Аз Душанбе то Панҷакент ба воситаи қаторкӯҳҳои Фон
Ҳар сол ба кишвари биҳиштосои мо сайёҳони зиёде ташриф меоранд ва шумораи онҳо сол то сол меафзояд. Бахусус, дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷӯҳ ба ин соҳа бештар шуда, туризм ба яке аз соҳаҳаи даромаднок табдил ёфта истодааст. Банда тасмим гирифтам, ки соли равон рухсатии меҳнатиамро бо сайёҳӣ оғоз намоям ва чун сайёҳ аз Душанбе то Панҷакент ба воситаи қаторкӯҳҳҳои Фон, ки дар ҳудуди вилояти Суғд қарор дорад, сафар карда, бо қуллаҳои сарбафалаккашида, чашмасорони мусаффо, ағбаҳои душворгузар, ҷангалзорҳову кӯлҳои гуногун аз наздик шинос шавам. Тасмими чунин сафар бефоида набуд. Зеро, зиёд мехостам дарёбам ва бифаҳмам, ин ҳама табиати биҳишосо чӣ асроре доранд, ки сайёҳон аз тамоми гӯшаи дунё орзуи дидани онро мекунанд ва бо харҷи мабалғҳои зиёд, ба Тоҷикистон махсус барои тамошо меоянд.
Тақрибан соатҳои 5-и бегоҳ мо мошинеро киро карда, аз Душанбе баромадем. Қарибиҳои шом, мошини мо ба шаҳраки Сарводаи ноҳияи Айнӣ расид ва аз Сарвода ба самти чап тоб хӯрда, ба роҳе ворид шудем, ки бояд то Кӯли Алоуддин мерасонид. Мо деҳаҳои Пнюн ва Шӯрмашкро, ки ҳамагӣ дар соҳили дарёчаи шӯхи Пастрӯддарё воқеанд, гузашта, ба деҳаи Пастрӯд расидем. Дар деҳаи Пастрӯд мошини мо аз кор монд. Новобаста ба кӯшишҳои ронанда мошин хуб нашуд, бинобар ин, тасмим гирифта шуд, ки дар ягон ҷо хоб карда, то саҳар сабр кунем.
Ман, гурусна хам хоб карда метавонам
Агарчӣ ҳаво гарм буду дар дохили мошин ҳам хоб кардан мумкин буд, вале мо бо назардошти мӯҳлати сафар, тасмим гирифтем, ки ба хонаи ягон нафар меҳмон шавем. Бинобар ин, нисфишабӣ чун устод Аловиддин Абдуллоев дари хонаеро тақ-тақ кардем. Баъд аз кӯфтани дари нахустин, як нафар бачаи тақрибан 16-17 солае, дарро кушода, моро ба дохил даъват кард ва дар хонаи алоҳидае ҷой дод. Хона тозаву озода ва кӯрпачаҳо барои меҳмонон партофта шуда буд. Маълум буд, ки хона махсус барои мехмонҳое нохонда ва ё сайёҳоне чун мо омода шудааст. Баъд аз чанде зани тақрибан 55-60 солае бо дастархону чойники чой вориди хона шуд ва мо зуд аз чой бархоста, салом додем. Ӯ дастархонро паҳн карда, чойники чойро назди мо гузошта, пурсид:
– Чӣ мехӯред? Бароятон чӣ омода кунам?
Ҳамроҳам, ки хеле ҷавони шармгин буд, аз рӯи одоб – «не холаҷон, ташвиш накашед, мо серем», – гуфт.
Соҳибхона бо нигоҳи суоломез ба ман нигарист, ки ман чӣ мегӯям. Ман сахт гурусна будам, вале ман ҳам аз рӯи одоб, хоксорона, гуфтам:
– Холаҷон ягон ташвиш накашед. Ман бо шиками гурусна ҳам хоб карда метавонам.
Сохибхона табассумкунон, – «фаҳмидам» гуфта, аз дар баромад ва баъди чанде бо ду коса шӯрбо баргашту ман ва ҳамроҳи «серам» шӯрборо нӯши ҷон карда, хоб кардем.
Субҳи барвақт ронанда ба Сарвода сафар карда, қисмҳои эҳтиётии лозимаро пайдо кард ва мошинро дуруст карда, ба зудӣ ба самти Алоуддин ҳаракат кард. Тақрибан баъд аз ним соати ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ, мо ба Лагери Алоуддин расидем ва бо ронанда дар ҳаминҷо хайру хуш кардем. Зеро роҳи мошингард, бо муҷарради расидан ба лагер ба итмом мерасид.
Лагери байналхалқии алпинистӣ- туристии «Вертикаль – Алоудин»
Лагери байналхалқии алпинистӣ – туристии «Вертикаль – Алоудин» дар даврони Шӯравӣ асосан чун маркази кӯҳнавардӣ машҳур буд, вале алъон бинобар нисбатан кам шудани кӯҳнавардон, ба номи он маркази сайёҳӣ низ илова карда шудааст. Лагери мазкур дар баландии 2500 км аз сатҳи баҳр қарор дошта, дар ихтиёри Асотсиатсияи Авруосиёии алпинизм ва кӯҳнавардӣ (“Евроазиатской ассоциации альпинизма и скалолазания” (ЕААС) қарор дорад ва барои гузаронидани чемпионатҳо оид ба туризми кӯҳӣ, гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ – кӯҳнавардӣ истифода мешавад. То ба назди лагери мазкур роҳи нақлиётӣ вуҷуд дорад, ва баробари расидан ба лагери Алоуддин роҳи мошингард ба итмом расида, сайёҳон тибқи нақшаҳои қаблан тарҳрезишуда, боқии роҳро пиёда тай мекунанд. Мо низ дар ҳаминҷо пиёда шуда, то ба соҳили кӯли Алоуддин, ки тақрибан 1,5 километр болотар аз лагер воқеъ аст, пиёда сафар кардем ва дар назди кӯл хайма задем.
Кӯли Алоуддин
Кӯли Алоуддин, дар мавзеи зебое ҷойгир аст. Кӯли мазкур дар баландии 2800 метр аз баҳр воқеъ буда, бо зебогиву мусаффоии худ аз дигар кӯлҳо фарқ мекунад. Нобаста ба чуқурии худ, бинобар шаффофу мусаффо будани об, ҳатто қаъри онро дидан мумкин аст. Оби кӯл аз якчанд ранг иборат буда, ҳангоми тулӯъ ва ғуруби офтоб рангаш тағйир меёбад.
Тибқи ривояти калонсолон, сайидзодае аз авлоди Пайғамбар бо номи Хоҷа Алоуддин замоне дар ин мавзеъ аз душманон паноҳ бурда, дар ҳамин ҷо шаҳид шудааст. Маҳз бо шарофати номи ӯ ин дара ва ин кӯл Алоуддин ном гирифтааст. Тибқи нақли калонсолон, Хоҷа Алоуддин дар Чапдара, ки болотар аз кӯли Алоуддин ҷойгир аст, пинҳон мешавад ва то ҳанӯз касе ҷои воқеии пинҳоншудаи ӯро мушаххас накардааст. Зеро, ҳатто ҷасади Хоҷа Алоуддин пайдо нашудаву дар куҷо дафн шудани ӯ маълум нест.
Болотар аз Кӯли Аловиддин воқеан теппачаҳои хурд-хурду маконҳои сӯрох ба назар мерасанд. Мардум нақл мекунанд, ки ин теппачаҳо мазор буда, дар ин макон маҳз онҳое дафн шудаанд, ки замоне аз душманон гурехта, онҷо панаҳ бурдаанд. Бояд гуфт, ки дар солҳои гуногун дар ин мавзеъ бозёфтҳои зиёди археологӣ пайдо шудаанд, ки аз таърихи тӯлонии ин мавзеъ хабар медиҳанд.
Чӯбистон – дарае, ки дар он муҷассамаи Шоҳи Суғдӣ пайдо шудааст.
Тибқи ривоятҳо ва таърихнигорон, ҳанӯз пеш аз истилои арабҳо, ҳангоми аз Панҷакенти Қадим ба Бутамон (Фалғар) омадан, Деваштич ва дигар ашрофзодагони суғдӣ девон, бойгонӣ, муҷассамаҳои нодири хешро ба хотири ҳифз ҳамроҳи худ гирифта, ба дараҳои дастнораси кӯҳистон оварда, пинҳон намудааст. Яке аз чунин дараҳои маъруф ва дастнорас Чӯбистон ном дорад, ки дар наздикии Кӯли Алоуддин қарор дошта, чанд сол пеш маҳз дар ҳамин ҷо муҷассамаи Шоҳи Суғдиро пайдо карданд. Мо нахуст аз мавзеи Чӯбистонро дидан намудем, то бифаҳмем, ки муҷассамаи Шоҳи Суғдӣ дар куҷо ва чӣ гуна пайдо шудааст.
Тибқи нишондоди Абдурауф Раззоқов, номзади илмҳои таърих, сарвари пешини
Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент – Саразми Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ ҶТ соли 2017 омӯзгори фанни математика ва информатикаи мактаби №36-и деҳаи Кантеи ҷамоати деҳоти Фондарё Қӯшабой Ғолибов ҳангоми чаронидани чорво, маҳз аз мавзеи Чӯбистони атрофи кӯли Алоуддин ҳайкали биринҷии ҷавонмарди аспсаворро пайдо намудааст, ки, дар қолаб рехта шуда, ва қисматҳо – асп, савора ва дигар ҷузъҳои хурди он бо ҳам васл карда шудаанд. Баландии муҷассама 37 см, бараш 24 см, ва вазнаш 2.540 гр. Баландии қади асп аз нӯги пой то сари ёл 20.5 см, дарозӣ, аз думи асп то фӯки асп 24 см, мебошад. Дарозии савора аз пой то сари парранда 31.5 см- ро ташкил медиҳад.
Савора дар сар тоҷ дорад, ки дар болои он як парранда (оварандаи бози давлат дар арафаи ба тоҷу тахти давлат нишастанаш) насб шудааст. Мавзеъи бозёфтро дар аҳди Суғд Бутамон меномиданд, ки забти он аз тарафи арабҳо дар ду марҳила (солҳои 701 – 704) ва (солҳои 713 – 714) сурат гирифта, аз ҷониби онҳо ғаниматҳои зиёд бурда шудааст. Мувофиқи санадҳои суғдии аз кӯҳи Муғ пайдошуда (соли 1932) солҳои ҳукмронии шоҳи (ишхид) тамоми Суғд–Деваштич ба солҳои 715 – 724 рост меояд. Шоҳони Суғд Ғӯрак ва Тархун, ки маркази он Афросиёби Самарқанд буд, ба зудӣ ба арабҳо таслим шуданд. Деваштич бошад, худро шоҳи тамоми Суғд эълон намуда, тайи солҳои 715 – 724 ба муқобили арабҳои аҷнабӣ муборизаи беамон мебарад.
Натиҷаи тадқиқи олимон нишон додааст, ки муҷассамаи биринҷӣ ИШХИД Ё ШОҲИ СУҒД аз водии Зарафшон буда, лаҳзаи тоҷгузорӣ ва савгандгузории яке аз шоҳони Суғдро ҳанӯз 1 300 – 1 400 сол ба хотири ободии сарзамин инъикос мекардааст. Мавзеи Чӯбистон аз мавзеъҳои хеле зебои ин дара буда, дар ин ҷо ҳанӯз аз тарафи археологҳо баъзе корҳои ҷучтуҷӯӣ идома дода мешаванд.
Ҳангоми бозгашт аз Чӯбистон мо бо ду гуруҳи сайёҳон, ки бархе аз Фаронса ва бахши дигар аз Олмон будаанд, ҳамсуҳбат шуда, ба онҳо низ аз чунин бозёфт ҳикоят кардем. Чанд нафар аз онҳо аллакай маротибаи сеюм ба ин минтақа ташриф оварда бошанд ҳам, аз чунин бозёфтҳои нодир хабар надоштаанд ва акси онро аз роҳбаладони маҳаллӣ пайдо карда, бо худ гирифтанд. Дар сӯҳбат бо мо ҳар яке аз онҳо, аз сайру саёҳати худ ба ин минтақа ва осоишу истироҳаташон бо ваҷд нақл карда, аз муносибат ва меҳмоннавозии мардум изҳори қаноатмандӣ менамуданд.
Ағбаи Лоуддан
Мо шабро дар назди Кӯли Алоуддин рӯз карда, субҳи барвақт ҳамроҳи гурӯҳе аз сайёҳон ба воситаи ағбаи Лоуддан ба самти Душаха ва қуллаи барфпӯши Чимтарға ҳаракат намудем. Ағбаи Лоудан 3730 метр аз сатҳи баҳр баланд буда, Кӯли Аловиддинро бо Кӯли душаха пайваст мекунад. Агарчӣ барои сокинони маҳаллӣ ағбаи мазкур на он қадар баланд ба назар мерасад, вале барои сайёҳон ва меҳмонон душворгузару нафасгиркунанда аст. Тақрибан баъд аз 40 дақиқаи ҳаракат мо ниҳоят ба сари ағба расидем. Ағбаи мазкур, ағбаест, ки ноҳияи Айниро бо Панҷакент пайваст мекунад. Ин ағба дар миёни Кӯли Алоуддин ва Кӯли Калон қарор дорад. Бояд гуфт, ки Кӯли Алоуддин ба ноҳияи Айнӣ ва Кӯли Калон ба ноҳияи Панҷакент тааллуқ дорад.
Қуллаи Чимтарға
Бо баромадан ба сари ағбаи Лоуддан, ағбаи Чимтарға оғоз меёбад. Ағбаи Чимтарға ағбаест, ки сайёҳонро ба самти қуллаи Чимтарға мебарад. Ағбаи Чимтарға 4750 метр аз сатҳи баҳр баланд буда, дар минтақа аз ҳама баландтарин ағба ба ҳисоб меравад. Баробари ба сари ағба баромадан, мо дар рӯ ба рӯи Қуллаи Чимтарға қарор гирифтем.
Қуллае, ки 5487 метр аз сатҳи баҳр баланд буда, аз ҷиҳати баландӣ баъд аз қуллаи Элбрус қарор мегирад. Баландии қулла аз ҷойи ҷойгиршавиаш 2263 метрро ташкил медиҳад, ки қуллаи он комилан барфпӯш аст ва танҳо баландии якҳояш то 150 – 200 метр мебошанд. Дар сари ағба чунин ба назар мерасид, ки гӯё мо дар қарибии худи қулла қарор доштем, вале ин тавр набуд. Дар баландии ағбаи Чимтарға роҳи кӯҳнавардӣ воқеъ аст, ки роҳи душворгузар ба ҳисоб меравад ва танҳо кӯҳнавардон идомаи сафар ба онро доранду халос. Аз самти Алоуддин бо ду роҳ ба ин қулла наздик шудан мумкин аст. Ё аз самти кули Мутний ё дарёчаи Зиндони рост.
Мо аз ағбаи Чимтарға фаромада, ба самти Кӯли Чимтарға, ки бинобар дар миёни ду кӯҳ қарор гирифтанаш, инчунин бо номи Кӯли Душаха маъруф аст ва дар поёни Куллаи Чимтарға ҷойгир шудааст, равон шудем ва дуртар аз кӯл барои истироҳат ва хӯроки нисфирӯзӣ омода шудем. Оби кӯл ниҳоят хунук аст ва на ҳар кас метавонад, ки дар он шиноварӣ кунад. Бинобар ин, мо бо шустани дасту рӯй қаноат карда ва такрибан пас аз ду соати истироҳат аз онҷо ба самти поёнтар сафари худро идома додем. Зеро аз сардии ҳаво маълум буд, ки шабона бо либосҳои тунуки мо, дар ин ҷой мондан ғайриимкон аст.
Кӯли Бибиҷон ё Бибиҷаннат
Қад қади дарёчаи шӯхе, ки аз кӯли Чимтарға ҷорӣ мешавад, мо ба самти Кӯли Бибиҷон сафар кардем. Кӯли мазкур дар саршавии мавзеи Кӯли калон қарор дошта, дуюмин кӯли калонтарини ин мавзеъ ба ҳисоб меравад. Кӯли мазкур пур аз моҳиҳои гуногун буда, дар атрофи он ба ғайр аз сайёҳони хориҷӣ, сайёҳон ва моҳидорони маҳаллӣ низ зиёд ба чашм мерасиданд. Мо дар қисми поёнии кӯли Бибиҷон хайма зада, тасмим гирифтем, ки шабро дар ҳамонҷо рӯз кунем. Ин кӯлро бо ду ном ёд мекунанд. Бархе онро Бибиҷон мегӯянд ва бархеи дигар Бибиҷаннат.
Тибқи ривоятҳо хонуме бо номи Бибиҷон ва ё Бибиҷаннат замоне дар ин кӯл ғарқ шудаву бо ҳамин ин кӯл ба номи ӯ гузошта шудааст. Дуртар аз мо хаймае зада шуда буду дар он як зан ва як марди олмонӣ сукунат доштанд. Мо аз гӯшти барра сихкабоб пухта, онҳоро низ ба назди хаймаи худ даъват кардем. Бонуи олмонӣ таклиф кард, ки пеш аз хоб ҳатман баромадани офтобро интизор шуда, акси онро дар об тамошо кунем. Мо то нисфишабӣ дар атрофи гулхан нишаста, баромадани моҳтобро интизор шудем. Воқеан тамошои баромадани акси моҳтоб дар дохили кӯл як таассуроти аҷиб ва фаромӯшнашаванда дошт. Моҳтоб гӯиё на аз қуллаи кӯҳ, балки аз қаъри об мебаромад ва моҳиҳо баробари баромадани он, ин манзараро ҷашн гирифта, гурӯҳ гурӯҳ гӯиё рақсу бозӣ мекарданд.
Иссиқкӯли тоҷикӣ
Рӯзи дигар, тақрибан соатҳои 11 вақте мо тасмим гирифтем, оббозӣ кунем, сайёҳи олмонӣ тавсия дод, ки дар поёнтар, дар кӯле, ки хурд асту обаш нисбатан гарм оббозӣ кунем. Ӯ ҳатто аз ин кӯл ситоиш карда гуфт:
–Обе дорад, ки гармтар аз Исиқкӯли Қирғизистон аст.
Мо поёнтар омада, дар «Иссиқкӯл» – и тоҷикӣ оббозӣ кардем. Об воқеан он қадар гарму форам буд, ки ба кас кайфияту ҳаловат мебахшид ва мо аз он баромадан намехостем. Барои нафаре, ки хеле роҳ гаштаву хаста шуда буд, шиноварӣ дар чунин кӯл фароғат мебахшид.
Кӯли калон
Шаби сеюмро мо дар соҳили Кӯли калон рӯз намудем. Бояд гуфт, ки дар мавзеи Кӯли калон зиёда аз 40 кӯлҳои хурду калон ҷойгир буда, кӯли мазкур аз ҳама кӯлҳои дигар, ҳам аз ҷиҳати масоҳат ва ҳам ҷуқуриаш хеле бузургтар аст. Маҳз ба хотири бузургиаш кӯли мазкурро Кули калон меноманд. Кӯли калон дар баландии 2800 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, атрофи онро табиати басо зебову мафтункунанда ва арчаҳои сарсабз иҳота кардааст. Мо дар ин кӯл моҳии зиёде шикор кардем ва шабона аз гӯшти моҳӣ сихкабоб тайёр карда, нӯши ҷон кардем. Мардуми маҳаллӣ мегуфтанд, ки моҳии ин кӯлро агар зиёдтар хуред, аз гуноҳ пок мешавед. Мо низ ба суханҳои онҳо гӯш дода, худро аз гуноҳ пок кардем (намедонам то чӣ андоза ин гуфтаҳо, асос доранд, вале мардуми ин диёр дар арафаи моҳи рамазон бо мақсади аз гуноҳ пок шудан, аз ҳамин кӯл моҳӣ дошта, истеъмол мекунанд. – Х.М).
Кӯли Зиёрат
Рӯзи чорум мо аз самти Саргаҳи Оби хунук, ба воситаи ағбаи Қаздон ба Кӯли Зиёрат сафар кардем. Саргаҳи Оби хунук болотар аз Кӯли Калон дар поёни кӯҳи бузурги барфпӯш қарор дорад. Кӯли калонро маҳз ҳамин об пур мекунад. Ин мавзеъро ва ин обро барои он саргаҳи Оби хунук мегӯянд, ки оби он аз қаъри кӯҳ, аз зери ях ҷорӣ мешавад ва нӯшидани он душвор аст.Пас аз нӯшидани ин об мо ба самти ағбаи Зиёрат ҳаракат кардем.
Ағбаи Зиёрат дар баландии 3200 метр воқеъ буда, поёнтар аз он кӯле бо номи Зиёрат ҷойгир аст. Тибқи ривоятҳо ин макон макони пок ва зиёратгоҳ буда, ҳанӯз аз давраҳои қадим мардум бо нияти нек ба зиёрати ин кӯл меомадаанд. Дар назди он дарахти арчаи калоне воқеъ аст, ки онро Бурси ният меноманд (мардуми маҳаллӣ арчаро бурс меноманд). Ҳар нафаре, ки ба зиёрат омада пас аз ният кардан, ҳатман латтапораеро ба ин бурс мебастааст. Вақте нияти ӯ амалӣ мешудааст, ҳатман бозпас ба назди ин кӯл омада, молеро кушта ба мардум садақа мекардааст. Мо низ пас аз истироҳат нияти нек карда, латтапораеро ба Бурси ният баста, ба самти Кӯли Чуқурак, ки тақрибан 2 километр поёнтар аз он воқеъ аст, ҳаракат кардем.
Кӯли Чуқурак
Шоми рӯзи панҷум мо дар назди Кӯли Чуқурак хайма задем. Ҳама худуди мавзеи мазкур, ки басо калону зебост, бо номи Кӯли Чуқурак ёд мешавад. Дар ин мавзеъ се кӯли хурду калон ҷойгир аст, ки ҳар яке бо ранг ва сифатҳои худ фарқ мекунанд. Кули аз ҳама калониаш Кӯли Чуқурак ном дорад ва ин кӯл миёни мардум бо номи Кӯли Абулҳай низ машҳур аст.
Сабаби чунин ном гирифтани ин кӯл он аст, ки замоне Абулҳай ном ҷавоне, бо ҳамсолонаш шарт баста, ба кундае савор шуда, аз як соҳил ба соҳили дигар гузаштанӣ мешавад, вале дар миёни кӯл ғарқ мешавад. Чуқурак барои он меноманд, ки Кӯли мазкур дар қисми аз ҳама поёни минтақа, чойгир шудааст ва нисбат ба кӯлҳои дигар хели чуқуртар аст. Ин кӯл дар баландии 2430 м ҷойгир аст.
Кӯли мазкур дар миёна якчанд хатсайрҳои сайёҳӣ ҷойгир аст. Дар самти шарқ, дар баландии 3180 метр ағбаи Чуқурак воқеъ аст, ки сайёҳонро ба самти Кӯли Калон, ва Алоуддину Искандаркӯл мебарад. Дар самти ғарбии кӯл ағбаи Ғӯйтан (2640 м) ҷойгир аст, ки хатсайри мазкур то ба Зимтуд (10км) ва аз онҷо ба самти Ҳафткӯл мебарад. Ҳангоми ҳаракат ба қисми шимол поёнтар аз ин кӯл дар баландии 2200 метр алплагери “Артуч” ҷойгир шудааст. Мо шаби панҷумро маҳз дар назди ҳамин кӯл рӯз карда, аз ҷурготу қаймоқи чӯпонҳои инҷо чашида, субҳ ба воситаи ҷангали гургхона ба Лагери Артуч омадем.
Алпалагери Артуч
Лагери алпинистӣ-сайёҳии Артуч дар баландии 2200 метр, дар дараи Уреҷ воқеъ буда, масоҳати умумиаш 15 гектарро дар бар мегирад. Ин лагер соли 1971 кушода шуда, асосан бо мақсади гузаронидани мусобиқаҳо ва чорабиниҳои гуногуни алпинистӣ-варзишӣ бунёд шуда, нисбат ба лагери Алоуддин хеле рушкарда ва гуногунҷабҳа мебошад. Дар ҳудуди лагер чандин котеҷҳо ва хонаҳои алоҳида сохта шудаанд. Лагер дорои ошхонаи бузург, басейн, душ ва ҳамом аст. Инчунин як фарқияти бузурги дигари ин лагер аз лагери Алоуддин дар он аст, ки дар ин ҷо барқ ба таври шабонарӯзӣ мавриди истифода қарор мегирад ва хизматрасонии алоқаи мобилӣ низ дастрас аст. Лагер дорои нақлиёти шахсӣ буда, хизматрасонии ҳамлу нақли сайёҳон ва кӯҳнавардонро ба ҷо меорад ва дар ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳо, ба қайдмонӣ дар мақомоти ҳуқуқ ба сайёҳон кӯмак мерасонад.
Лагери Артуч ҳамаи хоҳишмандон, аз гурӯҳҳои оилавӣ то варзишгарони дараҷаи олиро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ИДМ ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик қабул намояд. Имконияти хуб барои машғул шудан ба варзиш дар ин ҷо вуҷуд дорад. Дар амборҳои лагер ҳама гуна таҷҳизот барои кӯҳнавардону сайёҳон низ вуҷуд дорад. Давраи асосии қабул дар инчо аз 1 май то охири октябр аст, вале кӯҳнавардон ҳатто дар фасли зимистон метавонанд аз хизматрасониҳои гуногуи лагери мазкур истифода баранд.
Мо хӯроки нисфирӯзиро поёнтар аз Лагер, дар соҳили дарёи Уреҷ дар истироҳатгоҳи Исроил Оқилов гузаронидем. Истироҳат дар соҳили дарёчаи шӯхи Уреҷ хушу гуворо буд. Дар соҳили дарёчаи Уреҷ сайёҳони маҳллӣ ва мардум зиёде истироҳат доштанд.
Осоишгоҳи Куррабанд
Шаби охиринро мо дар осоишгоҳи Куррабанд гузаронидем. Номи “Куррабанд” аз он гирифта шудааст, ки замоне дар ин мавзеъ курраҳои худро мебастаанд. Умуман, дар ин макон ҳама номҳо хусусияти таърихӣ доранд. Масалан, поёнтар аз Куррабанд санги бузурге вуҷуд дорад, ки онро “Ғӯти дуздхона” мегӯянд. Ғӯт аз калимаи суғдӣ гирифта шуда, маънии бузургсангро дорад.
Тибқи ривоятҳо солҳои то инқилоб роҳҳои тиҷоратӣ ба самти Хисору Душанбе аз ин макон мегузаштааст ва дар хамгаҳи ҳамин санг дуздон пинҳон шуда, молу амволи тоҷиронро ба яғмо мебурдаанд. Поёнтар аз он мавзее бо Сияҳтӯда вуҷуд дорад. Солҳои пеш гӯиё шабона дар ин макон сиёҳиҳои зиёде дар қолаби ҷисмҳои гуногун пайдо шуда, одамонро метарсонидаанд.
Ҳамин тавр, сафари мо рӯзи ҳафтум дар ҳамин дара ба итмом расид. Гумон мекунам, ин саёҳат дар мо хотираҳои зиёде аз худ боқӣ гузошт. Ба дигарон низ тавсия медиҳам, ки ҳатман чанд рӯзакеро дареғ надошта, ба ҳайси сайёҳ аз кӯҳҳои биҳиштосо ва сарчашмаҳову кӯлҳои дилрабои диёри азизамон дидан кунанд.
Холиқи Муҳаммадназар
Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон