Дар “Парвоз” – ягона боғи ҳайвоноти шаҳри Хуҷанд, ки солҳои қабл беш аз 40 намуди ҳайвон, парандаю хазанда дошт, имрӯз ҳамагӣ 10 намуд боқӣ мондааст.

Ин боғ дар  Наврӯзгоҳ (Чумчуқарал), воқеъ дар микроноҳияи 34-ум ташкил ёфта, аз сабаби дар лаби дарёи Сир ҷойгир будан, нисбат ба дигар мавзеъҳои шаҳр сардтар аст.

Аввал дар боғи Ғафуров будем, баъди Хуҷанд омадем

Мадина Давлатова гуфт, на ҳама сокинони Суғд имкони сафар ба пойтахт ва тамошои боғи ҳайвонотро доранд, шароити иқтисодии мардумро ҳам бояд ба инобат гирифт.

– Чун худам ба олами ввуҷуш шавқи зиёд дорам ва солҳои зиёд дар сирки кишвари ҳамсоя Ӯзбекистон кор кардам ва хостам дар вилояти Суғд ҳамин иқдомро пиёда созам.  Албатта, таваккал карда даст ба иқдоми ташкили боғи ҳайвонот задем. Дар аввал аз ташкилотҳои қарзӣ вом гирифтем, сипас хонаю дарамонро ба гарав гузошта, корро идома додем. Билохира, дар соли 2022 мошини шахсиямонро низ фурӯхта, барои ҷонварон ғизо мехарем, зеро аз ягон тараф дастгириҳое, ки қаблан ваъда шуда буд, нест, – гуфт ӯ.

– Баъзе аз ин ҳайвонҳоро аз боғи ҳайвоноти Душанбе, баъзеашро аз шаҳри Тошканд харида ба Хуҷанд овардам, ки хеле нархи гарон доранд. Масалан, як шери модаро наздики 4 ҳазор доллар харидем. Нархи як паланг қариб 5 ҳазор доллар аст. Хӯроки инҳо, ки гӯшт аст, хеле барои мо гарон аст. Набудани ҷой, набудани тамошобин, гарон будани маҳсулоти ғизоӣ ва ҳатто дар ҷойи садамавӣ қарор доштани ҳайвонҳои ваҳшӣ мушкили асосии мост, ки умедворам масъулини ҳукумати вилояти Суғд таваҷҷуҳ мекунанд, – иловар кард ӯ.

“Сиркҳои дайду” мушкили моро дучанд кард

Мадина Давлатова мегӯяд, боғи ҳайвоноти хусусӣ бо маблағи тамошои мардум фаъол аст. Нархи билети даромад барои калонсолон 5 ва барои кӯдакон 3 сомонист. Аммо тайи ду соли охир дар вилояти Суғд ду сирки сайёҳ аз кишвари ҳамсоя омада бозори боғи “Парвоз”-ро танг кардаанд.

– Дар аввали кор ният доштем сол то сол саршумори ҳайвонҳоро зиёд кунем, аммо баръакс, ягон дастгирӣ надида, ба ботлоқи қарз ғӯтида, шумори ҷонваронамон низ сол то сол кам мешавад. 3 сол пеш дидам, ки муаммои ҷойи мувофиқ надоштани ҳайвонҳоям ҳал намешавад, охирҳои тирамоҳ қарор додам беш аз 20 намуди онҳоро ба шаҳрҳои  Турсунзодаву Душанбе супорам, – нақл кард Мадина Давлатова.

– Моҳи октябри соли 2019  ба Дастгоҳи Президенти кишвар мактуб карда мушкилотамро баён дошта будам. Шукрона, ки 20 декабр ҷавоби мусбат омад, яъне ба ҳукумати вилоят гуфтанд, ки ба доди ман расанд. Ин мактубро гирифта ба чандин сохторҳои Суғд муроҷиат кардам, аммо байни сохторҳои Суғд “туби футбол” шудаму то ҳол ягон натиҷа нест, – гила дорад Давлатова.

Ёдовар мешавем, ки дар чорбоғи Наврӯзгоҳ (Чумчуқ-Арал)-и, шаҳри Хуҷанд то пош хӯрдани Шӯравӣ як боғи ҳайвоноти хурде вуҷуд дошт, ки мардум ба тамошо мерафтанд. Вале дар пайи сахтиҳои солҳои 90-ум он аз байн рафта буд ва боғи ҳайвонот “Парвоз” ҳам дар арафаи аз байнравист.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь