Хуҷанди куҳану ҳамешаҷавон, ки дар радифи шаҳрҳои Бухорою Самарқанд аз даврони муқаддам то ба имрӯз аз марказҳои машҳури илму фарҳангу тиҷорати Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, бо иқлими хуш, сокинони ҳунарманду меҳмоннавозаш таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб менамояд.Ба шаҳри Хуҷанд, ки бо сифатҳои «тирози ҷаҳон», «арӯси дунё» ном баровардааст, набераи Каюмарси Одам-Ҳушанг асос гузоштааст, ки сарчашмаҳои таърихӣ бар он гувоҳанд. Дар замони шоҳи каёнӣ- Кайқубод ва дар аҳди Дороб Хуҷанд боз ҳам ободу зебо гардидааст. Хуҷанд бо фарзандони бузургаш-мунаҷҷиму риёзидони забардаст, пешвои донишмандон Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ (асри Х), шоиру адибони номвар Собиту Садриддини Хуҷандӣ (асри ХI), Шайх Маслиҳатдин Бадеъуддини Нурӣ (асри ХII), Маҳастии Хуҷандӣ (асри ХII), Зиёуддини Хуҷандӣ (асри ХIII), Хоҷа Камоли Хуҷандӣ (асри ХIV) аллома Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимӣ, Раҳим Ҷалил, Зариф Раҷабов, Солеҳ Раҷабов, шоираи номдори тоҷик Фарзона ва даҳҳои дигар устодони илму адабаш ифтихор дорад.

Аз шаҳри Хуҷанд Шоҳроҳи Бузурги Абрешим убур мекард, ки боиси иртиботи доимӣ бо тамаддуну тиҷорати ҷаҳонӣ ва рушду нумӯи маънавию иқтисодии шаҳр мегардид.

Ба таърихи Хуҷандшаҳр агар назар афканем, он ба қаъри асрҳо мерасад ва бо саҳифаҳои пуршарафу нотакрораш боиси ифтихор ва ибрати мо гардидааст. Дар авроқи рангини таърихи шаҳр сарнавишт, рӯзгор ва роҳи бузурги тайкарда, анъана ва русуми хоса, бо зарҳал нигошта шудааст.

Имрӯз шаҳри Хуҷанд аз лиҳози мақому нуфуз, иқтидори иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ дар Тоҷикистон дар ҷойи дуюм пас аз пойтахти мамлакат қарор дорад. Нуфузи сокинони шаҳр сол то сол афзуда, то 1- январи соли 2018 180,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Имрӯз Хуҷандшаҳр ба сӯи уфуқҳои тозаи рушду нумуъ қадам мезанад. Бунёди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Маҷмааи бошукуҳи истироҳатию фарҳангӣ ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, бо қомат афрохтани пайкараи муҳташами бунёдгузори давлати миллии тоҷикон-Амир Исмоили Сомонӣ, ба истифода додани Варзишгоҳи бошукуҳ барои 25 ҳазор нафар, майдони кушоди теннис, ҳавзи шиноварӣ, Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд», тармиму таҷдиди Кохи Рӯдакӣ ва даҳҳо иншооти дигари иҷтимоию фарҳангӣ самараи истиқлол, мояи ифтихори сокинони Хуҷанд, мардуми вилояти Суғд ва Тоҷикистони азиз мебошад.

Баргузории «Рӯзи фарҳанги шаҳри Хуҷанд дар Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд» ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон худ шаҳодати он аст, ки кишвари маҳбуби мо-Тоҷикистон, вилояти овозадори мо-Суғд, шаҳри ҳамешасабзу ободи мо-Хуҷанд, рӯз ба рӯз, соат ба соат рушд меёбад, бо дастовардҳои беназираш дар ҷаҳони мутамаддин муаррифӣ мегардад ва бо фарзандони вафодору фарзонааш ифтихор дорад.

Ифтихор аз ватану ватандорӣ, хидмат баҳри рушди ватан, мароми ҳамешагии сокинони Хуҷандшаҳр ва Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Аз 31-уми марти соли 2017 марди фарҳангиву бунёдкор Маъруф Муҳаммадзода, ки мақсаду маромаш бунёдкориву созандагист раиси шаҳри Хуҷанд-маркази маъмурии вилояти Суғд мебошад. Ободиҳои ахири шаҳри овозадори Хуҷанд дар раванди ободкориҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз таҳти роҳбарии ин марди фидоиву кордон сурат мегирад. 

Хуҷанди бостон

Дар бораи Хуҷанди ибтидои асрҳои миёна ва давраи Сомониён бештар сарчашмаҳои хаттии форсиву арабизабон маълумот медиҳанд. Назар ба маълумотҳо, нимаи дуюми асри VII номи шаҳр бори аввал дар шакли «Хуҷанд(а)» вомехӯрад (ал-Белазурӣ). Дар шакли «Гюйчжанти» номи шаҳрро сарчашмаҳои чинӣ дар хроникаи Таншу (боби 221) ҳам хотиррасон менамоянд. Ҷуғрофиядонҳову сайёҳони арабизабон Ибн-ал-Асир, ад-Димишқӣ, Ёқути Ҳамавӣ, Ибни Ҳавкал, ал-Муқаддасӣ, Ибн-ал-Фақеҳ, Истахрӣ бештар дар бораи Хуҷанди асрҳои VIII-ХII, яъне давраи ба ин шаҳр ҳуҷум намудани арабҳо ва то замони арафаи ҳуҷуми муғулҳо ба Хуҷанд маълумот додаанд. Ба ахбори Ибн-ал-Асир биноан (асри ХII-ибтидои ХIII), Хуҷанд ба қатори он шаҳрҳои Осиёи Миёна дохил мешуд, ки зидди ҳуҷуми арабҳо муборизаи яроқнок бурдааст. 

Хуҷанд дар асри миёна

Хуҷанд ҳам ибтидои асрҳои миёна, хусусан асрҳои IХ-Х сеқисма буду аз куҳандиз (куҳанқалъа бо арки маликнишин), шаҳристон ё мадина (худи шаҳр) ва работ (мавзеъҳои наздишаҳрӣ) иборат буд. Умуман, ба қавли ал-Истахрӣ, масоҳати Хуҷанди асри Х шаш-ҳафт километр буда, дарозиаш аз бараш бартарӣ доштааст. Шаҳристон, ки девораш асрҳои VI-VII сохта шудааст, (А.Мирбобоев), аз маҳаллаҳои истиқоматии шаҳриён бо масҷиди ҷомеъ ва муассисоти дигар, куҳандиз бошад, аз қароргоҳи расмии ҳоким, лашкаргоҳ, маҳбас ва ғайра, работ-ҳудуди наздишаҳрӣ-бо қисмҳои ҳунармандиву тиҷоратӣ иборат буданд. Асрҳои ХI-ХII шаҳристону работи Хуҷанд ба ҳам омезиш ёфтаанд. Дар шаҳристон чанд муассисоте ҷойгир буданд, ки якеи онҳо майдони Намозгоҳ-Мусалло (ҷои намозхонии умумиву калон)-и Хуҷанд буд.

Қисми дигари Хуҷанд минтақаи майдони Панҷшанбеи шаҳр буд (онро дертар қисми ба деҳаи Қалъаи нав ва Мазор дохилшаванда ҳам меҳисобиданд). Он майдон чун маркази ҳунармандиву тиҷоратии Хуҷанд берун аз работи асримиёнагии Хуҷанд, тахминан асрҳои ХIV-ХVI шакл ёфтааст. Вале ҳафриёти археологии солҳои 70-уми асри ХХ дар ин майдон гузаронида (ҷои собиқи «саройи унҷигиҳо»-чойхонаи «Шарқ»-тарабхонаи собиқи «Панҷшанбе»-Осорхонаи собиқи вилоятии таърихӣ-кишваршиносӣ-Маркази савдои «Ҳоҷӣ Абдулазиз») ва бозёфти ду тангаи мисин (якеаш мансуб ба асри ХII дар жарфии 3 м.) гувоҳи он аст, ки ин минтақа ҳам аз қисмҳои қадимаи шаҳр аст. Асри ХII дар ин ҷо мақбараи мулкдору шоир ва арбоби барҷастаи дин, пешвои маслиҳатгару ҳокими Хуҷанд Бадеуддини Нурӣ (тахаллусашон «шайх Муслиҳиддин») бунёд мегардад ва сонитар дар атрофи он маҷмааи ҳамноми таърихӣ-меъмории шайх Муслиҳиддин шакл меёбад (асрҳои ХIV-ХIХ).

Ибни Ҳавкал менависад, ки Хуҷанд «байни вилоятҳо аз ҷиҳати ҳусну назокат ягонаест»; ал-Муқаддасӣ махсус қайд мекунад: «Хуҷанд-шаҳри пурҳаловатест дар ин сӯ, аз он дида шаҳри дилкаштаре нест, аз байнаш наҳре ҷорист ва дар шафаташ куҳест, ки онро оқилону шоирон мадҳу сано мегӯянд. Ва дар Шарқу Ғарб зеботар шаҳре аз он нест. Вай мафтункунандаву дилрабост, касонро моту мабҳут месозад, бо форсӣ онро «дил бибурда» гӯянд».

Дар таърихи Хуҷанд сокинони шаҳр борҳо барои озоди хеш бо истилогарон даст ба гиребон шуда дар мудофиаи шаҳр қаҳрамонӣ нишон додаанд. Дар асри XIII дар вақти истилои муғулҳо қаҳрамонии худро Темурмалики паҳлавон нишон дода буд, ки ҳоло халқи ин шаҳр бо ӯ ифтихор доранд.

Роҳи Абрешим

Шаҳри Хуҷанд чун маркази савдо, ҳунармандӣ дар гузашта машҳур буд. Роҳи корвонгузари тиҷоратии асримиёнагӣ-«Роҳи бузурги абрешим» ба Осиёи Миёна, аз Ҳиндустон, Эрон, Шарқи Наздик, Чин ва ҳавзаи баҳри Миёназамин аз ин ҷо мегузашт.

Хуҷанд дар садаи 19 ва 20

24 маи соли 1866 ба шаҳр аскарони подшоҳӣ даромаданд ва он ба ҳайати Русия дохил шуд. Ин воқеа аҳамияти прогрессивӣ низ дошт. Минбаъд ба Хуҷанд инқилобиён ва равшанфикрони рус омаданд, ки онҳо дар инкишофи шуури синфӣ ва худогоҳии маҳаллӣ таъсир гузоштанд.

4 июли 1916 мардуми Хуҷанд ба муқобили сиёсати мустамликадории Русияи подшоҳӣ ва феодалҳои маҳаллӣ шӯриш бардоштанд, ки он дар тамоми Осиёи Миёна паҳн гашт. Дар ҷараёни муборизаҳои синфӣ инқилобчиёни машҳур ба майдон омаданд. 24 ноябри 1917 Ҳокимияти Советӣ дар Хуҷанд ғалаба кард. Дертар шаҳр аввал ба ҳайати РСС Ӯзбекистон ва аз 2 октябри 1929 ба Тоҷикистон ҳамроҳ шуд. Соли 1936 шаҳр Ленинобод ном гирифт.

Хуҷанд ва ИҶШС

Дар солҳои Ҳокимияти шӯравӣ Хуҷанд ба яке аз марказҳои калони иқтисодӣ ва мадании Тоҷикистон табдил ёфт. Соҳаҳои асосии саноат: бофандагӣ, коркарди металл, бинокорӣ, дӯзандагӣ, хӯрокворӣ. Соли 1982 дар шаҳр зиёда аз 25 корхонаи саноатӣ мавҷуд буд. Комбинати шоҳибофии шаҳр яке аз калонтарин корхонаҳои саноатии ИҶШС буда, 80% шоҳии Тоҷикистон (зиёда аз 45 навъ ва 500 номгӯи матоъ)-ро истеҳсол мекард. Соли 1981 комбинати консерви шаҳр 53 млн қуттии консерв мебаровард, ки ин миқдор бо тамоми консерви корхонаҳои Русия (1913) баробар буд. Дар шаҳр комбинатҳои шир, равған, масолеҳи бинокорӣ, заводҳои тухми кирмак, шиша, «Торгмаш» (зарфҳои қаҳвапазӣ, термостатҳо ва ғайра), истеҳсоли зарфҳои сирдор, «Газаппарат*, таъмири автомобил, истеҳсоли маснуоти оҳану бетонӣ, нон, матбаа, фабрикаҳои мебелсозй, пойафзолдӯзӣ ва ғайра фаъолият менамуданд. Маҳсулоти саноати шаҳр ба Булғория, Куба, Руминия, Венгрия, Муғулистон, Афғонистон, Алҷазоир, Ҳабашистон, Ҳиндустон, Гвинея, Сомали ва ғ. фиристода мешуд. 

Хуҷанд дар замони истиқлол

Дар солҳои Истиқлоияти Тоҷикистон дар натиҷаи гузаштан ба иқтисоди бозаргонӣ ҳоло бештар корхонаҳои хусусӣ ва иттиҳодияҳои саҳҳомӣ ташкилу фаъолият намуда истодаанд. Аз соли 2010 Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” (МОИ “Суғд”) бо сармояи ватаниву хориҷӣ ба фаъолият шуруъ намудааст ва имрӯз аввалин маҳсулоти корхонаҳои он ба муомилот баромадаанд. Махсусан, дар Хуҷанд соҳаи сохтмон дар замони истиқлолият рушд намудааст. Дар шаҳр чунин иншоотҳои нав ба монанди бинои нави Донишгоғи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, комплекси варзишӣ бо ҳавзи шиноварӣ, меҳмонхонаи баландошёнаи “Эҳсон” мактабу кӯдакистонҳо, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, хизмати маишӣ, бозору мағозаҳо ва муассисаҳои давлатӣ қомат рост намуданд. Боғу хиёбонҳои нав ба вуҷуд омаданд. Масалан, 21 марти соли 2015 боғи навсозишудаи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо пайкараи ӯ, мақбара ва хонаю чорбоғи рамзии ин шоири ширинкаломи тоҷик, ки оромгоҳи воқеияш дар шаҳри Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад, дар маскани собиқ боғи фароғатии шаҳрӣ ифтитоҳ ёфтааст. 

Маҳаллаҳои машҳури Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд чунин маҳалаҳо мавҷуд мебошанд:

Маҳаллаи «Хуҷанд», «Тути калон», «Чорчароғ», «Раззоқ», «Масҷиди Савр»,  «Қори Раҳмат Қурбонов», «Содир Ҳофиз», «Шарқ», «Сарибаланд», «Ҷаббор Расулов», «1 Май»,  «Сирдарё»,  «Сайҳун», «Чашмаи Арзана», «Бофанда», «Ваҳдат», «Темурмалик», «Тиллакон», «Мевагул», «Суғдиёна», «Навбаҳор» ва ғ.  

Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”

Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” соли 2009 ҳамчун қитъаи алоҳидаи (маҳдуди) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳудуди аниқ муқарраргардида таъсис ёфта, дар он барои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ шароити имтиёзноки иқтисодӣ ва низоми махсуси иқтисодӣ муҳайё карда шудааст. Намуди МОИ “Суғд” саноатӣ-инноватсионӣ буда, бо ҳадафҳои умумииқтисодӣ, рушди тиҷорати хориҷӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ -техникӣ ба муҳлати 25 сол ташкил шудааст. Дар ҳудуди МОИ “Суғд” ташкил намудани инфрасохтори муосири муҳандисию нақлиётӣ, телекоммуникатсионӣ ва истеҳсолии ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани ихтироот ва фановарии ватанӣ, ташкили шабакаи истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ тоза низ дар назар аст.Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” дар қисмати ҷанубу ғарбии шаҳри Хуҷанд ҷойгир шудааст. Дар ин қитаъаи замин таҳлили геологию геодезӣ ва лоиҳакашӣ анҷом дода шудааст. Масоҳати умумии МОИ “Суғд” 320 гектарро ташкил медиҳад.

Нақлиёт

Дар масофаи 12 км дуртар аз Хуҷанд Фурудгодҳи байналмиллалии Хуҷанд (LBD) амал мекунад. Фурудгоҳи мазкур ба бештар аз 600 ҳазор нафар мусофирон дар як сол хизмат мекунад. Аз фурудгоҳи Хуҷанд хатсайрҳои мустақими доимӣ ба давлатҳои ИДМ, Ҳиндустон, Чин ва АМА амал мекунанд.

Дар шаҳри Хуҷанд истгоҳи роҳи оҳани калонтарин мавҷуд мебошад, ки вилояти Суғдро бо қисми ҷанубии Тоҷикистон, инчунин бо дигар минтақаҳои давлатҳои хориҷи дуру наздик пайваст мекунад. Дарозии умумии роҳҳои оҳан дар ҷумҳурӣ 943 км-ро ташкил медиҳад, ки 678 км онро роҳҳои асосӣ ташкил медиҳанд. Ҳиссаи калони ҳамлу нақли молу маҳсулоти байнидавлатӣ ба роҳи оҳан рост меояд.

Аз қаламрави вилоят роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ бо дарозии 354 км мегузарад, ки қисми шимоли кишварро бо ҷануби он пайваст мекунад. Шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ба худ якчанд нақбҳоро, ки дарозии умумиашон зиёда аз 10 км.-ро ташкил медиҳад дар бар мегирад. Шоҳроҳи мазкур соли 2012 аз нав таъмир карда шуда ба истифодабарӣ дода шуда буд.

Фарҳанг ва маориф

Дар шаҳри Хуҷанд 6 театр ва марказҳои фарҳангӣ, 5 толори консертӣ, 11 китобхонаҳои оммавӣ, 10 китобхонаҳои хусусӣ, 3 осорхона, 10 адад ёдгориҳои таърихӣ, 48 мактабҳои маълумоти умумӣ, 31 боғчаи кӯдакон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи Давлатии Ҳуқуқ, Бизнес, ва Сиёсати Тоҷикистон,

Донишкадаи куҳию металургии Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ , 7 стадион, 210 иншоотҳои варзишӣ ва 4 ҳавзи шиноварӣ мавҷуд мебошад. 

Ёдгориҳои шаҳр

Мақбараи шайх Муслиҳиддин (а.XIV) ва боқимондаи Қалъаи Хуҷанд (а.VII-VIII) аз ёдгориҳои таърихй ва меъморй мебошанд. Дар бинои тарҳрезишудаи Қалъаи Хуҷанд ҳоло, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бунёд гардидааст. Дар ҳаминҷо, назди соҳили Сирдарё нимпайкараҳои адибону аломаҳои ин диёр гузошта шудааст. Дар соҳили рости дарёи Сир дар давраи шӯравӣ ҳайкали В.И.Ленин қомат афрохта буд (ҳоло, ба ҷойи он муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гузошта шудааст). Дар маркази шаҳр, инчунин ҳайкали ёдгории ҷанговароне, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанй шаҳид шудаанд ва нимпайкараҳои инқилобчиёну ходимони намоёни давлативу фарҳангии хуҷандӣ гузошта шудааст.

Маркази илму фарҳанг

Хуҷанд бо намояндагони илму адаби форсу тоҷик ба монанди Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ (а. X)-мунаҷҷим ва риёзидон, Маҳастии Хуҷандӣ (а. XII)-адиба, Камоли Хуҷандӣ (а.XIV)-шоир, Муҳаммадаминхоҷаи Кошиф (1825-1887)-шоир, Тошхӯҷаи Асирӣ (1864-1916)-шоир, маорифпарвар, Абдуллои Файёз (1847-1934)-шоир, Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов (1842-1925) – ҷуғрофияшинос ва сайёҳ ифтихор дорад. Марказҳои фарҳангии Хуҷанд-Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ (Хуҷанд) (таъсис, соли 1917), Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандӣ (Таъсис, соли 1932), Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар ш. Хуҷанд, 4 мактабҳои таҳсилоти олӣ ва диг. муассисаҳои илму фарҳанг ва маориф мебошанд. Чунин шахсиятҳои номдор ба монанди Фарзона, Розия Озод, Мавҷуда Ҳакимова, Норинисо-адибаҳо, Муҳаммад Осимӣ-(1920-1996) файласуф, академик, раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, Юсуф Носиров-(1932-2007) биолог, академики Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, Маъруфхоҷа Баҳодуров-(1920-1997) сароянда, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон, Мунзифа Ғаффорова-(1924-2013)файласуф, доктори илм, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Зикриё Бобохоҷаев, табиб, клинитсист, доктори илм, профессор, Ҷӯрабек Набиев-(соли 1941), сароянда, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон ва диг. зодагони ш.Хуҷанд, дар Тоҷикистон соҳиби шуҳрат шудаанд.

Бозори Панҷшанбе

Бозори «Панҷшанбе» дар маркази Хуҷанд воқеъ аст. Майдони васеи назди бозор бо фаввора оро дода шудааст. Рӯ ба рӯи бозор Мақбараи шайх Муслиҳиддин (а. XIV) бино ёфтааст. Калонтарин бозоре, ки дар шакли пӯшида дар Осиёи Миёна дар даврони шӯравӣ сохта шудааст, бозори овозадори «Панҷшанбе» мебошад. Бозори «Панҷшанбе» солҳои 50-уми асри XX сохта шудааст ва аз ҳамон вақт манбаи хариду фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, хӯрокворӣ ва лавозимоти саноативу хоҷагидорӣ мебошад ва барои сокинону меҳмонони Хуҷанд хизмат мерасонад.

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Ифтитоҳи иншоотҳои замонавӣ дар шаҳри Хуҷанд дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва фароҳамсозии имконоти васеи истироҳату фароғат барои сокинону меҳмонони шаҳр мебошад. 

Гуфтан ба маврид аст, ки дар рӯзҳои таҷлили Иди Ваҳдати миллӣ аз тарафи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи хонаҳои истиқоматӣ, боғча ва чойхона дар маҳаллаи Суғдиён баҳри истифодабарӣ қарор дода шуданд.

Дар самти ободонӣ ҳамчун ҳадафҳои бунёдкорӣ ба роҳсозӣ ва таъмиру таҷдиди онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда истодааст. Тибқи нақшаи тасдиқшуда соли ҷорӣ 32,5 км таъмири роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла 12,5 км таъмири роҳҳо ва кӯчаю хиёбонҳо ва 20,0 км роҳҳои автомобилгарди байни биноҳои истиқоматии микроноҳияҳо ва дохилии маҳаллаҳо ба нақша гирифта шуда, то имрӯз зиёда аз 23 км роҳҳо асфалтпӯш карда шуда, корҳо дар ин самт тақвият меёбанд. Боиси тазаккур аст, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва бевосита дастгирии раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода кӯчаи 30 солагии Ғалаба, кӯчаи Сирдарё аз Наврӯзгоҳ то гардиши Ором, байни микроноҳияҳои 12-13 бо сифати баланд мумфарш карда шуданд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни Сада, 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар, Наврӯзи байналмилалӣ, соли 2018–“Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ҷашни дар пешистодаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ташкил ва гузаронидани 1300 рӯзи ободонию созандагӣ дар шаҳри Хуҷанд, дар самти иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ ва равнақи созандагию бунёдкорӣ то имрӯз як қатор чораҳо амалӣ гардиданд.

Оғози бунёди роҳи танобӣ дар Хуҷанд

Бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба сохтмони роҳи танобии шаҳри Хуҷанд аз мавзеъи Боғи Камоли Хуҷандӣ то Маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ санги асос гузошта шуд. Роҳбари вилоят афзуд, ки дар доираи эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар шаҳри Хуҷанд роҳи танобӣ бо дарозии 1050 метр аз тарафи соҳибкорони ватандӯст бунёд мегардад. Роҳи танобӣ дорои 47 кобина бо ғунҷоиши 4 нафар, аз ҷумла 7 кобинаи хизматрасони олӣ буда, дар як вақт барои 160 нафар хизматрасонӣ менамояд.

Гуфтан ба маврид аст, ки баландии роҳи танобӣ дар сатҳи дарё 35 метрро ташкил дода, баъди истифода додани он 16 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Фармоишгар ва пудратчии иншоот ҶДММ «Абдурашид» буда, масолеҳи сохтмонӣ пурра ватанӣ мебошад. Интизор меравад, ки роҳи танобӣ охири соли равон мавриди истифодабарӣ қарор мегирад.

Оғози расмии фаъолияти автобусҳо дар шаҳри Хуҷанд

Бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар назди пояи Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд ҳодисаи муҳими фараҳбахш ва аҳамияти иқтисодиву иҷтимоидошта- маросими оғози расмии фаъолияти автобусҳо дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ қайд кард, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд», ки бо маблағгузории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар ҳаҷми 28, 8 миллион доллари амрикоӣ ба маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд 25 адад автобусҳои замонавии истеҳсоли Федератсияи Русия ворид карда шуд ва ин имкон медиҳад, ки сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёти мусофиркаш беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати ҳамроҳонаш аз ҷумла муовинони раиси вилоят, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, раиси шаҳри Гулистон Матлуба Сатториён, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Нозирӣ, собиқадорони меҳнат, фаъолон ба автобусҳо нишаста ба самти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров равон шуданд.

Саид САИДОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь