Дар шаҳри Бохтар сокинон аз зиёд гаштани чоҳҳои бесарпӯш нигаронӣ доранд. Масъулини КФД Обу корези шаҳр низ аз дуздида шудани ин сарпушҳо нигаронанд.
Зулфия Ҳомидова, сокини шаҳри Бохтар, ки аз чоҳҳои бесарпуши назди биноҳои истиқоматии шаҳр нигаронӣ дорад, гуфт, чанде пеш писари 4-солааш Юсуф Ҳомидов , дар вақти бозӣ дар назди бинои истиқоматияшон ба чоҳи бесарпӯш афтода миёну сараш ҷароҳат бардоштааст.
– Сарпӯши чоҳи нази бинои мо чанд муддат мешавад, ки нест ва ин моро ба ташвиш оварда буд, зеро фарзандонамон наздики он бозӣ мекарданд. Писарам Юсуфҷон дар вақти бозӣ ба чоҳ афтод ва миёну сараш ҷароҳат бардошт. Баъди ин мо ба масъулини идораи обу корези шаҳр шикоят кардему онҳо сарпӯш оварда монданд, вале ин сарпӯш аз чоҳ хурдтар буда, дар вақти аз болои он гузаштани мошинҳо ба дарун меафтад, – изҳор дошт ин модар.
Дар беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидов мутахассисони осебшинос иттилоъ доданд, ки бештар бо сабаби дар чоҳ афтодан кудаконро меоранду муроҷиат мекунанд, ки қисме аз онҳо осебҳои ҷиддӣ бардошта вазъи саломатияшон нохуб боқӣ мемонад.
Убайдулло Маҳмуродов, сардори техникии Корхонаи давлатии фаръии обу корези шаҳри Бохтар иттилоъ дод, ки дар ҳудуди шаҳри Бохтар тибқи нақша ҳама чоҳҳо бо сарпуш таъмин карда шудаанд, вале рабудани ин сарпушҳо аз ҷониби бархе аз ҷавонон мушкилро дар ин самт бештар мекунад.
– Ҳар рӯз мо аз дуздида шудани чунин сарпӯшҳо хабар меёбем ва то харида шудани сарпушҳои нав чоҳҳоро бо тунука ва ё бетонҳои алоҳида мепушонем, то ба сокинон зарар нарасад, – изҳор дошт ӯ.
Мо дар ҳудуди шаҳри Бохтар беш аз 10 чоҳи бесарпушро мушоҳида кардем, ки аксари онҳо дар назди биноҳои истиқоматӣ ҷойгиранд. Ин ҳолат хатари осеб дидани сокинон, ба хусус кудаконро бештар мекунад.
Шамсия Назарова, сокини шаҳри Бохтар, мегӯяд, дар кучаи “Дӯстии халқҳо” якбора сарпуши чанд чоҳ гум шуд ва шаби дигар навбатдор монданд, маълум шуд, ки ҷавонони кучаҳои дигар шабона омода ин сарпушҳоро бо мақсади фурӯхтан медузданд. Ин ҷавонон аслан аз оилаҳое ҳастанд, ки волидонашон аз ҳам ҷудо шудаанд ё падаронашон ба муҳоҷират рафта ба онҳо маблағ намефиристанд. Баъди дастгир кардани ин ҷавонон мо чанде аз сарпушҳоро баргардондем ва чандеи дигарашро онҳо фурухта буданд. Гум шудани сарпушҳои чоҳ моҳҳои февралу март зиёд мешвад, чун ба гуфти ин ҷавонон дар ин моҳҳо нархи оҳан боло меравад.
– Айни ҳол барои бехатарии истиқоматкунандагон мо ба ҷои онҳо хишту тунука мондем, – гуфт Шамсия Назарова.
Мавлуда Гулова, Фараж