Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди Вируси норасоии масъунияти одам ВНМО (ВИЧ) мегӯяд, ташхис нишон додааст, ки ягон нафар аз мардони бо зан дар алоқабуда, сироят наёфтаанд. Дар ин бора АМИТ Ховар иттилоъ медиҳад.
“Таҳлилҳо нишон доданд, ки ягон нафар аз мардони бо ӯ дар алоқабуда сироят наёфтаанд ва ҳангоми ташхиси имуноферментӣ сироятнок будани онҳо низ исбот нашуд. Новобаста аз ин шахсони номбурда таҳти назорат қарор доранд”,-гуфтааст муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди Вируси норасоии масъунияти одам ВНМО (ВИЧ) Д. Сайбурҳонов
Ба гуфтаи номбурда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе, ки гирифтори ВНМО аст ва шахсе, ки дидаву дониста нафари дигарро ба ин беморӣ мубтало месозад, ба муҷозот кашида мешавад.
«Мо нисбат ба ҳолате, ки дар ноҳияи Шаҳритус ба амал омад, таҳлилҳо гузаронидем. Натиҷаҳо нишон дод, ки ин зан бо ВНМО таи чанд сол зиндагӣ мекунад. Аз ҳолати сироятнок будани худ огоҳ аст. Таҳти назорати диспансерӣ қарор дошт ва новобаста аз ин саломатии дигар нафаронро таҳти хатар гузошт. Яъне, номбурда бо расонидани хизматҳои шаҳвонии тиҷоратӣ машғул будааст»,- зикр намуд Д. Сайбурҳонов.
Ба иттилои ӯ, тибқи банди 1, моддаи 125-и Кодекси ҷиноятии ҶТ, ҳолати мазкур ҳамчун ҷиноят арзёбӣ мегардад. Аз ин сабаб зане, ки дар боло гуфтем, тибқи қонунгузории имрӯзаи мамлакат ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.
«Бояд зикр намуд, ки ин зан ҳангоми алоқаи зич доштан бо мардон қоидаҳои эмин мондан аз сироятёбиро риоя кардааст. Яъне, ӯ зери табобати доимӣ қарор дошта, воситаҳои дорувориро мунтазам истифода менамудааст. Дар сурате, ки шахс аз табобат бархӯрдор аст ва сарбории вирусӣ паст аст, хатари интиқол то ба сифр кам мешавад. Илми ҷаҳонӣ исбот намудааст, ки дар сурати паст шудани сарбории вирусӣ интиқол умуман сурат намегирад», – гуфт Сайбурҳонов.
Тибқи иттилои Ассотсиатсияи байналмилалии тандурустӣ, дар ҷаҳон беш аз 42 миллион нафар мубталои ВНМО мебошад, ки ин рақам ҳар рӯз аз 14 то 15 ҳазор зиёд шуда истодааст. Аксарияти одамони гирифтори ВНМО ҷавонони синни то 30-сола мебошанд. Дар давоми 25 соли охир БПНМ (СПИД) боиси марги 25 миллион нафар шудааст.