Сарояндаи мумтоз ва оҳангсози машҳури тоҷик Далер Назар баъди ҳунарнамоӣ дар кохи “Дӯстии халқҳо”-и шаҳри Тошканд аз шаҳри бостонии Самарқанд боздид кард. Вай на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон бо оҳангҳои дилнишини худ маҳбубият пайдо кардааст.
Дар таронаҳои ӯ ашъори шоирони классикии форсу тоҷик бо оҳангҳои ҷаззоб ва овози дилнишин пайваста ба мухлисон лаззат ато мекунанд. Сукҳбате доштем бо ин ҳунарманди маъруф, ки фишурдааш пешкаши хонандагон мешавад.
– Хуш омадед, ба шаҳри Самарқанд, хайрамақдам, додари азиз!
– Ташаккур!
– Аллакай аз сафари шумо ба Самарқанд як сол сипарӣ шудааст. Шумо мухлисони худро бо санъати волои хеш хурсанд карда будед.
– Рост гуфтанд, ки умри инсон ба мисли оби дарё гузарон аст. Воқеан, таъкид кардан ҷоиз, ки аз айёми бачагӣ ошиқи Самарқанд будам ва ҳастам. Зодгоҳам Помир ҳамчун Боми ҷаҳон муаррифӣ шудааст. Ҳар гоҳ дар бачагӣ ба қуллаҳои баланд баромада, ба чор сӯ дида дӯхта, Самарқнадро ҷустуҷӯ мекардам, ки бубинам. Зеро Самарқанди қандманду Бухорои шариф маркази тамаддуни на танҳо Шарқ, кулли ҷаҳон мебошад. Ҳар гоҳ меҳмони шаҳри шумо шавам, албатта бо ҳаяҷон ёдгориҳои таърихии шаҳратонро зиёрат мекунам. Имрӯз дидам ва шоҳид гаштам, ки бо роҳнамоии масъ-улони оқилу кордон шаҳри куҳану ҳамешаҷавон ободтару шукуфотар гардида, биноҳои осмонбӯс қомат меафрозанд, боғу гулгаштҳои нав пайдо мешаванд. Боз як гап. Дар ин ҷо Левича, Ҳоҷӣ Абдулазиз Абдурасулов барин ҳунармандон, устоди маънавии санъаткорон ба камол расидаанд. Ҳоло сарояндагон Абрам Толмасов, Асадулло Атоуллоҳ, Мардони Мавлон, Насиба Абдуллоева, Сафия Сафтарӣ, Абдуваҳҳоб Баҳриев, Маъруфҷон Бозоров, Салимҷон Ғиёсов ва дигарон пайрави онҳо мебошанд, ки бо ҳамаи онҳо дӯсту ҳамкорам.
– Аҷиб, қадамҳои нахустини шумо ба олами санъат аз кадом вақт оғоз ёфтааст?
– Агар хотирам фиреб надиҳад, дар 12 солагӣ ба саҳна баромада будам.
– Албатта бо ҳисси масъулият, ҳаяҷон…
– Ҳозир ҳам ҳамин хел. Охир дар назди мухлисон ҳунарнамоӣ кардан – роҳ ёфтан ба қалби онҳост. Дар 20 солагӣ дар филми “Рӯзи аввали ҷавонӣ” бо суруд ва оҳанги «Эй, парӣ!» ширкат варзида будам, ки мардум хуш қабул карданд. Сипас, барои филмҳои «Маҳбуб», «Падари моҳтобӣ», «Асрори мавлудӣ», «Инглистон», «Муҷассамаи ишқ» ва ғайра оҳанг навиштам, ҳунар офаридам.
– Сурудҳои дилошӯби «Чак-чаки борон», «Турки Шерозӣ» раводиди (визитная карточка) Далер Назар аст…
– Воқеан, то имрӯз хеле суруду оҳанг офаридам, ки хушбахтона мухлисон хуш пазируфтанд. Барои маълумот мегӯям, ки шабҳои бехобию машаққатҳои зиёде буд, ки дастаи ҳунарии мо дар озмунҳои «Юрмала-89», «Иссиқ-кӯл», «Бухоро-90», «Овози Осиё-91» иштирок карда, ҷойҳои итфихориро ба даст овард.
– Аз сафари эҷодии бисёр ва хотирнишини Шумо хабардорем.
– Дар кохи баланди Олмония, Фаронса, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Русия ва дигар кишварҳои ҷаҳон ҳунарнамоӣ кардам. Аҷибаш дар он аст, ки аксари мардуми ҷаҳон новобаста аз он ки забони моро шояд нмедонанд, вале ба суруди «Чак-чаки борон» ҳамовоз гардида, бо ман якҷоя мехонанд.
– Чанде пеш шумо бо ситораи дурахшони санъати эстрадаи Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова низ ҳамин сурудро якҷоя иҷро карда будед.
– Дуруст гуфтед. Ин бесабаб нест. Зеро ду абармарди бузурги ду кишвар – президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дару дарвозаҳои сарҳадҳоро, балки дару дарвозаи дилҳои мардумро низ кушоданд. Шахсан ман ҳам аз шабакаҳои телевизион ва интернетӣ хурсандии мардуми ду кишварро дида табъам болида гашт. Ва мисли дигар санъаткорони тоҷик камина ҳам бо сафари ҳунарӣ дафъаи дуввум ба мамлакати шумо омадам. Охир мо бо якдигар наздик будем ва хоҳем монд. Шахсан ман бар миллатчигӣ, маҳалгароӣ, якдигарро паст задан муқобил ҳастам. Ва одамони соҳиби хислатҳои некӣ инсонӣ, чун дилёбӣ, самимият, хоксорӣ, ҷавонмардӣ, якқавлиро қадр мекунам. Одам бояд ҳамеша дилсафеду хайрхоҳ бошад.
– Дар байни мардум, алалхусус самарқандиён, низ ба анъана табдил ёфтааст, ки писарашонро Далер номгузорӣ кунанд…
– Сипос (мусоҳибам завқ карда хандид). Шояд номи ман каме вазнинӣ кунад, зеро роҳи зиндагиномаи ман аз душворӣ холӣ набуд. Аммо аз муаммои ҳаёт наҳаросида бебокона пеш рафтам, ба муроди дил расидам. Мардум мегӯянд, ки Далер бош, далерона пеш рав!
– Насиҳату маслиҳати шумо, ҳамчун пири саҳна, шахси рӯзгордида, ба навниҳолони боғи санъат…
– Ҳар як ҳофиз бояд пайроҳаи худро дошта бошад. Пайравӣ хуб, вале тақлидкорӣ мисли тӯтӣ бад аст ва ин гурӯҳи санъаткорон зуд аз байн мераванд, фаромӯш мешаванд. Фақат ба туфайли ҷидду ҷаҳди доимӣ, меҳнати пурмашаққат, ҷустуҷӯ, навоварӣ ба муроди дил метавон расид. Сирру асрори комёбии рӯзафзун ҳамин асту халос. Мардуми мо аз қадимулайём ҳам шоир буданду ҳам мутриб. Масалан, Рӯдакии Самарқандӣ, Мирзо Бедил далели ин фикранд. Фақат ҳамон мутрибу ҳофизон, ки завқи баланд доранду талаботи мухлисонро пурра қонеъ карда метавонанд, эътирофу эҳтиром пайдо карда, дар таърихи фарҳанги мо чун Борбад ҷовидон хоҳанд монд. Ҷавонон набояд фаромӯш кунанд, ки танҳо ҳофизи моҳиру барҷаста, меҳнатдӯст, навовар шоистаи ҳурмату эҳтиром мешавад.
– Агар вақти холӣ пайдо шавад, бо чӣ кор машғул мешавед?
– Ман ҳамеша серкор, яъне ҳамеша дар олами санъат ҳастам. Шояд дуюмбора ба дунё оям, албатта худро ба фарҳанг мебахшидам. Лекин касби дӯстдоштаи хешро дорам – ин оҳанг бастан, мусиқӣ ва сурудхонӣ аст.
– Фарзандон аз пайи падари бузургвор рафтанд?
– Писаронам Аброрҷон ва Меҳрубон касби қиблагоҳро гирифтанд ва онҳо барои шӯҳратёбии санъати тоҷик кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
– Таманнои шумо ба мардуми Самарқанд ва мухлисони худ?
– Имрӯз ҳама мактубҳои мухлисон бо саволу дархостҳо роҳи ояндаи моро ташкил медиҳанд. Мо онҳоро мехонем ва дарк мекунем, ки дунёи мо то чӣ андоза васеъ аст, зиндагӣ чӣ қадар зебост, дар он чӣ қадар меҳру муҳаббат мавҷуд. Дар душвортарин лаҳзаҳои ҳаёти мо сухану хоҳиши дӯстдорони санъат ба гӯш мерасад. Онҳо барои мо хеле муҳим ҳастанд ва росташро гӯям, барои ифодаи он сухане нест, чун дар дил аст. Аммо бигзор ин баённашуда дар таронаҳои оянда суруда шавад ва ҳангоме ки онҳоро мешунавед, ҳатман мефаҳмед, ки ин эҳсосот ва ин таронаҳо барои шумост.
Имрӯз аз поезд фаромада ба осмон нигаристам. Ҳаво софу беғубор, офтоб ба атроф нур мепошид. Илоҳо ҳамеша осмонамон соф, рӯзгорамон фаровон ва ҳаётамон тинҷу осоишта бошад.
Воқеан, бегоҳирӯзӣ – 22-юми ноябри соли равон барномаи консертии Далер Назаров дар қасри санъати Самарқанд бошукӯҳ доир гардид. Дар он хеле мухлисон ва дӯстдорони санъат аз гӯшаву канори кишвар ҷамъ омаданд. Пас аз чанд лаҳза дар саҳна сарояндаи хушовоз, соҳибравия, ҳунарпешаи маҳбубу маъруф бо мӯю риши сафедаш, бо чеҳраи нурониаш рӯйи саҳна омад ва бо табассуми базебу лутфи ба худ хос ба мухлисону дӯстдорон арзи сипос кард.
Барномаи консертии ҳофизи хушадо, ки беш аз ду соат тӯл кашид, гӯё дар як нафас анҷом ёфта буд. Аҳли толор сарояндаи маҳбубу маъруфро бо кафкӯбиҳои зиёд, гулдастаҳои тару тоза қадршиносӣ карданд.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори “Овози тоҷик” дар вилояти Самарқанд,
махсус барои “Фараж”