Ҳиндустон ба амалиёти “Синдур”, ки ҳадафаш аз байн бурдани ба истилоҳ “инфрасохтори террористӣ” дар дохили Покистон аст, шуруъ кард. Дар ҷавоб Исломобод ба хоки Ҳиндустон зарба зад.

Вазорати дифои Ҳиндустон гуфт, ки ба нӯҳ ҳадаф дар тарафи марзи Покистон зарба зада шудааст. Дар баробари ин, чунон ки Деҳлии Нав таъкид мекунад, зарбаҳои Ҳиндустон ба муқобили объектҳои ҳарбии Покистон нигаронда нашудаанд. Нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф ин амали Ҳиндустонро “иқдоми ҷангӣ” номид.

Бар асари ҳамлаҳои ҳавоии Ҳиндустон дар Покистон ҳашт кас кушта ва 35 кас маҷруҳ шуданд, хабар медиҳад хабаргузории Reuters. Дар баробари ин, хабар дода мешавад, ки Њиндустон панҷ ҳавопайморо аз даст додааст. Дар посух ба таҳаввулот Покистон ҳарими ҳавоии худро барои 48 соат муваққатан бастааст.

Артиши Ҳиндустон ҳамчунин гулўлаандозии Покистонро дар минтақаи марзии Пунч-Раҷаурӣ дар минтақаи баҳсбарангези Кашмир сабт кардааст. Деҳлии Нав таъкид кард, “артиши Ҳиндустон мувофиқан вокуниш нишон медиҳад”.

Муноқишаи даҳсолаҳои тӯлонӣ миёни Ҳиндустон ва Покистон пас аз як ҳодисаи фоҷиабори рӯзи 22-юми апрел дар шаҳри Пахалгам, ки дар як ҳамлаи ҷангҷӯён 26 кас, аксарияташон сайёҳон, кушта шуданд, дубора авҷ гирифт. Ҳиндустон Покистонро дар ин ҳамла айбдор кард. Дар посух Исломобод ин иттиҳомотро рад кард ва хостори таҳқиқи мустақил шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь