Шаби 17 июни соли 2018 аз тариқи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон дар барномаи «Роҳи шаб» суҳбати журналист Зикриё Раҳимов бо сарояндаи ансамбли «Фалак»-и Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фотима Машрабова намоиш дода шуда буд.

Дар оғози суҳбат саранҷоми суоли нахусти гӯянда Зикриё Раҳимов чунин буд: 

_ … Шумо аз чандсолагӣ ба санъаткорӣ сар кардед?

Аз муҳтавои суолгузор ва посухҳои сароянда бинанда гумон мекунад, ки бо сарояндаи бузургсоле рӯбарӯст. Вале чун чеҳраи зебову дилкаши Фотимаро мебинад, аз фикраш зуд бармегардад. Сароянда бо такаллум ва имову ишораҳои пурҷозибаи саҳнавӣ гуфт, ки аз 5 солагӣ ба роҳи санъат рафтааст. Равшан гашт, ки номбурда дар оилаи санъаткорон ба воя расида, дар ин ҷода қадамҳои устувор гузошта истодааст. Гуворо низ буд, ки пора-пора мусиқиро аз жанрҳои «Фалак»-у «Шашмақом» ва сурудҳои ҳиндиву итолиёвӣ бо садои ба истилоҳ «зинда» пешкаши ҳаводоронаш гардонид ва қазовати чигунагии зеру бамии овоз ва пешрафти касбии сарояндаро ба донандагони соҳа вогузор мекунем. 

Манзури банда ин ҷо чизи дигар аст. Сарояндаи ҷавон аз роҳи тайзадааш дар ҷодаи санъат ба навъе ҳарф зад, ки ба собиқадорони соҳа хос буд. Ба гуфти мусоҳиб ӯ баъди гирифтани диплом аз роҳи озмун бо дархости Давлатманди Хол, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, ба ансамбли «Фалкак» ба кор омадааст. Аҳсант! Фотима Машрабова дар бозгӯи ному насаби зан-як тан аз устодаш Ҳунарманди халқии Тоҷикистонро барғалат «Мастона Эргашев» ном бурд. Ё худ, бар давоми суҳбат якбора ин тавр гуфт: «Устод маро санҷид…» Ба зоҳир ин ҷумла бенуқс менамояд, аммо дар зимн, мақсади гӯянда норавшан мондааст. Ҷумла бояд бад-ин зайл ба гӯши мо мерасид: «Устод бо тақозои касбияти воло ҳунар (ё истеъдод-С.Ҳ.)-и маро санҷидан хост.»

Баъдтар дар идомаи намоиш аз забони сароянда боз мешунавем: «Декан гуфт: «Пуштата гардон.» Чи лафзи омиёнаву хандасоре! Шояд, барои худи мушоҳид он лаҳза ин амр ошно бошад, лекин пешниҳоди матлаб, яъне ифодаи фикр бо забони дур аз фасоҳат, пешорӯи ҳазор-ҳазор тамошобини ҳушманду маънирас дар чунин шакли урён ҳаргиз қобили қабул буда наметавонад. Тамошогар дертар пай мебарад, ки канортар аз сароянда фортепианно истода будаасту омӯзгор ҳунари шогирдашро донистан мехоҳад. Мазмун, мефаҳмонад, ки акнун рӯятро ҷониби асбоби мусиқӣ-фортепианно бигардону ҳунаратро пешорӯи мо нишон бидеҳ. Истифодаи паиҳами вожаи «ростӣ» ё «ба ростӣ» аз сӯи мусоҳиб ончунон бисёру дилбазан ба забон оварда шуд, ки рости гап, мо ҳам аз ин калимаи хушоҳанг то андозае дилгиру парҳезгор шудем.

Ин камбуд-риоя накардани таносуби сухан ва бетаваҷҷуҳӣ ба забони модарӣ ба бисёре аз сарояндагону навозандагони ҷавон ва ҳатто бузургсоли мо дар пахши барномаҳои фарҳангии шабакаҳои телевизионҳои кишвар як навъ одати маъмулӣ шудааст. Ҳол он ки ин тарзи пешниҳоди барномаҳои садову симо сареҳан, аз як сӯ бозгӯи сатҳу сифати муаллифони таҳиягар бошад, аз тарафи дигар, дар кадом поя қарор доштани донишу сарводаи қаҳрамонони намоишро нишон медиҳанд.

Тасаввур кунед, имрӯзҳо барномаҳои садову симо ва матолиби рӯзномаву маҷаллаҳои ҳамаи давлатҳо, мин ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сайту интернету моҳвораҳо ба ақсои олам дастрас мегарданд. Суоли матраҳ: «Он вақт ҳамзабонони мо берун аз марз ба афкори бепояву тиҳӣ аз маънӣ ва забони махлути бегона чӣ навъ баҳо медиҳанд?»

Чанд сол пеш дар Шабакаи Телевизиони «Пойтахт» (ҳоло «ТВ Душане») ҳофизи ҷавони дигари (ному насабаш аз ёдам рафтааст!) аз фарҳанг фарсахҳо дур, бо садои бешираву бемаъно, пуркароҳат ва ҳаракоти ночаспонаш суруди хушку дақиёнусии «Ҷикак-ҷикакут мекънм духтарак…»-ро хонда, ҳамагонро дархашм оварда, «шӯру валвала» андохта буд. Аз он ҳайронем, ки ин гуна «ситора»-ҳои санъатро киҳо, ба чӣ хотир ва аз кадом манофеъ таблиғгарӣ мекунанд?  

Ба андешаи инҷониб, пеш аз пахши чунин барномаҳо роҳбарияти телевизионҳо ва масъулони шуъбаи танзим як бор боназокат ва ҷиддияти тамом мантиқу таносуби суҳбат ва забони барномаи ҳофизонро дар  мизони на танҳо мусиқии дилнишин, балки аз роҳи таҳаммулу хирад низ баркашида, сипас, онро ба маърази қазовати бинандагони сершумор бигузоранд. Охир, гӯши мо зарфи шумо нест-ку, бародарон ва хоҳарони гиромиқадр!  

Роҳбарияти Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масъала чӣ назар доранд?

 

Сипеҳри Ҳасанзод, 

Аълочии матбуоти Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь