Ду раиси шаҳр ва як раиси ноҳия дар вилояти Хатлон бо фармони президент аз вазифа барканор карда шуданд.

Бо фармони президенти кишвар раиси шаҳри Леваканд Самизода Санавбар аз вазифаи раиси шаҳр барканор карда шуд. Ба мақоми раиси  шаҳри Леваканд Давлатзода Зарина, ки то инҷониб сардори идораи омори вилояти Хатлонро бар зимма дошт, соҳиб шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Леваканд ба мо хабар доданд.

Ҳамчунин, тибқи иттилои расида, раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло низ аз вазифа барканор карда шуда, ба ҷойи ӯ Иноятзода Баҳром, ки пештар раиси шаҳри Истаравшан буд, шаҳрдори Кӯлоб таъйин шуд. Хайрулло Амонулло  минбаъд чун муовини аввали раиси вилояти Хатлон кор хоҳад кард.

Абдуҷаббор Баҳодурзода раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ аз вазифаи раиси ноҳия барканор шуда, ба ҷойи ӯ Ёқубзода Саид курсии Ҳукумати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро соҳиб шуд.

Ҳоло  кадом мансабҳоро соҳиб шудани собиқ раиси шаҳри Левакант Самизода Санавбар ва собиқ раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Абдуҷаббор Баҳодурзода маълум нест.

Мувофиқи фармонҳои дирӯз содиркардаи президент С. Ёқубзод иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, З.Д. Давлатзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Леваканди вилояти Хатлон, Б. Иноятзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, А.М.Қурбонзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, С.Н.Раҳимзода сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон таъйин шуда, А.С.Баҳодурзода аз вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, С. З.Самизода аз вазифаи раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, Хайрулло Амонулло аз вазифаи раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, Б. Иноятзода аз вазифаи раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд озод карда шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь