Фаъоли ҷомеаи Тоҷикистон Обид Шакурзода имрӯз тариқи саҳифаи иҷтимоии Фейсбук ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нома навишта, аз мақомоти иҷроияи ҳокомияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ барои хомӯш кардани барқи хонааш шикоят кард.

Ба навиштаи ӯ кормандони барқи ин ноҳия новабаста аз қарздор набудани ӯву боз чанд ҳамсояи дигараш барқи хонаҳоро хомӯш кардаанд. Мутолиаи номаи зер, ки ба унвони Рустами Эмомалӣ равон шудааст, ба хонанда қазияро рӯшан мекунад:

«Ба раиси шаҳри Душанбе

Рустами Эмомалӣ

аз сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе,

гузаргоҳи дуюми кӯчаи Неъмат Қарабоев, 13,

ҳуҷраи 43, Обиди Шакурзода

Ҷаноби раиси шаҳр!

Ҳудудан як моҳ пеш, намояндагон аз ҳукумати иҷроияи ноҳияи Фирдавсӣ ҳуҷраҳои моро тақ-тақ заданд, ки барои пул омадаем; мехоҳем бинои истиқоматии шумоёнро рангу бор диҳем ва бинобар таҳлилу бароварди мо, ҳар ҳуҷрае мебояд ба миқдори 530 сомонӣ ба мо бидиҳад. Ман дар суҳбат ба онҳо гуфтам, ки ин ҷамъу тарҳи шумоён аз рӯйи адлу инсоф нест, зеро талабе, ки мекунед, дар қиёс ба маоши муқаррар таносуб надорад. Масалан ман 1700 сомонӣ маош дорам, ва бо ин ҳол ҳамсарам хонашин аст, духтарам табиб, ним баст дар бемористон машғул буда андар моҳ ҳаштод сомонӣ маош мегирад, ва писарам ба таври шартномавӣ донишҷӯ шудааст, ки акнун бояд 4500 сомонӣ ҳаққи шартномаи ӯро пардохт кунам. Гуфтамшон, ки ин ибтикори шумоёнро дар зебогардонии пойтахт шоиста аст ва метавонам 10 дарсади маошамро бароятон диҳам, тавони аз ин беш пулдоданро надорам. Аммо ин гурӯҳ (се чор нафар) аз ҳукумати ноҳия танҳо як гап мегуфтанд: бояд 530 сомониро диҳӣ; онҳо пешниҳоди маро қабул накарданд. Ва бегоҳи дигар боз омада дарамро заданд, ки бояд пул диҳӣ. Сипас ба маркази матбуоти шаҳрдории пойтахт тамоси телфунӣ гирифтам ва арзи ҳол кардам. Аз маркази матбуоти шаҳрдорӣ фармуданд, ки чунин қароре ки шаҳрвандон барои рангубори беруни бинои истиқоматӣ ҳатман бояд пул пардозанд аз суи шаҳрдории пойтахт гирифта нашудааст ва низ ҳамчунин дастуре барои мақомоти навоҳии пойтахт мабнӣ бар пул ҷамъкардану тармим кардани шаҳрвандон барои беруни бино дода нашудааст. Намояндаи маркази матбуот афзуд, ки ихтиёр доред пул диҳед ва мувофиқи тавон, масалан имкон дошта бошед 5 ҳазор сомонӣ бидиҳед, надошта бошед панҷ сомонӣ бидеҳед ва ё аслан надиҳед. Бегоҳ, ки гурӯҳи пулчини ҳукумати ноҳия боз дарамро заданд, такроран гуфтамшон ки ҳозирам даҳ дарсади маошамро баротон диҳам (170 сомонӣ), аммо қудрати бештарро надорам, ки мавзуъро баротон шарҳ дода будам ва қазияи суҳбат бо намояндаи шаҳрдории пойтахтро ҳам барояшон ёдоварӣ кардам. Аммо қабул накарданду рафтанд.

Инак, пас аз гузашти ду-се ҳафта, дишаб ногоҳ барқи хонаам хомӯш шуд. Берун омадам ва дар даромадгоҳи бино ду нафар аз кормандони умури барқи ноҳияро дидам (аз пӯшокҳои танаашон ва мошини тамғадорашон шинохтам), онҳо гуфтанд, ки барқи хонаатро мо хомӯш кардем. Гуфтамшон, ки бародарон, ман аз барқ қарздор нестам ва мураттабу муназзам ҳазинаи барқро пардохт кардаам. Аммо ин ду корманд гуфтанд, ки гап бар сари ҳазинаи барқ нест, моро ҳукумати ноҳия фармон додааст, ки маҳз барқи шуморо қатъ кунем. Инак то ин вақти шом мо ҳудудан барқи 35-40 ҳуҷраро қатъ кардем. Гуфтамшон, ки агар ҳукумати ноҳия дастур диҳад, ки хонаи моро оташ занед, оё ин амрро ҳам ба ҷо меоред? Ин устоҳои барқ бо фурӯтанӣ ҷавоб доданд, ки мо маошхӯр ҳастем, ҳич гоҳ хонаи касеро оташ намезанем, аммо агар ин дастурро ба ҷо наорем (яъне қатъкардани барқи хонаҳои мардум), аз кор ронда ва саргардону бемаош хоҳем монд.

Пас, чанд ҳамсояи бебарқи дигарро ҳам вохӯрдам ва қазия равшан шуд: ҳукумати ноҳия ба таври худ маро бо ҳамсару фарзандҳоям ҷазо дода, аз истифодаи барқ маҳрум кардааст ва бо ин кор нишон медиҳад, ки мо чунин қудратро ҳам дорем! Зимнан, ҳафтаи гузашта, дар маъракаи дӯсте дар маҳалли Зарафшони пойтахт будам. Он ҷо ҳам беруни биноҳоро рангубор мекарданд ва пурсидам аз сокинони он ки чанд пул медиҳед барои ин кор. Гуфтанд, ки ҳукумати ноҳия худ ин амалро иҷро кардааст, аз мо чизе дархост накарда. Акнун равшан мешавад, ки дар маъмурияти ҳокимони ноҳия шаҳри Душанбе фазои ба истилоҳ, як бому ду ҳаво ба миён омадааст, ки ин вари бом гармову он вари бом сармо. Бо қатъи барқи хонаҳои мо маъмурони ҳукумати ноҳия сӯи мардум ангушти таҳдид баланд кардаанд, ки дирӯз барқатро қатъ кардаем, ҳоло интизор бош, фардо аз об маҳрум мемонӣ ва пасфардо, боз намедонам аз чӣ чиз маҳрум карданиянд.

Бо арзи ин матлаб, аз Шумо – Рустами Эмомалӣ, раиси муҳтарами шаҳр, эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки ба ин қазия равшанӣ андозед. Яъне, оё воқиан банда маҷбурам, ки ҳамчун як нафар маошхӯри оилаву сарпарасти чаҳор нафари хонаводаи хеш, ба маъмурони ҳукумати ноҳия беш аз сивусе дарсади маоши худ (530 сомонӣ) бидиҳам? дар ҳоле, ки он гуна арз кардам, худ мушкилоте пеши рӯ дорам?! Ва оё ҳукумати ноҳия, ки маъмуру масъули ободии маҳал ва таъмингари рифоҳу осоиши мардумон аст, ин ҳаққу ҳуқуқро дорад, ки дар сурати пули дархостии онҳоро надодан, барқи хонаи моро қатъ кунад? Магар ин дар меъёри Қонунҳои таъинкардаи давлати мост?

Бо камоли эҳтиром Обиди Шакурзода.

27. 9. 2018.»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь