Сафари навбатии Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ба шаҳри Кӯлоб бо изҳори нигаронӣ ва додани супоришу ҳушдор ба мақомоту корхонаву коргоҳҳои хусусӣ анҷом ёфт. 

Ин дуюмин сафари Сарвазир ҷиҳати натиҷагирӣ аз рафти корҳои созандагӣ ва фаъолсозии корхонаҳои саноатии минтақа мебошад. Моҳи августи соли ҷорӣ Қоҳир Расулзода зимни як сафари корӣ ба роҳбарони корхонаҳои саноатии Кӯлоб ҳушдор дода буд, ки дар сурати фаъол накардани корхонаҳо нисбаташон чора хоҳад андешид.

Ин дар ҳолест, ки аз 63 корхонаи саноатӣ дар Кӯлоб, аксарашон қисман ё пурра аз фаъолият бозмондаанд.  

Аз ин ба баъд хабарнигори “Фараж” дар минтақа Абдуллоҳ Ғурбатӣ пайваста аз фаъолияти бузургтарин кохонаҳои саноатии Кӯлоб гузориш хоҳад дод.

Бо мақсади пайгирӣ аз рафти иҷроиши ин супоришҳо, чоршанбе, 15-уми ноябр аз ҶСК “Пойафзоли Кӯлоб”, ки ғайрииттифоқ ба соҳибкори маъруф ва вазири хадамоти алоқа, Бег Зуҳуров мутааллиқ аст, дидан намудем. Ҳузури мо дар ҳоле буд, ки соат аз вақти оғози рӯзи корӣ 40 дақиқа мегузашт. Эҳсоси он, ки ба коргоҳ каме дертар расидем, то наздик шудан ба саҳни он моро хиҷолатзада мекард. Аммо дидани дари бастаи корхона, посбони нимкорабедор ва як коргари шояд хеле мунтазирмонда эҳсоси хиҷолатро ба тааҷҷуб иваз кард. Ба суоли “Чаро корхона баста аст ва он кай боз хоҳад шуд?”, на посбон ва на коргари онҷо интизор посухе дода натавонистанд. Вале баробари худро шинос карданам гӯё “ҷонҳои беруҳ” ба сухан чӣ,  ки ба занг задан бо телефон даромаданд.

Дар як замон холаи Сарвару апаи Дилорому Ҷамилаву Мақсудаву очаи Лолаву Замира ва кампири Хатича, наздики понздаҳ нафар пайдо шуданд ва албатта иддао карданд, ки коргарони ҳамин корхона ҳастанду ҳаминак роҳбар омада, дарро мекушояд ва рӯзи корӣ бо шӯру шавқ оғоз хоҳад шуд.

Ниҳоят, соати 09:20 дақиқа бригадири коргоҳи дӯзандагӣ – Сарвар Кӯчарова моро тариқи долони дарози торике ба як толори калони барҳаво бурд ва бо гирондани чароғ мутмаин шудем, ки агар биҳишти занони дӯзанда вуҷуд дорад, пас он дар ҳаминҷост.

Анқариб дар сад метр дарозӣ ва тақрибан ҳамин масоҳат паҳноӣ Бег Зуҳуров коргоҳеро дар Кӯлоб соли 2011 хусусӣ гардонид ва бо 220 мошинаи дӯзандагиву дарзмолкуниву поракунӣ ва ғайра дастгоҳҳои замонавӣ муҷҷаҳаз намуд. Дар маросими ифтитоҳи коргоҳ худи Роҳбари мамлакат ширкат дошт ва фаъолияти корхонаро муҳим арзёбӣ намуд: “Кори пурмаҳсули чунин корхонаҳо имкон медиҳад, ки воридоти сарулибоси кормандони низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва либосҳои кории дигар вазорату идора ва корхонаҳо аз хориҷи кишвар кам карда шавад. Ба ин тартиби кор ҳам асъори хориҷӣ ба берун намеравад, ҳам ҷойҳои корӣ муҳайё мегардад ва ҳам даромади буҷетҳои маҳаллӣ афзун мешавад”, – гуфта буд бо итминон Сарвари давлат.

Бо ин ҳама корхона дар минтақа аз ҷиҳати иқтидори истеҳсолӣ дар ҷойи аввал қарор дошт ва умед буд, манбаи кору даромади рӯзгори садҳо зани ҳунарманд гардад. Аммо мутаассифона, “Пойафзоли Кӯлоб” мисоли афсонае буд, ки ба ҳақиқат мубаддал нагашт.

Албатта, дастгоҳҳои дӯзандагии корхона бештараш дар ҷойи худ аст, ба истиснои чанде, ки раис ба ашхоси имконияти маҳдудошта додааст, то дар хона кор кунанду соҳиби нон гарданд. Вале ҷои  нигаронӣ ин аст, ки аз 600 коргар ҳоло дар корхона танҳо 35 нафар кор мекунанд ва он ҳам дар коғаз, ки ба воқеӣ буданашон шак овардам ва дуруст кардам. Шумори воқеии коргарони ҶСК “Пойафзоли Кӯлоб” дар ҳоли ҳозир на бештар аз 8 нафар аст ва ин ҳам аз 600 нафаре, ки соли 2011 Бек Зуҳуров ба Президенти мамлакат ҳисобот дода буд.

Ҳатто вақте бригадири корхона хоҳиш кард, ки мунтазир шавем, ки ба коргаронашон занг бизанад, то зиёд будани онҳоро нишон диҳем, ҳамагӣ камтар аз бист нафар ҷамъ шуданд, ки саросемавор худро ба истилоҳ, “нишон дода рафтанӣ” буданд.

“Чаро шумори коргарон аз 600 нафар омада, ба 8 нафар расид?” – пурсидем аз роҳбари коргоҳ. Ва посух гирифтем: “Фармоиш надорем, барои ҳамин маҷбур будем, 98 фисади кормандонро ихтисор кунем. Ҳарчанд бонувони ҳунарманд хеле зиёданд, ки аз уҳдаи ҳама кор мебароянд, вале фармоиш нест, то мо онҳоро ба кор ҷалб кунем. Агар фармоиш шавад,  мо метавонем ҳамаи онҳоро дубора ҷамъ карда, сари кор биоварем”.

Аҷиб аст, ки корхонае бо чунин иқтидори техникӣ ва кормандони “соҳибтаҷриба” фармоиш надорад. Дар идомаи сӯҳбат бригадири корхона  Сарвар Кучарова бо нидои таассуф илова мекунад: Дар соли ҷорӣ танҳо  як кам бештар аз 1500 ҷуфт сару либоси мактабӣ, 20 ҷуфт кӯрпаву кӯрпача (барои таваллудхона) ва чанд фармоиши кӯчаки дигарро қабул кардему халос. Боқӣ, ҳазор ҷуфт сарулибоси мардикорӣ, ҳазор ҷуфт кӯрпаву кӯрпачаву болишт барои кормандони сохтмонҳои роҳбари корхона – Бег Зуҳуров фармоиш гирифтем ва тамом.

“Чаро корхона бо ин ҳама тавоноӣ ва бузургӣ фармоиш надорад, оё мардум, идораву муассисаҳои таълимӣ ба шумо либоси ягона фармоиш намедиҳанд?” – кунҷкобона мепурсем. “Худатон медонед, ки дар Кӯлоб аксари корхонаҳо муфлис гашта, аз фаъолият бозмондаанд. Пеш корхонаҳо кор мекарданд, коргарони зиёд доштанд, барои онҳо мо сару либоси ягонаи корӣ медӯхтем. Ҳоло дар Кӯлоб тақрибан ягон корхонаи бузург фаъолият намекунад, ки ин гуна фармоиш диҳад.” –мегӯяд Сарвар Кучарова. 

Дар ҳамин ҳол, мутахассиси дигари корхона, Дилором Низомова сабаби фармоиш надоштанашонро дар рақобати носолим дар бозори маҳсулоти дӯхт мебинад: “Ҳозир баъзе фирмаҳои либоздӯзӣ баромадааст, ҳамаи муассисаҳову идораҳо аз онҳо харидорӣ мекунанд. Ба мо ғайр аз роҳбарамон Бек Зуҳуров ягон корхонаву идораи дигар фармоиш намедиҳад. Мо танҳо фармоиши худи раисро иҷро мекунем” – мегӯяд Дилором Нозимова. 

Вақте баисрор хоҳиш кардем, апаи Дилором номи ин фирмаҳоро мушаххас кунад,  мутаассифона, посухе нашунидем.

Аммо посухи Абдураззоқ Хоҷамқулов, мудири шӯъбаи иқтисоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар мавриди он ки “Чаро корхонаҳои дӯзандагии Кӯлоб аз норасоии фармоишгарон танқисӣ мекашанд?” бисёр ҷолиб ва шуниданӣ буд:

-Дар низоми муосири бозоргонӣ мизоҷ худ омада, ба корхона фармоиш намедиҳад, балки ин корхонаҳо бояд ба назди муштарӣ рафта, маҳсулоти худро муаррифӣ ва пешниҳод кунанд. ҶСК “Пойафзоли Кӯлоб” фармоиш надорем гуфта, дар ин самт ягон кор намебарад. Дар бозори маҳсулоти дӯхти Тоҷикистон рақобат шадид аст ва ширкатҳои бонуфуз, ки сатҳу сифати кору маҳсулоташон болост, аксари фармоишҳоро аз тариқи тендер ба даст меоранд.

Дар тақвияти ҳамин гуфтаҳо мудири бахши саноат, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Икром Исматов илова намуд:

-Мушкили корхонаҳои дӯзандагии Кӯлоб дар набудани мутахассисони баландихтисос ҳаст, ки ин дар навбати худ ба сифати маҳсулоти дӯхт таъсир расонда, яке аз омилҳои фармоиш надодани идораҳо мегардад. Мо дар навбати худ ба соҳибкорон тавсия медиҳем, ки аз кишварҳои ҳамсоя, ё ҳадди ақал аз вилояти Суғд мутахассисонро барои омӯзонидани кадрҳои дохилӣ биёранд. Аммо, чуноне ки мебинем, мушкилот дар ин самт то ҳол вуҷуд дорад. Бо ин вуҷуд соҳибкор ваъда додааст, ки дар ин самт кор хоҳад бурд.

Мушкили корхонаҳои дӯзандагии Кӯлоб на дар набудани фармоиш, балки дар нарасидани мутахассисони соҳибтаҷриба ва сифати маҳсулоти онҳост. Ин нуқтаро мудири маорифи шаҳри Кӯлоб Раҳмонов. А низ дар суҳбат бо мо ишора намуд. Ӯ аз ҷумла гуфт:

-Дар соли хониши 2018-2019 мо ба 3 корхона ва як коргоҳи дӯзандагии шаҳр 26 ҳазор сарулибоси мактабӣ фармоиш додем, аммо корхонаҳо натавонистанд ин фармоишро сари вақт ба итмом расонанд. Дар натиҷа волидони 8 ҳазор талаба саргардон шуданд ва ниҳоят аз бозор либоси мактабӣ харидорӣ карданд.Фармоиши мазкур танҳо барои хонандагони синфҳои поёнӣ аз 1 то 5 пешбинӣ шуда буд. Далели барои синфҳои болоӣ фармоиш надодани сарулибоси ягона ин аст, ки сифати маҳсулоти ин корхонаҳо чандон қонеъкунанда нест ва талабагон харидани либосҳои мактабиро аз бозор афзал медонанд. Агар ин корхонаҳо битавонанд маҳсулоти хуб дӯзанд, имкон ҳаст, дар оянда барои бештари хонандагон, ки шуморашон дар Кӯлоб ба 46 ҳазор мерасад  сарулибос фармоиш диҳем.”

ҶСК “Пойафзоли Кӯлоб” ягона корхонаи дӯзандагии шаҳр нест, ки аз фаъолият бозмондааст. Натиҷаи таҳлили мо нишон дод, ки ягон коргоҳ, аз се корхонаи бузургтарини дӯзандагии Кӯлоб, айни ҳол фаъолият намекунад. Ҳарчанд дар ҳисоботи бахши саноати Мақомоти иҷроия “ин корхонаҳо аз фаъолият боз мондагӣ нестанд” омадааст. (Дар бораи ин корхонаҳо “Фараж” дар шумораҳои оянда низ маълумот хоҳад дод.)

Фаъолият накардани корхонаҳои саноатии Кӯлоб танҳо мушкили соҳибкорон нест, балки ба вазъи шуғли аҳолии тамоми шаҳр таъсир дорад.

Мизони шадиди бекорӣ ҳамасола даҳҳо ҳазор сокини қобили меҳнати Кӯлобро роҳии кишвари Русия мекунад. Дар ин росто фаъолият накардани корхонаҳои дохилӣ ба раванди бешуғлмонии аҳолӣ таъсири ҷиддӣ расонидааст. Масъалаи бекории занон дар сеюмин шаҳри калонтарини Тоҷикистон аз дер боз мушкилоти доғ ва ҳалталаб боқӣ мондааст. Танҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ шумори бекорон (танҳо онҳое, ки ба агентии шуғли аҳолӣ муроҷиат намудаанд)  дар шаҳри Кӯлоб ба 1240 нафар расидааст. Аз ин шумор танҳо 662 нафар ба ҷойи кор таъмин шудаанд. Дар ҳамин ҳол манобеъи мо аз агентӣ мегӯянд, адади корёфтаҳо ба маротиб зиёд нишон дода мешавад.

Тайи ҳар сафари корӣ Сарвари давлат ҳазорҳо ҷойи корӣ, махсусан барои занон, ифтитоҳ мекунад. Дар маросими ифтитоҳи корхонаи “Пойафзоли Кӯлоб” Бек Зуҳуров ба Сарвари давлат ваъда дода буд, ки то соли баъдӣ бо сохтани сехи макаронбарорӣ боз 150 нафарро ба кор таъмин мекунад. Ҳамчунин, тибқи супоришҳо, ҷаноби Бек Зуҳуров бояд бо сохтани корхонаи дӯхти пояфзол 300 нафари дигарро ба кор таъмин менамуд. Дар маҷмӯъ, тибқи ваъдаҳо ин соҳибкор бояд беш аз ҳазор нафарро ба кор фаро мегирифт, аммо чуноне ки мо бевосита шоҳид будем, ҳоло корхона 8 коргар дорад, ки онҳо ҳам корашон доимӣ нест.

Аҷиб, оё Сарвари давлат аз ин тасвирсозиҳои соҳибкорон огаҳӣ доранд?

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, «Фараж», Кӯлоб 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь