Имрӯз, 27-уми январ, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии чанде аз мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал овард.

Бо фармонҳои ӯ аз вазифа озод шуданд:

Ёқубзода Мирҳаёт Миробид аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Ғайратшо Соҳибназар Қаноатшо, бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия ва ҳамзамон аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Полша.

Зиёӣ Хуршед Махшул бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Маркази тадқиқоти стратегӣ.

Қосим Роҳбар бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Кумитаи рушди маҳал.

Амирзода Раҳмоналӣ Амир, бо сабаби ба нафақа баромадан, аз вазифаи раиси шаҳри Ваҳдат.

Сулаймонзода Музаффар аз вазифаи раиси шаҳри Роғун

Ҷумазода Шарифҷон, бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи раиси шаҳри Ҳисор.

Бо фармонҳои президент таъйин  шуданд:

Сатторов Имомуддин Мирзоевич Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия.

Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳамзамон Намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.

Усмонзода Хайриддин Усмон директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷумазода Шарифҷон раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Исмоилзода Мирзо Иброҳим иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ваҳдат.

Саидзода Сунъатулло, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Роғун.

Қосим Роҳбар, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуданд:

Исмоилзода Мирзо Иброҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик».

Асозода Маҳмадумар Шамсулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»

Холиқзода Мавҷуда бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик».

Ғуломзода Муҳаммад Қурбон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик».

Табарзода Ҷамшед Авзал бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»

Раҳимзода Сайфидин Исмон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ».

Асозода Маҳмадумар Шамсулло раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» таъин карда шавад.

Таъйин шуданд:

Қурбонзода Абдулло Абдураҳим муовини раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик».

Давлатзода Усмон Гул директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ».

Ғаффорзода Ҷурахон Маҳмад муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ».

Ҷабборзода Хуршед Бурӣ муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ».

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here