Ҳаштуми сентябр роҳи Саразми Панҷакент ба худ қабои идона гирифта буд. Қад-қади роҳ байрақҳои ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя Тоҷикистону Ӯзбекистон партавафшонӣ мекарданд. 

Ҳарчанд соат 5-и субҳ буд, вале аз қисмати гузаргоҳи гумрукии Саразми Панҷакент то қисмати Ҷартеппаи вилояти Самарқанди Ӯзбекистон даҳҳо ҷавонону бонувон, масъулону сокинон бо либосҳои идона дар даст парчаму плакатҳо саф кашидаанд, ҳамаи онҳо мунтазири меҳмонони вилояти Самарқанд буданд. Дар сӯи дигари сарҳад ҳунармандон ба вижа карнайнавозону нақорабозон бо мусиқии мутантан ва карнаю сурнай  оҳанги дилнавозеро менавохтанд. 

Меҳмонони вилояти Самарқандро аз дарвозаи гузаргоҳи гумрукии Ҷартеппа бо сарварии иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов, намояндагони воломақоми Тоҷикистон ва раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода бо шукӯҳу шаҳомат таҳти садои карнаю нақораву дуҳул ҷавонону духтарон истиқбол намуданд.

Соати 10-и худи ҳамин рӯз боз як чорабинии дигар ҳамоиши тантанавӣ ба муносибати ифтитоҳи хатсайри Панҷакент – Самарқанд тавассути автобуси ширкати “Asian Express” дар терминали “Қавола” баргузор гардид. Баъди анҷоми ҳамоиши тантанавӣ автобуси ширкати “Asian Express” бо мусофирони аввалини худ, ки аз кормандону роҳбарони ширкат, меҳмонон аз маркази ҷумҳуриву вилояти Суғд, кормандони масъули ҳукумати шаҳри Панҷакент, намояндаҳои ВАО иборат буданд, ба сӯи гузаргоҳи сарҳадии Панҷакент равон шуд. Кормандони гузаргоҳ мусофиронро хуш истиқбол намуда, дар як муддати кӯтоҳ расмиятҳои гумрукиро ба анҷом расониданд. Сипас автобус рӯ ба ҷониби гузаргоҳи гумрукии Ҷартеппаи вилояти Самарқанд ҳаракат кард. Байни ин гузаргоҳҳо чандон масофаи дуре нест. Кормандони гумруки Ӯзбекистон мегуфтанд, ки кулли мусофирони дохили автобус бояд берун оянд ва пиёда то ғурфаҳои қабулу бақайдгирӣ бираванд. Кулли мусофирони дохили автобус бо шиносномаҳои биометрӣ аз қайди махсус гузаштанд. Пас аз 3 соат кормандони гумруки Ӯзбекистон автобуси моро иҷозаи вуруд ба шаҳри бостонии Самарқанд доданд. Мусофирони рейси техникӣ баъди ин қазия бо табъи хираву хастагиҳои зиёд равонаи шаҳри Самарқанд шуданд. Дар истгоҳи машҳури Улуғбек касе аз намояндагони ширкати нақлиётии Ӯзбекистон набуд. Тариқи телефонӣ гуфтанд, ки онҳо ба кори муҳиме банд ҳастанду омада наметавонанд.Намояндагони ширкати “Asian Express” гуфтанд, ки онҳо дигар ба Панҷакент бар намегарданд ва бо меҳмонони хуҷандиву душанбегӣ ба Тошканду аз он ҷо ба Хуҷанд мераванд. Яке аз намояндагони ширкати “Asian Express” ба мусофирон гуфт, ки  аз автобус фароянду худашон ба Панҷакент раванд. Мо ҳайрон будем ва намедонистем ба куҷо равем. Онҳо ба мо дуои сафар доданд. 

Ниҳоят вориди гузаргоҳи Ҷартеппаи Ӯзбекистон шудем. То ғурфаҳои қайди шиносномаҳо 4 маротиба нафарони низомӣ шиносномаҳои моро варақгардон карданд. Бинобар кор накардани компютерҳо ҳама дар як нуқта аз қайд мегузаштанд. Мардуми зиёде навбатпойӣ мекарданд. Аз гармии ғурфа одам нафастанг мешуд. Кормандони гумруки Ӯзбекистон ин ҳолатҳоро бо чеҳраи гирифта тамошо мекарданд. Пас аз гузаштан аз қайд мо ҷониби гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистон равон шудем. 

Дар гузаргоҳи гумрукии Саразми Панҷакент моро пиёда дида, бо тааҷҷуб пурсиданд, ки автобус куҷо шуд? Мо ҳодисаро қисса кардем. Аз нақли кормандони гумруки Панҷакент маълум гардид, ки бори аввал нест, ки чунин ҳолат рух медиҳад. Убури марз тариқи нақлёт душвор будааст. 

Ба қавли як корманди гумруки Тоҷикистон, ки нахост номаш ифшо шавад, кормандони гумруки Ӯзбекистон танҳо ду ҳафтаи аввали баъди кушода шудани  сарҳад бо хушӣ мардумро мепазируфтаанд. Баъдан ба қавли ӯ кормандони гумруки Ҷартеппа мисли солиёни пешин бо дағаливу беназокатӣ мардумро қабул ва гусел мекунанд.

Шоҳин Облоқулзода, 

Панҷакент – Самарқанд – Панҷакент, 

махсус барои “Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь