Дирӯз бо дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нархи истифодаи интернет ва арзиши таърифаҳои ширкатҳои мобилии дар кишвар амалкунанда ба ҳолати аввала баргардонида шуданд.
Дар ин бора «Ховар» хабар дода менависад, ки бо супориши президент нисбати шахсони масъуле, ки ба ин кор роҳ доданд, чораҷӯӣ карда шуд.
Ҳамин тавр, тасмими Хадаматои зиддиинҳисорӣ дар бораи боло бурдани қиммати истифодаи интернет ва арзиши таърифаҳои ширкатҳои мобилӣ лағв гардид ва ҳамаи намуди хизматрасониҳои мобилӣ ба ҳолати пеш аз 18-уми апрел баргардонида шуданд.
Дар пайи ин тасмими Хадамоти зиддиинҳосорӣ мардум дар кишвар вокунишҳо нишон доданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ флешмобҳо роҳандозӣ шуданд ва ҳатто дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси як гуруҳ фаъолон ҷамъоварии имзо барои нома ба унвони президент низ шуруъ шуд. Ин буд, ки дирӯз аввал сардарои Хадамоти зиддиинҳосорӣ аз ин вазифа ба дигар вазифа гузашт ва шом аз ҷониби президент қарори боло бурдани қиммати истифодаи интернет ва арзиши таърифаҳои ширкатҳои мобилӣ лағв гардид.