарӣ” 32- нафар омӯзгорони асосӣ фаъолият менамоянд. Бояд қайд намуд, ки таҳсил дар соли хониши 2022-2023 дар Коллеҷи тиббӣ пурра  бо Низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст. Аз рӯи тақсимоти соатҳо маълум мегардад, ки соатҳои ҷудошудаи барномаҳои таълимӣ барои соли таҳсили 2022-2023 то охири сол пурра ҳазм мегарданд. Дар даври якуми имтиҳонҳо, донишҷӯёни бо маълумоти миёнаи асосӣ бахши якум ва дуюм аз рӯи 10-фанни таълимӣ, бахши сеюм бошад, аз рӯи 9-фанни таълимӣ, бахши чорум аз рӯи 11-фанни таълимӣ имтиҳон месупоранд, донишҷӯёни бо маълумоти миёнаи умумии таҳсилоти рӯзона бахши якум аз рӯи 9-фанни таълимӣ, бахши дуюм аз рӯи 10-фанни таълимӣ ва бахши сеюм аз рӯи 9-фанни таълимӣ имтиҳон месупоранд. Донишҷӯёни бо маълумоти миёнаи умумии таҳсилоти шабона бошад, дар бахши якум аз рӯи 9-фанни таълимӣ, бахши дуюм аз рӯи 10-фанни таълимӣ, бахши сеюм аз рӯи 8-фанни таълимӣ имтиҳон месупоранд. Аз маълумотҳои дар ҷадвалҳои болоӣ овардашуда бармеояд, ки дар байни бахшҳои 1,2,3,4 бо маълумоти миёнаи асосӣ ва миёнаи умумӣ, бахшҳои 2-юми бо маълумоти миёнаи умумии таҳсилоти рӯзона ва 3-юми бо маълумоти миёнаи асосӣ дар муқоиса нисбат ба дигар бахшҳо фоизи сифати таълимашон зиёдтар аст. Аз натиҷаи ҷамъбасти имтиҳонҳо маълум гардид, ки сатҳи сифати дониши донишҷӯён аз фанҳои омӯхташаванда 36,7%-ро ташкил медиҳад.

Баъд аз ҷамъбасти даври якуми имтиҳонӣ дар асоси фармоне, ки аз тарафи роҳбари муассиса тибқи «Низомнома оиди такроран супоридани имтиҳон» баррасӣ гардид, донишҷӯёне, ки холҳои дастрасро нагирифтаанд, метавонанд аз санаи 03.02.22 то 05.02.22 барои супоридани даври дуюми имтиҳон иҷозат гиранд. Донишҷӯён метавонанд танҳо баъди супоридани маблағи кредити қарзӣ ба даври дуюми имтиҳон иштирок намоянд. Аз анҷоми даври якум ва дуюми имтиҳони сессияи зимистона маълум шуд, ки 58- нафар донишҷӯён бо сабаби иштирок накардан дар имтиҳонҳо қарздор мондаанд. Дигар донишҷӯён имтиҳонҳоро бо муваффақият супоридаанд. Пас аз анҷоми сессияи зимистона маълум гардид, ки чанде аз донишҷӯён бо сабабҳои гуногун хориҷ ва якчанд нафари дигар барқарор ва интиқол шудаанд. Аз ҷамъбасти имтиҳонҳо маълум гадид, ки сифати таҳсилот аз фанҳои омӯхташаванда 29,3%- ро ташкил медиҳанд.

Раванди имтиҳонҳои сессияи тобистона аз санаи 08.06.2022 оғоз гардида, то санаи 29.06.2022 гузаронида шудаанд. Ҳамаи донишҷӯён, ки шумораи умумии онҳо 1422-нафарро ташкил медод, ба имтиҳонҳои нимсолаи дуюми сессияи тобистона иҷозат дода шуданд. Аз натиҷаи ҷамъбасти имтиҳонҳои сессияи тобистона маълум гардид, ки сатҳу сифати дониши донишҷӯён аз фанҳои омӯхташаванда дар ҳамаи кафедраҳо 40,9%-ро ташкил медиҳад. Дар умум сатҳи сифати таълими фанҳои омӯхташаванда дар муассисаи таълимӣ дар соли таҳсили 2022 ба 38,8% баробар аст. Аз шумораи 1486 нафар донишҷӯ  352 нафар хатмкунанда буданд ва баъди супоридани се имтиҳони давлатӣ: кори ҳамширагӣ дар терапия, кори ҳамширагӣ дар педиатрия, ва кори ҳамширагӣ дар ҷарроҳӣ коллеҷро хатм намуданд. Аз байни 352 нафар хатмкунанда танҳо  1 нафар бо дипломи Аъло коллеҷро хатм кард.

Таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва фаъолияти илмӣ- методӣ

Донишҷӯёни бахши 3-юми бо маълумоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни бахши 4-уми бо маълумоти миёнаи асосӣ шӯъбаи “Кори ҳамширагӣ” пас аз супоридани санҷишу имтиҳонҳои ҷорӣ аз санаи 04.07.2022 ба таҷрибаомӯзии таълимии истеҳсолӣ (қаблидипломӣ) сафарбар карда шуданд. Шумораи умумии донишҷӯён 375 нафар буда ҳар як донишҷӯ мувофиқи манзили зист роҳхат гирифтанд. Дар давоми соли таҳсили 2022 аз тарафи шӯъбаи илмӣ- методӣ 11 адад дастури таълимӣ, 7-адад коркарди методӣ ба ҳисоб гирифта шудааст. Инчунин, аз тарафи омӯзгорони муассиса чанд адад мақолаҳои илмӣ, илмӣ- амалӣ, илмӣ – тадқиқотӣ, илмӣ- методӣ ба табъ расонида шудааст. Ҳамчунин, вобаста ба фанҳои таълимӣ аз тарафи омӯзгорони коллеҷ нақшаҳои таълимӣ дар низоми кредитӣ, барномаҳои таълимӣ (силлабусҳо) ва дигар коркардҳои методӣ (модулу лексияҳои таълимӣ) таҳрир карда шуда, барои тасдиқ пешниҳод шудааст. Омӯзгорони  мо ҳамин сол дар 7- конференсияҳои илмӣ – амалии сатҳи ҷумҳуриявидошта фаъолона иштирок намуда, бо маърӯзаҳои ҷолиб баромад намудаанд. Дастовардҳо ва мувафақиятҳои муассиса мунтазам дар маҷаллаю рӯзномаҳои даврӣ  мавриди баррасӣ қарор меёбад.

– Рӯзҳои 26 ва 27 майи соли 2022 дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Х. Махсумоваи шаҳри Душанбе Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни 82- муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бахшида ба эълон намудани солҳои 2020-2040 “Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” шуда гузашт. Дастаи олимпии донишҷӯёни мо аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ: химия, биология, алгебра, информатика ширкат варзида, байни  82 муассисаи миёнаи касбӣ ҷойи намоёнро ишғол намуданд. Донишҷӯи бахши 3 Боронов Анушервон аз фанни химия соҳиби 60 хол шуда, дар ҷумҳурӣ ҷоизаи аввал, медали тилло ва тӯҳфаи пулиро аз фанни химия ба даст овард. Ба ин муносибат раёсати муассиса ҷамъомади тантанавӣ баргузор намуда, ба ғолибони озмун Ифтихорнома ва ба ғолиби олимпиадаи ҷумҳуриявӣ Боронов Анушервон ба миқдори 500 сомонӣ мукофотпулӣ ҳавасманд гардонид – мегӯяд, Баротзода Амирхон, Директори Коллеҷи тиббии ДДТХ дар ноҳияи Данғара.

Китобхона ва корҳои тарбиявӣ

Дар дохили китобхона қироатхона низ ҷойгир аст, ки дорои 25 миз ва 50 курсӣ мебошад. Дар давоми соли таҳсили 2022  барои беҳтар сохтани шароити китобхона рафҳои китобмонӣ 5-адад зиёд гашта, китобҳои Кори ҳамширагӣ дар педиатрия 136 дона, Кори ҳамширагӣ дар ҷарроҳия 136 дона, Асосҳои кори ҳамширагӣ 230 дона, К/Ҳ Бемориҳои ҷарроҳӣ ва парастории беморон 230 дона Китобҳои сиёсӣ  84–дона ворид шуданд. Айни ҳол дар китобхона теъдоди умумии китобҳо 13055 ададро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 7378 адад  китобҳои тахассусӣ, 3830 адад китобҳои мактабӣ, 1632 адад китобҳои бадеӣ, ва 216 ададро китобҳои сиёсӣ ташкил медиҳанд. Оид ба ҷашнҳои таърихӣ мунтазам конференсия мизҳои мудаввар ва маҳфилҳои гуногун гузаронида мешавад. Соли ҷорӣ хондани китобҳои бадеӣ дар байни донишҷӯён ва омӯзгорони коллеҷи тиббӣ бо фармоиши директори Коллеҷ озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”,  гузаронида шуд. Ғолибони озмун инчунин дар озмунҳои ноҳиявӣ ва вилоятии озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок намуданд. Ҳамагӣ то имрӯз аъзоёни китобхона аз ҳисоби донишҷӯён 57,7 %  ва аз ҳисоби омӯзгорон 97,5% ро ташкил медиҳад.       

Дар муассиса корҳои тарбиявӣ дар асоси нақшаи ягонаи муассисаи таълимӣ тартиб дода шудааст. Ҳамаи чорабиниҳои тарбиявӣ вобаста ба иду ҷашнҳои миллӣ дар муассиса бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён дар сатҳи хуб гузаронида мешаванд. Барои беҳтар сохтани сатҳи тарбия ва назорати ҳамарӯзаи донишҷӯён дар гурӯҳҳо аз ҳисоби омӯзгорон роҳбарони гурӯҳҳо таъин карда мешаванд. Аз аввали соли таҳсил баҳри дар сатҳи хуб ташкил ва гузаронидани иду ҷашнҳои миллӣ нақша чорабиниҳо тартиб дода шуда, пайваста гузаронида мешаванд. Омӯзгорону донишҷӯёни муассиса дар ҳамаи чорабиниҳои ноҳиявӣ иштироки фаъолона дошта, дар давоми фаъолияташ ба муассиса барои саҳми арзандааш “Ифтихорнома” ва “Сипосномаҳо” тақдим  намудаанд. Дар моҳи феврал барои гузаронидани чорабинии дохиликоллеҷӣ бахшида ба рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона ва мусобиқаҳои варзишӣ ташкил ва гузаронида шуданд. Ҳамчунин, дар моҳи март бахшида ба Рӯзи Модар 8-уми март дар муассиса чорабинии идона ташкил карда шуда, донишҷӯён дар васфи модар, ватан баҳор ва зебоӣ шеъру тарона ва сурудҳо сароиданд. Инчунин, аз ҳисоби гурӯҳҳо ва донишҷӯён газетаҳои деворӣ бароварда шуд. Дар таърихи 19-уми март дар муассиса Наврӯзи байналмиллалӣ ҷашн гирифта шуд. Чорабинии бо шеъру тарона ва суруду мусиқи оғоз гардида, ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд. Ғайр аз ин омӯзгорону донишҷӯён дар чорабинии Наврӯзии ноҳиявӣ, ки рӯзи 24-уми март баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.

Амирхон Баротзода иброз медорад, даври аввали озмуни “Илм- фурӯғи маърифат” рӯзи 13.04.2022 дар бинои муассиса шуда гузашт. Аз 36- нафар довталабон 13–нафар ғолиби даври якуми озмун эълон гардида, ба даври дуюми озмуни ноҳиявӣ “Илм- фурӯғи маърифат” роҳхат гирифтанд. Дар даври дуюми озмун танҳо 7 нафар ғолиби озмун дониста шуда, роҳхат ба даври вилоятӣ гирифтанд. Даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” рӯзҳои 11.04 то 12.04.2022 дар толори муассиса шуда гузашт. Омӯзгорон 7 нафар ва донишҷӯён 15 нафар ғолиби даври якуми озмун эълон гардиданд. Дар даври дуюми озмун аз 17  – нафар танҳо 8 нафар ғолиб дониста шуда, роҳхат ба даври вилоятӣ гирифтанд. Хурсандиовар аст, ки 2 – нафар иштирокчӣ, омӯзгори фанни забон ва адабиёт тоҷик Турсунбоев Ҳасаналӣ ва донишҷӯи бахши чорум Тағоева Сабрина дар даври вилоятӣ озмуни ҷумҳуриявӣ “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок намуда,  ғолиб дониста шуда, роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ гирифтанд. Баъд аз иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ онҳо сазовори ҷои ифтихорӣ ва Ифтихорнома гардиданд.

Бахшида ба рӯзи Ғалаба дар муассиса чорабинии идона баргузор карда шуд. Ҳамчунин коллективи омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ дар ин рӯз назди нимпайкараи Қаҳрамони Иттифоқи советӣ Исмат Шарифов ҷамъ омада, баҳри поси хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулчамбар гузоштанд. Бахшида ба Рӯзи Оила 15-уми май ва бахшида ба рӯзи Ҷавонон – 23 май дар муассиса ҷамъомади умумии омӯзгорону донишҷӯён гузаронида шуд. Донишҷӯёни муассиса ҳамчунин дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишии ноҳиявӣ ва вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд. Барои солимии ҷомеа рӯзи 19-майи соли ҷорӣ бо иштироки хонандагон, донишҷӯён, омӯзгорон – “Дави миллӣ” дар маркази ноҳия баргузор гардид. Рӯзи 1-уми сентябр дар ҳарду бинои таълимӣ ҷамъомади умумии бахшида ба рӯзи Дониш ва дарси Сулҳ гузаронида шуд.

Баҳри сазовор пешвоз гирифтани 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассиса дар асоси нақша-чорабиниҳо рӯзи 8.09.2022 ҷамъомади умумии омӯзгорону донишҷӯён бахшида ба ин санаи таърихӣ гузаронида шуд. Ҳамчунин 600- нафар омӯзгорону донишҷӯёни муассиса дар чорабиниҳои ноҳиявӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ фаъолона иштирок намуданд. Рӯзи 22- уми сентябр дар муассиса Конференсия бахшида ба рӯзи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гузаронида шуда, 30-юми сентябр ҷашнгирии рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ дар муассиса қайд карда шуд. Рӯзи 5-уми октябр бахшида ба рӯзи Забони давлатӣ  Конференсия таҳти унвони Забон шиносномаи миллат ва бахшида ба рӯзи Конститутсия дар муассиса рӯзи 5-уми ноябр конференсия бо номи “Конститутсия бахтномаи миллат” доир гашт. Дар роҳпаймоии ноҳиявии бахшида ба рӯзи Президент 16-уми ноябр омӯзгорону донишҷӯён бо шиору овезаҳо ва расмҳои Пешвои миллат фаъолона иштирок намуданд. Бахшида ба рӯзи Парчами миллӣ, санаи 24- ноябр дар майдони марказии ноҳия, назди Парчами миллӣ ҳамоиши идонаи миллӣ шуда гузашт. Дар ин ҳамоиш омӯзгорону донишҷӯёни мо бо тайёрии ҳаматарафа бо Парчами миллӣ иштирок намуда, гиромидошти ин рӯзи муқаддасоти миллиро пешвоз гирифтанд.

Баҳри таблиғи тарзи ҳаёти солим рӯзи якуми декабр дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 75 конференсия оиди мубориза бар зидди бемории ВИЧ – СПИД якҷоя бо намояндагони Маркази СПИД дар ноҳия ташкил ва гузаронида шуд. Дар конференсия омӯзгорони Кори ҳамширагӣ ва гурӯҳи донишҷӯён бо мақолаҳо ва маълумотҳои худ ба ҳозирин оид ба роҳҳои сироятёбӣ ва сироятёфтагон дар ҷаҳон, ҷумҳурӣ ва ноҳия маълумот доданд. Дар ин конференсия муассисаи таълимии Коллеҷи тиббии ДДТХ дар ноҳияи Данғара сазовори ҷойи аввал гардиданд.

Коллективи омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара кушиш ба он дода истодаанд, ки сифати таҳсилот, дониши муҳасилин, тарбияи донишҷӯён мувофиқ ба Оиннома, Низомномаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, Стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷавобгӯй бошад. Бо боварӣ иброз менамоем, ки коллективи омӯзгорони коллеҷи тиббӣ дар омода намудани мутахассисони миёнаи тиб саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Билоли Шамс, МТЖТ, аз ноҳияи Данғара

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь