Бинои љамоати деҳоти «Ҳалевард»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар паҳлуи шоҳроҳи Душанбе-Панҷи Поёни вилояти Хатлон ҷойгир аст, ки пурра дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

20-уми август зимни як сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хостем бо фаъолияти љамоти деҳоти «Ҳалевард» ошно шавем. Ҳангоми ворид шудан ба бинои ҷамоат тарс моро фаро гирифт, зеро бино пурра дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.

Оид ба вазъи бинои мазкур хостем бо раиси ҷамоат суҳбат кунем, аммо ӯро дар утоқи кориаш пайдо кардан натавонистем. Дар утоқи дигар ду нафар менишастанд. Аз онҳо куҷо будани раиси ҷамоатро пурсон шудем. Яке аз онҳо гуфт: «Раис дар рухсатӣ асту ҳама ҳуҷҷатҳо дар утоқи кории раисанд ва ман айни замон иҷрокунандаи вазифаам». Хостем бо иҷрокунандаи вазифа суҳбат кунем, аммо бо садои хаста гуфт: «ман танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ ба ҳуҷҷатҳо имзо мегузорам ва бо шумо суҳбат кардан наметавонам”.

Мо хело кӯшиш кардем, бо иҷрокунадаи вазифаи раиси ҷамоат суҳбат кунем, аммо худро муаррифӣ накарда, дархости моро рад кард ва дар ин масъала танҳо ба раис муроҷиат кунед гуфт. 

Бо яке аз муовинони раиси ҷамоат тамос гирифтем. Ў гуфт: «Мо даҳҳо маротиба ба ҳукумати ноҳия мактуб барои таъмири бинои ҷамоат ирсол кардем, дар ҷавоби ҳукумати ноҳия гуфта шудааст, ки бинои ҷамоат таъмир намешавад, зеро сохтмони бино дар дигар минтақаи ноҳия ба нақша гирифта шудааст».

Ростӣ, бо дидани бинои садамавии Ҷамоати деҳоти «Ҳалевард»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, роҳраву утоқҳои пур аз хок ва гирду атрофи аз партов пур табъи кас хира мешавад. Дидани чунин манзара дар асри 21 хеле боиси таассуф аст.

Дар ҳақиқат барои таъмиру бозсозии ин бино маблағ зарур аст, аммо бо ташкил ва гузаронидани шанбегӣ масъулин метавонанд утоқҳои корӣ, роҳрав ва гирду атрофи биноро тоза кунанд.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь