Ман Марҷонаи Давлат, сокини ноҳияи Рашт, ҷамоати шаҳраки Ғарм мебошам. Беадолатиҳои роҳбари Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рашт Ғиёсов Роҳат маро маҷбур намуд, ки дарди диламро нависам.

Ман модари танҳо, соҳиби ду фарзанд мебошам. Онҳоро бепадар калон карда истодаам. Ман тибқи фармони роҳбари Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рашт, таҳти рақами 49 аз санаи 01.12.2017 ба ҳайси фаррош ба кор қабул гардидаам. Ҳангоми кор дар ин муассиса вазифаи ба зиммаам гузошташударо бо як масъулияти баланд ва интизоми намунавии меҳнатӣ иҷро намуда, ҳамаи супоришҳои роҳбарияти идораро сари вақт бо сифати баланд иҷро мекардам. Дар давоми фаъолияти кориам дар ин муассиса аз ҷониби роҳбарияти идора нисбати ман ягон норозигӣ мушоҳида карда нашудааст. Нисбати ман ягон муҷозоти интизомӣ тадбиқ карда нашуда буд. Баръакс, барои интизоми баланди кориам ва фаъолияти пурсамарам роҳбарият ва коллективи коргарон аз ман розӣ буданд.

Баъд аз иваз шудани сардори идора 9.03.2018 сол бо фармони роҳбари нави он Ғиёсов Р. аз 16.03.2018 сол таҳти рақами 15 бинобар гӯё ихтисор шудани вазифаи корӣ маро мувофиқи талаботи моддаҳои 42 ва 39-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кор озод намуданд.

Аз сабаби он, ки роҳбари Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рашт Ғиёсов Р. аз 16.03.2018 маро бар хилофи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кор озод намуда буд, аз ин рӯ бекор кардани онро бо асосҳои зерин аз суди ноҳия хоҳиш кардам.

Аз ҷониби роҳбари идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия  тартиби аз кор озод намудани ман вайрон карда шуда, ҳуқуқҳои меҳнатии ман дағалона поймол карда шудаанд. Тавре дар боло қайд карда гузаштам, дар давоми корам дар ин муассиса ман интизоми меҳнатиро риоя намуда, сари вақт ба кор ҳозир мешудам. Ҳамаи дастуру супоришҳо ва вазифаи худро ба хубӣ иҷро мекардам. Бо кормандони муассиса муносибати хуби корӣ доштам. Аммо раиси нави Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рашт маро ғайриқонунӣ аз кор озод намудааст.

Масалан, роҳбари идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия  Ғиёсов Р. маро дар асоси талаботи моддаҳои 42 ва 39-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудааст, ки ин ғайриқонунӣ мебошад. Зеро, мувофиқи муқаррароти моддаҳои 42 ва 39-и Кодекси мазкур, ҳангоми ихтисор шудани вазифа ва аз кор озод намудани корманд, бо ин моддаҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон асос карда намешавад. Аз ин ҷо бармеояд, ки маро мувофиқи қонуне, ки вуҷуд надорад, аз кор озод кардаанд.

Ғайр аз ин, ман модари танҳо буда, дар таъминотам ду нафар фарзанди ноболиғ дорам. Ва онҳоро ман танҳо тарбия карда истодаам. Ман ягон манбаи дигари даромад надорам ва аз кор озод намуданам боиси мушкилоти моддию маънавии ман ва ду фарзанди ноболиғам гардидааст.

Мутобиқи талаботи моддаи 56-и КМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми аз кор озод кардан дафтарчаи меҳнатӣ дар рӯзи охирини кор ба корманд супорида мешавад. Дар сурати кашолкорӣ оид ба супоридани дафтарчаи меҳнатӣ бо гуноҳи корфармо ба корманд барои ҳар рӯзи кашолкорӣ музди миёна дода мешавад.

Тавре дар боло қайд кардам, маро раиси идора Ғиёсов Р. 16.03.2018 бо фармон таҳти рақами 15 аз кор озод намуданд. Аммо бо гузашти 1 моҳ онҳо ба ман дафтарчаи меҳнатӣ надоданд. Баъди даводаву кӯшишҳои зиёд онҳо ба ман дар санаи 19.04.2018 дафтарчаи меҳнатӣ доданд. Дар чунин ҳолат корхона уҳдадор аст, ки ба ман маблағи 5000 сомонӣ ҷуброн кунад.

Ман оид ба ин қонуншикании роҳбарияти Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рашт ба суди ноҳия муроҷиат намудам. Якум, то ки маро бинобар ғайриқонунӣ будани ин фармон аз нав ба ҷои кори пештараам барқарор намояд. Дуюм, аз ҳисоби ҷавобгар – идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия маблағи 5000 сомонӣ барои сари вақт ба ман надодани дафтарчаи меҳнатӣ рӯёнида шавад. Сеюм, Ғиёсов Р. рӯзи 9-уми марти соли 2018 роҳбари корхона таъин гардид. Аммо маро ҳанӯз 6-уми март аз кор озод намуда буданд. Чун диданд, ки ман даъво пеш овардам, онҳо хатои худро дарк карда, пеш аз рақами шаш рақами якро илова карданд, гӯё маро 16-уми март аз кор озод карда бошанд. Бояд тазаккур дод, ки штатҳои кории корхонаро на дар моҳи январ, балки дар охири моҳи апрел тасдиқ кардаанд. Аз ин бармеояд, ки вазифаи маро ихтисор накарда, маро аз кор озод кардаанд.

Ҳангоми баргузории суд аз идораи мазкур мутахассиси пешбар оид ба кадр Тоҷов Қутбиддин дар мурофиа иштирок кард. Мувофиқи нишондоди вай, гӯё ман аз 10.01.2018 сол шаш рӯз беасос ба кор набаромада бошам. Ин нишондоди дурӯғу бофтаи Тоҷовро судяи ноҳия Холиқзода А. далели боэтимод дониста, озод намудани маро аз кор қонунӣ донист. Ҳол он ки, агар ман дар давоми моҳи январ 6 рӯз ба кор набаромада бошам, пас чаро маошамро пурра гирифтам? Дигар ин ки, чанд сол Ғиёсов Р. дар идораи мазкур ба ҳайси сардори қитъаи Ғарм кор мекард. Ӯ ба идора дар давоми моҳ 1 ё 2 бор меомад. Ҳатто дар давоми моҳи ноябру декабр пурра дар кор набуд. Мутахассиси калони кадр Тоҷов Қ. Бошад, тамоми сол танҳо то нисфирӯзӣ дар корхона менишинад. Ва баъди нисфирӯзӣ ӯро дар ҷои кор пайдо кардан мумкин нест.

Дар мурофиаи судӣ дар бораи ба ҷои Марҷонаи Давлат навишта шудани Давлатова Марҷона аз тарафи мутахассиси пешбар оид ба кадр Тоҷов Қ. даъво пеш овада бошам ҳам, дар ҳалнома дар ин бора ишорае нест.

Сардори идора Ғиёсов Р. маро аз 16.03.2018 аз кор озод намудааст, аммо ба ман нусхаи фармон ва дафтарчаи меҳнатиамро надодааст. Ӯ ба сармусоҳиб Абдуллоев Д. амр додааст, ки “ҳоло мо Марҷонаро аз кор озод намудем, ӯ бояд то пайдо кардани ҷои кори нав ба идора наояд”. Зеро, он вақт рӯзи аз кор озод шудани ман маълум набуд. Вақте назди мутахассиси пешбар Тоҷов Қ. рафтам, гуфт, ки “туро сардор аз кор озод кардааст. Акнун ба идораи шуғли аҳолӣ рафта, худро чун бекор ба қайд гузор”. Аммо онҳо ба ман нусхаи фармон ва дафтарчаи меҳнатиамро надоданд ва маро моҳе сарсону саргардон карданд. Танҳо адвокат Абдуҳаким Алимов саргардонию сарсонии маро дида, ба ман маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дод.

Ман ҳар рӯз вақти зиёди худро паси дари роҳбарони ин муассиса сипарӣ мекардам. Аммо дар муддати як моҳ аз идораи мазкур фармон ва дафтарчаи меҳнатиамро гирифта натавонистам. Зеро дар соати корӣ ва рӯзи корӣ корманди шуъбаи кадр Тоҷов Қутбиддинро дар идора пайдо кардан мумкин нест. Борҳо бо телефон бо ӯ тамос гирифтан хостам, аммо ӯ телефонашро набардошт. Баъди ҷустуҷуҳои зиёд ӯро пайдо кардаму дафтарчаи меҳнатии аз дӯкон харидаамро додам, то онро пур намояд. Ӯ дафтарчаро гирифта як сӯ гузошту гуфт, ки пагоҳ онро омада гирам. Пагоҳ омада дафтарчаи меҳнатиамро гирифтам, аммо онро нодуруст пур карда буд. Ба хатои ҷиддӣ роҳ дода буд. Ному насаби маро нодуруст, ба ҷои Марҷонаи Давлат Давлатова Марҷона сабт карда буд.

Судяи Суди ноҳияи Рашт Холиқзода А. дар ҳалнома овардааст, ки гӯё дар гирифтани дафтарчаи меҳнатии ман кашолкорӣ нашудааст. Судя Холиқзода дар мурофиаи судӣ ҳамаи даъвоҳои маро беасос донист, гӯё муҳлати аризаи даъвогиро гузаронида ва онро 11.05.2018 супорида бошам. Ӯ дидаю дониста даъворо ба фоидаи онҳо ҳал кард. Ҳатто зарур надонист, ки роҳбари корхона Ғиёсов Роҳатро ба мурофиа даъват намояд. Судя Холиқзода А. набояд ба хатоӣ роҳ медод. Зеро, аризаро корманди шуъбаи корбар Қаландаров рӯзи 30.04.2018 аз ман бо имзои тасдиқкунанда қабул кардааст.

Хонандагони азиз, шояд шумо норозигӣ намоед, ки барои як ҷои кори беарзиши сиёҳ ин қадар даъво чӣ лозим бошад? Аз шумо узр мепурсам, аммо дар шароити куҳистон ҷои кор пайдо кардан хеле душвор аст. Бахусус барои ман барин бевазан, ки ду фарзандамро бо ин маблағ тарбия мекардам. Аз даст додани ҷои кор барои ман ва ду фарзанди ноболиғам ба фоҷиа баробар аст.

Вобаста ба мушкилиам ба идораҳои бонуфузи ҷумҳурӣ борҳо муроҷиат кардам, аммо ҷавоби қаноатмандкунанда нагирифтам. Пас аз ин ба хулосае омадам, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо шикояти як нафар камбағали бесоҳиб, бевазан ва нодорро касе аз рӯи адлу инсоф ҳал намекунад.

Марҷонаи ДАВЛАТ,

сокини ноҳияи Рашт

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь