Агентии омори назди президенти кишвар дар такя ба мақомоти қудратӣ аз зиёд шудани савдои одам дар нимсолаи аввали соли 2023 хабар медиҳад. Тибқи иттилои ин ниҳод ҷинояти савдои одамон 4,2 баробар афзоиш ёфтааст. Агар дар шашмоҳаи соли 2022 ҳамагӣ 8 ҳолати хариду фурӯши одамон ба қайд гирифта шуда бошад, ин нишондиҳанда дар моҳҳои январиюни соли 2023 ба 34 ҳолат расидааст.

Тавре мутахассисони мубориз бо ҷиноятҳои мазкур мегӯянд, яке аз омилҳои рушд кардани савдои одамон муҳоҷирати меҳнатӣ ба дигар кишварҳо аст. Тоҷикистониён низ имрӯзҳо дар баробари муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия, кӯшиш доранд, ки ба дигар кишварҳои Аврупоӣ низ барои дарёфти кор, сафар кунанд.

Барои дарёфти посух ба суолҳои чӣ тавр одамон “хариду фурӯш” мешаванду киҳо бештар қурбонии ин ҷиноят мегарданд ва чӣ тавр аз ин бало худро эмин дошт, сӯҳбате доштем бо Иноят Иноятов – адвокат, ҳуқуқшинос, узви иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки инҷо пешкаш менамоем.

 – Иноят Иноятов аз таҷрибаи адвокатие, ки дар самти ҳимояи ҳуқуқи ҷабрдидаҳои савдои одамон доштед, лутфан шарҳ диҳед, ки чӣ тавр одам “хариду фурӯшмешавад?

– Амалияи тафтишотӣ-судӣ нишон медиҳад, ки ҷинояти савдои одамон асосан дар шаклҳои хариду фурӯши одам ва ё нисбат ба ӯ анҷом додани дигар аҳдҳои ғайриқонунӣ, бо мақсади истисмор, ё бо дигар тарз гирифтани фоидаи ғайриқонунӣ, ҷалб ва ё пинҳон кардан, интиқол додан, супоридан ё гирифтани одам бо истифодаи маҷбуркунӣ, рабудан, фиреб, сӯиистифода намудани гунаҳгор аз вазъи хизматии худ, сӯиистифода аз боварӣ ё ҳолати оҷизии одамон, ва ё ришвадиҳӣ ба шахсе, ки қурбонӣ таҳти вобастагии ӯ қарор дорад, содир мешаванд.

Яъне, хариду фурӯши одам – анҷом додани аҳди дутарафаи музднокест, ки ба супоридани одам аз ҷониби шахси ӯро дар асоси қонунӣ ё ғайриқонунӣ таҳти вобастагиаш қарордода, ба шахси (шахсони) дигар бар ивази подош (пул ё чизи дигар) равона шудааст. Таҷриба нишон медиҳад, ки яке аз шаклҳои паҳнгардидаи содир намудани ҷинояти савдои одамон ин савдои одамон бо мақсади истимор мебошад.

Истисмор ин истифодаи инсон ё меҳнати инсонӣ барои гирифтани фоидаи моддӣ ё дигар фоида, аз ҷониби шахси дигар дониста мешавад. Инчунин агар як шахс нафари дигарро қасдан, бо истифода аз ҳолати оҷизиву нотавонӣ,  маҷбуран барои ба манфиати шахсӣ барои иҷрои корҳо, хизматрасониҳо, новобаста ба хусусияти музднокӣ ё ройгон будани онҳо, аз ҷумла машғул шудан бо фоҳишагӣ, дигар намуди хизматрасониҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, гадоӣ, ғуломӣ ё урфу одатҳои ба ғуломӣ монанд, истифода барад, ин ҳама истисмор аст.

– Барои пешгирии ҷинояти савдои одамон Тоҷикистон чӣ нақшаеро пеш гирифтааст?

– Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №55 аз 26 феврали соли 2022 Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024 тасдиқ гардидааст. Дар нақшаи номбурда амалӣ намудани дигар чорабиниҳо бо мақсади пешгирӣ намудани ҷинояти савдои одамон, аз ҷумла тақвият бахшидани ҳамкориҳои байналмилалӣ бо кишварҳои транзитӣ ва таъинотии савдои одамон, ва таҳким бахшидани фаъолият оид ба ҳамкориҳои дутарафа бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти расонидани ёрии техникӣ ё дигар кумак барои дастгирии мақомоти давлатӣ, марказҳои таҳлилӣ-таълимӣ ва марказҳои расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон пешбинӣ шудаанд.

– Ба андешаи шумо, то куҷо Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди савдои одамон муваффақ гардидааст?

– Дар Нақшаи миллии болозикр номгӯи чорабиниҳои васеъ бо иштироки ташкилотҳои ғайридавлатӣ оид ба масъалаи ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон дарҷ гардидаанд. Дар Нақша ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ дар самти ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ, расонидани кумакҳои моддӣ, тиббӣ, иҷтимоӣ ва ба меҳнат фаро гирифтани қурбониёни савдои одамон, гузаронидани чорабиниҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ва маърифатӣ дар байни аҳолӣ, аз ҷумла ноболиғон, ҷавонон, занон ва муҳоҷирони меҳнатӣ бо мақсади огоҳонидани шаҳрвандон вобаста ба оқибатҳои савдои одамон пешбинӣ шудааст.

– Аз таҷриба оё гуфта метавонед, ки киҳо бештар қурбонии савдои одамон мешаванд ва бо кадом сабабҳо?

– Қурбонии савдои одамон шахсе дониста мешавад, ки новобаста аз хоҳиши худ ба истисмор дучор шудааст. Амалияти тафтишотӣ-суддӣ нишон медиҳад, ки бештар  қурбонии ҷинояти савдои одамон занон ва кӯдакон мешаванд. Аммо дар ин миён мардоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан мехоҳанд, гурезаҳо, шахсони ба оворагардӣ, гадоӣ машғулбуда, кӯдакони ятим ва кӯдакони бе парастор, кӯдакони беназорат низ қурбонии ҷинояти савдои одамон мешаванд.

Қонун дар ин бора чӣ мегӯяд?

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” 26 июли соли 2014 қабул шуда, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба савдои одамон, системаи чораҳо оид ба ҳифз, расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва дастгирии онҳоро муқаррар ва танзим менамояд.

Хонандаи азиз, ба хотири ба доми савдогарони одам наафтодан, ба ҳар гуна пешниҳодҳои одамони тасодуфӣ, ки шуморо барои кор, таҳсил ва ё издивоҷ ба кишварҳои хориҷӣ даъват мекунанд, бовар накунед. Дар хотир дошта бошед, ягон нафар на дар дохили кишвар, на берун аз он ҳақ надорад, ки барои таъмини кор ҳуҷҷатҳои шахсии шуморо (шиноснома) аз дастатон бигирад.

Далелҳо нишондиҳандаи онанд, ки маҳз хоҳиши дарёфти пул одамонро қурбонӣ ва чинояткори савдои одамон мекунад.

Бахтиёр Раҳматуллоев, Ситора Додова

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь