Дар Тоҷикистон бештари занон бо орзуи он, ки кор дар Русия зиндагиву ояндаи онҳо ва фарзандонашонро таъмин мекунад, роҳ ба сӯи муҳоҷират пеш мегиранд. Бархе аз онҳо фарзандони хурдсоли худро назди бибию бобо ё хешовандони дигар гузошта мераванд. Бепадару бемодарӣ ин тифлони бегуноҳро паршикаставу маъюс мегардонад.
Манзураро чӣ маҷбур кард, ки ба муҳоҷират рӯ оварад?
Манзура Алимова зани 38-солаи сокини ноҳияи Файзобод аст, ки айни ҳол барои дарёфти ризқу рӯзӣ ва ба умеди он ки ояндаи фарзандони ноболиғашро беҳ мегардонад, озими Русия шудааст ва дар он ҷо ба мардикорӣ машғул аст.
Дар як тамоси телефонӣ ӯ ба мо гуфт, ки ду сол қабл аз шавҳараш ҷудо шуда, ба хонаи падару модараш рафтааст ва барои он ки ба хонавода бори гарон нашавад, маҷбур шудааст, ки барои пеш бурдани зиндагиаш роҳи муҳоҷиратро пеш гирад.
Манзура мегӯяд: “Ду сол қабл аз шавҳарам бо сабаби низоъи оилавӣ, ки сабабнок буд, ҷудо шудем ва ба хонаи падару модарам рафтам. Чун зиндагии онҳо низ ба осонӣ намегузашт, тасмим гирифтам барои таъмини ояндаи худу фарзандонам ба Русия ҳиҷрат кунам. Аз падарашон хату хабаре нест ва дар муддати ду сол боре ҳам аз аҳволи кӯдакон пурсон нашудааст”.
Ба гуфтаи Манзура, ӯ муддати 9 моҳ мешавад, ки дар Русия дар як хона ба корҳои ин оила ва нигоҳубини кӯдакон машғул аст ва ин бори аввал аст, ки ӯ барои кор ба Русия омадаст.
Кӯдакони Манзура дар Тоҷикистон чӣ ҳол доранд?
Ин зан соҳиби ду фарзанди ноболиғ, Муҳибаи 13-сола ва Муҳаммадҷони 4-сола аст, ки айни замон дар Тоҷикистон зери нигоҳубини хешовандон қарор доранд. Модарони танҳо барои таъмини фарзандон ба кишварҳои дигар мераванд, вале фарзандони хурдсолеро, ки тавони бо худ бурданро надоранд, дар хона зери назорати ягон узви хонавода ё хешу ақрабо вогузор мекунанд. Бархе аз фарзандони муҳоҷироне, ки синну солашон то ҷое расидааст, шояд сабру таҳаммул кунанд, вале кӯдаконе ба мисли Муҳаммадҷон, ки то ҳол ба ғамхории волидайн, махсусан ба модар ниёз доранд, дар чӣ ҳоланд?
Барои фаҳмидани он ки Муҳиба ва Муҳаммадҷон айни ҳол дар куҷоанду дар чӣ ҳоланд, мо ба манзили яке аз хешовандонашон ба ноҳияи Файзобод равон шудем.
Муҳаммадҷонро дар саҳни ҳавлӣ дидем, ки бо кӯдакони амакаш якҷо буд ва дар хаёлоти рангини кӯдакии худ хушҳолона бозӣ мекард. Вақте аз модараш пурсон шудем, ба гиря даромад ва гуфт пеши модараш рафтан мехоҳад.
Муҳиба, хоҳари калони Муҳаммадҷон, ки айни ҳол дар синфи 7-ум таҳсил мекунад, интизори он аст, ки модараш зудтар аз Русия баргардаду ҳамеша дар бари онҳо бошад. Ӯ дар суҳбат бо мо гуфт, ки ӯ аллакай калонтар асту ба набудани модараш гарчанде мушкил аст, тоқат мекунад, вале Муҳаммадҷон, ки хурд аст, бисёр модарашро ёд мекунад: “Ман аллакай мактабхон ҳастам, гарчанде дурии модарам маро ғамгин мекунад, метавонам як навъ тоқат кунам, вале додарам, Муҳаммадҷон, ки хурд аст, бисёр аз модарам мепурсад ва гирякунон маро ба назди модарам баред, мегӯяд”.
Дилрабо ном зане, ки худро яке аз хешовандони ин хонавода, муаррифӣ кард ва айни замон Муҳиба ва Муҳаммадҷон дар хонаи онҳо меистанд, иброз намуд, ки ин кӯдакон тӯли панҷ моҳ мешавад, ки дар хонаи хешовандон шабашонро рӯз мекунанд.
“Гоҳе дар хонаи холаанду гоҳе дар хонаи тағо, ё дар хонаи дигар хешовандон рӯзашонро мегузаронанд. Ба ин кӯдакон дили кас месӯзад. Гарчанде мо хешовандон онҳоро хуб нигоҳубин мекунем, вале дар ҳар сурат кӯдакон бояд назди падару модар ба камол расанд. Модарашон мехоҳад онҳоро бо худ гирифта барад, вале вазъи молӣ намегузорад ин корро кунад”.
Манзура, модари Муҳиба ва Муҳаммадҷон низ бовар дорад, ки хешовандон ба фарзандони духтараш ба хубӣ нигоҳубин мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, агар зиндагӣ маҷбураш намекард, ҳеҷ гоҳ фарзандони хурдашро раҳо карда намерафт.
Занон дигар хоҳиши ҳиҷрат карданро надоранд
Мисли Муҳиба ва Муҳаммадҷон имрӯзҳо садҳо кӯдак ҳастанд, ки волидон онҳоро дар Тоҷикистон дар тарбияи падару модари худ ё хешовандон гузошта, роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтаанд. Созмонҳое, ки бо занон сарукор доранд, мегӯянд, шароити бади зиндагӣ, аз ҳам ҷудо шудани оилаҳо занҳоро маҷбур мекунад, то роҳи муҳоҷиратро пеш гиранд. Вале бештари онҳо баъди дубора баргаштан ба ватан дигарбора намехоҳанд рӯ ба ғарибӣ оваранд. Ин нуктаро ахиран намояндагони вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон изҳор намуданд. Ба гуфтаи онҳо, таваҷҷӯҳи занони тоҷик ба муҳоҷирати корӣ низ камтар гардидааст. Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар гуфт, соли 2017 бо сабаби мушкилоти иқтисодӣ дар Русия теъдоди умумии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон шаш маротиба коҳиш ёфт, ки миёни баргаштаҳо занон низ буданд.
– Соли гузашта тақрибан 66 ҳазор занҳои тоҷик аз муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия баргаштанд. Дуруст аст, ки теъдоде аз онҳо ба сабаби зимистони сарди Русия ба ватан меоянд ва бо фарорасии фасли баҳор дубора ба Русия мераванд. Аммо соли гузашта ҳудуди 25 ҳазор нафар занҳо изҳор доштанд, ки намехоҳанд, дубора барои кор ба Русия ҳиҷрат кунанд”.
Созмони Милали Муттаҳид ё ЮНИСЕФ бо анҷоми як тадқиқот дар чанд сол қабл фарзандони муҳоҷиронро бо сабаби аз волидон дур будан “саркаш, осебпазир ва таҳдиде ба ояндаи субот дар ҷомеа”, унвон карда буд. Дар ин тадқиқот, ки чор сол қабл аз ҷониби ЮНИСЕФ анҷом дода шудааст, вазъи 5 ҳазор нафар аз хонаводаҳои муҳоҷирон пурсида шудааст. Аксарияти фарзандони то 15-сола гуфтаанд, ки худро танҳову азёдрафта ва бепуштибон эҳсос мекунанд ва азоб мекашанд.
Коршиносон бар онанд, ки барои ба воя расонидани насли солим бояд бо ворид намудани тағйирот дар қонунгузорӣ, масъалаи нафақапулии кӯдакони оилаҳои аз ҳам пошхӯрда, ҷиддӣ зери назорат гирифта шавад ва барои занон танҳо дар дохили кишвар шароити корӣ фароҳам гардад, то тавонанд ҳадди ақал, то ба воя расиданашон кудаконро аз меҳр ва тарбияи худ дур накунанд.
Тибқи иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон 359 054 нафар шаҳрванд ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудаанд, ки аз ин шумора 48 695 нафарро занҳо ташкил медиҳанд. Тибқи маълумоти ин ниҳод, рафти муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 % кам шудааст.
Аммо, мо фикр мекунем, ки ин рақам ҳоло ҳам зиёд мебошад.
Фарзонаи Умаралӣ