Ӯзбекистон талош дорад, ки пулҳои Гулнора Каримоваро аз бонкҳои Шветсария баргардонад. Гуфта мешавад, ки Ӯзбекистон дар ин бора бо Шветсария созишнома ба имзо расонидааст.

Бар асоси ин созишнома дороиҳои Гулнора Каримова ба маблағи беш аз 131 миллион доллари амрикоӣ, ки дар суратҳисобҳои бонкии ӯ дар Шветсария нигоҳ дошта мешуданд, ба Ӯзбекистон баргардонида мешаванд.

Аммо дар иҷрои ин созишнома ҷониби Шветсария саросема шуданӣ нест. Барои он ки ин ҳуҷҷат ҳукми қонуниро касб намояд, ба ҷониби Ӯзбекистон иҷрои чанд талаб дар миён гузошта шудааст.

Яке аз ин талабҳо пулҳои ба Ӯзбекистон баргардонидашуда танҳо бояд барои беҳбуди ҳаёти мардуми ин кишвар ва сармоягузориҳои лоиҳаҳои рушди устувор масраф карда шаванд.

Аз Ӯзбекистон ҳамчунин мониторинги шаффофи харҷи ин маблағҳои интиқолёфта низ ба сифати шарти зарурӣ тақозо гардидааст. Дар баробари ин, дороиҳои Гулнора Каримова ба маблағи 650 миллион франки шветсарӣ бар асоси баррасии парвандаи ӯ, ки ҳанӯз идома дорад, масдуд кунонида шудаанд.

Созишномаи чорчӯбаи имзошудаи миёни Ӯзбекистону Шветсария ҳамчунин барои баргардонидани маблағҳои дигаре низ корбаст шуда метавонад, ки дар чаҳорчӯби ин парвандаи ҷиноӣ мавриди мусодира қарор хоҳанд гирифт.

Қобил ба ёдоварист, ки баъди фавти нахустпрезиденти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба духтарбузурги ӯ – Гулнора Каримова ду парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Гуфта мешавад, ки вай дар тороҷи маблағҳои калон ва барои саркашӣ аз супурдани андоз муттаҳам мешавад. Маблағи умумие, ки аз рӯи ин ду парванда ба давлат ва мардуми Ӯзбекистон марбутанд,  1 миллиарду 200 миллион сӯм, 1 миллиарду 600 миллион доллар ва 26 миллиону 100 ҳазор евро мебошанд.

Дар айни ҳол Гулнора Каримова дар маҳбаси занонаи ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд нигоҳ дошта мешавад. Чанд маротиба баррасии парвандаҳои ҷиноии ӯ ва шариконаш баргузор гардид. Моҳи марти соли равон додгоҳи шаҳри Тошканд Гулнора Каримоваро ба 13 солу 4 моҳ аз озодӣ маҳрум кард.

Ҳамроҳони ӯ низ дар ташкили гурӯҳи ҷиноӣ ва тамаъҷӯӣ, ба тороҷ бурдани пулҳои буҷаи давлат ва содири ҷиноятҳои дигар гунаҳкор карда мешаванд.

Дар муқобили духтарбузурги Ислом Каримов як қатор мамлакатҳо, аз ҷумла, ИМА, Шветсария, Шветсия, Нидерланд, Фаронса, кишварҳои назди Балтик низ парвандаҳои ҷиноӣ боз кардаанд. Бар ин асос дар бонкҳо амвол ва садҳо миллион доллар маблағҳои ӯ «ях» кунонида шудаанд.

Аҷиб аст, ки барои ба даст овардани маблағҳои Гулнора Каримова кишварҳои дигар низ қотеъона даъвогарӣ мекунанд.

Моҳи майи соли равон Вазорати адлия ва Додситонии кулли Ҷумҳурии Ӯзбекистон эълон карданд, ки аз Фаронса 20 миллион доллари Гулнора Каримоваро баргардониданд. Ҳамчунин мақомоти Ӯзбекистон изҳор намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои қудратии Шветсария, ИМА, Фаронса, Федератсияи Русия ва амсоли он чорабиниҳо дар мавриди баргардонидани маблағҳои ба тороҷбурдаи хонум Каримова идома дорад. Ҷамъи ин маблағҳо 1 миллиарду 300 миллион доллари амрикоиро ташкил мекунанд.

Дар муддати чор соли охир шабакаҳои иҷтимоӣ, расонаҳои мустақил чанд маротиба дар бораи ба бемории  сахт гирифтор шудани духтарбузурги Ислом Каримов, ибрози нигарониҳои писару духтари Гулнора Каримова аз вазъи саломатии ӯ, фавти ногаҳониаш дар маҳбаси ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд хабар дарҷ карданд. Аммо баъд маълум шуд, ки ин иттилоъ бепояву беасосанд.

Ҳамчунин, миқдори маблағҳои ба тороҷбурдаи Гулнора Каримоваро бахши ӯзбекии Бӣ-Бӣ-Сӣ (BBC) 15 миллиард доллар ҳисоб кардааст, вале маълум нест, ки ВВС ин рақамро бо такя ба кадом манбаъ эълон кардааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь