Барои аҳолӣ ва ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ аз 15 октябри соли 2018 ва барои ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз 1 январи соли 2019 нархномаи нави ҳаққи хизматрасониҳои таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва қабули рафъи партовобҳо тартиб дода шудааст.

Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» нархномаҳои навро бо шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мувофиқа кардааст. Дар ин бора қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расидааст.

Мувофиқи ин тасмим Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» вазифадор гардидааст, ки барои беҳбуд бахшидан ба вазъи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, кам намудани талафоти он ва қарзҳои дебиторӣ, дар таҳрири нав бастани шартномаҳои хизматрасонӣ бо муштариёнро вобаста ба тағйироти баамаломада дар нархҳои хизматрасонӣ, беҳтар намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва наздик намудани робита бо муштариён ҷиҳати пардохти пурраву саривақтии ҳақки хизматрасониҳо, коркарду амалӣ намудани усулҳои наву замонавии пардохти ҳаққи хизматрасониҳо, насб намудани ҳисобкунакҳои обӣ, инчунин чораҳои зарурии ивазнамоии қубурҳои фарсудашудаву ба сатҳи корношоямӣ расидаро дар доираи нақшаи чорабиниҳои алоҳидаи корхона роҳандозӣ намояд.

Дар қарори мазкур ҳамчунин омадааст, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе»  насби ҳисобкунакҳои обиро то охири соли 2018 ба 55 дасад, то аввали моҳи майи соли 2019 то 70 дарсад ва то моҳи ноябри соли 2019 ба беш аз 85 дарсад таъмин намуда, ҳисоббаробаркунӣ бо аҳолиро аз рӯи нишондоди ҳисобкунакҳои обӣ, ки сарфи воқеии оби истеъмолшуда ва қабули рафъи партовоб аз тарафи муштариёнро  нишон медиҳад, ба роҳ монад.

Дар ин тасмим гуфта нашудааст, ки нархи оби нӯшокӣ ва хидматрасонии обу корез дар пойтахт то чанд дарсад баланд карда мешавад, аммо манбаъҳои огоҳ гуфтанд, ки шояд қимати об барои 1 метри кубӣ 0,92 сомонӣ шавад.

Нархномаи хизматрасонии истифодабарии оби нӯшокӣ ва оби ихроҷӣ аз 1 октябри соли 2016 чунин буд:

Барои аҳолӣ (бо ҳисобкунак)

 

Ҳаҷм

Бе ААИ 18%

ААИ 18%

Бо ААН 18%

Оби нӯшокӣ

3

0,39

0,0702

0,4602

Оби ихроҷӣ

3

0,14

0,0252

0,1652

Ҳамагӣ

 

0,53

0,0954

0,6254

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь