Мегӯянд, ки “ҳар иттифоқеро ҳикматест”. Бо иттифоқе сари суҳбати се нафар расидам. Дарк намудам, ки мавзӯи баҳси онҳо қобили таваҷҷӯҳ мебошад. Муҳтавои он суҳбатро ин ҷо меорам.
– Абатта, “хар аз хар монад, гӯшашро бур” гуфтаанд. Шумо шояд аз ман мепурсед, ки чаро маҳз ин мақолро овардам. Ҳозир мегӯям. Қабл аз ба Ватан баргаштани аввалин шаҳрванди Ӯзбекистон, ки гуфтанд ба коронавирус сироят шудааст, давлати мо чораҳои муҳимеро ба пиёда кардан шурӯъ намуд. Яъне, тамоми роҳҳои ҳавоӣ ва заминии худро бо кишварҳои дуру наздик баст. Сониян, Ӯзбекистон таҳти раёсати нахуствазир Комиссияи махсус таъсис дод. Дар пайи он Ӯзбекистон барои мардуми кишвар қарантин эълон кард, – мегуфт ҳамсуҳбати аввал.
Вай боз афзуд, ки бори нахуст мардуми шаҳру деҳоти кишвараш иди Наврӯзи оламро ба таври оммавӣ таҷлил накарданд. Тақозо ин буд, ки ҳар як хонавода дар алоҳидагӣ шодиву хурсандӣ кунад ва аз даъвати меҳмонон низ парҳез намояд. Ҳамчунин, одамон бидуни зарурат ба кӯчаву хиёбонҳо набароянд ва аз рафтан ба бозорҳо худдорӣ кунанд, зеро маълум шуд, ки вируси ин бемории марговар ба мардуми 200 кишвари олам таҳдид мекунад.
– Бубинед, ки дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ фавран таътил эълон карда шуд ва таҳсили фосилавӣ корбаст гардид, кадоме аз идораву муассисаҳо кормандони худро ба рухсатии иҷборӣ фиристоданд, ташкилоту муассисаҳои дигар кори худро аз тариқи онлайн ба роҳ монданд, – тазаккур дод ин мард.
– Агар ҳукумати мо чунин намекард, вазъият аз ин дида бештар ба ташаннуҷ рӯ ба рӯ мегашт, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд як марди қоқинаи малламӯй. – Боз ба мардум эълон карданд, ки баргузории ҳар гуна маросимҳо мамнӯъ аст ва дар сурати роҳандозии он шахсони гунаҳкор ба ҷарима кашида хоҳанд шуд.
Дарвоқеъ, дар Ӯзбекистон як идда ашхоси ба бемории коронавирус сироятшуда ба зудӣ муайян ва барои 14 рӯз зери назорати мутахассисон қарор гирифтанд. Ҳукумат як қатор шифохонаҳоро барои қабули беморони сироятшуда ихтисос дод. Дар аксари фароғатгоҳҳо шаҳрвандони аз хориҷа баргашта барои 14 рӯз дар қарантин нигоҳ дошта шуданд.
Аммо…
Ин се мард мегуфтанд, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои аввал эълом дошт, ки дар ин кишвар ашхоси ба коронавирус сироятшуда мавҷуд нестанд. Барои ҳамин иди Наврӯз хеле доманфарох ва боҳашамат таҷлил гардид. Доир ба эълони қарантин ва мутаваққиф сохтани фаъолияти дабистонҳову макотиби миёнаи махсус ва донишгоҳҳо, ҳаракати нақлиё ва амсоли он аз ин кишвар ягон садо шунида нашуд.
– Он ҷо хешу табори зиёд дорам. Дар ҳоле ки мо шабу рӯз дар ғами ҷони худу пайвандон будему ҳастем, аз кишвари ҳамҷавори худ хабарҳои хуш мешунидем. Аз он хурсанд мешудем, ки ҳадди ақал мардуми ин кишвари ҳамсояро коронавирус ором гузошт. Ҳамакнун эълон мекунанд, ки чанд нафар бар асари бемории илтиҳоби шуш фавтидаанд. Ин хабарҳоро шунида, бемуҳобот шокӣ мешавам, – гуфт нафари сеюм, ки чанд лаҳза пеш оромона ҳарфҳои дуи дигарро мешунид.
Вай афзуд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯзҳо яке аз паси дигар бонги изтироб мезананд ва мегӯянд, ки дер бошад ҳам ҳукумати ин кишвар дар пайи эълони қарантин шудааст. Хеле аҷиб буд, ки дар Ӯзбекистону Қирғизистон ва Қазоқистон теъдоди сироятшудагони ин вирус беш аз пеш меафзуд, вале мақомоти сиҳати оммаи Тоҷикистон ҳамеша мегуфтанд, ки ягон шаҳрванди кишварашон аз ин вирус сироят нашудааст.
Чашмам ба ҳушдори журналисти муҳоҷири тоҷик Додоҷони Атовулло дар “Азия плюс” афтид. Дарк намудам, ки ин ҳарфҳои ӯ ҳамту гапҳои сарсарӣ ва пучу бемаънӣ нахоҳанд буд. Вай дуруст қайд кардааст, ки ин душмани ноаёну нонамоён якеро паси дигар фурӯ мебарад.
Ба навиштаи Додоҷони Атовулло кас намедонад фардо навбати кист, аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамоно мегӯяд, ки фавтидагон гирифтори пневмония буданд.
Маълум шуд, ки дар Тоҷикистон чанд нафари аз илтиҳоби шуш фавтидаро бидуни ҷаноза дафн кардаанд. Бархеро ҳатто ба пайвандонашон нишон надодаанд ва махфиёна гӯронидаанд.
– Аз хондани ин ҳушдор ва хабарҳои дигаре, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, мӯйи бадан рост мешавад. Рӯзмарра бо Тоҷикистон дар тамосам. Нигаронии мо беҳуда нест. Аз хешони аштии худ мепурсам, ки касе аз онҳо ба ин беморӣ сироят нашуда бошанд. Акнун ин нигаронии мо боз ҳам хоҳад афзуд. Беш аз якуним моҳ таҳдиди ин бемории хатарнок барои мардуми Тоҷикистон аз ҷониби мақомот нодида гирифта шуд. Худо кунад, ки оқибаташ ба хайр шавад, – мегӯяд сокини шаҳри Ангрени вилояти Тошканд Зайниддин Иброҳимов.
Ба таъкиди ин ҳамсуҳбати мо дар Ӯзбекистон, бо вуҷуди пиёда кардани чораҳои зиёд, ҳанӯз теъдоди сироятшудагони ин беморӣ кам нашудааст. Зайниддин Иброҳимов мегӯяд, дар мактабе, ки вай кор мекунад, 1 ҳазору 400 фарзанди тоҷиктабори ин шаҳр таҳсил мекунанд.
– Аз ҳамон рӯзе, ки таътил эълон шуд, мо талош ба харҷ медиҳем, ки шогирдонамон таътили иҷбориро беҳуда нагузаронанд. Ҳоло тавассути дарсҳои онлайн ба онҳо сабақ медиҳем. Кӯчаву хиёбонҳо, варзишгоҳҳо ва майдончаҳои бозии кӯдакони шаҳри мо холист. Мо ҷиддан ба шиори “Дар хона монед” риоя мекунем. Шояд ба ҳамин далел бошад, ки дар ҷумҳурии мо то ҳадди тавон аз пахшу паҳншавии бемории ҳалокатбори коронавирус ҷилавгирӣ шуд, – мегӯяд Зайниддин Иброҳимов.
Ногуфта намонад, ки ахиран президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сабук кардани баъзе тартибу қоидаҳо барои мардуми кишварашро эълом дошт. Интизор меравад, ки дар фурсатҳои наздик ин кишвар аз чанд банди дар қоидаҳои қарантин нишон додашуда сарфи назар кунад ва зиндагии мардуми он дубора ба маҷрои қаблии худ баргардад. Аммо дар ин кишвар то 10-уми майи соли ҷорӣ муддати қарантин тамдид шудааст.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд