Мушкили набудани дастгоҳи фюлографӣ дар 14 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон сабаби саргардонии маризону муроҷиаткунандагони зиёд гардидааст.
Мардум бо як овоз: саргардонем!
Зимни суҳбат чанде аз сокинони ноҳияҳои Вахшу Кӯшониён, ки имсол ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дохил шудаанд, гуфтанд, “аз сабаби набудани дасгоҳи рентгенӣ дар марказҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ҳарду навоҳӣ ва дигар навъи муассисаҳои тандурустӣ маҷбурем роҳкиро ва вақти зиёд сарф карда, ба маркази вилоят – шаҳри Бохтар равем”. Аммо, ба қавли онҳо, мушкил дар он аст, ки дар Маркази кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Бохтар низ шумораи корафтодагон хеле-хеле зиёд аст.
Табибон ҳам ҳайронанд
Роҳбари Маркази кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Вахш Фурқат Наҷотзода ҳам зимни суҳбат бо мо набудани дастгоҳи фюлографиро дар ноҳия мушкили асосӣ унвон кард. Ба иттилои вай, маркази мазкур 15 сол боз аз чунин дастгоҳ маҳрум аст. “Мо ноилоҷ сокинонро барои гузаштан аз ташхиси фюлографӣ ба шаҳри Бохтар мефиристем”,- афзуд Наҷотзода.
Содиқ Абдуллоев, роҳбари Маркази кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Бохтар дар ин маврид бо нигаронӣ гуфт, ки “зӯри мо намерасад, ки ба аҳолии дигар шаҳру ноҳияҳо тавассути дастгоҳи фюлографӣ хизмат кунем. Зеро дасгоҳи мо низ аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ монда, зуд-зуд вайрон мешавад. Мардум барои гузаштан аз ташхиси ин дастгоҳ ҳамагӣ 6 сомонӣ медиҳанд. Плёнкаи онро ба мушкилӣ дастрас мекунем. Бояд роҳбарони дигар марказҳо барои дастрас кардани ин таҷҳизот талош кунанд, то мушкили сокинонашонро худ ҳал карда тавонанд”.
– Мо ният дорем, ки ба раиси тозатаъйини ноҳияи Вахш Қурбон Юсупов мактуб навишта, хоҳиш кунем, ки ин мушкили моро ҳал кунад,- дар ҳамин замина иброз дошт Фурқат Наҷотзода.- Агар ин таҷҳизот дар худи ноҳия набошад, сокинон зиёд саргардон мешаванд.
Сардори Маркази кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Кӯшониён Расул Саидов низ айни суханҳои мусоҳибони болоро такрор карда, афзуд, ки барои дастрас кардани дастгоҳи фюлографӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раёсати тандрустии вилоят ва ҳатто ба Вазорати тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ирсол кардаанд. “Ҳоло интизори онем, ки ин таҷҳизотро ба мо дастрас мекунанду сарсонии сокинон ниҳоят ба итмом мерасад”,- гуфт ӯ.
Муроҷиат ҳаст, натиҷа не?
Матлуба Шоҳназарова, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон эътироф кард, ки “дар ҳақиқат набудани дастгоҳи фюлографӣ мушкили асосии кормандони соҳаи тиб дар вилоят мебошад”. Ба иттилои вай, ҳоло дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 12 дастгоҳи фюлографӣ мавҷуд асту халос. Ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, А. Ҷомӣ, Хуросон, Ҷайҳун, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритуз, Носири Хусрав, Восеъ, Фархор, Муминобод, Шамсидин Шоҳин ва Балҷувон ягон адад чунин дастгоҳ надоранд.
Ҳамсуҳбати мо дар идома гуфт, набудани дасгоҳи фюлографӣ дар вақти сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ватан-модар низ монеаҳои зиёд ба бор меорад. Зеро қариб ҳама даъватшавандагон дар маркази вилоят – шаҳри Бохтар аз муоина гузаронида мешаванд.
Ин ниҳоди вилоятӣ имсол не, балки солҳои пеш барои дастрас кардани ин намуд таҷҳизот ва дигар таҷҳизоти муосир ба Вазорати тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба таври хатӣ муроҷиат карда будааст. Аммо хонум Шоҳназарова гуфта натавонист, ки ба он муроҷиатҳояшон чӣ посух гирифтаанд.
Дар ҳамин ҳол, номбурда таъкид кард, ки роҳбарияти раёсат тасмим доранд, ки то охири соли 2019-ум ба ҳама беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дастгоҳи фюлографӣ ворид созанд. Ваъдае, ки санҷиданаш ҳоло имкон надорад.
Сардори Раёсати тандурустии вилоят Мирзоалӣ Раҷабзода ҳам зимни як суҳбати телефонӣ зикр кард, ки аз ин вазъ огоҳ асту ба ҳалли зина ба зинаи ин мушкилот даст задаанд.
Ваъдаҳо ҳаққониянд?
Оё ваъдаи Раёсати тандурустӣ, ки то охири сол 14 ноҳияи вилоятро бо дастгоҳҳои фюлографӣ таъмин мекунанд, амалишаванда аст? Зеро як адади ин дастгоҳ кам не, ҳудуди 300 ҳазор сомонӣ арзиш дорад. Ҳалли ин мушкил, ки солҳои зиёд (беш аз 15 сол) тӯл кашид, оё дар давоми ҳамагӣ панҷ моҳи боқимондаи соли 2019 имконпазир аст? Суол – муаммое, ки посухашро бояд масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва ниҳодҳои дахлдори вилояти Хатлон дошта бошанд.