45 нафар корманди  корхонаи фаръии давлатии манзилию каммуналии ноҳияи Панҷ муддати 5 моҳ аст, ки музди моҳонаашонро нагирифтаанд.

Бино ба иттилои сармуҳандиси корхонаи мазкур Беҳруз Бекназаров, корхона худмаблағгузор аст. Бо сабаби фарсудагии техникаҳо наметавонанд сари вақт партовҳоро кашонанд. Аҳолӣ низ аз ин сабаб бо ин корхона шартнома намебандад.

Ба ҳамин далел, 45 нафар корманди корхонаи фаръии давлатии манзилию камуналии ноҳияи Панҷ, ки аз онҳо 7 нафар роҳруб  мебошанд,  аз моҳи августи соли 2018 то ин ҷониб маошашонро нагирифтаанд.

Роҳбари корхонаи мазкур Далер Давлатов дар суҳбати телефонӣ гуфт,  мушкилии асосии корхона набудани техника аст.  Ҳоло корхона як трактор дорад, ки он ҳам вайрон аст.

Ӯ гуфт барои бартараф кардани ин мушкилӣ ба роҳбари болоӣ, яъне ба  Корхонаи воҳиди давалтии хочагии манзиливу коммуналии ҶТ муроҷиат кардаанд, вале посух гирифтаанд, ки бояд ҳукумати ноҳия дасгирӣ кунад. «Ба мо гуфтанд, ки агар аз тарафи онҳо ягон дастгирӣ нашавад, шумо низ партовҳоро тоза накунед», – афзуд роҳбари корхона Далер Давлатов.

Инчунин, роҳбари корхона гуфт, тӯли ин 5 моҳе, ки кормандон маошашонро нагирифтаанд, ҳама сохторҳои болоӣ огоҳанд аммо ягон тадбир андешида нашудааст. Пуле, ки барои корҳои ободонӣ  аз тарафи ҳукумат ҷудо карда мешавад басанда нест.

Дар ҳамин ҳол, аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии ноҳияи Панҷ ба мо хабар доданд, ки ҳамасола барои ободонии ноҳия ба корхонаи фаръии давлатии манзилию камуналии ноҳия маблағ ҷудо карда мешавад. Дар соли 2019 бошад ба ин корхона 300 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст.

Муовини  раиси ноҳияи Панҷ Хайринисо Кенҷаева гуфт, корхонаи фаръии давлатии манзилию камуналии ноҳия худмаблағгузор аст. «Бояд роҳбараш талош кунад, то фаъолияташро беҳтар намуда, коргаронашро саривақт бо музди меҳнат таъмин созад. Ин роҳбар, ки фаъолияташ суст аст аа  аз уҳдаи кораш наметавонад барояд, гуноҳашро ба сари каси дигар бор мекунад. Аз тарафи ҳукумат то қадри имкон дасгирӣ мешавад», – гуфт Кенҷаева. Ба гуфти муовини раис дар мувофиқа бо роҳбарияти болоӣ бояд кормандони корхонаи мазкур ихтисор шаванд, ё ба рухсатии бе музд фиристода шаванд.

Ҳоло дар маркази ноҳияи Панҷ 19 партовгоҳ мавҷуд аст ва вазъи имрӯзаи он низ ташвишовар боқӣ мондааст.  

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев, «Фараж»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь