Дар бинои «Тоҷик эйр» 27- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи авиатсияи ҷумҳуриро қайд карданд. 3 сентябри соли равон дар толори конфронсҳои ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ҷаласа бахшида ба ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи тантанавӣ Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон, Икром Субҳонзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хайрулло Раҳимов, директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр», Лоиқ Ашӯров, директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия», Аслиддин Меликов, муовини директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», Суҳроб Ҷӯраев, муовини якуми директори генералии ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», Саидҷон Касиров, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии кормандони соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистон, собиқадорони соҳаи авиатсияи гражданӣ, намояндагони корхонаю ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва иттифоқҳои касабаи соҳа иштирок намуданд.
Дар ин ҷаласа, директор оид ба парвозҳои ҶСК «Тоҷик Эйр» Файзулло Сатторов иброз дошт, ки мо дар арафаи ҷашни бузург – 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи авиатсияи граждании Тоҷикистон қарор дорем.
– Ҳамаи Шуморо ба ин муносибат самимона табрик менамоям. Дар солҳои сипаришуда ҳавопаймоии гражданӣ чун як соҳаи муҳими иқтисодиёт хеле пеш рафт. Дар ин қатор Ширкати “Тоҷик Эйр”, ки интиқолдиҳандаи миллӣ маҳсуб меёбад, бо вуҷуди баъзе душвориҳо дар рушди иқтисодиёти мамлакат ва қонеъ гардонидани талабот ба интиқолоти ҳавоӣ саҳми муносиби худро мегузорад. Боварии комил дорам, ки кормандони ҶСК “Тоҷик Эйр” минбаъд низ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафти иқтисодию иҷтимоии мамлакатамон фаъолият намуда, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мешаванд. Ҷашнҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи авиатсияи граждании Тоҷикистон муборак бод. Ба ҳар яки Шумо ва аҳли хонаводаатон саломатӣ, хушиҳои рӯзгор ва комёбиҳои беназирро орзумандам», – дар анҷом гуфт Файзулло Сатторов.
Азиз Хайруллоев, сухангӯи ҶСК “Тоҷик Эйр” мегӯяд, ки Ширкати миллии ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҶСК «Тоҷик Эйр» соли 1930 ташкил гардидааст.
– Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» фаъолияташро бо мақсади интиқоли мусофирон, бору бағоч, ҳамчунин хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаи ҳавопаймоӣ ба роҳ мондааст. Стратегияи «Тоҷик Эйр» аз қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти муштариён, рақобати солим ва иттилои ошкор иборат аст. Тақвияти географияи парвозҳо, таъмини бехатарӣ ва мунтазамии парвозҳо, эътимодият ва ҳузуру ҳаловати мусофирон вазифаҳои асосии Ширкати «Тоҷик Эйр» мебошанд,- илова намуд Азиз Хайруллоев.
Гуфтан ба маврид аст, ки айни ҳол дар ҶСК «Тоҷик Эйр» зиёда аз 500 мутахассиси соҳаи ҳавопаймоӣ фаъолият доранд. Ҳавопаймоҳои ҶСК «Тоҷик Эйр» парвозҳои мунтазамро ба Ӯзбекистон (Самарқанд), Ҳиндустон (Деҳлӣ), ҶМЧ (Урумчӣ), Эрон (Теҳрон), Қазоқистон (Алмаато), Қирғизистон (Бишкек) ва Федаратсия Русия (Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Сургут, Нижневартовск, Новосибирск) анҷом медиҳад. Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ҳамчунин парвозҳои мунтазамро дар хатсайрҳои дохилӣ ба марказҳои маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ ва вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд низ анҷом медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки парвозҳо аз ҷониби ҶСК “Тоҷик Эйр” бо ҳавопаймоҳо ва чархболҳои “Boeing” 737-300, “Boeing” 757-200, “Boeing” 767-300, Ан-28, Ми-8 МТВ ва аз ҷониби ҶДММ “Сомон Эйр” бо ҳавопаймоҳои “Boeing” 737-300, “Boeing” 737-800 ва “Boeing” 737-900 анҷом дода мешавад.
Парвиз Аминзода