Барномаи «Шоирона»-и телевизиони «Сафина», ки ба гуфтаи роҳбарият, хоҳишмандону тамошобинони зиёд дорад ва истифодаи аз ҳад зиёди истилоҳҳои «азизони дил», «азизони ба ҷону дил баробар», «ҷонам» ва ба ин монанд аз ҷониби ровиён, ки ба қавле забонзада шудаанд, мавзуи баҳси нишасти матбуотии ин ниҳод бо хабарнигорон гардид.

 

Ба андешаи бархе аз рӯзноманигорон, ки дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ҳам назари интиқодии хешро вобаста ба ин лоиҳа нашр кардаанд, барномаи телевизионии «Шоирона» шоирона нест ва камбудию хатоҳо зиёд дар баёну қироати шеър, ҳамчунин, ҳаракоту рафтори иштирокчиёни он ба мушоҳида мерасад.

Муовини аввали директори МД «Телевизиони Сафина» Каримҷон Азизов, дирӯз, 26-уми июл ба ин масъала дахл карда гуфт, рӯзҳое буданд, ки то 1,5 ҳазор хонандагони мактабҳои миёна бо волидону муаллимон барои иштирок дар сабти барномаи «Шоирона» ба телевизион меомаданд, ки гувоҳи ҳаводорони зиёд доштани ин барнома будааст. Азизов мегӯяд, 1000-1200 нафар ин ҳадди ниҳоиест, ки ҳар рӯзи чоршанбе толибилмони макотиби миёнаи ҷумҳурӣ меоянд ва хоҳиши дар барнома хондани шеърро доранд.

– Ҳоло таътили тобистона аст, вале бо ин вуҷуд рӯзҳои чоршанбеи ҳар ҳафта 300-400 нафар меояд. Дар ин миён кӯдакони хурдосоле ҳастанд, ки алҳол мактабхон нестанд ва бо кӯшиши падару модар шеърҳои хубу баландмазмунро аз ёд кардаанд. Онҳо бо ҷуръат омадаанд, то бо шавқу рағбати зиёд шеърхонӣ кунанд. Албатта, мо аз як кӯдаки 7-8 сола, ки ғазали Ҳофизро аз ёд карда омадааст, дар як муддати кӯтоҳ талаб карда наметавонем, то онро дурусту бехато қироат кунад. Мо маҳдудият ҷорӣ накардем, ки ҳатман ягон адабиётшинос шинаду ба кӯдак гӯяд, ки “ту дар зада хато кардӣ” ё “ғазалро нодуруст хондӣ”. Кӯдаконро мо руҳафтода кардан намехоҳем. Аз аввал ҳадафи барнома ҷалби бештари кӯдакону хонандагон ба шеъразёдкунию шеърхонӣ буд. Хоҳишмандон беҳад бисёранд. Ҳатто мо ба хотири ҷалби бештари хонандагон барои хондани шеър бевосита ба навоҳии дурдаст рафта, барномаро дар он ҷо сабт кардем,- мегӯяд Азизов.

Номбурда ҳамчунин қайд намуд, нафарони масъуле ҳастанд, ки ба мазмуни шеър, ба тарзи баёни он аҳамияти ҷиддӣ ва маслиҳатҳои судманд медиҳанд.

– Масалан, ҳамин тавр шудааст, ки хонанда саросема шуда, ду мисраъ аз Турсунзодаву ду мисраъ аз Лоиқ ва ду байт аз шоири дигарро омехта мекунад, вале онро ҳам сармуҳаррир, ҳам як нафар масъул аз муовинҳо мебинанд. Ин хел нест, ки нодидаву носанҷида ҳамин хел дар эфир равад. Пештар дар навбати аввал кӯшиш мекардем, ки бачаҳо дилшикаста нашаванд. Вақте ки кӯдак аз ноҳияи дурдаст, масалан аз Шаҳритус хеста меояд, ба қадри имкон кӯшиш мекунем, то ӯро ноумед нагардонем. Баъдан, рафта-рафта барнома ҷиддитар шуд, назорат дар иштирок ва сатҳи донишу синну соли нафароне, ки ба “Шоирона” меоянд, ҷиддитар шуд. Ду ҳафтаи охир як гуруҳ хонандагони синфҳои 3-4-5 аз шаҳри Ваҳдат ба барнома меоянд, ки ҳар кадоми онҳо аз 80 то 100 шеър ё ғазал медонанд. Онҳо чунон бурро мехонанд, ки илоҷи дар эфир пахш накардани онҳо нест,- бо боварӣ гуфт муовини директори телевизиони “Сафина”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь