Дирӯз дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии раиси он Эмомалӣ Раҳмон дар баробари масъалаҳои ҷорӣ гарон шудани нархи симкортҳо ҳам баррасӣ гардидааст.
Дар хабаре, ки хадамоти матбуоти президент нашр кард, омадааст: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор дастур доданд, ки то 1 январи соли 2019 боло бурдани нархи симкортҳои телефони мобилиро дар ҷумҳурӣ мавқуф гузоранд. Ҳамчунин ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ супориш дода шуд, ки дар ин муҳлат доир ба масъалаҳои вобаста ба арзиш ва тартиби истифодаи симкортҳои телефони мобилӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намоянд».
Ширкати МегафонТоҷикистон низ дар як муроҷтаи худ ба муштариён эълон кард: «Муштариёни муҳтарам! Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки арзиши пайвастшавӣ ва барасмиятдарории сим-кортҳо то 01.01.с.2019 мавқуф гузошта шуд».
Ҳамин тавр, боло бурдани нархи симкортҳо ва бақайдгирии онҳо то соли 2019 мавқцф гузошта шуд.
Воабста ба боло рафтани нархи пайвастшавӣ ва ба охир расидани муҳлати бақайдгирӣ дар сартосари кишвар навбатпоиҳои тӯлоине дар назди марказҳои хидматрасонии ширкатҳои мобилӣ ба вуҷуд омад, ки мардумро нигарон карда буд.