Ҳифзи Ватан яке аз вазифаҳои муқаддастарин ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки мо хизмати ҳар хизматчии ҳарбиро бояд қадр кунем, ҳама дар атрофи муҳофизони Ватан муттаҳид бошем то дар таъмини амнияти кишвар якҷоя саҳм гирем.

Ҳамагон огоҳем, сулҳу осоише, ки имрӯз мо дорем бо чӣ ҷонбозиҳое ба даст омадааст ва маҳз хизмати ҳарбиён, бахусус онҳое, ки дар сарҳад хизмат мекунанд, боис аст, ки амнияти кишвари мо ҳаматарафа таъмин гашта, сулҳу салоҳ пойбарҷо бимонад. Бо назардошти вазъи ба амаломада дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон пешниҳод мекунам, ба сарбозону афсароне, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон хизмат мекунанд, чун дар минтақаҳои гарм, имтиёзҳои махсус дода шавад. Имтиёзе, ки бояд аз хизматрасониҳои тиббӣ, комуналӣ, таълим то маоши онҳоро фаро гирад. Чунин имтиёзҳо дар ҳар кишвар вуҷуд дорад ва сарбозону афсароне, ки дар минтақаҳои гарм хизмат мекунанд, аз имтиёзҳои махсус бархурдоранд.

Масалан, маоши онҳое, ки дар сарҳади Тоҷикистон бо Қирғизистон хизмат мекунанд, бояд ду баробар зиёдтар аз дигарон бошад. Онҳое, ки захмӣ мешаванд, аз табобат ва дигар имтиёзҳо бархурдор шаванд.

Ба фарзандони онҳое, ки дар муноқиша фавтидаанд, нафақаи махсус таъйин карда шуда, ба таҳсили ройгон дар донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсуси касбии кишвар фаро гирифта шаванд.

Аскароне, ки дар чунин нуқтаҳои доғ хизмат мекунанд, дар сурати дархости онҳо, дар оянда ба кор дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қисмҳои ҳарбӣ ҷалб карда шаванд.

Инчунин, имтиёзҳои дигар, аз қабили таъмин бо замини наздиҳавлигӣ, хона ва ғайра бояд нахуст ба хизматчиёни сарҳадӣ, ки дар минтақаҳои доғ, аз ҷумла сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон хизмат мекунанд, дода шавад.

Холиқи Муҳаммадназар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here