Суди ноҳияи Рига шаҳрвандони Латвия Ғулом Муҳаммад ва ҳамсараш Ғуломова Валентина, инчунин Лариса Карпенкоро, ки 80 вагон пахтаи Тоҷикистон бо арзиши 9 млн евро аз худ намудаанд, маҳкум кард.

Тибқи иттилои ВАО-и Латвия, суд гунаҳгор будани Ғуломовҳоро пурра исбот кардааст. Гуфта мешавад, гумонбарон дар соли 2012 ба ҷилавгарӣ даст зада будаанд ва ба ҳамин гуноҳ айбдор карда шудаанд. Суд Ғуломов Муҳаммадро ба 10 соли зиндон ва Валентина Ғуломоваро ба 7 соли зиндон, инчунин Лариса Карпенкоро 5 ба соли зиндон маҳкум кардааст.

Ҳамзамон, суд Ғуломов Муҳаммадро ӯҳдадор намудааст, ки ба тарафи муқобил бояд 9 млн.евро зарари расидаро барқарор намояд.

Бино ба иттилои ВАО-и Латвия, президенти кишвар Эмомали Раҳмон ба раҳбари Латвия Андриса Берзинша барои ҳамкорӣ нисбат ба қазияи гум шудани пахтаҳои Тоҷикистон муроҷиат кардааст.

Яке аз мушкилиҳои асосӣ ин аст, ки аз ширкатҳои тиҷорати пахта, аз ҷумла Тоҷикистон, дар минтақаҳои оффшорӣ зиёд ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла, ширкати “Реверс», ки пахтаҳои Точикистонро гум карда буд, дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, аммо дар ҷазираҳои Панама амал мекунад. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь