Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари ғорат шудани манзили як рӯҳонии саршинос дар ноҳияи Вахш нашр шуд, ки дуздон аз хонаи ӯ зиёдтар аз 6 000 доллар ва 40 000 сомониро ғорат кардаанд. Дар пайи ин ғорат дар ҳудуди вилояти Хатлон тафтиши роҳҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ афзуда буд.
Хабаргузории «АП» дар такя ба иттилои як манбаъ аз прокуратураи ноҳияи Вахш хабар дод, ки шоми дирӯз се нафар гумонбари ин ғоратгарӣ боздошт шудаанд. Инҳо сокини деҳаи Оқгазӣ, пештар судшуда Юсуф Сафарови 34-сола, сокини ҷамоати Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Анвар Абирови 30-сола ва ҳамдеҳаи ӯ Темир Қурбонбоеви 28-сола мебошанд. Боз як сокини ҳамин ноҳия Наврӯз Зулфиқоров мавриди ҷустуҷӯ қарор доштааст.
Баъди боздошт аз гумонбарон говсандуқ бо 6,3 ҳазор доллар ва 40 ҳазор сомонӣ дарёфт шудааст. Нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, онҳо дар боздоштгоҳ қарор доранд.
Гуфта мешавад, ки гумонбарон соати 1-и шаби 19-уми ноябр ба манзили сокини деҳаи Янгиҳаёти ноҳияи Вахш, нафақахӯр Муҳриддин Файзиддинов ворид шуда, бо таҳдиди корд говсандуқро бо худ бурдаанд.
Маркази матбуоти ВКД ҶТ низ боздошт шудани ғоратгаронро тасдиқ кард ва аз як дуздии дигар дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ хабар дод, ки ҷинояткорон дар он ҷо низ говсандуқро бо худ бурдаанд.
Ба ШВКД ин ноҳия марди 42-солаи муроҷиат намудааст, ки шаби 10 ба 11-уми ноябри соли 2018, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматиаш, як адад сандуқи оҳанин, ки дар дохилаш ҷавоҳироти тиллоӣ, 1 адад планшет ва 300 доллари амрикоӣ буд, дуздидааанд. Зарари расонидашуда 17000-сомониро ташкил медиҳад.
Аз ҷониби кормандони милитсия 4 марди аз 24 то 30-солаи сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва 1 нафар марди 30-солаи сокини ноҳияи Вахш бо гумони дуздӣ дастгир карда шудаанд.