Аз 13 то 15 май дар меҳмонхонаи “Hayat Regency”-и шаҳри Душанбе ҷашнвораи минтақавии GoViral баргузор гардид. Ин чорабинӣ давоми се рӯз дар шакли гибридӣ давом ёфт, ки дар он алоқамандону коршиносони бахшҳои тиҷорат, расона, фарҳанг ва технология барои ҷустуҷӯи мушкилот, роҳҳои ҳалли онҳо ва гирифтани посух ба саволҳои мубрами худ ҷамъ омаданд.
Go Viral ин чорабинии минтақавиест, ки навоварони ВАО, фарҳанг, тиҷорат ва технологияро аз Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои гирифтани маълумот дар бораи тамоюлҳои навтарин ва ғояҳои олиҷаноб аз коршиносон байни ҳам муттаҳид мекунад.
Чорабиниро директори минтақавии IWPR дар Осиёи Марказӣ, Абахон Султоназаров ифтитоҳ намуда, нахуст ширкаткунандагон ва меҳмонони ҷашнвораро хайра мақдам гуфт ва иброз намуд, ки Go Viral як лоиҳаи минтақавӣ буда, барои мубодилаи афкор миёни ҷомеа ва намояндагони соҳаҳои гуногун аз ҳар кишвар замина фароҳам меорад.
“Ҳазорон нафар бо ҳам вомехӯранд, муттаҳид мешаванд, муоширату ҳамкорӣ мекунанд, то ба саволҳои доғи рӯз аз коршиносони соҳаҳои гуногун посух пайдо кунанд, илҳом бигиранд ва барои ҳалли мушкилоти муосир саҳм гузоранд”, – гуфт Султоназаров. Ба гуфтаи ӯ, Go Viral як лоиҳаи беҳамтое аст, ки имкон медиҳад доираи васеи ҷомеа аз тоҷирон ва мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ сар карда то рассомону рӯзноманигорон, аз мактаббачагон ва донишҷӯён то коршиносон ва мутахассисони баландихтисос гирди ҳам биёянд. «Go Viral бо забони умумибашарӣ, яъне забони дӯстӣ ҳарф мезанад», – қайд кард директори минтақавии IWPR дар Осиёи Марказӣ.
Мавзӯи имсолаи ҷашнвора “Go Viral 2022: Ҷустуҷӯ. Ихтироъ. Роҳҳал” буд. Барнома дар асоси идеяе сохта шудааст, ки “илҳоми эҷодӣ дар дохили ҳар як шахс аст”. «Мо мехоҳем байни насли нави пешвоён ва навоварони Осиёи Марказӣ шарикии амиқ ва босифат эҷод кунем ва онро нигоҳ дорем», – илова кард Султоназаров.
Муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ дар маросими ифтитоҳ аҳамияти ин чорабиниро барои рушди минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварро таъкид кард. Ӯ аз таҷриба ва нақшаҳои ҳукумати кишвар дар самти боло бурдани иқтидори иқтисодии Тоҷикистон ибрози андеша карда, аз фармони президент дар бораи солҳои рушди саноат эълон шудани солҳои 2022-2026 ёдовар шуд.
“Ин як имконияти нодир аст ва мо бояд аз он самаранок истифода барем”, – қайд кард ӯ. Билолзода афзуд, ки вазорати саноат омода аст дар ташкили чунин чорабиниҳо ҳамчун шарик саҳмгузор бошад.
Ҷон Марк Поммершайм, сафири ИМА дар Тоҷикистон дар маросими кушодашавии фестивал аз дастгирии ИМА дар баргузории ҷашнвора ёдовар шуда, гуфт ифтихор аз он мекунанд, ки барои гирди ҳам овардани теъдоди зиёди шахсони эҷодкор кӯмак мерасонанд.
“Ҷашнвораи Go Viral беҳтарин роҳҳалҳои навоваронаи Тоҷикистон ва Амрикоро нишон медиҳад. Мо ифтихор дорем, ки дар гирди ҳам овардани теъдоди зиёди одамони эҷодкор барои ташаккули ояндаи кишварҳоямон барои 30 соли оянда кумак мерасонем”, – изҳор дошт Ҷон Марк Поммершайм.
Дар доираи ҷашнвораи Go Viral иқдомоти мухталиф, монанди суханрониҳо, семинарҳо, муҳокимарониҳо, филмҳо, иҷроҳои мусиқӣ ва чорабиниҳои дигари марбут ба расона, тиҷорат, фарҳанг ва фановариҳо ба роҳ монда шуда буданд. Ҷаласаҳои параллелӣ дар толорҳои гуногун мегузаштанд, ки ҳар нафар метавонист дар бахши писандидааш иштирок намояд.
Дар фестивали имсола беш аз 50 сухангӯ бо намояндагӣ аз ширкат ва созмонҳои мухталиф, бо шумули Алиф Бонк, Илмхона, Ташкилоти амонатии қарзи хурди “Ҳумо”, Coca-Cola ва Amazon иштирок доштанд.
Инчунин, шахсиятҳои шинохташуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ мисли Рафаэл Гулов, Орзу Исоев, Зарнигор Маҳмудова, ва Фаридун Хайруллозода низ суханронӣ карда, аз таҷрибаи кории худ нақл карданд. Рассом Фаррух Неъматзода, меъмор Оят Шакурӣ, санъатшинос Диана Раҳмонова, Oogway Comics ва наққоши афғон Умар Хамм низ аз ҷумлаи баромадкунандаҳо буданд.
Дар бахши фароғатии ҷашнвора Далер Назаров, Ҷасур Халилов, DJ Фирдавс Исоев, Мелоди Рангерз, гуруҳҳои афғонии ITCC, The Daze ба таври зинда ҳунарнамоӣ намуда, ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшиданд.
Иштироккунандагон дар машғулиятҳои фестивал бо шавқу хаваси зиёд ширкат меварзиданд. Ҳатто дар баъзан ҷаласаҳо дар залҳо чойҳои нишаст намерасиданд, вале ин ҳаваскорони ҷавонро ба ташвиш намеандохт, аксарияти онҳо тайёр буданд, ки дар рӯи фарш ҳам нишаста суханони маърғзакунандаҳоро гӯш кунанд. Дар саволу ҷавоб низ наврасону ҷавонон бисёр фаъол буданд.
Дар рӯзи якум дар бахши медиа ҷаласе баргузор шуд, ки дар он рӯзноманигорону блогерон дурнамои рушди блогнависӣ дар Тоҷикистонро муҳокима карданд. Дар ин ҷаласа баҳси ҷолибе сари он ки кӣ метавонад блогер ҳисобида шавад, ба миён омад. Ин савол посухҳои гуногунро дар худ дошт. Зарнигор Маҳмудова, муаллифи блоги “Барои Инстаграм таваллуд кардам” гуфт, ки аудиторияи ҷавон баъзан фикр мекунанд, ки блогнависӣ осон аст, аммо дар асл ин як масъулият ва заҳмати сангинро талаб мекунад.
Ба гуфтаи рӯзноманигор Тимур Темирхонов, барои блогнавис ҷалби аудитория ва таъсир ба он хеле муҳим аст. Рӯзноманигори маъруф Орзу Исоев хостори эҷоди фаъолтари матолиби тоҷикӣ дар фазои блогнависӣ шуд.
«Мо хато мекунем, ки дар Тоҷикистон ҳама забони русиро медонанд. Агар хоҳед, ки аудиторияатонро дар Тоҷикистон зиёд кунед, бояд бо забони содда ва фаҳмои тоҷикӣ муҳтаво эҷод кунед”, – гуфт Исоев.
Ба гуфтаи ӯ, замони омода кардани блогнависон дар мактабҳои олии кишвар расидааст. Ӯ гуфт, барои хабарнигор шудан таҳсилоти мактабҳои олиро мегирем, вале то ба ҳол барои блогнависон кафедрае ташкил нашудааст, ки он ҷо блогеронро омода кунанд. «Ман дипломи журналистӣ дорам, аммо вақте маро блогер мегӯянд, ифтихор мекунам», – гуфт Исоев.
Коршиносон инчунин ба мувофиқа расиданд, ки зарурати таъсиси як созмони блогнависии ҳуқуқӣ низ вуҷуд дорад.
Ҳамин тавр дар толорҳои гуногун дар бахшҳои медиа, фарҳанг, технология ва тиҷорат суханрониҳо, семинарҳо, муҳокимарониҳо, филмҳо ва чорабиниҳои дигар сурат мегирифтанд.
Дар вохӯрии дигар дар бахши фарҳанг коршиносону иштирокдорон ин масъаларо баррасӣ карданд, ки чӣ тавр шумо метавонед аз эҷодкорӣ пул ба даст оред, дар бозори имрӯза чӣ гуна ҳаракат кардан мумкин аст ва чӣ гуна бояд коратонро маъмул гардонед. Ҳама коршиносони ҳайати ин вохӯрӣ ба ин хулоса омаданд, ки дар Тоҷикистон мардуми эҷодкор, сар карда аз оҳангсозу навозандав то рассому коргардон ба менеҷеру продюсер ниёз доранд, то раванди тиҷоратро дар ин соҳаҳо ба роҳ монанд.
Инчунин қайд карда шуд, ки аз сабаби даромади хуб надоштани касби эҷодӣ аксар нафароне, ки мехоҳанд ба ин соҳа машғул шаванд, кори интихобнамудаашонро дар ними роҳ тарк мекунанд.
Мулоқот бо саволу ҷавоби ҳозирин анҷом ёфт. Нотиқон ба ҳамаи саволҳо ҷавоб дода, дар бораи роҳи эҷодии худ, душвориҳо ва муваффақиятҳояшон нақл карда, ба навкорону ҳавасмандон чандин маслиҳатҳо доданд. Иштироккунандагони фестивал бо санъати муосир, эҷодиёти рассомони ҷавони Точикистон, ки расмхои онхо дар фойе гузошта шуда буданд, шинос шуданд. Дар охири рӯзи аввали фестивал филми «Чӣ тавр дар 48 соат филм сохтан мумкин аст: 4 марҳилаи асосии эҷоди мундариҷа» намоиш дода шуд.
Рӯзи дуюми ҷашнвораи Go Viral дар душанбе аз аввал он қадар ҷолиб набуд, аммо баъдан мулоқоту семинарҳое, ки дар мавзуҳои QA, NFT, blockchain, комиксҳои тоҷикӣ ва ғайра баргузор гардиданд, табъи иштирокдоронро болида карданд.
Қабл аз оғози ҷаласаву муҳокимаҳо се ғолибони озмуни беҳтарин аксу видеоҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон карда шуданд ва ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд. Ин озмун се рӯз давом ёфт ва дар он иштирокчиёне, ки беҳтарин навору аксҳои эҷодӣ аз дилхоҳ бахшҳои ҷашнвораро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нишон додани хэштеги чорабинӣ – #GoViralFestival2022 #GoViralTj нашр мекарданд, соҳиби тӯҳфа ва мукофотпулӣ мегардиданд.
Дар ин рӯз дар бахши IT онлайнсеминар аз ҷониби мутахассиси QA (Kafolity Assurance – назоратчии сифат, озмоишгар) Мақсуд Хоҷаев, ки яке аз кормандон ва навоварони фаъоли Amazon ба шумор меравад, баргузор шуд. Ӯ таърихи инкишофи аввалин мошинаи ҳисоббарор ёдовар шуда, дар бораи касби худи мутахассис ва дар бораи вазифаҳое, ки ҳар як озмоишгар дар назди худ мегузорад, муфассал нақл кард. «Вазифаи асосии мутахассис оид ба таъмини сифат (Quality Assurance) аз он иборат аст, ки муштариёнро аз даст надиҳад», – гуфт Хоҷаев.
Ин рӯз муҳокимаи NFT, blockchain ва cryptocurrencies дар бахши IT соҳаи технологияҳои IT оид ба NFT, blockchain ва cryptocurrencies таваҷҷуҳи зиёдро ба бор овард ва толор пур аз одамон шуд. Гардонандаи муҳокима Рустам Хоҷаев дар бораи технологияи блокчейн, алгоритм ва принсипҳои он суханронӣ кард. Ӯ муътақид бар он аст, ки дурнамои истифода аз фанновариҳои блокчейн дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Онҳо метавонанд дар бахши давлатӣ, дар соҳаи молия ва ҳисобдорӣ, маориф, тиб, санъат ва илм талабот дошта бошанд. Аммо, ба андешаи ӯ, дар кишвар инфрасохтор, ҷомеа ва мақомоти дахлдор ҳанӯз омода нестанд.
Рӯзи сеюми фестивал тибқи анъана бо супурдани ҷоизаҳои ғолибони мусобиқа оғоз гардид. Онҳо бачаҳое буданд, ки беҳтарин навору аксҳои рӯзи дуюми Фестивалро дар саҳифаҳои иҷтимоии худ нашр карданд. Се ғолиб сепоя, дастгоҳи нерудиҳанда барои телефони ҳушманд, соати ҳушманд ва молҳои брендии GoViral -ро ба даст оварданд.
Рӯзи охирон дар толори асосии ҷашнвора намоиши филми Аниса Собирӣ “Аз Алла то Вобалам” баргузор гардид. Муҳокимаи филми мазкур аз ҷониби рӯзноманигор ва гирандаи филмҳои ҳуҷҷатӣ Маҳпора Киромова сурат гирифт. Инчунин, баҳри муҳокимаи филм гурӯҳи наворбардорон ҷалб карда шуданд, ки ба ҳайати он Роман Буряк – оператор, фото-ҳуҷҷатчӣ, Сергей Чутков – директори созмони байналмилалии “АКТЕД” ва Исмоил Зибай – продюсери филм шомил буданд.
Пас аз намоиши филм сӯҳбате миёни иштирокчиён сурат гирифт, ки дар рафти он мушкилот ва монеаҳои рушди филми ҳуҷҷатии муосир ба миён гузошта шуданд. Мушкилиҳои асосӣ равшанӣ андохтан ба мавзӯъҳои ҳассос, таъсири ҷаҳонишавӣ ба фарҳанг, ва ҳамчунин ҷиҳатҳои техникӣ ва раванди пас аз истеҳсолот (пост-продакшн) дар филмҳои ҳуҷҷатӣ баррасӣ шуд.
Маҳпора Киромова мегӯяд: «Филмҳои мустанади Тоҷикистон ба дастгирии зиёд ниёз доранд”.
Ҳамчунин, дар рӯзи сеюми фестивал барои хоҳишмандон, саёҳати берун аз меҳмонхона дар Маркази исмоилия, яке аз зеботарин биноҳо бо тамъи амиқи фарҳанги фарҳангҳои Осиёи Марказӣ ва исломӣ ташкил карда шуд. Он аз ҷониби меъмор Оят Шукуров, ҳаммуассис ва муаллифи маҷаллаи samizdat Abraxas дар ҳамкорӣ бо роҳбаладони маҳаллӣ баргузор гардид.
Дар толори дигар Сунай Шанлӣ, раиси ширкати Coca-Cola, ба ҷавонон барои гузоштан ва расидан ба ҳадафҳо маърӯза анҷом дод. Мастер-класси ӯ “Қувваи мақсад ва чаро он ҳоло муҳим аст” ном дошт.
«Барои ноил шудан ба оянда мо бояд ба он омода бошем, чизеро тағйр диҳем ва фаромӯш накунем, ки ҳадаф, пеш аз ҳама, энергия аст. Барои ба вучуд овардани арзиш мо бояд максадҳо гузорем, — гуфт Сунай Шанлӣ.
Абахон Султоназаров, директори минтақавии IWPR дар Осиёи Марказӣ, ки дафтари он имсол созмондиҳандаи Фестивал буд, ба ҳама донорҳо, маърӯзачиён, барандаҳо ва ба ҳамаи онҳое, ки дар баргузории фестивал саҳм доштанд, изҳори сипос намуд.
«Умедворам, ки ин се рӯз барои шумо ҳам барои мо ҳам беҳуда сипарӣ нашуд. Боварй дорам, ки шумо ҳам мисли мо се рӯзи фаромушнашавандаро пур аз таассуроти равшан ва меҳнати пурсамар гузарондаед. Мо аз вохӯрӣ бо дӯстони наву кӯҳна баҳравар шудем, лаззати эстетикӣ гирифтем ва чизи навро омӯхтем”, – гуфт Султоназаров.
Бегоҳии рӯзи сеюм маросими пӯшидашавии Фестивал барпо гардид.
Чарлз Мартин, асосгузори Go Viral, директори марказҳои амрикоӣ суханронӣ карда, аз баргузории фестивал изҳори қаноатмандӣ намуд ва ба ҳамаи иштирокчиён изҳори сипос баён кард ва изҳори умедворӣ кард, ки ҳамаи иштирокчиён аз он манфиати зиёд гирифтанд.
Ҷашнвораи шашуми минтақавии Go Viral дар Душанбе бо консерти бошукӯҳи Далер Назаров, яке аз маҳбубтарин овозхонҳои Тоҷикистон, ки ба таври зинда иҷро гардид, ба поён расид.
Чӣ тавре ки ба мо иттилоъ доданд, давоми се рӯз ҳудуди 2500 нафар меҳмонон, иштирокчиён, баромадкунандагон ва ихтиёриён барои гирифтани донишҳои нав, ошноӣ бо ғояҳои инноватсионии Тоҷикистони муосир дар соҳаи технологияҳои медиавӣ, тиҷорат, фарҳанг ва IT ба ҷашнвора омаданд. Фестивали Go Viral дар Душанбе ба ҷавонон имкони ёфтани дӯстони нав, гирифтани донишҳои муосир ва ҳатто ёфтани ҷойи корро фароҳам оварда буд.
Тавре сафири Go Viral дар Тоҷикистон Манижа Бобоқулова мегӯяд, давоми як соли охир ҷамъияти Go Viral бамаротиб афзоиш ёфтааст. Ӯ қайд кард, ки барои баргузории ин фестивал бо ҳамкоронаш заҳматҳои зиёд кашидаанд.
“Мо барои тавсеаи ҷомеа, ҷиҳати ҳамкориҳои муфид одамони эҷодкор, коршиносони бахшҳои мухталиф ва ҳамфикронро ба ҳам овардем. Ҷашнвора иде барои як ҷамъияти бузург мебошад. Мо бо ҳамкоронамон хеле заҳмат кашидем, ки ин фестивал дар сатҳи олӣ гузарад ва имрӯз мебинам,ки талошҳои мо беҳуда набуданд, ки ин ҷо ин қадар мардуми зиёд ҷамъ омадаанд”, – мегӯяд Бобоқулова.
Саъдӣ як ҷавони шинохта дар саҳифаи “Инстаграм”, ки ба мардум забони англисӣ меомӯзад ва саҳифаи ӯ бо номи “забономӯз” маъруф аст, дар ҷашнвора иштирок дошт. Ӯ гуфт, ки фестивал барояш имкониятҳои зиёде ба миён овардааст ва ҳатто пешниҳоди кор ҳам гирифтааст. “Фестивал ба ман имкони мусоиде барои ёфтани дӯстони нав фароҳам овард, аз хориҷа низ рафиқони зиёд пайдо намудам. Ҳамчунин, бо обуначиёни худ шинос шудам. Дар ин баробар нафароне ёфт шуданд, ки ман минбаъд метавонам бо онҳо ҳамкорӣ намоям. Яке аз мақсадҳои ин фестивал нетворк кардану шарики корӣ ёфтан аст ва барои ман аллакай ду нафар пешниҳод карданд, то бо онҳо кор кунам.”
Дилноза Ҳикматуллоева, журналисти МТЖТ аз он хурсанд аст, ки барояш муяссар шудааст, то дар ин фестивал иштирок намояд. Ӯ мегӯяд, агар имкон мебуд дар тамоми ҷаласаҳо ширкат мекардам.
“Аз баргузоршавии чунин як фестивали бузург дар Тоҷикистон ва ширкат дар он хеле хурсанд шудам. Вақте ки аз интернет аз рафти фестивал ва масъалаҳои дар он баррасишаванда огоҳ шудам, дарҳол барои иштирок худро сабти ном кардам. Аз шунидани мастерклассу тренингҳо ва машварату воркшопҳои мутахасисони соҳаҳои гуногун бардоштҳои зиёде доштам. Чун кору фаъолияти бисёре аз онҳо ба ман писанд буд, аз сири муваффақият ва роҳҳои пешрафти онҳо то ҷое хабардор шудам. Ман тавонистам ба худ бисер чизҳои муҳим гирам ва ин ҳама барои минбаъд кору фаъолияти худро ба роҳ монданам, такони ҷиддие бахшид”.
Go Viral платформае аст, барои фаъолияти шабакавӣ ва таъсиси ҷамъияти аҳли расонаҳо, намояндагони тиҷорат, фарҳанг ва бахши фановариҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаншвораи солонаи минтақавӣ. Go Viral Festival як ташаббуси минтақавӣ буда, бо илҳом аз ҷашнвораи SXSW дар Остини иёлати Техас соли 2017 созмон дода шудааст. Тарҳи мазкур аз тарафи Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ ва аз ҷониби Маъмурияти дипломатӣ дар Осиёи Марказӣ дастгирӣ меёбад. Шуруъ аз моҳи октябри соли 2021 ин тарҳро Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Осиёи Марказӣ амалӣ мегардонад, ки созмони мазкур дар саросари Осиёи Марказӣ таҷрибаи ташкили барномаҳо ва чорабиниҳоро дорад.
Шашумин фестивали Go Viral дар Душанбе аз ҷониби ширкатҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ, аз қабили Coca-Cola, Asia Plus, YourTJ ва Tcell ва ғайра сарпарастӣ карда шуд. Фестивали Go Viral 2022 аз 13 май то 2 июл дар шаҳрҳои Душанбе, Тошканд, Бишкек, Алмаато ва Ашқобод баргузор мешавад.
Дар сомонаи Go Viral гуфта шудааст, ки ҷашнвора барои бунёди ҷомеаҳо мусоидат карда, илҳомбахши ғояҳои навоварона ва лоиҳаҳои муштараки эҷодӣ мегардад. Он барои шинохти бештаре аз соҳибкорони маҳаллӣ кумак намуда, инчунин барои ҳамкориҳои байни фарҳангҳо ва бахшҳои мухталиф мусоидат хоҳад кард.