Дар шаҳри Хуҷанд ду духтари ноболиғ, ки дар синфи 9 таҳсил мекунанд, писарбачаеро, ки гуфта мешавад ҳамсинфашон аст, бо задани шаш корд захмӣ кардаанд. 

Муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода дар машварати роҳбарони мактабҳои шаҳри Хуҷанд аз ин ҳодиса бо изҳори нигаронӣ хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, духтарон хонандаҳои синфи 9-уми мактаби №23 шаҳри Хуҷанд мебошанд.

“Ду духтараки ноболиғ, ба як писарбача — хонандаи синфи 9-уми мактаби №23 шаш корд задааанд. Бале, духтар корд задааст”, — гуфт бо таассуф Нуруллозода. Ҳамзамон ӯ мегӯяд, ки чунин ҳодиса дар Хуҷанд бори аввал рух додааст ва  айни замон ҷабрдида дар бемористони шаҳри Хуҷанд ҷарроҳӣ ва бистарӣ шудааст.

“Худоро шукр, ҳоло саломатиаш беҳтар аст ва таҳти назорати табибон қарор дорад”, – афзудааст муовини раиси шаҳр.

Нуруллозода мудирони мактабҳоро вазифадор кардааст, ки ба тарбияву таълими хонандагон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Дар давоми 6 моҳи соли равон дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 558 ҷиноят содир шудааст. 22 ҷиноят аз ҷониби 18 ноболиғ ба қайд гирифта шудааст, ки аксарияти онҳо хонандагони мактабҳои миёнаи Хуҷанд мебошанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь