Бо сабаби нарасидани муассисаҳои томактабӣ аз ҷамъи умумии кӯдакони вилояти Хатлон ҳамагӣ 2,8 дарсадашон ба кӯдакистонҳо рафтаанд.  

Тибқи иттилои Алимзода Салоҳиддин, корманди Сараёсати омори вилояти Хатлон, дар вилоят 514 ҳазору 515 нафар кӯдакони синни то мактабӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумора ҳамагӣ 14 ҳазору 601 нафарашон ба кӯдакистонҳо таъмин карда шудаанд. Боқӣ  97 дарсади дигар  аз муассисаҳои томактабӣ дур мондаанд. Ба иттилои ӯ дар вилояти Хатлон 1 ҳазору 570 деҳа ва 155 ҷамоат мебошад, ки дар бештари онҳо муассисаҳои томактабӣ вуҷуд надоранд. 

 Бархе аз коршиносон зимни суҳбат ба мо гуфтанд, ки аксарияти ин муаасисаҳо мавриди фурӯш қарор гирифтаанд. Хосият Миралиева, сармутахассиси муассисаҳои томактабии раёсати маорифи вилояти Хатлон, мегӯяд, ки яке аз омилҳои пурра таъмин нагардидани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар он аст, ки аксарияти ин навъи муассисаҳо фурӯхта шуданд ва ё бо дигар мақсад истифода мешаванд. 

 -Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят солҳои пеш 75 кӯдакистон аз тарафи масъулони мақомоти маҳаллӣ фурӯхта шудаанд. Чунин ҳолат бештар дар шаҳрҳои Бохтар,  Кулоб, Норак, Леваканд, ноҳияҳои Кушониён, Фархор, Муъминобод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ,  Панҷ, Ёвон, Ҷ. Балхӣ,  Ҷайҳун, Қубодиён ва Вахш ба назар мерасад. Бояд гуфт, ки дар ин  шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 18 адад  кӯдакистонҳо фурӯхта  шуда, беш аз 10 адад ба дигар сохторҳо дода шуда, қариб 10 адади дигар ба мактабу гимназия табдил дода шудаанд. Агар масъулони мақомотҳои маҳаллӣ ва шуъбаҳои  маорифи шаҳру ноҳияҳо 45 боғчаи харобшудаи дигарро барқарор мекарданд, имкони таъимни 7 ҳазор кӯдаки дигар дар ин даргоҳ имконпазир мебуд, – мегӯяд Х. Миралиева.

Номбурда мегӯяд, ки дар вилояти Хатлон теъдоди муассисаҳои томактабӣ ба 141 адад расида, дар онҳо 14942 нафар (3%) кӯдакон таълим мегиранд. Дар маҷмӯъ,  фарогирии  кӯдакон дар муассисҳои томактабӣ ва марказхои инкишофи кӯдак дар вилоят ба  34 ҳазору  576 нафар (8%) расидааст, вале  ин шумора қонеъкунанда нест. Зеро дар вилояти  Хатлон  479   ҳазору 776  нафар кӯдакони синни томактабӣ сабти  ном  шудаанд, ки 97 дарсади онҳо аз муассисаҳои томактабӣ дур мондаанд.  

Масъулини раёсати маорифи вилоят мегӯянд, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ беш  41 муассисаи томактабӣ аз фаъолият бозмонданд. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ 30 адади онҳо барқарор карда шуда, боқӣ дар ҳолати ногувор қарор доранд. 

Гуфта мешавад, ки баъзе аз кӯдакистонҳои вилоят ҳудуди 27 соли охир рӯи таъмирро надидаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки то имрӯз 70 кӯдакистон дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Бояд гуфт, ки вазъи ногувори кӯдакистонҳо дар ноҳияҳои Ҷалолидини Балхӣ, Вахш, Бохтар, Хуросон, Дӯстӣ, Шаҳритус, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Темурмалик ва Восеъ бештар ба мушоҳида мерасад.

 

Барнома рӯйи коғаз монд?

 Мувофиқи “Барномаи рушди муассисахои томактабӣ” дар вилояти Хатлон давоми солҳои 2014-2017 бояд 169 муассисаҳои томактабии хусусӣ сохта, ба истифода дода мешуд. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тӯли ин муддат ҳамагӣ 4 адад муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон то соли 2020 дар миқёси вилоят бояд 365 кӯдакистонҳои хусусӣ сохта ва ба истифода дода шавад. 

Роҳбарияти мақомоти вилоят мегӯянд, ки бо назардошти омилҳои зикргардида, зарурияти ҷалби сармоягузории иловагӣ барои рушди соҳа вуҷуд дорад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мегӯянд, ки ҷиҳати иҷрои пурраи қарори раиси вилояти Хатлон аз 28 майи соли 2014, таҳти  № 107 “Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020” оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, таҳти №295 чораҳои мушаххас андешидаанд.

Мирзо Эшов, мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён мегӯяд, ки аз 38 ҳазор кӯдакони синни томактабӣ дар ноҳия ҳамагӣ 456 кӯдак дар 4 муассисаҳои томактабӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки ин 1 фоизро ташкил медиҳад. Инчунин, дар 32 маркази инкишофи кӯдакон 940 кӯдаки дигар ҷалб шудаанд. Ӯ гуфт, ки барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои  2014-2017 то кунун амалӣ нашудааст. 

Бояд гуфт, ки вақтҳои охир волидон низ аз ҳолати ногувори кӯдакистонҳо изҳори нигаронӣ доранд. Сайдали Дӯстматов, як сокини ноҳия Кушониён аз вазъи ногувори боғчаҳо шикоят карда гуфт, ки муассисаҳои томактабӣ наметавонанд, ки ба талаботи ҳозира ҷавобгӯ бошанд.

-Ду фарзанди ман дар муассисаи томактабӣ таълим мегиранд. Онҳоро ҳаррӯз маҷбур ба онҷо мебарам. Сабаби бо дили нохоҳам рафтани кӯдакон, вазъи ногувори кӯдакистон мебошад. Ман барои фарзандонам моҳона 80 сомонӣ пардохт менамоям. Илова бар ин, ҳаррӯз ним нон бо худ мебаранд. Қаблан маблағи моҳона барои як кӯдак 35 сомонӣ буд. Ҳоло ин маблағ ба 50  сомонӣ  мерасад, – мегӯяд ӯ. 

Муҳамади Саидвалӣ, сокини ноҳияи Ҷайҳун низ аз норасоии кӯдакистонҳо дар ноҳияи худ ва вазъи ногувори онҳо изҳори нигаронӣ карда гуфт, ки дар як ноҳияи калон ҳамагӣ ду боғча фаъолият дорад ва барои як кӯдак дар як рӯз то 2 сомонӣ ҷудо мекунад. Ин дар ҳолест, ки як нон дар бозор то ду сомонӣ арзиш дорад. Гузашта аз ин, ба сабаби нарасидани кати хоб кӯдакон дар фарш хоб мекунанд.

 

Талабот зиёд аст, аммо ҷой нест!

Гулаҳмадова Манзура, мудири муассисаи томактабии № 9 шаҳри Бохтар ва Раҷабова Дилафруз, мудири кӯдакистони №2 ноҳияи Кушониён аз он нигаронӣ кардаанд, ки ҳаррӯз волидон кӯдаконашонро ба ин даргоҳ меоранд, аммо аз сабаби набудани ҷой  наметавонанд онҳоро қабул кунанд. Ба гуфтаи Гулаҳмадова Манзура дар муасссаи томактабии № 2 шаҳри Бохтар, ки соли 1986 барои 150 кӯдак сохта шудааст, имрӯз 202 кӯдак таълим мегиранд, ки ин аз меъёр зиёд аст. 

Коршиноси дигар Зуҳробону Сиддиқова, дотсенти кафедраи педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав мегӯяд, ки  кӯдакон бояд дар боғчаҳо ба хотири азхудкунии забон, маданияту санъат, фарҳанг, одобу анъанаҳои миллӣ тарбия гиранд.

– Таълиму тарбияи кӯдакон масъулият мехоҳад. Нигоҳ доштани саломатии онҳо, муҳаё намудани шароит барои инкишофи мутаносиби равонӣ, зеҳнӣ ва ҷисмонӣ барои кӯдакон аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба шумор меравад. Ҳар гуна бозиҳо, ки дар кӯдакистонҳо гузаронида мешаванд, дар ҳаёти онҳо нақши муҳим мебозад. Мутассифона, дар кӯдакистонҳои мо чунин навъи бозиҳо кам ба назар мерасад.  Боғча барои ташакулёбии кӯдак таъсири бениҳоят сахт мерасонад. Кӯдаконе, ки дар боғча тарбия мегиранд, маҳорати суханронӣ, донистани забони русиро ба зудӣ аз худ мекунанд,- мегӯяд Носира Сиддиқова. 

Дар пайравӣ бо гуфтаҳои боло Шарифа Каримова, омӯзгор аз шаҳри Қӯрғонтеппа   мегӯяд, ки омили асосии хуб ба роҳ монда нашудани таълиму тарбия дар кӯдакистонҳо дорои маълумоти олӣ набудани аксарияти мураббиён мебошад.

– Мураббӣ шахси оддӣ нест. Ӯ бояд психологияи кӯдакро хуб донад ва мувофиқи синну сол бо онҳо муносибат карда тавонад. Агар вазъи кӯдакистонҳо ҳамин хел рафтан гирад, шояд дигар волидон кӯдакони худро ба кӯдакистонҳо надиҳанд, – мегӯяд ӯ  

Бояд гуфт, ки рушди соҳаи маорифро Ҳукумати кишвар дар зинаи аввали сиёсати худ қарор додааст. Вале масоили ҳалталаби муассисаҳои томактабӣ ҳанӯз зиёданд. Чунин вазъият ба таълиму тарбияи кӯдакон таъсири манфӣ расонида, ояндаи онҳоро зери суол қарор медиҳад. Акнун интизор мешавем, ки то куҷо мақомоти дахлдор дар вилояти Хатлон барои ҳалли ин мушкилӣ мекӯшад. 

Вақт довар хоҳад буд!

Раҳмоналӣ Додархуҷаев

Аҳмадҷон Раҳимзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь